Ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турдиев
... Днепр!
Ҳаст дар ёдат магар он соли сели оташин,
Мавҷҳои одамин монанди сели оҳанин
Омаду дар мавҷҳоят банд шуд?!
Як тараф урдуи1 мо роҳи гузар мекофтӣ,
Як тараф тири аду2 тӯри аҷал мебофтӣ.
Мегузаштӣ аз миёни як замину ду замон.
Ногаҳон тоҷикписар худро ба оғӯшат фиканд,
Шарфаи тири аду гардид ин соат дучанд,
Мавҷҳоят гашт аммо ҷавшани ҷони ҷавон.
Аз пайи ӯ ротаи ӯ сӯйи он соҳил шитофт,
Садди оҳан, садди оташ, садди хороро шикофт,
То ба он соҳил нахустин роҳи дарёро кушод.
Пораи хоки туро бигрифт аз чанги аду,
Аз ғазаб лабрез шуд гӯё дили танги аду,
Чашмро пӯшида аз тӯпу туфанги бешумор
Тири дунёро ба рӯйи паҳлавонон рехтанд,
Оби дарё, хоки соҳилро ба элак бехтанд.
То дами субҳ аз дусад ҷон панҷ ҷони зинда монд,
Панҷ одам дар канорат ҳамчу дил поянда монд.
Пушт – обу пеш – оташ, аз ҳаво – борони тир,
Дар миёни обу оташ – панҷ фарзанди далер
Тан ба тан бо лашкаре ҷангид... Оваҳ, ногаҳон!
1 Урду – ҷангиён, лашкар.
2 Аду– душман.
Тири душман аз билети сурх, аз ҷавшан гузашт,
Аз дили пурхашми тоҷик, аз дами оҳан гузашт,
Ҳаст дар ёдат, чӣ сон афтонд ӯро бар замин!
«Воҳ, модар!» гуфтаю хоки туро оғӯш кард,
Лаҳзае модар – замин қалби ҷавонро гӯш кард,
Даргузашт ӯ... Дар ҳамин дам лашкар аз дарё гузашт!
Байрақи оғуштаи хунро зи нав бардоштанд,
Ҳамчу машъал, раҳнамо болои сар афроштанд.
Ҳар диле мезад ба зарби «Интиқому интиқом!»
Шуд ҳамон як пораи хоки Ватан маъвои ӯ,
Манзили бо нақди ҷон бигрифтаи ӯ, ҷойи ӯ,
Манзилеро, ки ҳама бо ҷон харидорем мо!
Эй Днепр! Солҳо аз пеши манзил меравӣ,
Гӯй, охир, аз чӣ ин сон сӯйи соҳил медавӣ?
Гуфт бар ман ба забони мавҷҳои безабон:
«То бигирам ин дили ҷовидро андар канори мавҷҳо»...
Зикри1 бисёрест дар савти2 шумо,
Мавҷҳою мавҷҳою мавҷҳо!...
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Шеърро ифоданок ва бурро хонед.
2. Дар порчаи шеърӣ вазъияти ҷанг чӣ гуна тасвир ёфтааст?
3. «Обу хокро ба элак бехтанд» чӣ маънӣ дорад?
4. Пирӯзӣ ба ивази чӣ ба даст омад?
5. Байтҳои алоҳидаро аз рӯйи интихоби муаллим шарҳ диҳед.