Шоир ва драматурги маъруфи тоҷик Сафармуҳаммад Айюбӣ 20 декабри соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлобро (с. 1976) хатм кардааст. Аз синни 14-солагиаш шеърҳои аввалинаш ба табъ расидаанд.
Муаллифи китобҳои «Гули гандум», «Роҳи сафар», «Шохаи барқ», «Фалаки роғӣ», «Осори мунтахаб», «Ҷилвагоҳи офтоб», «Мунзим», «Тӯй дар Хуррамдара», «Шоҳ Бика» мебошад. Ҳамчунин драмаҳои манзуми «Амир Исмоил», «Дақиқӣ», «Алии Сонӣ», «Спитамен», «Заволи Чамбули Мастон», «Фишор» ба қалами ӯ мансубанд.
Ӯ дар жанри маснавӣ низ асарҳои бисёре офаридааст. Айюбӣ Шоири халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.
Амир Исмоил
(Драмаи манзум дар ду баст ва ҳафт намоиш)
Иштироккунандагон:
Исмоили Сомонӣ – волии Бухоро, минбаъд – амири Давлати Сомониён.
Насри Сомонӣ – амири Варзрӯд.
Абулфазли Балъамӣ – надими дарбори Насри Сомонӣ, баъд Ҳоҷиби бузурги (сарвазири) дарбори Исмоили Сомонӣ.
Абусолик – оҳангсоз.
Ширин – каниз.
Зоҳира – мураббияи Ширин.
Қаробой – ҳомии низоми дохилаи Шимоли Бухоро.
Ходим, аркони давлат, нукарон.
БАСТИ АВВАЛ
НАМОИШИ ЯКУМ
(Саҳна нимторик. Болои саҳна тахтест амирӣ, ки ду рӯй дорад. Дар як рӯйи тахт Исмоили Сомонӣ ва дар рӯйи дигари он Насри Сомонӣ нишастаанд. Тахтро чарх мезанонанд, ки гоҳе рӯ ба тамошобин Наср ва гоҳе Исмоил пайдо мешаванд. Аркони давлат ба муқобили ҳаракати тахт чарх зада, гоҳе ба Исмоил ва гоҳе ба Наср хитоб мекунанд.)
БА ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Хуфтагонро дод мебояд такон,
Гир халқи хешро аз ҷои ҷон!
БА НАСРИ СОМОНӢ
Ҷабр кун, то халқ монад дар ҳарос,
Қатл кун, бинмуда ҳар гапро асос!
БА ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Мулк пур гаштаст аз нокас басе,
Раҳм манмо, чун намефаҳмад касе!
Давлати навро бубояд дасти зӯр,
Подшоҳи зӯр меёбад зуҳур!
БА НАСРИ СОМОНӢ
Дар фарози кӯҳсорони Аҷам
Ҳалқаҳои дорро бинмо алам!
Мон, ки халқи мо хушомадгӯ шавад,
Сархамӣ бар халқи кишвар хӯ шавад.
Халқи балвогар нагардад муътабар!
Бар сари осӣ бизан теғу табар!
БА ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Бар гулуи дузду ғарҳо рез қир,
Рағми аҳкоми сияҳдил теғ гир!
БА НАСРИ СОМОНӢ
Ҳар кӣ сар бардошт, пояшро бибур!
Чашмҳои саркашонро соз кур!
Аз бародарҳои худ бинмо ҳазар,
Ҳар яке оранд бар ҷонат хатар!
БА ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ту ғуломи Насри Сомон гаштаӣ,
Чун асир ӯро санохон гаштаӣ!
Волии мулки Бухороӣ агар,
Оқилу нотарсу доноӣ агар,
Раҳм бинмоӣ ту, меёбӣ зиён,
Бош ту саркардаи сомониён!
Бо чунин рафтор меёбӣ сарӣ,
Дастболо мешавӣ дар сарварӣ!
БА НАСРИ СОМОН
Не, набояд кард рафторе чунин,
Халқ аз ғурбат намегардад қарин!
Бо чунин аркони дар фитрат ҳақир,
Обрӯмандӣ намеёбад амир!
БА ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ку надиме, к-ӯ туро ояд писанд,
Аз фазилат рӯҳи ӯ бошад баланд!
Бо чунин аҳкоми ноаҳлу заиф
Беҳ намегардад Бухорои Шариф!
БА НАСРИ СОМОНӢ
Ё бародар ҳаст ё хешу табор,
Хеш набвад, несташ гар ифтихор!
Гар бародар бар Ватан орад хатар,
Раҳм манмо ту ба фарзанди падар!
(Наср меравад.)
БА ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Наср аз мо дар ғазаб гардидааст,
Аз бародар хунталаб гардидааст!
Аҳриман дар синааш ҷо кардааст,
Зидди мо ӯ ҷанг барпо кардааст!
Дар сари давлат набояд дод тан
Ҳеҷ гаҳ бар фитнаҳои Аҳриман!
(Исмоили Сомонӣ сарашро дудаста дошта молиш медиҳад ва каф мекӯбад. Аҳли аркон мераванд. Ширин пайдо мешавад.)
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Чӣ асрорест дар чашмони Ширин,
Нигоҳаш мерабояд дарди вазнин.
Чу бар ман бингарад, осуда гардам.
Чу марди пир хоболуда гардам.
Арабдухтар, хаёлам,к-ӯ парияст,
Ки дар ӯ хислати марҳамгарияст.
ШИРИН
Ман ин ҷоям.
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Сарамро дор, Ширин,
Ки дарди нимасар гардид вазнин.
Бигӯ, Ширин, чӣ дасту панҷа дорӣ,
Ки рӯи дард марҳам мегузорӣ?
Сари ҳар панҷаат иксири дард аст,
Нигоҳат бар вуҷудам кора кардаст.
(Ширин чаккаҳои сари Исмоили Сомониро молиш дода, ӯро ором мекунад.)
ШИРИН
Шумо бисёр бетобед, хоҷа,
Чаро шабҳо намехобед, хоҷа?
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ба фикри марзу буми ин диёрем,
(Фосила)
Туро беинтиҳо мо дӯст дорем.
Ту, Ширин, аз куҷо донӣ, ки ҳар шаб
Намехобам, дилам месӯзад аз таб?
ШИРИН
Ба дидори шумоям ҳаст матлаб,
Шуморо хоб мебинам ҳама шаб.
(Исмоили Сомонӣ Ширинро навозиш мекунад, Зоҳира вориди толор мегардад. Ӯ дар даст ташти ҳазориспанди сӯзон дорад.)
ЗОҲИРА
Ба ин ҳусни худододе, ки доред,
Бахилонро ба ҳайрат мегузоред.
Ҳамеша чашм мегирад шуморо...
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Мазан лофи паризодӣ ту моро,
Барои мард зебоии ботин
Бувад авлотар аз рухсори рангин.
Фишорам медиҳад андуҳи бисёр,
Хаёлам, гаҳ дилам мемонад аз кор.
Ташаккур бар ту, эй Ширини ҳозиқ.
ЗОҲИРА
Набошад Наср бар тахти ту лоиқ.
(Исмоили Сомонӣ бо ҳаяҷон аз ҷой бармехезад ва ба гӯшае меояд.)
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Агар ки Наср садри хонадон аст,
Сару саркардаи Сомониён аст,
Чаро бар рағми мо мехезад акнун,
Чаро бо ғайр меомезад акнун?
ЗОҲИРА
Халифа Муътамид ӯрост ҳомӣ,
Силоҳаш додаасту бас низомӣ.
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Мане, ки лашкари поянда дорам,
Шукӯҳу шаъни афзоянда дорам,
Раҳо созам Бухороро аз ин банд,
Итоатгар нагардам бар Самарқанд!
ШИРИН
Ду тан ҳамхуну ҳамҷонед, хоҷа,
Ду тан аз Оли Сомонед, хоҷа.
ЗОҲИРА
Бародар ҳаст, аммо чун адуяст,
Чу аз пушти бародар кинаҷӯяст.
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Нахоҳам дод бар ӯ боҷу андоз,
Чу бар рағмам намуд ӯ ҷанг оғоз!
ШИРИН
Шуморо ӯ ҷигарбанд аст.
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Дам шин!
Магӯ ҳарфе дигар аз Наср, Ширин!
ШИРИН
(Худро аз Исмоили Сомонӣ дуртар гирифта)
Чӣ наздикему дурем аз бари ҳам,
Ҷавонӣ бигзарад бо ғуссаву ғам.
Чаро?
ХОДИМ
Сарҳанг омад!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
(Бо беқарорӣ)
Мон, дарояд!
(Сарҳанг меояд.)
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Димоғаш чоқ, бардам менамояд.
САРҲАНГ
Чӣ амре карда будӣ, гашт иҷро,
Ҳаёти мо дигар бигрифт маҷро!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Чиҳо кардӣ ту бо аҳли Самарқанд,
Киро барбаста овардӣ ту дар банд?!
Чӣ гап шуд?
ХОДИМ
Балъамӣ омад.
САРҲАНГ
Кӣ омад?
ЗОҲИРА
Хаёлам, мешавад ин ҷо қиёмат!
(Фосила. Ба як тараф омада)
Намехоҳам шавад ҳамҷуру пайванд,
Миёни ҳам Бухоро бо Самарқанд.
Чӣ кори хайр шуд, ки Насри Сомон
Асир афтод, ҷойи ӯст зиндон.
Маро беҳурматӣ бисёр бинмуд,
Ҷудо аз ақрабою ёр бинмуд.
Ба айби ӯ гузаштам ҷабр аз сар,
Тамоми умр ҳастам бевадухтар.
Надими Насри Сомон аст ин мард,
Ба мо чун душмани ҷон аст ин мард.
САРҲАНГ
Ман ӯро мекушам!
Ӯ душмани мост!
ШИРИН
Наметарсад!...
Ҷавонмард аст, пайдост.
(Исмоили Сомонӣ ҷаҳида мушт гиреҳ мекунад.)
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Чӣ сон аз садди вазнин ӯ гузаштаст,
Зи сангарҳои сангин ӯ гузаштаст?!
(Ба Сарҳанг)
Бад-ин сурат агар лашкар ту дорӣ,
Хаёлам, бар аду сар мефарорӣ!
САРҲАНГ
Амирашро ба банд овардаам ман,
На бо найрангу фанд овардаам ман.
Ба зӯри даст бигрифтам Самарқанд
Бигирам Балъамиро низ дар банд!
ЗОҲИРА
Магар кӯр аст, як пояш ба гӯр аст?!
ШИРИН
Хаёлам, Балъамӣ марди ҷасур аст.
Вагарна беҳарос ӯ аз Самарқанд
Чӣ сон омад, гузашт аз сангару банд?
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Бирав, Ширин, ки мо гуфтор дорем,
Сухан аз аҳли бадкирдор дорем.
(Ба ходим)
Бигӯ бар Балъамӣ, ин ҷо дарояд,
Ба мо ӯ мақсади худро кушояд.
(Ширин ва Зоҳира мераванд. Балъамӣ меояд.)
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Наметарсӣ магар аз теғи хунхоҳ,
Ки нотарс омадӣ ҳоло ба даргоҳ?!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Бароям хонадони Оли Сомон
Набошад хонаи бегона алъон.
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
(бо тамасхур)
Ана, сарҳанги мо аз ҷанг баргашт,
Зафарманду баному нанг баргашт.
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Бародар бар бародар гар зафар кард,
Ба олам хешро шармандатар кард.
Аё волӣ, мадеҳ бар Наср озор,
Каси доно набошад тундкирдор!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Намуд ӯ бар ғазо моро ҳидоят,
Макун дар пеши мо ӯро ҳимоят!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Гурӯҳи бадгуморе дар Самарқанд,
Манори мирро аз зер барканд.
Бизад оташ ба шаҳру нохушӣ кард,
Паноҳӣ ҳар куҷо тоҷиккушӣ кард!
Тамоми аҳли Даҳбед аз ғами ҷон
Фирорӣ гашт бар Дарвозу Хатлон.
Халифа Муътамид андар ғазаб шуд,
Кунун дур аз ҳама айшу тараб шуд.
Хаёлам мекашад лашкар ба ин ҷо!
САРҲАНГ
Намемонам дарорад сар ба ин ҷо!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Намебинам иноят дар халифа,
Намесозам итоат бар халифа!
Бухоро ҳеҷ гаҳ моли араб нест,
Хаёлам, Оли Сомон бенасаб нест.
Ба ҳифзи ному нанги қавму кишвар
Насозам раҳм ҳатто бар бародар!
Куҷо шуд Наср?
(Ба Сарҳанг эътироз карда)
САРҲАНГ
Дар поёни роҳ аст,
Ҳама аркони ӯ дар зери чоҳ аст!
(Фосила)
Иҷозат деҳ, бигирам Балъамиро,
Ки душман ҳаст ӯ бар мо, амиро!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Амири Варзруд ӯ нест алъон
Амири мост, алҳақ, Насри Сомон.
Чаро волии худро мекунӣ фанд?!
(Ба Исмоили Сомонӣ)
Намебояд шавӣ аз фанд хурсанд.
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Араб садсолаҳо бар дӯши мо буд,
Амири фикру ақлу ҳуши мо буд!
САРҲАНГ
Намехоҳӣ, ки бошад тоҷвар ӯ?
Ғуломиро намехоҳад дигар ӯ!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ба илму равнақи фарҳангу эҷод
Бухоро кам намеояд зи Бағдод!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Маҷӯ ҳоло ҷудоӣ аз хилофат,
Ки атрофат пур аст аз дарду офат.
Биёбонҳо ҳама аз қавми кӯчист..
САРҲАНГ
Бигӯ, майли ту аз ин гуфтугӯ чист?!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Магар ин нуктаи марди кабир аст,
Туро ваҳми араб дунболагир аст!
Агарчанде сарат аз фазл болост,
Магӯ ҳарфе, ки фикрат куҳнаколост!
САРҲАНГ
Аё волӣ, макун бар Балъамӣ гӯш,
Гузар аз баҳри ӯ, созаш фаромӯш!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Мадеҳ имкони бадкорӣ ба ҳар кас,
Бародаркуш бигӯяндат аз ин пас!
(Ба Сарҳанг)
Магар ман душманам, эй марди нодон
Надимам ман ҳаме бар Насри Сомон.
Ба ӯ ман то қиёмат аҳд бастам,
Варо мисли бародар мепарастам!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ҳамин дам Насри Сомон дар чӣ ҳол аст,
Магар маҷрӯҳи сахту бемаҷол аст?
САРҲАНГ
Бишуд маҷрӯҳи теғам Насри Сомон.
Варо бегаҳ даровардам ба фармон.
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Чӣ даҳшат, ту ғулому ӯ амир аст,
Сикандар бар ғуломи худ асир аст!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
(Ба Сарҳанг)
Чӣ кардӣ, бенасаб, бар Насри Сомон?!
САРҲАНГ
Ҳар он чӣ гуфта будӣ.
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ҳӯ ту, нодон!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Амире чун ба қотилҳо амон дод,
Худашро ҷой байни қотилон дод.
САРҲАНГ
Надими пир, рағми ӯ магӯ тунд,
Ки монанди қалам месозамат кунд!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
(Ба Сарҳанг)
Шунидам, ки варо кардӣ лату кӯб,
Раво дидӣ ба ӯ кирдори нохуб.
Басоҳо ранҷу озораш ту додӣ,
Ҳақоратҳои бисёраш ту додӣ.
САРҲАНГ
(Пеши пойи Исмоили Сомонӣ ба зону зада)
Сагат ҳастам, ба гирдат посбонам,
Касеро бар ту афзудан намонам!
Ту бинмо сӯйи душман як ишора,
Кунам ман пайкарашро пора-пора!
Агар фарзанди ман шуд бо ту душман,
Сарашро мекунам аз тан ҷудо ман!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Шунидам дар Тироз аз аҳли туркон,
Ба балво хест қавме зидди моён?
САРҲАНГ
Сару саркардаи ин қавми бадрой
Бувад сарбози дарборат – Қаробой!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Қаробой?! Ӯҳ, саги аблаҳ! Ҳаромӣ!
Намуд ӯ дар ҷавоби мо ғиромӣ!
Гадоро соҳиби кораш намудам,
Ба дасти худ силаҳдораш намудам!
Бидодам лашкару аспу ҷиҳозаш,
Намудам омили боҷи Тирозаш!
Кунун ин сифла рағми мо ба по ҳаст!
САРҲАНГ
Ҳама кирдори ӯ кори хато ҳаст!
Садоқатмандии моро ту бипзир,
Ҳама турки Бухороро кунам қир!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Шунидӣ, ӯ садоқатманди мо ҳаст,
Чу саг як умр ӯ дар банди мо ҳаст.
Бирав ту бар Тирозу бар Самарқанд,
Тамоми саркашонро гир дар банд!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Ба хирман дуздро магзор сарвар,
Ба гургон раммаро манмой бовар.
САРҲАНГ
Агар дастам расад, ҷонаш ситонам!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
(Ба Сарҳанг)
Туро аз содиқони хеш донам.
Ба Оли Балъамӣ будӣ дилам гарм,
Вале аз гуфтаи ту омадам шарм.
(Ба Сарҳанг)
Бирав, ту Насрро ҳоло раҳо кун,
Варо роҳӣ кунун бар назди мо кун.
Бибар пайғоми мо бар Насри Сомон,
Биёраш ҳамраҳат бар қасри Сомон.
(Сарҳанг меравад. Исмоили Сомонӣ дар қайди орзуҳо меафзояд.)
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Агар чун Мовароуннаҳр алъон
Шавад якҷоя бо хоки Хуросон.
Кунун аз иттиҳоди ин ду кишвар
Замони давлати нав мешавад сар!
Кашам ҳар шаҳрро ман сангдевор,
Ки рағми душманон бошанд подор!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Диёреро, ки онро нест ғамхор,
Ҳимоят кай намояд сангдевор?
Касе, к-аз раҳму шафқат кард сангар,
Набишкасташ на тӯфону на лашкар.
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Бигӯ, манмо ҳазар, дар дил чӣ дорӣ?
Дағал гуфтан беҳ аст аз бадгуморӣ!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Ба ғайр аз лашкари бераҳму ғаддор
Барои давлатат фазл аст даркор.
Аду метарсад аз илму ҳунар беш,
Ҳунар меоварад авҷу самар беш.
Аду метарсад аз қасру манорат,
Зи акси лавҳаву нақшу нигорат.
Зи боғу роғу аз саҳрои гандум,
Зи ҳусну чеҳраву одоби мардум.
Аду метарсад аз лафзу забонат,
Аду метарсад аз ҳусни баёнат..
Аду метарсад аз созу навоят,
Зи байту қиссаву лаҳну садоят.
Аду метарсад аз ҳар нақши далқат,
Аду метарсад аз фарҳанги халқат,
Фазилатро ду олам мепазирад,
Ба ҷангу ҷӯш кас олам нагирад.
(Фосила)
Сипаҳсолорро аз қавми худ гир,
Вагарна мешавӣ як рӯз тасхир.
Амире, ки зи қавмаш нест лашкар,
Бувад монанд бар Симурғи бепар.
(Фосила)
Ғуломоне, ки сарбозанд имрӯз,
Туро бо меҳр бинвозанд имрӯз,
Ҳама бар хеш ғундоранд сарват,
Ҳама гарданд дорою бадавлат.
Агар хоҳӣ амониро ба дарбор,
Ғуломи хешро манмо силаҳдор!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ватан болотар аз тахту нигин аст,
Биҳишти нақд дар рӯйи замин аст.
Агар волӣ чу мурғи хонагӣ шуд,
Тиҳӣ аз шавқу аз фарзонагӣ шуд.
Намехоҳам маломатҳо шунидан,
Намемонам қанотамро буридан!
(Исмоили Сомонӣ каф мекӯбад. Аркони давлат саф мекашанд. Насрро меоранд. Балъамӣ дарҳол ба истиқболаш мешитобад ва ӯро ба оғӯш мекашад. Ҳар ду бародар аз ду тарафи тахти дурӯ рост истода ба чашми ҳамдигар нигоҳ мекунанд. Тахт чархгардон аст ва аркони давлат низ муқобили он чарх зада меафзоянд.)
БА НАСРИ СОМОНӢ
То даме рағми ту дар тан ҷавшан аст,
Ӯ бародар нест, балки душман аст!
БА ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Гар зафар кардӣ, ту ҳастӣ некбахт,
Фурсате омад, ки гирӣ тоҷу тахт!
БА НАСРИ СОМОНӢ
Чун асират кард ӯ, ай тоҷвар,
Обрӯмандӣ намеёбӣ дигар!
(Исмоили Сомонӣ ҳарфи дигаронро гӯш дода, беихтиёр пеши пойи бародараш зону мезанад ва пойи ӯро мебӯсад.)
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Кушо аркони ӯро тез аз банд,
Ки фардо боз гардад бар Самарқанд!
Нишинад боз бар тахти амирӣ,
Амиронро намезебад асирӣ!
САРҲАНГ
Чаро бар пойи ӯ андар суҷудӣ,
Аз ин пас худ амири Варзрӯдӣ!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ғуломи бенасаб, беақлу нодон!
Ба зону зан ба пеши Насри Сомон!
Ки ӯ шоистаи меҳру дуруд аст,
Амири номдори Варзрӯд аст!
(Ба аркон)
Ҳама таъзим бар сӯяш намоед,
Ҳама бар пойи ӯ бар саҷда оед!
АБУЛФАЗЛИ БАЛЪАМӢ
Адл кардӣ, ҳақ ба ту ёрӣ диҳад,
Дасту нирӯи мададгорӣ диҳад!
ИСМОИЛИ СОМОНӢ
(Ба Насри Сомонӣ)
Гирифт ин хона аз нури рухат нур,
Абусолик! Ту созатро намо ҷӯр!
Бизан савти наве, то шод бошем,
Зи қайди дарду ғам озод бошем!
(Порае аз савти «Дувоздаҳмақом» садо медиҳад. Саҳна батадриҷ торик мешавад.)
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Драмаро хонда оиди воқеаи ба дасти Исмоил асир афтодани бародари калонӣ Насри Сомонӣ мубодилаи афкор кунед.
2. Аз мазмуни асар дарёбед, ки Исмоил, Наср, Балъамӣ ва Сарҳанг чӣ ақидаҳои мухталиф доранд?
3. Ба Исмоил тавсифнома нависед, ки чӣ шахсият аст. Гуфтаи ӯ «Амиронро намезебад асирӣ»-ро шарҳ диҳед.
4. Драма бо чӣ анҷом меёбад?