Ҳикоят аз «Тӯтинома»

АМИР ВА МОРИ СИЁҲ

Рӯзе амире ба шикор рафт. Ногоҳ море тарсон пеши ӯ расид ва гуфт: «Эй амир, маро ҷой бидеҳ, ки пинҳон шавам».

Амир гуфт: «Чаро тарсон ҳастӣ?»

Мор гуфт, ки душман барои куштани ман чӯбе гирифта, дунболи ман меояд.

Амир бар мор раҳм намуд ва дар остини худ ӯро ҷой дод. Мор дар остини амир пинҳон шуд. Баъди як лаҳза марде бо чӯб ба он ҷо расид, гуфт, ки мори сиёҳ аз пеши ман гурехта омадааст, ин ҷо касе ӯро дидааст?

Амир гуфт: «Не».

Он мард бар чап ва рост назар кард, морро надид, роҳи худ пеш гирифт.

Амир гуфт: «Эй мор, душмани ту рафт, акнун ту низ роҳи худ пеш гир».

Мор гуфт, ки туро хоҳам газид ва хоҳам кушт, баъд аз он хоҳам рафт. Намедонӣ, ки ман душмани туам. Ту сахт аҳмақ ҳастӣ, ки бар ман эътимод кардӣ ва раҳм намудӣ, маро ба остини худ ҷой додӣ.

Амир гуфт: «Эй мор, ба ту некӣ кардаам, чаро бо ман бадӣ кардан мехоҳӣ?»

Мор гуфт: «Хирадмандон гуфтаанд, ки бо ҳар кас некӣ кардан хуб нест».

Амир дар дили худ тарсид ва пушаймон гардид ва дар дили худ андешид, ки алҳол чӣ гуна аз дасти ӯ ҷон бадар барам ва инро аз остин берун кунам? Чустӣ ба кор бурд ва морро гуфт:

«Эй мор, море дигар меояд. Ману ту ин сухан пеши ин мор изҳор кунем. Агар ин сухани ту писанд кунад, пас ҳар чӣ хоҳӣ, бо ман бикун».

Мор чун рӯйи худ гардонид ва ба тарафи мори дигар дид, филҳол амир фурсат ёфта, санге ба сараш зад ва онро кушт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Дар бораи шарҳи ҳоли Зиёуддини Нахшабӣ маълумот диҳед.

2. Муколамаи амир бо мори сиёҳ дар чӣ хусус буд?

3. Чаро амир морро дар остини худ ҷой дод?

4. Мори аз душман халосшуда ба амир чӣ гуна «миннатдорӣ» баён кард?

5. Амир барои халосӣ чӣ тадбир андешид?

6. Подоши некӣ чист? Ҳикоятро ба нақшҳо қисмат кунед.

7. Байти зеринро маънидод кунед:

Бо бадон бад бошу бо некон наку,

Ҷойи гул гул бошу ҷойи хор – хор.

8. Рубоии зерини устод Рӯдакиро низ аз ёд кунед ва бо ҳикоят муқоиса намоед.

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,

Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.

Сифла табъи мор дорад бегумон,

Ҷаҳд кун, то рӯйи сифла нангарӣ.