Бидон, эй писар, мардуми оммаро дар шуғлҳои хеш тартибу авқот1 падид нест ва ба вақту новақт нанигаранд. Ва хирадмандону бузургон ҳар кореро аз они худ вақте доранд, бисту чаҳор соати шабонарӯзӣ ба корҳои хеш бибахшанд. Миёни ҳар коре вақте ниҳода ва ҳадду андоза падид карда то корҳои эшон ба якдигар наёмезад...
1 Авқот – ҷамъи вақт.
Аммо аввал таҷрибати таом хӯрдан бидон, ки одати мардумони бозорӣ чунон аст, ки таом бештар ба шаб хӯранд ва он сахт зиён дорад, доим бо тухма1 бошанд.
Ва мардумони лашкарипешаро одат чунон аст, ки вақту новақт нанигаранд. Ҳар гоҳ ки ёбанд, бихӯранд. Ва ин одати сутурон2 аст, ки ҳар гоҳ ки алаф ёбанд, бихӯранд.
Ва мардумони муҳташам, хос дар шабонарӯзӣ як бор беш таом нахӯранд. Ва ин тариқи хештандорӣ аст. Валекин тан заиф гардаду беқувват. Пас чунон бояд, ки мардуми муҳташам бомдод ба хилват андак моя тановуле кунад ва он гоҳ берун ояду ба кадхудойӣ машғул шавад...
Аммо таом ба шитоб махӯр. Оҳиста бош. Валекин сар дар пеш афканда дор ва дар луқмаи мардумон манигар.