Дил забони шиква пеши ман зи сахтӣ боз кард

Дил забони шиква пеши ман зи сахтӣ боз кард,

Шиша чун вақти шикастан шуд, маро овоз кард.

Аз фиғон гардид афзун тирабахтиҳои ман,

Кулбаамро тира дуди шуълаи овоз кард.

Бе ту дурди май ба хотир шуд маро гарди малол,

Софи ӯ гардид ранг аз чеҳрааш парвоз кард.

Нағмаҳои он санам то субҳ меояд ба гӯш,

Гӯӣ имшаб мутриб аз зуннор тори соз кард.

Чун нигоҳе, к-ӯ зи чашми сурмадор ояд бурун,

Шавкат аз хоки Сифоҳон рӯ сӯйи Шероз кард!

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шарҳи ҳоли Шавкати Бухороиро нақл кунед.

2. Шоир бештар дар кадом мавзуъҳо шеър офаридааст?

3. Ғазали «Дил забони шиква пеши ман зи сахтӣ боз кард»–ро-

бурро ва ифоданок хонед.

4. Ғазал ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?