§ 55. ТОҶИКИСТОНИЁН ДАР МУҲОРИБАҲОИ ДАВРАИ БАОХИРРАСИИ ДИГАРГУНИҲОИ ҚАТЪӢ ДАР РАФТИ ҶБВ

Муҳорибаҳои баҳору аввали тобистони соли 1943. Ғалаба дар Сталинград руҳияи ҷангию меҳнатии халқу артиши шуравиро баланд ва боварӣ ба ғалабаи пурраро бештар карда буд. Инро аз «Мактуб ба ҷанговарони тоҷик аз халқи тоҷик», ки онро С. Айнӣ навиштаву зери он 390000 меҳнаткаши тоҷик имзо гузошта буданд, пай бурдан душвор нест. Дар мактуб омадааст:

«Фарзандон, шавҳарон, бародарони азиз, ҷанговарони диловари мо!

…Вақте ки мо калимаи «Ватан»-ро дар забон меорем, дар пеши назари мо на танҳо водии зархези Вахш, на танҳо боғҳои себу зардолузори Ленинобод, на танҳо кӯҳҳои барф- пӯши сарбафалакпечидаи Помир, балки манзараҳои рангоранг ва кабуди ҷангалистон ва дарёҳои сероби Русия, мавҷи хӯшаҳои гандуми майдони Украина, канораҳои руҳафзои баҳри Сиёҳ, кӯҳҳои афсонавии Қафқоз ва гаҳвораи Револютсияи Октябр – шаҳри азими Ленин (Ленинград) низ ҷилва менамоянд.

Дар куҷое, ки мубориза кунед, хоҳ дар соҳилҳои дарёи Дон, хоҳ дар саҳроҳои Украина, хоҳ дар гирду атрофи Ленинград, шумо Сталинобод, канорараҳои дарёи Панҷ, кӯҳҳои Помир, водию саҳроҳои Вахш ва Ленинободро муҳофизат менамоед.

Мардписарони халқи тоҷик!

Шумо авлоди бобоҳои бузурги худ мебошед, ки онҳо ба муқобили истилогарон ва ғоратгарони аҷнабӣ баҳодурона ҷангидаанд.

Вақте ки арабҳо дар асри VIII ба сарзамини мо ҳуҷум оварда, мехостанд ба тани халқи мо либоси сиёҳи мотам пӯшонанд, тоҷикон бо сардории лашкаркашҳои худ Абумуслим, Таҳмоспи Хуҷандӣ, Ибни Муқаннаъ чандин сол машъали шӯришро фурӯзонда ҷангиданд. Темурмалики Хуҷандӣ ва Маҳмуди Торобӣ ба муборизаи халқ ба муқобили муғулҳои бадхашми истилогар роҳбарӣ намуданд.

Мо фахр мекунем, сарфароз мешавем, ки дар миёни Шумо монанди Қаҳрамони Иттифоқи шуравӣ Неъмат Қаробоев, ордендорон Муҳаммад Иброҳимов, Ғозӣ Рашидов, А. Давронов, Шукрулло Шоев ва бисёр ҷанговарони дигари дар ҳамаи мамлакат машҳур ҳастанд.

Бовар кунед, ки мо ҳам дар фронти меҳнат ҳеҷ ақиб намемонем. Мо ҷонсупорона меҳнат карда истодаем, ки мамлакат ва Артиши сурхи ҷоноҷонамонро аз ҳама чизи зарурӣ таъмин намоем. Занон, модарон ва хоҳарони Шумо дар баробари мардон ихтисосҳои шавҳар, фарзанд ва бародарони ба фронт рафтаашонро бо муваффақият аз худ карда, бо тамоми қуввваи худ ба Артиши сурх ёрӣ расонда истодаанд, ки душмани палидро торумор кунад…

Ҷанговарони паҳлавони мо! Шердилона ба пеш қадам занед, писарони маҳбуби Тоҷикистон! Бо қаҳрамонӣ, шуҷоатмандии беҳад, ватандӯстии шуълавари худ рӯзи ғалабаи мо ва мағлубияти душманро наздик кунед. Мо боварии комил дорем, дур нест он рӯз, Артиши сурхи қаҳрамони мо… одамхӯрони гитлериро ба куллӣ торумор менамояд.

Марг ба истилогарони немис!»

Баъди Сталинград ҳам душман пурзӯру тавоно боқӣ монда буд. Вале қушунҳои дар ҷануббудааш руҳшикаста. Ин ҳолатро фармондеҳии ҳар ду ҷониб медонистанд ва чораандешӣ ҳам карданӣ буданд: шуравӣ муваффақиятро боз мустаҳкамтар ва душман шикасту мағлубро ҷуброн кардан мехостанд. Лашкари шуравӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҷануб ҳамоно пеш мерафт.

Аз охири моҳи феврал то августи соли 1943 дар ҳамвориҳои Кавкази Шимолию соҳили Дон лашкари шуравӣ ҷангкунон ва бемайлон пеш мерафт. Вайронаҳо ва ҷабру ситами ба мардуми дар асорат монда, ғазаби ҷанговарони шуравиро зиёд ва ҷасорату қаҳрамонии аскарҳоро бештар мегардонд. Дар ин муҳорибаҳо тоҷикписар Маҳмадшариф Шарифов дар озод кардани шаҳри Харков корнамоии бемислу монанд нишон додааст. Ӯ бо тани худ нуқтаи оташфишони (ДОТ)-и душманро пӯшондаст.

Муҳорибаи Курск (5 июл – 23-юми августи соли 1943). Ин ҷанги мудофиавии лашкари Шуравӣ буд. Олмон дар камонаки Курск 900 ҳазор аскар, 2700 танк, зиёда аз 6 ҳазор тӯп, 3 ҳазор миномёт ва 2 ҳазор самолётро ба ҷанг дароварда буд. Муҳориба дар ду давра: давраи ҷангҳои мудофиавӣ (523 июли соли 1943) ва давраи ҳуҷум (12-уми июл – 23-юми августи соли 1943) шуда гузаштааст. Мақсади фашистон қасоси шикастҳои қаблӣ ва пеш аз ҳама, пешгирии шикасти руҳии қушунҳои худ ҳам буд, чунки дар байни аскарону афсарони немис торафт боварӣ ба ғалаба кам шуда истода буд. Ин ғалаба метавонист руҳияи пештараи фашистонро боло бардорад. Сарфармондеҳии Олии артиши Олмон, бештар ба танкҳои типи нави худ чун «Паланг» ва «Бабр» ва ҳавопаймоҳои нави типи «Фокке-Вулф» ва фикри ғалате, ки гӯё аскарҳои Шуравӣ аз маъракаҳои паёпайи пешин хаста шуда бошанд, такя дошту артиши Шуравӣ ба таҷрибаи андӯхтаи ҷангии қаблӣ.

Исмоил Ҳамзаалиев

Дар муҳорибаи Курск қушунҳои Шуравӣ нисбати душман гарчи бартарии зиёде доштанд, вале муҳорибаро аз ҳимоя оғоз кардан афзал ёфтанд. Баробари ин, сарфармондеҳони муҳориба, раванди ҳуҷуми қушунҳои душманро пай бурданд ва нақшаи пешвозу зарбаи дурустро таҳия карда тавонистанд.

Муҳорибаи Курск ҳам бо ғалабаи беназири қушунҳо ва халқҳои Шуравӣ ба анҷом расид.

Ҳодӣ Кенҷаев

Дар муҳорибаи Курск тоҷикон корнамоиҳои бемислу монанд нишон доданд. Аз ҷумлаи онҳо қаҳрамонии Исмоил Ҳамзаалиев мебошад. Ба бартарии зиёди тӯпу танки душман нигоҳ накарда, ӯ бо тирҳои тӯпи нишонраси тӯпаш душманро аз самти муҳофизии худ гузаштан намонд. Ӯ даҳҳо техника ва садҳо ҷангиёни душманро маҳв сохт. Чунин корнамоиро дар самти дигари муҳорибаи Курск Ҳодӣ Кенҷаев нишон дода буд. Ҳар ду ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор шуданд. Номҳои ҷанговарони тоҷик А. Қаҳҳорӣ, А. Яқубов, К. Назаров, В. Маҳмадов, Р. Хушвахтов, С. Ҳасанов, С. Шарипов Д. Алимов вирди забонҳо гардидаанд. Дар ин муҳориба зодаи тоҷикистон Иван Душкин низ ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гардида буд.

Дар муҳорибаи Курск дар ҳайати полки 1849-уми артилерияи қиркунандаи зиддитанкӣ ҷанговари нотарс Саттор Ғаффоров меҷангид. Дар ҳайати дивизияи 5-и тирандоз дар самти Орёл Убайдулло Муродови тоҷик корнамоӣ нишон дода буд.

Дар муҳорибаи Курск моҳи июли соли 1943 18 нафар сарҳадбонони отряди сарҳаддии «Помир» дар ҳайати дивизияи 162-юми тирандоз корнамоиҳои зиёд нишон доданд. Онҳо дар қитъаи муҳофизатии худ то тири охирин ҷангиданд, баъди он бо душман ба ҷанги тан ба тан даромаданд ва онҳоро аз самти муҳофизии худ гузаштан намонданд.

Реклама