Достони «Хайр ва Шар»

(аз «Ҳафт пайкар»)

Чун шоҳ Баҳром ин навбат меҳмони бонуи Чин мешавад, бонуи Чин аз шодиву нишот бо чеҳраи кушода, яъне чин аз ҷабин бардошта, ба нармӣ сухан мегӯяд.

Бонуи Чин зи чеҳра чин бикшод

В-аз рутаб1 ҷӯи ангубин2 бикшод...

Гуфт: Вақте зи шаҳри худ ду ҷавон,

Сӯи шаҳри дигар шуданд равон.

Ҳар яке дар ҷуволгӯшаи3 худ

Карда асбоби роҳ тӯшаи худ.

Номи ин Хайру4 номи он Шар5 буд,

Феъли ҳар як ба ном дархар6 буд.

Чун буриданд рӯзаке ду-се роҳ,

Тӯшаеро, ки доштанд нигоҳ

Хайр мехӯрду Шар нигоҳ медошт,

Ин ғалла медуруд7, он мекошт.

То расиданд ҳар ду дӯшодӯш8

Дар биёбоне аз бухор9 ба ҷӯш.

Кӯрае чун танӯри оташ гарм,

К-оҳан аз вай чу мум гаштӣ нарм!

Гармселию хушксории бум10,

Карда боди шимолро11 чу самум12.

Хайр фориғ, ки об дар роҳ аст,

Бехабар, к-об нест, он чоҳ аст.

1 Рутаб – киноя аз лаб.

2 Ангубин – сухани ширин.

3 Ҷуволгӯша – кӯлбор.

4 Хайр – нек, нағз, хуб.

5 Шар – бад, зишт.

6 Дархар – мувофиқ, дархӯр

7 Медуруд – дарав мекард.

8 Дӯшодӯш – дӯш ба дӯш, паҳлу ба паҳлу.

9 Бухор – буғ.

10 Бум – замин.

11 Боди шимол – боди тарафи шимол, ки салқин аст.

12 Самум – боди гарми бемориовар.

Шар хабар дошт к-он замини хароб

Дурие дораду надорад об.

Машке аз об карда пинҳон пур,

Дар харита1 нигоҳ дошт чу дур.

Дар биёбони гарму роҳи дароз,

Ҳар ду метохтанд бо такутоз.

Чун ба гармӣ шуданд рӯзе ҳафт,

Оби Шар монду оби Хайр бирафт.

Шар, ки он обро зи Хайр нуҳуфт2,

Бар вай аз хайру шар ҳадис3 нагуфт.

Хайр чун дид ӯ зи гавҳари бад4,

Дорад обе дар обгинаи5 хад6.

Вақт-вақт он рафиқ пинҳонӣ,

Мехӯрад чун раҳиқи райҳонӣ7

Гарчи дар тоби ташнагӣ месӯхт,

Лаб ба дандон зи лоба8 бармедӯхт.

Ташна дар оби ӯ назар мекард,

Оби дандон аз ҷигар мекард9.

То ба ҳадде, ки хушк шуд ҷигараш,

Бозмонд аз кушодагӣ назараш10.

Дошт бо худ ду лаъли оташранг,

Обдоранда в-обашон бар санг.

Ҳолӣ11 он лаъли обдор12 кушод,

Пеши он санги обдор13 ниҳод.

1 Харита – халта.

2 Нуҳуфт – пинҳон дошт.

3 Ҳадис – сухан, гап.

4 Гавҳари бад – маҷозан бадтинат.

5 Обгина – зарфи обгирӣ.

6 Хад – худ (аз "хад")

7 Раҳиқи райҳонӣ – майи хушбӯй, соф.

8 Лоба – зорӣ, мазмуни байт: дандон ба дандон монда аз илтиҷову зорӣ худдорӣ мекард.

9 Оби дандон аз ҷигар мекард – яъне хуни ҷигар мехӯрд.

10 Бозмонд аз кушодагӣ назараш – пеши чашмонаш тира шуд, чашмаш сиёҳ зад.

11 Ҳолӣ – ҳамон замон, зуд.

12 Лаъли обдор – лаъли асил, тоза, пурқимат.

13 Санги обдор – киноя аз Шари баддил, ки бо худ об дошт.

Гуфт: «Мурдам аз ташнагӣ, дарёб!

Оташамро бикуш ба қатраи об1!

Шарбате об аз он зулоли2 чу нӯш,

Ё ба ҳиммат бибахш, ё бифурӯш!

Ин ду гавҳар дар оби хеш андоз,

Гавҳарамро3 ба оби худ бинвоз!»

Гуфт: «Аз санг чашмае матарош,

Фориғам з-ин фиреб, фориғ бош!

Медиҳӣ гавҳарам ба вайронӣ,

То ба ободбум бистонӣ4?!

Чӣ ҳарифам, ки ин фиреб хурам?

Ман зи дев одамӣ5 фиребтарам!...

Нагузорам, ки оби ман бихӯрӣ,

Чун ба шаҳр оӣ, оби ман6 бибарӣ!

Он гуҳар чун ситонам аз ту ба роз,

К-аз манаш оқибат ситонӣ боз?

Гавҳаре боядам, ки натвонӣ,

К-аз манаш ҳеҷ гуна бистонӣ!»

Гуфт Хайр: «Он чӣ гавҳар аст? -Бигӯй,

То супорам ба дасти гавҳарҷӯй!»

Гуфт Шар: «Он ду гавҳари басар аст,

К-ин аз он, он аз ин азизтар аст!

Чашмҳоро ба ман фурӯш ба об

В-арна з-ин обхард7 рӯй битоб!»

Хайр гуфт: «Аз Худо надорӣ шарм,

К-оби сардам диҳӣ ба оташи гарм?

Чашма гӯям, ки хушгувор8 бувад,

Чашм кандан бигӯ, чӣ кор бувад?!

1 Оташамро бикуш ба қатраи об – яъне об деҳ, то ташнагӣ бишканам, ки мемирам.

2 Зулоли чу нӯш – оби чун асал ширин.

3 Гавҳар – ҷавҳар, ин ҷо маҷозан ҷон, ҷону тан.

4 Бистонӣ – ситонидан, боз гирифтан.

5 Дев одамӣ – яъне одами шарир ва муфсид.

6 Оби ман – обрӯи ман.

7 Обхард – обхӯрӣ.

8 Хушгувор – хуштаъм.

Чу ман аз чашми худ шавам дарвеш1,

Чашма гар сар шавад, чӣ суд аз пеш?

Лаъл бистону он чӣ дорам чиз,

Бидиҳам хат ба он чӣ дорам низ.

Чашм бигзор бар ман, эй сарамард,

Сардмеҳрӣ макун ба оби сард!»

Гуфт Шар: «Ин сухан фасона бувад,

Ташнаро з-ин басе баҳона бувад!

Чашм бояд, гуҳар надорад суд,

К-ин гуҳар беш аз ин тавонад буд!»

Хайр дар кори хеш хира бимонд2,

Оби чашме бар оби чашма фишонд.

Дид, к-аз ташнагӣ бихоҳад мурд,

Ҷон аз ин ҷойгаҳ нахоҳад бурд3.

Дили гармаш ба оби сард фирефт,

Ташнае кай зи оби сард шикефт4

Гуфт: «Бархезу теғу дашна5 биёр,

Шарбати об сӯйи ташна биёр!

Дидаи оташини ман баркаш,

Оташи ман бикуш ба оби хаш6!»

Занн7 чунон бурд, к-аз чунон таслим,

Ёбад умедворӣ аз сари бим.

Шар, ки он дид, дашна бозкушод,

Пеши он хоки ташна рафт чу бод.

Дар чароғи ду чашми ӯ зад теғ,

Н-омадаш куштани чароғ дареғ!

Наргисашро8 ба теғ гулгун кард,

Гавҳарашро зи тоҷ берун кард!

Чашми ташна чу карда буд табоҳ,

1 Дарвеш шудан – бечашм мондан.

2 Хира монд – ҳайрон монд.

3 Ҷон аз ин ҷойгаҳ нахоҳад бурд – саломат намемонад.

4 Шикефт – худдорӣ кард, сабру таҳаммул.

5 Дашна – ханҷар.

6 Хаш – хуш (аз "хваш")

7 Занн – гумон.

8 Наргис – гул; чашм.

Об нодода, кард ҳиммати роҳ1.

Ҷомаю рахту гавҳараш бардошт,

Марди бедидаро тиҳӣ бигзошт.

Хайр чун рафта дид Шар зи бараш,

Нашуд огоҳие, зи хайру шараш2.

Бар сари хору хок меғалтид,

Беҳ, ки чашмаш набуд, ки худро дид!

Ҳоли худ гар ба чашми худ дидӣ,

Мурдӣ аз ғам, чунон битарсидӣ!

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Матнро хонед ва гӯед, ки ду ҳамсафар аз ҷиҳати хулқу хӯ

чӣ фарқ доранд?

2. Бигӯед, ки Хайр чӣ касесту Шар кист?

3. Хайр аз Шар чӣ мехост биталабад?

4. Шар чӣ посух дод? Сари ҷавоби Шар фикр кунед.

5. Оқибати кори Хайру Шар ба чӣ анҷом ёфт?

6. Ибораи маҷозии «гавҳар аз тоҷ берун кард»-ро шарҳ диҳед.

7. Пораеро аз ёд кунед.

Иттифоқан дар он дашт курди бадавии молдоре бо ҳамроҳии аҳли хонаводааш галлаи чорпоёни худро мечаронд...

Буд курде3 зи меҳтарони4 бузург

Галлае дур дошт з-офати гург.

Чорпоёни хуб низ басе,

К-он чунон чорво надид касе...

Курди саҳронишину кӯҳнавард,

Чун биёбониёни саҳрогард.

Аз барои алаф ба саҳро гашт,

Галларо мечаронд дашт ба дашт.

Ҳар куҷо об ёфтию гиёҳ,

1 Ҳиммати роҳ кардан – ба роҳи худ рафтан.

2 Хайру шараш – неку бадаш.

3 Курд – номи халқе, ки дар Озарбойҷону Эрон ва Ироқ зиндагӣ мекунанд.

4 Меҳтар – сардор.

Кардӣ он ҷо ду ҳафта манзилгоҳ.

Чун алаф хӯрда, ҷойро мемонд,

Галла бар ҷониби дигар меронд.

Аз қазо1 андар он ду рӯз2, на дер,

Панҷа он ҷо кушода буд чу шер.

Курдро буд духтаре баҷамол,

Луъбате3 туркчашму ҳиндухол4.

Сарве об аз раҳи ҷигар хӯрда,

Нозанине, ба ноз парварда!

Расани5 зулфи тобдораш пеш,

Карда маҳро расан ба гардани хеш.

Он хироманда моҳи хиргоҳӣ6,

Шаб талабгори об чун моҳӣ.

Ҷонибе об буд дур аз роҳ,

Буд аз он ҷонибе, ки буд огоҳ.

Кӯза пур карда з-оби он хонӣ7,

То барад сӯйи хона пинҳонӣ.

Ногаҳон нолае шунид аз дур,

К-омад аз захмхурдаи ранҷур.

Бар пайи нола шуд, чу нола шунид,

Хуфта бар хоку хун ҷавоне дид.

Нозанинро зи сар бурун шуд ноз,

Пеши он захмхӯрда рафта фароз8.

Гуфт: «Вай-ҳақ9, чӣ кас тавонӣ буд?

Инчунин хоксору10 хунолуд?

Ин ситам бар ҷавонии ту кӣ кард?

1 Аз қазо – иттифоқан, тасодуфан.

2 Дурӯзина – ду рӯз пеш.

3 Луъбат – лӯхтак, ин ҷо ба маънии соҳибҷамол.

4 Ҳиндухол – яъне холаш зебову муносиб буд.

5 Расан – ресмон.

6 Моҳи хиргоҳӣ – моҳи ҳоладор, моҳи хирманкарда, моҳи пурра, ки дар гирдаш доираи равшане пайдо шудааст, киноя аз духтари курд.

7 Хонӣ – ҳавзча

8 Фароз рафтан – наздик шудан.

9 Вайҳақ – эй вой! Вой дареғ!

10 Хоксор – монанди хок, залил ва хор.

В-ин чунин зинҳор бар ту кӣ хард1?»

Хайр гуфт: «Эй фариштаи фалакӣ,

Гар маликзодаӣ ва гар малакӣ!

Кори ман турфа2 бозие дорад,

Қиссаи ман дарозие дорад!

Мурдам аз ташнагию беобӣ,

Ташнаро ҷахд кун, ки дарёбӣ!

Об агар нест, рав, ки ман мурдам,

В-ар яке қатра ҳаст, ҷон бурдам!»

Соқии нӯшлаб калиди наҷот,

Додаш обе ба лутф3 оби ҳаёт4!

Ташнаи гармдил зи оби сард,

Хурд бар қадри он, ки шояд хӯрд.

Зинда шуд ҷони пажмурдаи ӯ,

Шод шуд он чароғи дидаи ӯ.

Пиҳ5 дар чашми ӯ ниҳода бибаст,

Аз сари мардумӣ6 гирифташ даст.

Кард аҳди тамом, то бархост,

Қоидаш гашту бурд бар раҳи рост.

То бад-он ҷо, ки буд бунгаҳи ӯ,

Марди бедида буд ҳамраҳи ӯ.

Чокареро, к-аз аҳли хона шумурд,

Дасти ӯро ба дасти ӯ биспурд.

Гуфт: «Оҳиста, то наранҷонӣ,

Бар дари мо бараш ба осонӣ».

Курд омад шабонгаҳ аз саҳро,

То хурад он чӣ бишканад сафро7.

Беҳӯше дид – маст афтода,

Чун касе захмхурда, ҷондода.

Гуфт: «Ин шахси нотавон зи куҷост?

1 Зинҳор хӯрдан – ахду паймон шикастан, мазмуни мисраъ: инчунин зулмро дар ҳаққи ту кӣ раво дид?

2 Турфа – аҷоиб, ғалатӣ.

3 Ба лутф – ба нармӣ, бо меҳрубонӣ.

4 Оби ҳаёт – оби зиндагонӣ.

5 Пиҳ – чарбу.

6 Сари мардумӣ – мурувват ва риоят.

7 Сафро шикастан – дафъи гуруснагӣ кардан.

Инчунин нотавону хаста чарост?»

Он чӣ бар вай гузашта буд зи нахуст;

Кас надонист шарҳи он ба дуруст.

Қиссаи чашм канданаш гуфтанд,

Ки ба алмос ҷазъро1 суфтанд.

Курд чун дид, к-он ҷигархаста

Шуда бедидаю назарбаста.

Гуфт: «Аз шохи он дарахти баланд

Боз боист канд барге чанд.

Кӯфтан баргу об аз ӯ сутудан2,

Судан3 он ҷою назди ӯ бурдан.

Гар чунин марҳаме гирифтӣ4 соз,

Ёфтӣ дида рӯшноӣ боз.

Рахнаи5 дида гарчи бошад сахт,

Беҳ шавад з-оби он ду барги дарахт».

Пас нишон дод, к-он дарахт куҷост,

Гуфт: «Аз об обхур6, ки водии мост,

Ҳаст рафта кӯҳан дарахте нағз,

К-аз насимаш кушода гардад мағз7.

Пояш аз бех баркашида ду шох,

Дурие дар миёни он ду фарох.

Барги як шох аз он чу ҳуллаи8 хур

Дидаи рафтаро дарорад нур.

Барги шохи дигар чу оби ҳаёт,

Саръиёнро диҳад зи саръ9 наҷот».

Чун зи курд он шунид духтари курд,

Дил ба тадбири он илоҷ супурд.

Лобаҳо карду аз падар дархост,

1 Ҷазъ – як навъи санги зебо; ҷазъро суфтан – сангро сӯрох кардан.

2 Сутудан – ситонидан, гирифтан.

3 Судан – кӯфта хока кардан.

4 Гирифтан – ин ҷо таъсир кардан.

5 Рахна – маҷозан ҷароҳат, захм.

6 Обхӯр – чашма.

7 Мағз – мағзи сар, майна, ақл, мазмуни мисраъ: аз насимаш ақл кушода мешавад.

8 Ҳулла – киноя аз шуоъ ва равшании офтоб.

9 Саръ – як навъ бемории асаб.

То кунад барги бенавоӣ рост1.

Курд чун дид лоба кардани сахт,

Роҳ бардошт2, рафт сӯйи дарахт.

Боз канд аз дарахт чанде барг,

Нӯшдоруи3 хастагон аз марг.

Омад, овард, нозанин бардошт,

Кӯфт чанде, ки мағз боз гузошт.

Кард софӣ чунон ки дурд4 намонд,

Дар назаргоҳи дардманд фишонд.

Дорую дидаро бо ҳам дарбаст,

Хаста чун дид, соате биншаст.

Буд то панҷ рӯз баста сараш,

В-он тилоя5 ниҳода бар басараш.

Рӯзи панҷум халос додандаш,

Дору аз дида баркушодандаш.

Чашми аз даст рафта гашт дуруст,

Шуд биайнеҳ6 чунон ки буд нахуст.

Марди бедида баркушод назар,

Чун ду наргис, ки бишкуфад ба саҳар.

Аҳли хона зи ранҷи ӯ растанд,

Дил кушоданду рӯй барбастанд7.

Аз басо ранҷҳо, ки бар вай бурд,

Меҳрубон гашта буд духтари курд.

Чун ду наргис кушод сарви8 баланд,

Дурҷи9 гавҳар кушода гашт зи банд.

Меҳрубонтар шуд он паризода,

Бар ҷамоли ҷавони озода10.

1 Рост – илоҷи ин корро кунад.

2 Роҳ бардоштан – роҳ пеш гирифтан.

3 Нӯшдору – доруи шифобахш.

4 Дурд – таҳшин

5 Тилоя – дору, марҳами молиданӣ.

6 Биайнеҳ – айнан.

7 Рӯй барбастанд – рӯй пӯшиданд.

8 Сарв – дарахти рост ва мавзун, киноя аз одами хушқомат.

9 Дурҷ – сандуқчаи ҷавоҳирот, ин ҷо киноя аз чашм боз кардан.

10 Озода – соҳиби сифатҳои хуб.

Хайр низ аз латафрасонии1 ӯ,

Меҳрубон шуд зи меҳрубонии ӯ.

Гарчи рӯяш надида буд тамом,

Дида будаш ба вақти хезу хиром.

Лафзи ширини ӯ шунида басе,

Лутфи дасташ бад-ӯ расида басе.

Дил бар ӯ баста буд он дилбанд,

Ҳам дар ӯ баста дил, зиҳӣ пайванд!

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Пораро хонда гӯед, ки курд кӣ буду чӣ шуғле дошт?

2. Курд барои табобати Хайр чӣ тадбир андешид?

3. Он байтҳоеро, ки дар тавсифи духтари курд гуфта шуда-

анд, ҷудо кунед.

4. Духтар Хайрро дида нисбати ӯ чӣ муносибат кард?

5. Ибораи «чароғи дида»-ро шарҳ диҳед.

Хайр бо курди пир ҳар саҳаре,

Бастӣ аз роҳи чокарӣ камаре2.

Ба шутурдорию галадорӣ,

Кардӣ оҳистагию дилдорӣ.

Аз гала дур кард офати гург,

Доштӣ пос3 ҷумла хурду бузург.

Курди саҳрораву биёбонӣ,

Чун аз ӯ ёфт он таносоӣ4,

Ба таваллои5 худ азизаш кард,

Ҳокими хонумону чизаш кард.

Хайр, чун шуд ба хонадон густох,

Курд аз ӯ кард ҷустуҷӯи фарох6.

Боз ҷустанд ҳоли дидаи ӯ,

1 Латафрасонӣ – дилҷӯӣ, ғамхорӣ, меҳрубонӣ.

2 Камар бастан – ба хизмат тайёр шудан.

3 Пос доштан – ҳурмат кардан.

4 Таносоӣ – осудаҳолӣ.

5 Тавалло – дӯстдориву дилҷӯйӣ.

6 Фарох – васеъ, мазмуни мисраъ: аҳволи ӯро ҳаматарафа бозпурс кард.

К-аз кӣ буд он ситам расидаи ӯ.

Хайр аз эшон ҳадиси Шар нанҳуфт1,

Ҳарчӣ будаш зи хайру шар, ҳама гуфт.

Қиссаи гавҳару харидани об,

К-оташи ташнагиш кард кабоб.

В-он ки аз дида гавҳараш барканд,

Ба дигар гавҳараш расонд газанд.

Ин гуҳар суфту он гуҳар бардошт,

В-об надода ташнаро бигзошт.

Курд, к-он достон шунид зи Хайр,

Рӯй бар хок зад чу роҳиби дайр2.

К-он чунон шод шуд, ки бадгуҳаре3,

Нарасонд ин шукуфаро зараре...

Доштандаш чунонки бояд дошт,

Нозанин хизматаш ба кас нагзошт.

Хайр якбора дил ба ӯ биспурд,

Аз вай он ҷон, ки бозёфт, набурд.

Кард бар ёди он гиромӣ дур4

Хидмати гову гӯспанду шутур.

Гуфт: «Мумкин нашуд, ки ин дилбанд

Бо чу ман муфлисе5 кунад пайванд.

Духтареро бад-ин ҷамолу камол6,

Натавон ёфт бе хазинаю мол.

Ман, ки ноншон хурам ба дарвешӣ,

Кай ниҳам чашми7 хеш бар хешӣ?

Беҳ аз он нест, к-аз чунон хатаре,

Зиракона бароварам сафаре8».

Чун бар ин қисса ҳафтае бигзашт,

Шомгоҳе ба хона рафт зи дашт.

1 Нанҳуфт – пинҳон надошт.

2 Роҳиби дайр – шайхи ибодатхонаи тарсоён (ғайри мусалмонҳо).

3 Бадгуҳар – бадтинат, бадтабиат, баддил, яъне Шар.

4 Дур – марворид аз "дурри", ин ҷо киноя аз духтари курд.

5 Муфлис – камбағал.

6 Ҷамолу камол – ҳусну зебоӣ ва болиғӣ.

7 Чашм ниҳодан – умедвор будан.

8 Бароварам сафаре – берун равам, халос шавам.

Дил зи тимори1 он арӯс ба ранҷ,

Чун гадое нишаста бар сари ганҷ.

Ташнаю дар баробар – оби зулол,

Ташнатар з-он ки буд аввали ҳол.

Он шаб аз рахнае, ки дошт дилаш,

З-оби дида шукуфта кард гилаш.

Гуфт бо курд, к: «Эй ғарибнавоз,

Аз ғарибон басе кашидӣ ноз!

Нури чашмам бино ниҳодаи туст,

Дилу ҷон – ҳар ду – боздодаи туст.

Чун ба нонрезаи ту парвардам,

Неъмат аз хони ту басе хӯрдам.

Беш аз ин меҳмон нашояд буд,

Намаке бар ҷигар нашояд суд2.

Бар қиёси наволахории3 ту,

Н-ояд аз ман сипосдории4 ту.

Гарчӣ темор ёбам аз дурӣ,

Хоҳам аз хидмати ту дастурӣ5.

Дергоҳ аст, к-аз вилояти хеш

Дурам аз кору аз кифояти6 хеш.

Азм дорам, ки бомдоди пагоҳ

Сӯйи хона кунам азимати роҳ.

Гар ба сурат ҷудо шавам зи барат,

Набурад ҳимматам зи хоки дарат.

Чашм дорам ба чун ту чашмаи нур,

Ки зи дурӣ дилам надорӣ дур.

Ҳимматамро кушодабол кунӣ,

В-он чӣ хӯрдам, маро ҳалол кунӣ».

Чун сухангӯ сухан ба охир бурд,

Дарзад оташ ба хайли7 хонаи курд.

Гиряи курдӣ аз миён бархост,

1 Тимор – ғамхорӣ.

2 Намак бар ҷигар судан – азоб додан.

3 Наволахорӣ – насиба хӯрдан.

4 Сипосдорӣ – поси хотир доштан.

5 Дастурӣ – рухсат.

6 Кифоят – даромад.

7 Хайл – гурӯҳ, ҷамоат.

Ҳой-ҳойе фитод аз чапу рост.

Курд гирёну курдзода – батар,

Мағзҳо хушку дидаҳо шуд тар.

Аз паси гиря сар фурӯ бурданд,

Гӯйӣ обе буданд, афсурданд.

Сар баровард курди равшанрой1,

Кард холӣ зи пешкорон2 ҷой.

Гуфт бар Хайр, к-«эй ҷавони баҳуш,

Зираку хубу меҳрубону хамӯш...

Неъмату нозу комгорӣ ҳаст,

Бар ҳама неку бад ту дорӣ даст.

Некмардон ба бад инон3 надиҳанд,

Дӯстонро ба душманон надиҳанд.

Ҷуз яке духтари азиз маро

Несту беш ҳаст чиз маро.

Духтари меҳрубони хидматдӯст,

Зишт бошад, ки гӯямаш на накуст.

Гарчӣ дар нофа4 аст мушк ниҳон,

Ошкорост бӯйи ӯ ба ҷаҳон.

Гар ниҳӣ дил ба мою духтари мо,

Ҳастӣ аз ҷон азизтар бар мо5.

Бар чунин духтаре ба озодӣ6

Ихтиёрат кунам7 ба домодӣ.

В-он чӣ дорам зи гӯсфанду шутур,

Диҳамат, то зи моя гардӣ пур.

Ман миёни шумо ба неъмату ноз

Мезиям, то расад раҳил фароз».

Хайр, к-ин хушдилӣ шунид зи курд,

Саҷдае, ончунон ки шояд, бурд8.

1 Равшанрой – хушфикр, доно, оқил.

2 Пешкор – хидматгор.

3 Инон – лаҷом, мазмуни мисраъ: некмардон ба бад ихтиёр надиҳанд.

4 Нофа – мушқдон.

5 Бар мо – барои мо, дар назари мо.

6 Ба озодӣ – яъне ба розигии худ.

7 Ихтиёр кардан – лоиқ донистан, муносиб дидан.

8 Саҷда бурдан – таъзим кардан.

Чун бад-ин хуррамӣ сухан гуфтанд,

Аз сари нозу дилхушӣ хуфтанд...

Курд хушдил зи хобгаҳ бархост,

Кард кори никоҳ кардан рост...

Шодмон зистанд ҳар ду ба ҳам,

3-он чӣ бояд, набуд чизе кам.

Чун аз он марғзору обу дарахт

Баргирифтанд сӯйи саҳро рахт1.

Хайр сӯи дарахти сандалбӯй2,

Ки аз ӯ халқ буд дармонҷӯй

На зи як шох, аз сутуни ду шох

Чид бисёр баргҳои фарох.

Кард аз он баргҳо ду анбон3 пур

Таъбия4 дар миёни бори шутур.

Он яке, бар илоҷи саръу зуком,

В-он дигар – худ давои дида тамом.

Ба кас аҳволи барг боз нагуфт,

Он даворо зи дида дошт нуҳуфт...

Хайр бо давое, ки курд ба вай нишон дода буд, ба беморони муҳтоҷи бисёре ёрӣ расонд. Ин буд, ки:

Аз накуию аз латофату5 рой6,

Дар дили халқ шуд мар-ӯро ҷой.

То чунон шуд, ки некуии бахт

Бирасондаш ба подшоҳию тахт...

... Аз қазо сӯйи боғ шуд рӯзе,

То кунад айш бо дилафрӯзе.

Шар, ки ҳамроҳ буд дар сафараш,

Гашт сирри дилаш қазои сараш.

Гуфт, к: «Ин шахсро ба вақти фароғ

Аз паси ман биёваред ба боғ».

1 Рахт баргирифтан – сафар кардан.

2 Сандалбӯй – хушбӯй.

3 Анбон – халта.

4 Таъбия – ҷой додан.

5 Латофат – покдилӣ ва хушмуомилагӣ.

6 Рой – ақл.

Хайр дар боғ рафту хуш биншаст,

Курд пешаш нишаст теғ ба даст.

Шар даромад фарох карда ҷабин,

Фориғ аз Хайр бӯса дод замин.

Гуфт Хайраш: «Бигӯ, ки номи ту чист?

Эй ки хоҳад сари ту бар ту гирист!»

Гуфт: «Номам Мубашшири сафарӣ

Дар ҳама корномаи ҳунарӣ».

Хайр гуфто, ки: «Номи хеш бигӯй,

Рӯи худро ба хуни хеш машӯй1».

Гуфт: «Берун аз ин надорам ном,

Хоҳ теғам намою хоҳӣ – ҷом».

Гуфт Хайр: «Эй ҳаромзодаи хас,

Ҳаст хунат ҳалол бар ҳама кас!

Шаррхулқӣ2, ки номи Шар дорӣ,

Сират3 аз номи худ батар дорӣ.

Ту на онӣ, ки бо ҳазор азоб

Чашми он ташна кандӣ аз пайи об?

В-он батар шуд, ки дар чунин тобе,

Бурдӣ обу надодияш обе.

Гавҳари чашму гавҳари камараш

Ҳар ду бурдию сӯхтӣ ҷигараш.

Манам он ташнаи гуҳарбурда,

Бахти ман – зинда, бахти ту – мурда!»

Шар, ки дар рӯйи Хайр дид, шинохт,

Хештан зуд бар замин андохт.

Гуфт: «Зинҳор, агарчи бад кардам,

Дар бади ман мабин, ки х(в)ад4 кардам.

Гар ман он бо ту кардаам зи нахуст,

К-ояд аз номи чун мане ба дуруст.

Бо ман он кун, ту дар чунон хатаре,

К-ояд аз номи чун ту номваре5».

1 Рӯйи худро ба хуни хеш машӯй – яъне худро ба куштан мадеҳ.

2 Шаррхулқ – бадхулқ, бадкирдор.

3 Сират – табиат, феълу хӯ.

4 Хад – худ ("х(в)ад")

5 Номвар – номдор, машҳур.

Хайр, к-он нукта рафт бар ёдаш,

Кард ҳолӣ зи куштан озодаш.

Шар чу аз теғ ёфт озодӣ,

Мешуду1 мепарид аз шодӣ.

Курди хунхор рафт бар асараш,

Теғ зад ва аз қафо, бурид сараш.

Гуфт: «Агар Хайр ҳаст хайрандеш,

Ту Шарӣ, ҷуз шарат наёяд пеш».

Дар танаш ҷусту ёфт он ду гуҳар,

Таъбия карда дар миёни камар.

Омад, овард пеши Хайр фароз,

Гуфт: «Гавҳар ба гавҳар омад боз».

Хайр бӯсиду пеши курд андохт,

Гавҳариро2 ба гавҳаре бинавохт.

Даст бар чашми худ ниҳоду бигуфт:

«Аз ту дорам ман ин ду гавҳари ҷуфт!

Ин ду гавҳар бад-он шуд арзонӣ,

Ин гуҳарҳо турост, худ донӣ!»

Чунки шуд корҳои Хайр ба ком,

Халқ аз ӯ дид хайрхоҳӣ тамом.

Чун саодат бад-ӯ супурд сарир3,

Оҳанаш зар шуду палос – ҳарир.

Адлро устуворкорӣ дод,

Мулкро бар худ устуворӣ дод.

Баргҳоро, к-аз он дарахт овард,

Роҳати ранҷҳои сахт овард.

Вақт-вақт аз барои дафъи газанд,

Тохтӣ сӯйи он дарахти баланд.

Омадӣ зери он дарахт фуруд,

Додӣ он бумро салому дуруд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Пораро бодиққат хонед ва лаҳзаи ба назди Хайр омадани Шарро нақл кунед.

2. Байни Хайр ва Шар чӣ гуфтугӯ шуд?

3. Барои чӣ Хайр аз гуноҳи Шар гузашт? Ба ин амали Хайр чӣ гуна баҳо медиҳед?

4. Аз ҷониби курд кушта шудани Шарро чӣ тавр шарҳ медиҳед?

5. Бигӯед, ки Хайр ва Шар мувофиқи рафторашон оё подоши худро гирифтанд?

6. Образҳои достонро мушоҳида карда, рафтори ҳар як қаҳрамонро алоҳида шарҳу тафсир намоед. Монандӣ ва фарқияти рафтору кирдори онҳоро муайян кунед.

7. Луғатҳои қиссаро пурра аз ёд карда, ҳангоми навиштани иншо истифода баред.

8. Қиссаро мухтасаран бо услуби худ мустақилона аз нав бозгӯ кунед

.

1 Мешуд – мерафт.

2 Гавҳарӣ – одами асил, хушзист, пурқимат, киноя аз курд.

3 Сарир – тахт.