Адиб Собири Тирмизӣ

Адиб Собири Тирмизӣ дар таърихи фарҳанги

қадим ва маҳфили аҳли адаб ва дар авроқи кутуби

адабӣ мақоми пешвоӣ дорад.

Саид Нафисӣ

Шиҳобиддин Адиб Собири Тирмизӣ соли 1078 дар шаҳри Тирмиз таваллуд ёфтааст. Давраи наврасӣ ва камолоти ӯ дар Тирмиз гузаштааст. Ӯ аз илмҳои замони худ дар Бухоро ва мадрасаи “Низомия”-и Ҳирот ба хубӣ баҳравар гардидааст. Адиб Собир ба дарбори Султон Санҷар – ба шаҳри Марв даъват мешавад. Пас аз чанд сол ҳамчун сафир ба дарбори Отсиз – султони Хоразмшоҳ фиристонида мешавад. Бо фармони Отсиз ӯ соли 1147 дар Амударё ғарқ карда мешавад.

Аз осори шоир пораҳое манзури хонанда мегардад.