§ 33. СОҲАҲОИ АСОСИИ САНОАТИ ҶУМҲУРӢ ДАР РАВАНДИ СИЁСАТИ САНОАТКУНОНИИ МАМЛАКАТ

Саноати хӯрокворӣ. Ба саноати хӯрокворӣ ҳамаи он корхонаҳое дохил мешуданд, ки маҳсулоти тайёр ва нимтайёри ғизоӣ истеҳсол мекарданд: нон ва маҳсулоти нонӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шириниҳо, панирҳо, равғанҳои истеъмолӣ, нӯшокиҳои спиртдору беспирт, шарбатҳои меваю сабзавот, ғалла ва маҳсулоти ғаллагӣ, меваи тару хушк, чорво ва маҳсулоти чорво, парандапарварӣ ва маҳсулоти он. Аз рӯйи нақшаҳои панҷсолаҳои 1 ва 2 дар Тоҷикистон корхонаҳои нонпазӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Панҷакент ва дар маркази ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохта ба кор андохта шуданд.

Дар солҳои саноатикунонӣ саноати коркарди мева ва истеҳсоли шарбатҳои гуногуни мевагӣ, корхонаҳои шаробкашӣ рушд ёфтанд, чунки ашёи хом барои ин корхонаҳо вуҷуд дошт. Дар Душанбе, Хуҷанд, Уротеппа, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Регар, Ҳисор, Янгибозор (Ваҳдат), Ғарм, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Шаҳритус корхонаҳои машруботи спиртӣ ва корхонаҳои шарбатҳои мевагӣ сохта, ба кор андохта шуданд.

Қарор шуда буд, ки саноати коркарди пахта ба дараҷаи лозима инкишоф дода шавад, то ки коркарди тамоми чигити пахта дар Тоҷикистон анҷом ёбад, истеҳсоли равғани пахта ва собун ба роҳ монда шавад. Дар Душанбе, Янгибозор (Ваҳдат), Регар, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Исфара корхонаҳои равғани пахта ва дар Душанбе корхонаи собунпазӣ сохта ба кор андохта шуданд. Сохтмони корхонаҳои коркарди шири Душанбе ва Хуҷанд, фабрикаҳои панири Душанбе ва Хуҷанд, комбинати гӯшти Душанбе ва Хуҷанд (сохтмонашон оғоз ёфта буд), корхонаҳои орди шаҳри Душанбе, Янгибозор, Хуҷанд сохта шуданд.

Саноати маводди сохтмонӣ. Эхтиёҷ ба маводди сохтмонӣ пеш аз ҳама, зарурати сохтани корхонаҳои истеҳсоли хишт, санг ва маҳсулоти чӯбу тахтаро пеш овард. Дар солҳои 1929 – 1938 корхонаҳои хишти шаҳри Душанбе (соли 1929), Кӯлоб (1931), ноҳияи Шаҳринав (1932), Пролетар (1932), шаҳри Хуҷанд (1936), Исфара (1936), Панҷакент (1936), ноҳияи Шаҳритус (1936) ва Кӯктош (1936); корхонаҳои истеҳсоли маводди сохтмонии Душанбе (1930), Исфара (1931), корхонаи чӯбу тахтаи Душанбе (1938), корхонаи асфалти Душанбе (1938), корхонаи истеҳсоли сафолакҳои бомпӯши Душанбе (1939), корхонаи сементи Душанбе (1939), корхона оҳаки Помири Шарқӣ (1940) сохта ба кор андохта шуданд.

Саноати бофандагӣ. Дар солҳои 1929 – 1938 дар Тоҷикистон бо сабаби вуҷуд доштани имкониятҳои моддӣ (ашёи хом ва қувваи корӣ) саноати бофандагӣ, пеш аз ҳама, саноати абрешим хеле тез инкишоф ёфт. Дар нақшаи панҷсолаи якум сохтмони корхонаҳои абрешимресии Хуҷанду Душанбе пешбинӣ шуда буд ва он соли 1930 оғоз гардид. Ҳаёт исбот кард, ки Тоҷикистон дар ривоҷ додани корхонаҳои истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ имкони бештар дорад. Дар панҷсолаҳои дуюм ва сеюм ин ду корхонаи абрешимресӣ ба комбинатҳои абрешим табдил ёфтанд. Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд ба қатори корхонаҳои калонтарини истеҳсоли матои абрешимии ИҶШС дохил шуд. Ин ҳар ду корхона – корхонаи шоҳибофии Хуҷанд ва корхонаи шоҳибофии Душанбе солҳои 1931 – 1935 сохта ба кор андохта шуданд. Хуҷандиҳо дар собиқ ИҶШС аввалин шуда, бо дастгоҳ бофтани шоҳиро ба роҳ монданд. Солҳои 1929 – 1938 дар Тоҷикистон истеҳсоли матоъҳои пахтагин ҳам пеш рафт. Сохтмони корхонаи бофандагӣ ва корхонаи трикотажии Душанбе давом ёфт. Аввалин корхонаи ресмонресии ресмонҳои пахтагин – корхонаи бофандагии Душанбе соли 1932 ба кор дароварда шуд. Солҳои панҷсолаи дуюм корхонаҳои бофандагӣ ва рангуборкунии корхона ба кор сар карданд. Корхонаи бофандагии Душанбе калонтарин корхонаи саноати бофандагии матоъҳои пахтагини Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт.

Дар солҳои 30-юми асри ХХ саноати чарм ва пойафзоли ҷумҳурӣ низ инкишоф ёфт. Солҳои 1929 – 1937 корхонаи чарми шаҳри Душанбе (1930 – 1935), фабрикаи пойафзоли Душанбе (1935), корхонаи пойафзоли Хуҷанд (1936) ба кор шуруъ карданд. Соли 1934 фабрикаи дӯзандагии Душанбе (баъдтар Иттиҳодияи дӯзандагии ба номи Зайнаббибӣ) ба кор сар кард.

Саноати пахтатозакунии ҷумҳурӣ хеле пеш рафт. Ҳамаи корхонаҳои пахтатозакунӣ аз нав ҷиҳозонида шуданд. Ҷумҳурӣ дорои 10 корхонаи пахтатозакунӣ – Душанбе-2, Кӯлоб-2, Қурғонтеппа-2, Саройкамар-1, Хуҷанд-2, Шаҳритус-1 буд, ки дар соли 1938 нисбат ба соли 1928 чор баробар зиёд пахта тоза карданд. Солҳои панҷсолаҳои якум ва дуюм корхонаҳои равғанкашии Қурғонтеппа ва Кӯлоб, корхонаи орди Янгибозор (соли 1936), Қурғонтеппа (соли 1932) ба кор сар карданд. Дар солҳои 30-юм корхонаҳои шаробкашии Шаҳринав, Душанбе, Ғарм, Кӯлоб, Хуҷанд, Уротеппа, корхонаҳои нони Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, корхонаҳои механикӣ ва таъмири автомобили шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа сохта ба кор андохта шуданд.

Саноати вазнини ҷумҳурӣ ва масъалаҳои он.

Неругоҳи барқи обии (НБО) Варзоб (Варзоб ГЭС) соли 1937

Ба саноати вазнини ҷумҳурӣ асосан корхонаҳои механикӣ (дар Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Исфара ва Конибодом) мансуб буданд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обии Варзоби Боло, Хоруғ ва Вахшу Норак ба нақша гирифта шуданд. Ду неругоҳи аввалро пештар сохта ба кор андохтанд, вале сохтмони неругоҳҳои Вахшу Норак бо сабабҳои техникӣ таъхир ёфт. Неругоҳҳои хурди дизелӣ дар назди корхонаҳои сохташаванда ва ё минтақаҳои саноатӣ сохта мешуданд.

Саноати кӯҳӣ. Дар Тоҷикистон дар солҳои 30-юм чи дар доираи саноатикунонӣ ва чи дар рафти иҷрои панҷсолаҳо ба корҳои ҷустуҷӯйи геологӣ аҳаммияти калон дода шуда буд. Дар солҳои 1930 – 1937 дар Тоҷикистон Комиссияи илмии тоҷикӣ (солҳои 1930 – 1931), экспедитсия (эъзомия)-ҳои помирӣ (солҳои 1929 – 1931), экспедитсияи комплексии Тоҷикистон (соли 1932), экспедитсияи комплексии тоҷикӣ – помирӣ (солҳои 1932 – 1937) амал мекарданд ва ба кофтукови захираҳои табиӣ ва меҳнатии Тоҷикистон машғул буданд. Дар ҳайати ин экспедитсияҳо то 72 даста олимони шуравӣ (дар ИҶШС ҳамагӣ 144 дастаи ҷустуҷӯйӣ мавҷуд буд) фаъолият доштанд, ки то 1000 узвро дар бар гирифта буданд. Дар натиҷаи фаъолияти ин экспедитсияҳо захираҳои табиӣ Тоҷикистон кашф ва роҳҳои истифодаи онҳо муайян карда шуда буд. Ҷиҳати муҳимтарини фаъолияти ин экспедитсияҳо муайян намудани соҳаҳои ояндадори саноати ҷумҳурӣ барои солҳои наздик ва ояндаи дур буд. Конҳои зиёде дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон кашф карда шуданд, вале аз онҳо якчанд конҳое, ки бештар аҳаммияти умумииттифоқӣ доштанд, ба кор андохта шуданд (корхонаи маъдантозакунӣ дар Консой, корхонаи металлургияи кӯҳӣ дар кони Такелӣ, ки асосан ба истеҳсоли металҳои ранга машғул буд, ба кор андохта шуд). Ба тариқи механикӣ парма кардани чоҳҳо ва ба ин тарз ба кор андохтани чоҳҳоро ба роҳ монда, чоҳҳои нафти «КИМ» ва Нафтобод (1934), ба истифода дода шуданд. Кони ангишти Шуроб васеъ карда, дар он шахтаҳои нав сохта шуданд. Истеҳсоли ангишт дар Панҷакент, Зиде, тилошӯйӣ дар минтақаҳои Дарвоз ва Даштиҷум ба роҳ монда шуд. Саноати кӯҳӣ дар Тоҷикистон дар давраи саноатикунонӣ ривоҷ ёфт. Соҳаи асосии он саноати сӯзишворӣ буд. Истеҳсоли нафт аз 11 ҳазор тоннаи соли 1930 дар соли 1937 ба 28 ҳазор тонна расид. Истеҳсоли ангишт дар як кони Шуроб аз 13 ҳазор тоннаи соли 1928 ба 19 ҳазор тонна расид. Солҳои 30-юми асри ХХ дар инкишофи саноати кӯҳии ҷумҳурӣ солҳои кофтукову ҷустуҷӯҳо буд. Мавзеъҳои асосии захираҳои табиидошта таҳқиқ ва захираҳои онҳо муайян карда шуда буданд.

Дар солҳои 30-юм ба истеҳсоли энергияи барқӣ аҳаммияти калон дода шуд. Дар ин солҳо сохтмони неругоҳҳои барқи обии (НБО) Варзоби Боло (7,5 кВт), Вахш, Пулисангин (50 ҳазор кВт) ва неругоҳҳои зиёде ба нақша гирифта шуда буд. Солҳои 1932 – 1937 НБО-и «Варзоби Боло» сохта ба кор андохта шуд, вале НБО-ҳои Вахш ва Пулисангин бо сабабҳои муайяни техникӣ сохта нашуданд. Ба ҷойи онҳо НБО-ҳои байниноҳиявӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикис- тон – дар Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом, Панҷакент, Уротеппа, Файзобод, Ғарм, Хоруғ, ҳамагӣ 39 неругоҳи барқи обӣ ва дизелӣ сохта шуд. Тамоми неругоҳҳои дизелии пештара аз нав таҷҳизонида ва пуриқтидортар карда шуданд. Дар натиҷа истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ 1,6 баробар афзуд, яъне, аз 15 миллион кВт соли 1932 дар соли 1937 ба 24,8 миллион кВт расид. Акнун барқро на фақат дар шаҳрҳою корхонаҳо, балки дар марказҳои ноҳияҳову деҳаҳо ҳам истифода мебурдагӣ шуданд. Чароғзоркунии умумии шаҳру шаҳракҳо ва деҳаҳо сар шуд.

Дар солҳои 30-юм дар ҷумҳурӣ 20 соҳаи саноати нав (мошинсозӣ, коркарди метал, пойафзол, либосдӯзӣ, гӯшт, ҳасиб, равған, шарбати мева, бофандагӣ, ресандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, чӯбу тахта), ки дорои 273 корхонаи хурду калон буданд, амал мекарданд. Барои сохтани ин корхонаҳо 50 миллион сӯм сарф шуда буд, ки 20,5% маблағгузории ҷумҳуриро барои хоҷагии халқ ташкил медод. Инкишофи солонаи саноати Тоҷикистон дар солҳои 1929 – 1938 21%-ро ташкил дода буд. Дар ҳолате, ки ин нишондод дар Иттиҳоди Шуравӣ 16,9%-ро ташкил медод.

ЛУҒАТ:

  1. Экспедитсия – калимаи лотинӣ буда, маънои луғавиаш фиристодан аст. Дар матни китоб ба маънои гурӯҳи таҳқиқӣ ва омӯзишӣ омадааст.
  2. Комиссияи илмии тоҷикӣ – помирӣ – комиссияе, ки солҳои 1931 – 1932 ба кофтукови захираҳои табиии Тоҷикистон машғул буд.
  3. Комиссияи илмии Помир – комиссияи илмие, ки солҳои 1833 – 1937 ба омӯзиши захираҳои табиии Помир машғул буд.

Реклама