Рассом Беҳзод ва сурати навоӣ

Восифӣ дар ёддошти худ дар муқаддимаи тасвири Мир Алишер мегӯяд: «Подшоҳон ҳамеша ҷамъе аз мусаввирони (рассомони) сеҳрофарин ва наққошони бадоеъоинро1 дар дарбори худ нигоҳ дошта, назари илтифот ба ҳоли эшон гумоштанд2, чунки ин тоифаи тарабангез3 ва ин фирқаи латофатомез сабаби хурсандии оммаи аҳли оламанд. Бинобар ин подшоҳи мабрур4 (Ҳусайн Бойқаро) аз миёни ҳунармандони ин санъат устод Беҳзоди наққошро баргузида5, ӯро «Монии сонӣ» лақаб дода буд.

Ҳар гоҳ он подшоҳро ғаме аз оламе мерасид, устоди моҳир сурате бар меомехт ва пайкаре меангехт (карикатурае мекашид), ки ба муҷарради6 ба вай нигоҳ кардан оинаи хотираш аз занги кудурат7 пок мешуд.

1 Бадоеъоин – бемисл, беназир.

2 Гумошта – таъиншуда ба амал ва вазифа, ин ҷо таваҷҷуҳ ба касе.

3 Тарабангез – хурсандкунанда, шодкунанда.

4 Мабрур – он ки дар ҳаққи вай некӣ карда шудааст.

5 Баргузид – писандид, интихоб намуд.

6 Муҷаррад – танҳо, ин ҷо яъне ҳамин ки назар бар ӯ афтод.

7 Кудурат – гаронӣ, дилтангӣ.

Устод Беҳзод ҳамеша суратҳои гуногун ва нақшҳои нав ба нав бо худ дошт. Ӯ аксар сурати Бобо Маҳмудро, ки аз ҷумлаи умарои бузург буд, ба вазъиятҳои гуногун мекашид.

Бобо Маҳмуд сурати аҷиба ва ҳайати ғариба дошт ва ин қитъа гӯё дар шаъни ӯ воқеъ шуда буд:

Ҳама шаҳмиву1 лаҳм2, эй мири аъзам,

Хуш он, к-ӯ чун ту мире баргузинад.

Агар аспи ту ҳаргиз каҳ наёбад,

Зи заъфи лоғарӣ кай ранҷ бинад?

Ту ҳар гоҳе, ки бар вай барнишинӣ,

Дусад ман гӯшт бар вай барнишинад.

«... Машҳур аст, ки устод Беҳзод саҳифаи мусавваре ба маҷлиси фирдавсоини3 сипеҳртазйини4 амири кабир – Мир Алишер овард. Дар он сурати ҳол чунон тасвир ёфта буд, ки боғчае ороста бо дарахтони гуногун ва бар шохсори он дарахтон – мурғони хушилҳони буқаламун5 ва дар ҳар тараф – ҷӯйборҳои ҷорӣ ва гулҳои шукуфта ва нимшукуфтаи сурху зарду зарнигорӣ. Сурати Мир Алишер чунон кашида шуда буд, ки дар он боғ дар асои худ такя зада истодааст ва табақҳои пурзару сим пеши худ ниҳода муҳайёи инъом ва эҳсон кардан аст.

Чун ҳазрати Мир он суратро мушоҳада ва мулоҳаза намуд, он саҳифаи латиф боғчаи ботинашро бо гулҳои беҳҷату сурур ва атрофи ҳавзаи хотирашро бо дарахтони фарҳату ҳузур биёрост ва аз андалеби табъаш бар шохсори шавқ ва завқ навои «Алҳасан, алҳасан!» (хуб-хуб) бархост ва гуфт:

Наққош, аҷаб сафҳа мунаққаш кардӣ!

Эй вақти ту хуш, ки вақти мо хуш кардӣ!

ва баъд аз он рӯй ба аҳли маҷлис оварда пурсид:

1 Шаҳм – чарбу, равған.

2 Лаҳм – гӯшт.

3 Фирдавсоин – боғи олӣ, биҳишт барин.

4 Сипеҳртазйин – сипеҳр – фалак ва тазйин – зинат, оро додашуда.

5 Буқаламун – рангоранг.

– Азизонро дар таъриф ва тавсифи ин саҳифаи шарифа ба хотир чӣ мерасад?

Мавлоно Фасеҳуддин, ки устод ва муаллими Мир буда, аз ҷумлаи олимони машҳури Хуросон буд, фармуд:

– Маҳдумо! Ман чун ин гулҳои шукуфтаро дидам, хос там, ки даст дароз кунам ва гуле аз гулбун ҷудо карда ба дастори худ халонам.

Мавлоно Соҳиби Доро, ки надим ва мусоҳиби Мир буд, гуфт:

– Маро низ ҳамин хоҳиш буд, аммо андешидам, ки мабодо даст дароз кунам, ин мурғон рамида аз сари дарахтон парвоз намоянд.

Мавлоно Бурҳон, ки саромади зарифони Хуросон буд ва доимо бо Мир зарофат ва шӯхиҳо менамуд, гуфт:

– Ман мулоҳиза карда, даст ва забон нигоҳ медорам ва дам задан намехоҳам, ки мабодо Мир ранҷида абруи ризоро дарҳам кашанд ва ин шукуфтарӯйӣ, ки дар расм доранд, якбора барҳам хӯрад.

Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ, ки ӯ ҳам аз зарифони Хуросон буд ва Мир Алишер ба вай «латифатарош» лақаб дода буд, гуфт:

– Эй Мавлоно Бурҳон, агар беодобӣ ва густохӣ намешуд, ман ин асоро, ки дар расм дар дасти Мир аст, гирифта бар сари ту мезадам.

Мир Алишер гуфт:

– Азизон суханони хуб гуфтанд. Агар Мавлоно Бурҳон он дуруштиро намекарданд, ба хотир расида буд, ки ин табақҳои пурзарро, ки дар саҳифа нақш ёфтаанд, бар сари ёрон нисор намоям.

Баъд аз он устод Беҳзодро асп ба зину лаҷом ва ҷомаи муносиб бахшида, ба ҳар кадом аҳли суҳбат низ либосҳои фохир1 инъом кард».

Восифӣ дар охири ин ёддошти худ ин байтро қайд кардааст:

Дареғу дард аз ин мардумон, ки хок шуданд,

Ба теғи марг ҷигаррешу синачок шуданд.

1 Фохир – бошукӯҳ, пурқимат.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Беҳзод чӣ гуна рассом буд ва сурати Бобо Маҳмудро чӣ хел тасвир кардааст? Ҳикояро муфассал нақл кунед.

2. Беҳзод Мир Алишерро дар чӣ манзара кашида буд?

3. Аз рӯйи матни ҳикоят дар бораи сурати манзаравии Беҳзод нақл кунед.

4. Аз рӯйи гуфтаҳои аҳли маҷлис ба ҳунари расмкашии Беҳзод баҳо диҳед.

5. Байтеро, ки дар охири ин ҳикоят оварда шудааст, шарҳ диҳед ва аз ёд кунед.

6. Аз рӯйи ягон мусаввараи манзаравӣ мубоҳиса ташкил намоед ва тасвири онро ба тариқи ҳикоя нависед.