§ 48. ТОҶИКОНИ БЕРУНМАРЗӢ ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШИ ТОҶИКОНИ ШУРАВӢ БА СОТСИАЛИЗМ (1917 – 1937)

Тоҷикони берунмарзӣ дар давраи ташаккулёбии давлати миллии шуравӣ. Чӣ тавре ки маълум аст, раванди барпошавии Ҳокимияти Шуравӣ тамоми қаламрави тоҷикнишинро фаро нагирифт ва гирифта ҳам наметавонист. Инқилоби сотсиалистӣ фақат қисматҳои тоҷикнишини Русияро фаро гирифта буд. Қариб нисфи тоҷикон дар қаламрави Афғонис- тон мезистанд. Афғонистон ҳам дар талоши бунёди ҷомеаи сармоядорӣ буд. Амонуллоҳхон, ки соли 1919 бо дастгирии халқҳои Афғонистон ба сари қудрат омада буд, ислоҳоти зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва миллиро пеш гирифт. Дар ин раванди таҳаввулоти Афғонистон тоҷикон нақши фаъол доштанд. Дар ин таҳаввулот истиқлоли Афғонистон аз Англия (28.02.1919), ки онро ҳама қавму қабилаҳои мамлакат мехостанд, ҷойи махсусро ишғол мекард. Ин истиқлолро Амонуллоҳхон 3-юми март дар мактубаш ба унвони Ноибуссалтанати Англия дар Ҳиндустон Ҷелмсфорд ва 14-уми апрели 1919 дар изҳороташ дар ҳузури сафири Англия дар Кобул эълон кард. Ин воқеаҳо ба ҷанги сеюми эълоннакардаи англису афғон овард ва задухӯрдҳои ғайрифаъол то ноябри соли 1921 давом ёфтанд. Дар ин давра Русияи Шуравӣ Афғонистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба расмият шинохт, ки барои истиқлоли амалии Афғонистон беаҳаммият набуд. Дар ҳайати ҳукумати Амонуллохон тоҷикон дар ҳамаи соҳаҳои давлату ҳаёти сиёсӣ иштирок ва нақш доштанд. Тоҷикон Ғуломҳайдари Чархӣ, Муҳаммадвалихони Дарвозӣ ва чанде дигар аз аъзои ҳукумат буданд ва дар раёсатҳои зиёде фаъолият мекарданд. Дар асоси «Низомномаи асосии давлати олии Афғонистон», ки онро моҳи апрели соли 1923 Луяи Ҷирга (Шурои олӣ) дар шаҳи Ҷалолобод эълон кард, ҳамаи сокинон ва табақаҳои Афғонистон сарфи назар аз мансубияти қавмӣ, иҷтимоӣ, эътиқоди динӣ ва мазҳабӣ дар назди қонун баробар ва аз озодиҳои шахсӣ бархӯрдор эълон шуданд.

Тоҷикони Афғонистон, ки бо тоҷикони шуравӣ робитаҳои хешутаборӣ ва рафтуомад доштанд, аз воқеаҳои сиёсии Бухорои шуравӣ ба хубӣ огоҳ ва таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистонро бо табрикот ва хушнудӣ истиқбол карданд.

Тоҷикони берунмарзӣ дар давраи инкишофи Тоҷикистон аз мухторият ба соҳибихтиёрӣ. Баъди тақсимоти соли 1924 парокандагии сиёсии халқи тоҷик боз бештар гардид. Аз се ду ҳиссаи тоҷикон берун аз давлати миллии худ – ҶМШС Тоҷикистон, монда буданд. Аксари кулли тоҷикони ҷаҳон дар қаламрави Эрону Афғонистон зиндагӣ мекарданд. Аз нисф зиёди тоҷикони шуравӣ дар ҳайати Узбекистон, аз се як ҳисаашон ба ҶМШС Тоҷикистон ва нуфузи дигарашон дар Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон монданд.

Тоҷикони Эрон (Хуросон, Систон, Форс) аз давраи Сафавиён то ба Қоҷору Паҳлавиҳо худро форс (тоҷик) мехонданд ва ҷаҳониён онҳоро ҳамчун миллати форс шинохтанд. Ин ном номи тамоми аҳолии Эрон гардид, ки дигар аз тоҷик будани онҳо ҳеҷ касе ва давлате талабу дархост накард.

Тоҷикони Афғонистонро ҳамсоягони шарқу ҷанубашон, аз давраи Дуррониён сар карда, бо номи дариҳо (даризабонҳо) мешинохтагӣ мешаванд ва онҳо дар нимаи аввали асри ХХ ҳам бо ҳамин ном монданд, вале баъди хуруҷу ҳукмронии амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, машҳур бо тахаллуси Бачаи Сақо ва ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳ (соли 1929) мавқеъ ва ҳуқуқҳои тоҷикони Афғонистонро ба маҳдудкунӣ сар карданд ва ин ба сиёсат табдил ёфт. Дар натиҷаи ин сиёсат аксари тоҷикони соҳибмансаб аз вазифа ронда, заминҳояшон бо нархҳои ночизе ба паштунҳо фурӯхта шуданд. Вале ба шарофати зиёд будани шумораашон онҳо ҳамчун халқ боқӣ монданд ва забонашон низ ҳамчун забони давлатӣ аз байн нарафт.

Дар солҳои 20-уми асри ХХ байни тоҷикони шуравию Эрон дигар алоқаҳои хешутаборӣ ва ҳамқавмию миллӣ намонда буд. Тоҷикони Хуросону Систон ва Форс пас аз канда шудани алоқа дар асрҳои ХVI – ХIХ бештар бо номи форс- ҳо, ҳамчун бегона ва ғайритоҷик, шинохта шуданд ва ҳар ду ҳамдигарро форсзабону эронинажод эътироф доштанд.

Дар ҳамин давра алоқаҳои хешутаборӣ ва омадурафти тоҷикони ду соҳили дарёи Панҷ, агарчи сарҳадҳои сиёсӣ онҳоро ҷудо карда бошад ҳам, идома дошт. Вале бо ҷорӣ гардидани низоми нави сарҳаддӣ ва бо сабабҳои сиёсӣ робитаҳои байни тоҷикони соҳили Панҷ ба душворӣ рӯ ба рӯ шуда, оқибат пурра қатъ гардид. Сарфи назар аз ин ҷудоиҳои сиёсӣ, дар солҳои 20-уми асри ХХ тоҷикони Афғонис- тон тоҷик будани худро фаромӯш накарданд. Дар фаҳми қавму нажодии онҳо тоҷику дарӣ ба як маъно боқӣ монд.

Тоҷикони шуравӣ бошанд, аввалан аз тақсимоти соли 1924 ба хотири соҳибдавлат шуданашон ҳам ифтихорманд ва ҳам дар ҳайати давлатҳои дигар монданашон ҳайрон буданд, вале ба ҳалли дурусти масъалаи миллӣ боварӣ доштанд. Дар ҳудуди Узбекистон тамоми аҳолии шаҳрҳо ва водиҳои Сир, Аму, Зарафшон, Қашқа, Сурхон (Қашқадарё ва Сурхондарёи имрӯзаи Узбекистон) ва дар Қирғизистон Уш ва атрофи он, дар Туркманистон водиҳои Мурғобу Тенҷен (вилояти Марв) ва шаҳри Чорҷӯй бо атрофаш, дар Қазоқис- тон шаҳри Чимкент ва атрофаш тоҷикон бартарии куллӣ доштанд. Агарчи тоҷикони шуравӣ дар ҳуқуқу ваколатҳо дар доираи қонун баробарӣ доштанд, вале солҳои 1925 – 1929 ба падидаи номатлуби миллатгароии пантуркистии аз ҷониби ҳукуматҳои давр ҳимояшаванда дучор гардиданд. Ин сиёсат нисбати тоҷикони Узбекистон қотеона амалӣ карда шуда, 90%-и тоҷиконро ба узбек табдил доданд. Ин ба хотири он карда шуда буд, ки дар Узбекистон аз ҳисоби тоҷикон бартарии халқӣ – умуман дар таърих вуҷуднадоштаи узбекро созанд ва сохтанд. Узбекҳо ҳамчун халқият – ба маънои кулли туркзабонҳои Осиё, ки шумораи онҳо то ба 98 қавм мерасад, ҳоло аз асри ХIV бо номи Узбекхониҳо (дурусташ юзбекхониҳо, юзбасқоқиҳо маълуманд. Бо сабабе, ки сиёсати пантуркистии солҳои аввали асри ХХ барои тамоми Аврупо ва Русияю Эрон маъқул набуд ва ин нописандӣ аз сиёсати ташкили империяи «Улуғ Туркистон»-и Камол Отатурк ба миён омада буд, дар солҳои 20-уми асри ХХ таъсиси боз як давлати туркии баробари Туркия – Туркманистон ҳатто бо номи Туркистон мантиқ надошт. Вале бо номи узбек ташкил кардани давлати туркӣ барои пантуркистҳои шуравӣ душворие надошт. Яқинан, ҳеҷ яке аз қавмҳои туркии Узбекистон оянда бартарии аҳолии ҷумҳурии ояндаро ташкил дода наметавонист, ҳама қавмҳои ба Узбекистон дохил буда худро узбекистонӣ хонда метавонистанд, вале аз қавмияти худ манғит, барлос, юз, марқа, лақай, минг, нуғай, найман, қарлуқ, қатаған, сарай кенегес, кангли, кипчоқ, ҷалоир, хитой (чағатой), киёт, кутчи, қирқ уруғ, ҷети уруғ… даст намекашид. Дигар ин ки бо ҳеҷ як аз ин номҳо дар доираи сиёсати миллии шуравӣ давлат ташкил додан аз имкон берун буд. Асоси миллии Узбекистонро бояд узбекҳо ташкил медоданд, вале аз ҳисоби кадом халқ? Ин халқ тоҷикон шуданд, ки дар солҳои 1925 – 1929 қисми зиёди онҳоро зӯран дар шиносномаҳояшон узбек навиштанд.

Ин раванд дар солҳои зикршуда тоҷикони дар ҳудуди Туркманистон маскунбударо ҳам каму беш фаро гирифта буд. 90%-и тоҷикони Туркманистон ё туркман ва ё форс эълон шуданд. Тоҷикони Қазоқистону Қирғизистон, ки Қароқирғизистон ном доштанд, ҳоло бо зӯран махлутшавӣ дучор нашуда буданд.

ЛУҒАТ:

Тоҷикони берунмарзӣ – тоҷиконе, ки берун аз марзи ҶМШС Тоҷикистон умр ба сар мебурданд.

Реклама