Сабзаҳо чун Нақши дебо дилбари зебо шуданд

Сабзаҳо чун нақши дебо дилбари зебо шуданд,

Абр дебобоф шуд, то сабзаҳо дебо шуданд.

Қатраи борон ба ашки дилбарон монанда шуд,

Роғҳо3 чун рӯйи дилдорон аз он зебо шуданд.

То гул андар боғҳо чун рӯйи маъшуқон шукуфт,

Розҳои ошиқон аз булбулон пайдо шуданд.

Дар баҳорон аз дили гил то гули раъно дамид,

Дилбарон аз рӯйи чун гул ҳамчу гул раъно шуданд.

Абри Наврӯз аз гиристан дидаи Вомиқ шудаст,

То гулу лола ба ранги орази Узро4 шуданд.

То чунин Наврӯзро, к-ин боғу саҳро ёфтанд,

Ҷону дил ҷӯёйи боғу ошиқи саҳро шуданд.

Табъро савдои боғу бӯстон мастӣ диҳад,

Қумриву булбул ҳамоно маст аз ин савдо шуданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Чаро шоир сабзаро ба нақши дебо шабоҳат додааст?

2. Шоир кадом унсурҳои табиатро ба инсон монанд кардааст?

3. Оё шумо ҳангоми баҳор ба ягон гӯшаи табиати Ватанамон рафтаед? Мушоҳидаҳои худро нависед.

1 Пуршарор – пуроташ

2 Нақши дебо – ҷомаи зардӯзӣ, пероҳани гулдӯзӣ

3 Роғ – домани кӯҳ, марғзор

4 Вомиқу Узро – номи образҳои асосии достони ишқии Унсурӣ