Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар аксари давлатҳои забткардаи Олмон ва иттифоқчиёнаш ҳаракатҳои муқовимат (озодихоҳӣ) ба вуҷуд омада, дар шикасти фашизми аврупоӣ нақши худро бозида буданд. Ин ҳаракати муқовимат, пеш аз ҳама, ватанхоҳони фаронсавиро дар Алҷазоир ва дигар халқҳои забтгардидаи Аврупоро ҳам берун аз ватанашон фаро гирифта буд. Вале баъди мувафақиятҳои артиши Иттиҳоди Шуравӣ, қувваҳои муқовиматкунандаи Югославия, Италия, Фаронса, Албания, Македония ба ватани худ ворид гардида, номи «қувваҳои озодибахш»-ро гирифтанд. Ба ин қувваҳои озодибахш, ҳаракати ватанхоҳони пинҳонкор ва гурезаҳои ҳарбии аз лагерҳои ҷазодиҳии сершумори олмонӣ ҷон ба саломат бурда ҳамроҳ шуданд. Дар Италия, Фаронса, Юнон, Булғория, Словакия, Полша, Норвегия ва Югославия ин ҳаракат ба ҳадде қувва гирифта буд, ки баъзан ба фронти муқовимат табдил меёфт. Тоҷикистониёнро дар аксари қувваҳои муқовимати ин халқу давлатҳо дидан мумкин буд. Масалан, аз лагерҳои меҳнатии дар ҳудудҳои Олмон, Полша, Дания, Италия, Норвегия буда, ба тоҷикис- тониёни зиёде муяссар гардида буд, ки гурехта ба гурӯҳҳои муқовимати ин ё он давлатҳо дохил шуда, бо фашизм ҷанганд. Даҳҳо нафар тоҷикон бо номи «Иван –тоҷик» сазовори мукофотҳои миллии Полша (Лаҳистон), Италия, Югославия, Фаронса ва Норвегия гардидаанд. Инчунин тоҷикистониёни дигар: Виктор Алексеенко ва Вартан Петросян, Абдухон Шарифов, Абдулло Ҳомидов, Қодир Раҳимов, Неъмат Маҳмудов, Атоулло Убайдуллоев – дар ҳайати артишҳои озодибахши Фаронса; Ҳайдар Ниёзов, Машариф Бӯриев, Тоҳир Маъмуров,Ҷумъабек Ҷарбахов, Назар Қайюмов, Абдувосит Тошматов, Мамадҷон Додобоев, Абдуҳомид Раҳмонов, Назар Қайюмов, Бекназар Турдиназаров – дар Югославия; Содиқ Қодиров, Ҷӯра Рустамов, Анвар Яҳёев, Бобоҷон Маҳкамов, Мирсаид Абдуллоев, Шариф Самадов, Алиқул Назаров ва С. Каримов – дар Италия, М. Аҳмадов – дар Булғория, Ҳодибой Шодиев, Малик Ашӯров, Деҳқон Солиев, Неъмат Ёқубов, Ашӯр Ҳайдаров, Ёқуб Шокиров, Қаҳҳор Саидов, Муҳаммад Меликов, Суфӣ Нуров, Маҷид Саидов, Ашӯрбой Ҷӯраев, Ҳ. Муҳаммадҷонов ва даҳҳо дигарон – дар Полша, Самад Раҳмонов, Салоҳиддин Тошмуродов аз Ашраф Ашӯров Саидхоҷа Мамадов Машариф Аминов, Абдуҳамид Каримов, Сангин Гадобоев, Шарифҷон Раҳимов, Самандар Раҳимов – дар исёни Словакия зидди Олмон ва фашизм ҷангидаанд. Номи ҳамаи онҳо дар китоби таърихи ин давлату халқҳо ҷовидон сабт аст.
Дар лагерҳои марг ва меҳнатӣ. Дар солҳои ҷанг фашизм барои халқҳою давлатҳои забткардааш лагерҳои (гирдоварии маҳбусони сиёсӣ, асирони ҳарбӣ ва аҳолии зиёди ба сифати қувваи корӣ асиргирифта дар тамоми минтақаҳои забтшуда 55 контслагер, 7205 маркази меҳнатӣ, 371 марказ барои гурезагон, 2071 ҳабсхона, 506 гетто ва ҳазорҳо шуъбаҳои онҳоро таъсис дода буданд. Ҳар лагер тахассуси худро дошт, ки ба дараҷаи айб ва ё хавфи маҳбус вобаста буд. Дар Дахау, Заксенхаузен, Освенсим-1 ва Освенсим-2, Бухенвалд, Флоссенбург, Нёенгамме, Маутҳаузен асосан ба марг маҳкумшудагон ҷойгир буданд. Даҳшати маҳбасҳои марг то ҳол аз хотирҳо фаромӯш нашудааст.
Дар лагерҳои меҳнатӣ ҳам аз сабаби бад будани шароити меҳнату ҷойи хоб ва хӯрок қариб ҳар маҳбуси сеюм ҳалок мегардид. Ин маҳбусонро фашистон ҳамчун қувваи арзони корӣ истифода мебурданд. Барои ҳамин ҳам ба шароити маишии маҳбусони корӣ ҳеҷ аҳаммият намедоданд. Фарқи фирор аз маҳбасҳои меҳнатӣ аз гурехтан аз маҳбасҳои марг дар он буд, ки аз маҳбасҳои «меҳнатӣ» фирор имконпазир вале аз маҳбасҳои марг бисёр душвор буд. Ба ҳазорҳо тоҷикистониён муяссар гардида буд, ки аз маҳбасҳои «меҳнатӣ» гурезанд. Онҳо баъди гурехтан ба дастаҳои муқовимати ин ё он халқҳо ҳамроҳ шуда, ҷангидаанд. Овозаи даҳшатҳои лагерҳои контсетратсионӣ ҳанӯз ҳам аз ёди ҷаҳониён сутурда нашудааст.
Масалан, аз байни 27 асири аз маҳбаси машҳури Освенсим гурехта Неъматулло Қобилови тоҷик ҳам буд. Ӯро баъди аз таъқиб раҳоӣ ёфтан бо ду автомати душман, вале мондаю бемадор гурӯҳи озодихоҳони лаҳистонӣ меёбанд ва ӯро ба ҳудуди Чехословакия мегузаронанд.
ЛУҒАТ:
Супориш:
1. Маҳбасҳои «маргӣ»-ро номбар кунед.
2. Гурезаҳои тоҷикистониро аз маҳбасҳои «маргӣ» номбар кунед.
Реклама