Ғам махӯр

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр,

Кулбаи эҳзон1 шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!

Эй дили ғамдида, ҳолат беҳ шавад, дил бад макун

В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон2, ғам махӯр!

Гар баҳори умр бошад, боз бар тарфи чаман

Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр!

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!

Ҳон, машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб3,

Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!

Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид4,

Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр!

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Ғазалро ифоданок хонед.

2. Шоир касро ба чӣ умедвор мекунад? Сари ҳар байт мулоҳиза

кунед. Аз чӣ набояд ғам хӯрд?

3. Андешаи «рӯҳафтода нашудан»-ро вобаста ба абёти

ҷудогонаи ғазал шарҳ диҳед.

4. Ғазалро аз ёд кунед.