Бидон ва огоҳ бош, ки мардуми беҳунар мудом бесуд бошад чун муғелон1, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайри худро. Ва мардуми асилу насиб, агарчи беҳунар бувад аз рӯйи аслу насаб, аз ҳурмат доштани мардум бебаҳра набошад ва бадтар он бувад, ки на гавҳар дораду на ҳунар. Аммо ҷахд кун, ки агарчи асилу гавҳарӣ бошӣ, гавҳари тан низ дорӣ, ки гавҳари тан аз гавҳари асл беҳтар, чунонки гуфтаанд: яъне: шарафу бузургӣ дар хираду адаб аст, на дар насабу нажод, ки бузургӣ хираду донишрост, на гавҳару тухмаро2.
Ва бад-он ном, ки туро падару модар ниҳанд, ҳамдостон мабош, ки он ном нишоне бошад. Ном он бошад, ки ту ба ҳунар бар хештан ниҳӣ...
Агар мардумро бо гавҳари асл гавҳари ҳунар набошад, суҳбати ҳеҷ касро ба кор наёяд ва дар ҳар кӣ ин ду гавҳар ёбӣ, чанг дар вай зан ва аз даст магзор, ки вай ҳама касро ба кор ояд.
Ва бидон, ки аз ҳама ҳунарҳо беҳтарин ҳунар сухан гуфтан аст... Одамӣ фузунӣ ёфт бар дигар ҷонварон ба даҳ дараҷа, ки дар тани ӯст, панҷ аз дарун ва панҷ аз берун. Аммо ба панҷи ниҳонӣ (яъне дарунӣ), чун андеша ва ёд гирифтан ва нигоҳ доштан ва тахайюл кардан ва тамйиз3 ва гуфтор ва панҷи зоҳир чун самъ4 ба басар5 ва шам6 ва ламс7 ва завқ ва аз ин ҷумла он чӣ дигар ҷонваронро ҳаст, на бар ин ҷумла ки одамирост. Пас одамӣ бад–ин сабаб подшоҳ ва комгор шуд бар дигар ҷонварон. Ва чун ин бидонистӣ, зуфонро (забонро) ба хубиву ҳунар омӯхта кун ва ҷуз хубӣ гуфтан зуфонро одат макун, ки зуфони ту доим ҳамон гӯяд, ки ту ӯро бар он дошта бошӣ ва одат кунӣ, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ зуфони ӯ хуштар, ҳавохоҳони ӯ бештар». Ва бо ҳама ҳунарҳо ҷаҳд кун то сухан ба ҷойгоҳ гӯйӣ, ки сухан на бар ҷойгоҳ, агарчи хуб бошад, зишт намояд ва аз сухани бефоида дурӣ гузин, ки сухани бесуд ҳама зиён бошад ва сухан, ки аз вай бӯйи дурӯғ ояд ва бӯйи ҳунар наояд, ногуфта беҳтар...
1 Муғелон – буттаи хори биёбон, ки беҳосил аст.
2 Тухма – асл, нажод ва авлод.
3 Тамйиз – ҷудо карда тавонистан, фарқ кардан.
4 Самъ – шунавоӣ.
5 Басар – биноӣ.
6 Шам – бӯидан.
7 Ламс – совидан, чизеро ба даст палмосидан.
Аммо сухан напурсида магӯй ва аз гуфтори хира парҳез кун ва чун боз пурсанд, ҷуз рост магӯй.
Ва то нахоҳад, касро насиҳат макун ва панд мадеҳ, хосса он касро, ки панд нашунавад. Ва бар сари мало1 ҳеҷ касро панд мадеҳ, ки гуфтаанд: Насиҳат кардан дар байни мардум сарзаниш аст...
Ва ба зиёну ба ғами мардумон шодӣ макун, то мардумон ба зиёну ғами ту шодӣ накунанд.
Дод бидеҳ, то дод ёбӣ ва хуб гӯй, то хуб шунавӣ.
Аммо некӣ аз сазовори некӣ дареғ мадор ва некиомӯз бош... Ва бар некӣ кардан пушаймон мабош, ки ҷазои неку бад ҳам дар ин ҷаҳон ба ту расад, пеш аз он ки ба ҷойи дигар равӣ. Ва чун ту бо касе хубӣ кунӣ, бинигар, ки андар вақти хубӣ кардан ҳам чандон роҳат, ки бад-он кас расад, дар дили ту хушиву роҳат падид ояд. Ва агар ба касе бадӣ кунӣ, чандоне ки ранҷ бар вай расад, бар дили ту заҷрату2 гаронӣ расида бошад...