Шоир, нависанда, котиб ва таърихнигори тоҷик Зайниддин Маҳмуд ибни Абдуҷалил соли 1485 дар Ҳирот таваллуд ёфта, байни солҳои 1551 - 1556 дар Тошканд вафот кардааст. Восифӣ қобилияти хуб ва зеҳни тез дошта, илмҳои замонашро дар хурдсолӣ аз худ кардааст.
Дар синни 12-13-солагиаш шеър навишта, муаммо мекушодааст. Амир Муҳаммад ном ҳамзамонаш дар бораи Восифӣ ба тарзи зерин нақл мекунад (мазмунан):
"Восифӣ дар чанд кор ягонаи замон ва бемонанд аст: якум, ӯ қувваи сарпанҷае дорад, ки дар Хуросон ҳеҷ забардасте бар вай зафар наёфта ва панҷаи ӯро натофта; дувум, қувваи рафтор ва равандагии1 ӯ ба дараҷаест, ки аз Машҳад то Ҳирот, ки 65 фарсанг буда, роҳест дар камоли сахтӣ ва дуруштӣ, дар ду рӯз (пиёда) тай кардааст; севум, шиновар (оббозе) аст, ки як бор дар Боғи Зоғон Фаридун Ҳусайнмирзо фармуд, то ду дасти ӯро ба ду пояш баста дар ҳавз андохтанд. Ӯ дар ин ҳол аз вақти намози пешин то намози аср дар он ҳавз оббозӣ кард; чорум, ӯ ҳофизи хушовозу хушхон аст, ки ҳеҷ ҳофиз баробари ӯ хонда наметавонад; панҷум, ӯ дар ваъз (нотиқӣ) шогирди Мавлоно Ҳусайн Воиз аст. Мавлоно дар ҳаққи ӯ гуфтаанд, ки «миёни ману ӯ ҳамин қадар фарқ ҳаст, ки ман хушовоз нестам ва ӯ овози хуш дорад»; шашум, чунон муқаллидест2, ки ҳаракати ҳар касро айнан иҷро мекунад; ҳафтум, дар муаммошикофӣ ба мартабаест, ки ҳар муамморо3, ки бошад, ном ногуфта мекушояд; нуҳум, тезнавис аст, ки дар як рӯз «Қофия», «Шофия» ва «Шамсия»ро чунон менависад, ки асло дар онҳо хатое роҳ намеёбад; даҳум, дар сабр кардан дар шиддати гуруснагӣ ба ҳаддест, ки дар рӯз рӯзаи гузаро (шабу рӯз чизе нахӯрда) доштан метавонад; ёздаҳум, дар бадеҳа, шеъргӯӣ ба дараҷаест, ки агар касе фармояд, ягон қасидаи панҷоҳ, шастбайтии устодонро дар як шаб ҷавоб мегӯяд».
1 Раванда – нағз роҳгарданда, тезрав
2 Муқаллид – тақлидкунанда
3 Муаммо – сухани сарбаста
Ҳаёти минбаъдаи шоир ва нависандаи закитабъ дар Бухоро, Самарқанд ва Тошканд мегузарад.
«Бадоеъ-ул-вақоеъ» куллиёт ё маҷмӯи осори ҳам нас рию ҳам назмии ӯст. Ин асар таълифоти бадеӣ, таърихӣ ва географӣ аст. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ҳамчун асари ёддоштӣ низ эътироф шудааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Дар бораи шарҳи ҳоли Восифӣ маълумот диҳед.
2. Восифӣ чӣ гуна фазилатҳоро доро будааст?
3. Асари ёддоштии ӯ чӣ ном дорад ва он дар бораи чист?