Шоир, нависанда ва адабиётшиноси тоҷик Нуруддин Муҳаммад ибни Тоҳир ибни Усмони Бухороӣ, машҳур ба Муҳаммад Авфии Бухороӣ, байни солҳои 1172 - 1176 дар Бухоро таваллуд шудааст.
Давраи бачагии Муҳаммад Авфӣ дар Бухоро гузашта, илмҳои замонаш – таърих, адабиёт, фиқҳ, санъати хаттотӣ, фалсафа, риёзиёт ва амсоли инҳоро хуб аз худ намуда, дар андак муддат машҳур мегардад ва ба шаҳрҳои Самарқанд, Марв, Хоразм, Ҳирот, Нисо, Сиистон, Нишопур, Қазвин, Ғазнин сафар карда бо олимон, шоирон ва донишмандони ин шаҳрҳо ҳамсуҳбат шудааст. Дар охири соли 1221 баъди ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кардани муғулҳо Муҳаммад Авфии Бухороӣ ба Ҳиндустон муҳоҷират карда, аввалҳо дар вилояти Синд, сипас дар шаҳри Канбоят зиндагӣ карда аз соли 1228 сокини Деҳлӣ буд. Дар бораи зиндагии минбаъдааш маълумот нест. Муҳимтарин ва арзишмандтарин асарҳои Муҳаммад Авфӣ «Лубобул-албоб» ва «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» мебошанд. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» аз 4 қисм (ҳар қисми он – аз 25 боб) иборат буда, ҳикоятҳои хурд-хурди воқеаҳои таърихӣ ва адабиро дар бар гирифтааст, онҳо бо забони сода, оммафаҳм ва лутфи сухани хос бозгӯ шудаанд.