Абулҳасан Алӣ ибни Ҷулуғи Сиистонӣ, шоири машҳур, қасидасарои номии форсу тоҷик, байни солҳои 977–981 дар Сиистон таваллуд шуда, соли 1038 дар шаҳри Ғазнин вафот кардааст.
Фаррухӣ дар давраи наврасиву ҷавониаш аввал ҳамроҳи падараш хидмати ҳокими Сиистон Амир Халафи Бонуро карда, баъди аз тарафи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ забт шудани Сиистон ба хидмати яке аз заминдорони сарватманд меравад. Вале музди ночизи заминдор зиндагонии Фаррухиро қонеъ карда наметавонист ва ӯ дар ҷустуҷӯйи шахси сарватманду саховатпеша мешавад, то ӯро дар шеърҳояш таърифу тавсиф карда, рӯзгорашро таъмин намояд. Фаррухӣ овозаи шеърдӯстии ҳокими Чағониён–Абулмузаффарро шунида, бо қасидаи машҳуре, ки бо байти:
Бо корвони ҳулла бирафтам зи Сиистон,
Бо ҳуллаи танида зи дил, бофта зи ҷон...
оғоз мешавад, ба Чағониён меравад. Бо мадади коргузори амир Фаррухӣ тақрибан солҳои 1010 - 1011 ба дарбори Ғазнавиён дохил шуда, то охири умр дар Ғазнин зиндагӣ мекунад. Фаррухӣ дар баробари шоири тавоно будан дар навохтани созҳои гуногуни мусиқӣ низ маҳорати олӣ доштааст.
Фаррухӣ дар базму размҳо, шикору сафару сайрҳои Султон Маҳмуд ҳамроҳӣ карда, дар қасидаҳояш корнамоиву шуҷоат, саховатмандиву далерии ӯ ва дарбориёнашро ситоиш мекард ва инъомҳо мегирифт.
Аз мероси адабии Фаррухӣ девоне маълум аст, ки бештар аз 9 ҳазор байтро дар бар гирифтааст.
Дар девони шоир навъҳои дигари шеъри лирикӣ, монанди тарҷеъбанд, қитъа, ғазал, рубоӣ ба назар расанд ҳам, бо вуҷуди ин қасида мавқеи асосӣ дорад. Ин аст, ки аксари донишмандони соҳаи адабиёт ӯро ҳамчун устоди қасидасароӣ эътироф кардаанд.
Дар ашъораш шоир асосан зимни мадҳ саховатмандӣ, илму адабдӯстӣ, адолату накукорӣ барин хислатҳои мамдӯҳонро ситоиш мекунад.
Ҳангоми мадҳи хислатҳои хуби мамдӯҳон шоир бештар орзуву нийят ва андешаҳои инсондӯстии хешро баён месозад. Аз ҷумла шоир некиву накукориро аз шоҳӣ ҳам бартар дониста, ба ин тариқ диққати мадҳшавандаро ба кори хайру нек ҷалб мекунад:
Некхӯтар з-ӯ ҳамоно дар ҷаҳон як шоҳ нест,
Хӯи неку – беҳтар аз шоҳиву мулки бекарон.
Ашъори Фаррухӣ асосан бо услуби сода эҷод шуда, ташбеҳу истиора, тасвироти воқеӣ, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, ифодаву таъбирҳои гуфтугӯйӣ, калимоти равону хушоҳанг фаровон истифода шудаанд.
Тарҷеъбанд
Ҳамегуфтам, ки кай бошад, ки хуррам рӯзгор ояд,
Ҷаҳон аз сар ҷавон гардад, баҳори ғамгусор ояд.
Баҳори ғамгусор ояд, ки ҳар касро ба кор ояд,
Баҳоре, к-андар ӯ ҳар рӯз майро хостор1 ояд.
Зи ҳар боде, ки бархезад, кунун бӯйи баҳор ояд,
Кунун моро зи боди бомдодӣ бӯйи ёр ояд.
Чу рӯйи кӯдакони мо дарахти гул ба бор ояд,
Чаро хуш гардаду бо табъи хусрав созгор ояд...
Киро май хӯрдан ойин аст, май хӯрдан кунун бояд,
Бипурс аз ман, ки май хӯрдан дар ин айём чун бояд?
Нахуст андар миён боре майи беҷодагун2 бояд,
Пас он гаҳ соқии покиза чун симинсутун бояд.
Ду-се рӯзе ба як ҷо сохта чун арғунун3 бояд,
1 Хостор – хоҳиш, майл.
2 Беҷодагун – сурхранг.
3 Арғунун – номи асбоби мусиқӣ.
Суруди мутриби сода ҳамора1 раҳнамун бояд.
Ба ҳар рӯзе, ки май хӯрдӣ, тараб кардан фузун ояд,
Мувофиқ дӯстон як дил ҳаме некозмун бояд.
Дил андар шодию ромиш ба орому сукун бояд,
Зи маҷлис душмани хусрав ба ҳар ҳоле бурун ояд...
Баҳор омад, ҳамегӯйӣ, бирав, то гул ба бор ояд,
Ҳаме навмедиям з-ин ваъдаи навмедвор ояд.
Туро з-ин ваъда андар дил ба рӯзе сад ҳазор ояд,
Маро, оре, бад-ин гуфторат, эй ҷон, устувор ояд.
Чу чизе аз ту бишнидам, дил онро хостор ояд,
Гар андар дил надорӣ, бод паймудан2 чӣ кор ояд?
Туро тарсам, ки бӯси ман ҳаме бар чашм хор ояд,
Надонӣ, к-ин лаби ман бар бисоти шаҳриёр ояд...
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Дар бораи тарҷумаи ҳоли Фаррухии Сиистонӣ чиҳо медонед?
2. Оид ба мазмуни ашъори Фаррухӣ маълумот диҳед.
3. Тарҷеъбанди «Ҳамегуфтам, ки кай бошад, ки хуррам рӯзгор ояд»-ро ифоданок хонед.
4. Фасли баҳор бо кадом хусусиятҳо ва фазилатҳояш аз дигар фаслҳои сол фарқ дорад?