Давоми нек роҳатро!

Ба Владимир Луговский

Даме, ки размгоҳи бешикасти Рустами Дастон

Ба чанги бекҳо афтид аз дасти забардастон,

Даме, ки базмгоҳи Ибни Сино, Рӯдакӣ, Хайём

Бишуд ҷавлонгаҳи дуздон,

Бишуд бозичаи айём,

Ба ин ҷо омадӣ пойи пиёда мисли як сарбоз

Ба қалби шоиру бо ҳуҷҷати раҳсоз.

Ту аз кӯҳу камарҳо бо машаққат роҳ мебурдӣ,

Чу шоир, ошиқи шаб хавф аз бегоҳ мебурдӣ,

Зи дарё об мехӯрдию мехуфтӣ, намехуфтӣ,

Ба дарё роз мегуфтӣ.

Чу дарё вирд мекард аз забонат шеъри Пушкинро,

Ту боло мешудӣ,

То даст гирӣ Моҳу Парвинро...

Ту ғарқи созҳо будӣ,

Ту банди розҳо будӣ.

Чу булбул моили парвозҳо, овозҳо будӣ,

Ки ногаҳ шарфаи тиру камон, аспи давон омад,

Кадомин бек сӯйи деҳаи бепосбон омад?

Балои осмон омад!

Ту барҷастӣ,

Камар бастӣ,

Ба аҳли деҳа пайвастӣ,

Ғурури бек бишкастӣ...

Ҳамин шаб ёр гаштӣ, чун қалам, тиру камонатро,

Дигар оҳанг бахшидӣ

Ҳамин шаб достонатро,

Дар ин пасту баландиҳо

Дар ин сустию сахтиҳо,

Миёни гирудори некбахтӣ, шӯрбахтиҳо

Ту дидӣ Вахшро танҳо,

Миёни кӯҳ дар ғавғо.

Надидӣ дар бисоти ӯ дили дарёи Ҳофизро,

Чу шоир ёд н-овардӣ макони разми Рустамро.

Надидӣ давргардон ҷоми сесадпораи Ҷамро.

Аҷамро дидиву савти Аҷамро лек нашнидӣ,

Дами пирӣ бузургонро ту хору бенаво дидӣ?

Агар дар хонаи тоҷик тамоми чиз ночиз буд,

Ба ҳар гаҳвора Ҳофиз буд ё девони Ҳофиз буд.

Ҳамон пире, ки аз пайроҳаҳо то арсаи дунё

Зи манзилҳо ба манзилҳо,

Кушода роҳ аз дилҳо...

Агар бо номи Ҳофиз мешудӣ дар хонаи тоҷик,

Баногаҳ қаср мешуд аз карам вайронаи тоҷик.

Агар бо шеъри Ҳофиз роз мегуфтӣ ба духтарҳо,

Ба шеърат мефаромад аз самои ҳусн ахтарҳо.

Агар як бор медидӣ, ба хубӣ чеҳраи Лайло,

Чу Ҳофиз маст будӣ умрҳо аз он рухи зебо

Вале ошиқ нагаштӣ...

Роҳ бурдӣ, достон гуфтӣ,

Ба ҳар сурат сухан аз дарду дармони замон гуфтӣ,

Ту хизматро адо кардӣ чу як раҳсоз, чун сарбоз,

Туро охир ато кардӣ табиат шоири мумтоз! ...

... Аз он шабҳо

Зи кӯҳи Нор доим мерасад овоз,

Садои мардуми раҳсоз,

Садои шоири сарбоз...

Замистон асту

Механдад ба ёди ту гули бодом

Бубин, Мирзои Кӯлобӣ1 диҳад роҳи туро анҷом.

Дуои нек рӯҳатро,

Давоми нек роҳатро!

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шеърро ифоданок хонед.

2. Мазмуни шеърро нақл кунед: Владимир Луговский кӣ буд ва барои миллати тоҷик чӣ хизматҳо кардааст?

3. Дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику рус боз чиҳо медонед?

4. Аз матн мисраъҳоеро ёфта ҷудо намоед, ки ба тавсифи Владимир Луговский бахшида шудаанд.

1 Мирзо Шариф – сардори бригадаи роҳсозони Норак.