Расидани Суҳроб ба Дижи сафед

Диже1 буд, к-аш хондандӣ Сапед,

Бад-он диж буд эрониёнро умед.

Нигаҳбони диж размдида Ҳаҷир,

Ки бо зӯри дил буду бо гурзу тир.

Ҳанӯз он замон Гаждаҳам хурд буд,

Ба хурдӣ гарояндаву гурд буд.

Яке духтараш буд гурду савор,

Бадандешу гарданкашу номдор.

Чу Суҳроб наздики он диж расид,

Ҳаҷири диловар мар ӯро бидид.

Нишаст аз бари бодпое 2 чу гард,

Зи диж рафт пӯён ба дашти набард.

Чу Суҳроби ҷанговар ӯро бидид,

Барошуфту шамшери кин баркашид.

Зи лашкар бурун тохт бар сони бод,

Чунин гуфт, к-«Ай дода ҷонат ба бод!

Ту танҳо ба ҷанг омадӣ хира-хир,

Кунун пой дору инон сахт гир!

Чӣ мардию ному нажоди ту чист,

Ки зояндаро бар ту бояд гирист?»

Ҳаҷираш чунин дод посух, ки «Бас!

Ба ҷангат набояд маро ёр кас.

Ҳаҷири далери сипаҳбад манам,

Ҳам акнун саратро зи тан барканам!

Фиристам ба наздики шоҳи ҷаҳон,

Танатро кунад каргас андар ниҳон».

Бихандид Суҳроб, к-ин гуфтугӯй

Ба гӯш омадаш, тез бинҳод рӯй.

Сабук найза бар найза андохтанд,

Ки аз якдигар боз нашнохтанд.

Чу оташ биёмад гави пилзӯр,

Чу кӯҳе равон кард аз ҷо сутур.

Яке найза зад бар миёнаш Ҳаҷир,

Наёмад синон андар ӯ ҷойгир.

1 Диж – қалъа.

2 Бодпой – киноя аз аспи тозӣ.

Синон бозпас кард Суҳроби шер,

Буни найза зад бар миёнаш далер.

Зи зин баргирифташ ба кирдори бод,

Наёмад ҳаме з-ӯ ба дил-дар-ш ёд.

Бизад бар заминаш чу як лахти кӯҳ,

Ба ҷону дилаш андаромад сутӯҳ.

Зи асп андаромад, нишаст аз бараш,

Ҳамехост аз тан буридан сараш.

Бипечиду баргашт бар дасти рост,

Ғамӣ шуд, зи Суҳроб зинҳор хост1.

Раҳо кард з-ӯ ҷангу зинҳор дод,

Чу хушнуд шуд, панди бисёр дод.

Бибасташ ба банд он гаҳе ҷангҷӯй,

Ба наздики Ҳумон фиристод ӯй.

Ба диж ҳамчу огаҳ шуданд аз Ҳаҷир,

Ки ӯро гирифтанду бурданд асир,

Хурӯш омаду нолаи марду зан,

Ки гум шуд Ҳаҷир андар он анҷуман!

Разми Суҳроб бо Гурдофарид

Чу огоҳ шуд духтари Гаждаҳам,

Ки солори он анҷуман гашт кам,

Ғамин гашту барзад хурӯше бадард,

Баровард аз дил яке боди сард.

Зане буд бар сони гурде савор,

Ҳамеша ба ҷанг-андарун номдор,

Куҷо номи ӯ буд Гурдофарид,

Ки чун ӯ ба ҷанг-андарун кас надид.

Чунон нангаш омад зи кори Ҳаҷир,

Ки шуд лолабаргаш ба кирдори хир.

Бипӯшид диръи саворон ба ҷанг,

Набуд андар он кор ҷои диранг.

Ниҳон кард гесӯ ба зери зиреҳ,

Бизад бар сари тарки румӣ гиреҳ.

Фуруд омад аз диж ба кирдори шер,

1 Зинҳор хостан – амон хостан.

Камар бар миён, бодпое ба зер.

Ба пеши сипоҳ андаромад чу гард,

Чу раъди хурӯшон яке вайла кард,

Ки «Гурдон кадоманду солор кист?

Зи размоварон ҷангро ёр кист?

Ки бар ман яке озмунро ба ҷанг

Бигардад ба сони диловар наҳанг!»

Зи ҷанговарон лашкари сарфароз

Мар ӯро наёмад касе пешбоз.

Чу Суҳроби шеравжан1 ӯро бидид,

Бихандиду лабро ба дандон газид.

Чунин гуфт, к- «Омад дигарбора гӯр

Ба доми худованди шамшеру зӯр!»

Бипӯшид хафтону бар сар ниҳод

Яке тарки чинӣ ба кирдори бод.

Биёмад дамон пеши Гурдофарид,

Чу духти камандафкан ӯро бидид,

Камонро ба зеҳ карду бикшод бар,

Набуд мурғро пеши тираш гузар.

Ба Суҳроб-бар тирборон гирифт,

Чапу рост ҷанги саворон гирифт.

Нигаҳ кард Суҳробу омад-ш нанг,

Барошуфту тез андаромад ба ҷанг.

Инон баргироиду бардошт асп,

Биёмад ба кирдори озаргушасп.

Ба даст-андарун найзаи ҷонситон

Паси пушти худ кардаш он гаҳ синон.

Бизад бар камарбанди Гурдофарид,

Зиреҳ бар танаш як ба як бардарид.

Зи зин баргирифташ ба кирдори гӯй,

Ки чавгон зи бод андарояд ба рӯй.

Чу бар зин бипечид Гурдофарид,

Яке теғи тез аз миён баркашид.

Бизад, найзаи ӯ ба ду ним кард,

Нишаст аз бари зину бархост гард.

1 Шеравжан – далер, шерафкан.

Ба овард 1 бо ӯ басанда набуд,

Битобид аз ӯ рӯй, баргашт зуд.

Сипаҳбад инон аждаҳоро супурд,

Ба хашм аз ҷаҳон рӯшноӣ бибурд.

Чу омад хурӯшон ба танг-андараш,

Биҷунбиду бардошт хӯд аз сараш.

Раҳо шуд зи банди зиреҳ мӯйи ӯй,

Дурахшон чу хуршед шуд рӯйи ӯй.

Бидонист Суҳроб, к-ӯ духтар аст,

Сари мӯйи ӯ аз дури асфар аст.

Шигифт омадаш, гуфт: «Аз эронсипоҳ

Чунин духтар ояд ба овардгоҳ?!

Саворони ҷангӣ ба рӯзи набард

Ҳамоно ба бар андароранд гард».

Зи фитрок2 бикшод печон каманд,

Бияндохт, омад миёнаш ба банд.

Бад-ӯ гуфт, к-«Аз ман раҳоӣ маҷӯй!

Чаро ҷанг ҷӯӣ ту, ай моҳрӯй!

Наёмад ба домам ба сони ту гӯр,

Зи чангам раҳоӣ наёбӣ, машӯр!»

Кушодаш рух он гоҳ Гурдофарид,

Мар онро ҷуз ин ҳеч чора надид.

Бад-ӯ рӯй бинмуду гуфт: «Ай далер,

Миёни далерон ба кирдори шер,

Ду лашкар назора бар ин ҷанги мо,

Бад-ин гурзу шамшеру оҳанги мо.

Кунун ман кушода чунин рӯю мӯй,

Сипоҳ аз ту гардад пур аз гуфтугӯй,

Ки бо духтаре ӯ ба дашти набард

Бад-ин сон ба абр андаровард гард.

Набояд, ки чандин диранг оварад,

К-аз ин разм бар хеш нанг оварад.

Ниҳонӣ бисозем, беҳтар бувад,

Хирад доштан кори меҳтар бувад.

1 Овард – ҷанг, разм.

2 Фитрок – тасмаи чармин, ки барои бастани шикор ва чизҳои дигар аз росту чап ва ё аз пасу пеши зини асп меовезанд.

Зи баҳри ман оҳу зи ҳар сӯ махоҳ,

Миёни ду саф баркашида сипоҳ!

Кунун лашкару диж ба фармони туст,

Набояд бад-ин оштӣ ҷанг ҷуст.

Дижу ганҷу дижбон саросар турост,

Чу оӣ чунон, к-ат муроду ҳавост!»

Чу рухсор бинмуд Суҳробро,

Зи хушшоб бикшуд уннобро1.

Яке бӯстон буд андар биҳишт,

Ба болои ӯ сарв деҳқон накишт.

Ду чашмаш гавазну ду абру камон,

Ту гуфтӣ, ҳаме бишкуфад ҳар замон.

Бад-ӯ гуфт: «З-ин гуфта акнун магард,

Ки дидӣ маро рӯзгори набард.

Бад-он бораи диж дил андар мабанд,

Ки он нест бартар зи чархи баланд.

Ба пой оварад захми кӯполи ман,

Наронад касе найза бар ёли ман!»

Инонро бипечид Гурдофарид,

Саманди сарафроз бар диж кашид.

Ҳамерафт Суҳроб бо ӯ ба ҳам,

Биёмад ба даргоҳи диж Гаждаҳам.

Дари диж кушоданду Гурдофарид

Тани баставу хаста бар диж кашид.

Дари диж бибастанду ғамгин шуданд,

Пур аз ғам дилу дида хунин шуданд.

Аз озори Гурдофариду Ҳаҷир

Пур аз дард буданд барнову пир.

Бигуфташ, ки «Ай некдил шерзан!

Пур аз ғам буд аз ту дили анҷуман,

Ки ҳам разм ҷустӣ, ҳам афсуну ранг,

Наёмад зи кори ту бар дуда2 нанг.

Сипос аз Худованди чархи баланд,

Ки н-омад ба ҷонат зи душман газанд!»

Бихандид бисёр Гурдофарид,

1 Унноб – челон, киноя аз лаби сурх.

2 Дуда – табор.

Ба бора1 баромад, сипаҳ бингарид.

Чу Суҳробро дид бар пушти зин,

Чунин гуфт, к-«Ай гурди Туронзамин!

Чаро ранҷа гаштӣ чунин? Бозгард,

Ҳам аз омадан, ҳам зи дашти набард!»

Бад-ӯ гуфт Суҳроб, к - «Ай хубчеҳр!

Ба тоҷу ба тахту ба моҳу ба меҳр,

Ки ин бора бар хок паст оварам,

Туро, ай ситамгар, ба даст оварам!

Чу бечора гардию печон шавӣ,

Зи гуфтори ҳарза пушаймон шавӣ.

Пушаймонӣ он гаҳ надорад-т суд,

Чу гардуни гардон кулоҳат рабуд.

Куҷо рафт паймон, ки кардӣ падид?!»

Чу бишнид гуфтор Гурдофарид,

Бихандиду он гаҳ ба афсун бигуфт,

Ки «Туркон зи Эрон наёбанд ҷуфт.

Чунон рафт, рӯзӣ набудат зи ман,

Бад-ин дард ғамгин макун хештан!

Ҳамоно, ки ту худ зи туркон наӣ,

Ки ҷуз б-офарини бузургон наӣ.

Бад-ин зӯру ин бозуву китфу ёл

Надорӣ кас аз паҳлавонон ҳамол.

Валекин чу огоҳӣ ояд ба шоҳ,

Ки овард гурде зи Турон сипоҳ,

Шаҳаншоҳу Рустам биҷунбад зи ҷой,

Шумо бо Таҳамтан надоред пой.

Намонад яке зинда аз лашкарат,

Надонам, чӣ ояд зи бад бар сарат.

Дареғ оядам, к-инчунин ёлу суфт

Ҳаме аз палангон бибояд ниҳуфт...

Туро беҳтар ояд, ки фармон кунӣ,

Рухи номвар сӯйи Турон кунӣ!»

Чу бишнид Суҳроб, нанг омадаш,

Ки осон ҳаме диж ба чанг омадаш.

1 Бора – қалъа.

Ба зери диж-андар яке ҷой буд,

Куҷо диж бад-он ҷой барпой буд.

Ба тороҷ дод он ҳама буму руст,

Ба якборагӣ дасти бадро бишуст.

Чунин гуфт, к-«Имрӯз бегоҳ гашт,

Зи пайкори мо даст кӯтоҳ гашт.

Барорем шабгир аз ин бора гард,

Ниҳем андар ин ҷой шӯри набард!»

Чу гуфт ин, инонро битобиду рафт,

Суйи ҷойи худ роҳро баргирифт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Диж чӣ маънӣ дорад ва калимаҳои ҳаммаънои он кадомҳоянд?

2. Ҳаҷир кӣ буд ва бо кадом суханони таҳқиромез ба Суҳроб ҷавоб гардонид?

3. Разми Суҳроб бо Ҳаҷир чӣ тавр анҷом ёфт?

4. Чаро Суҳроб Гурдофаридро накушт?

5. Сифатҳои мардона ва ҷасорати ҷангии Гурдофаридро тавсиф намоед.

6. Суҳроб дар ҷавоби фиреб ва найранги Гурдофарид чӣ гуфт?

7. Байтҳои:

Бад-ӯ гуфт Суҳроб, к - «Ай хубчеҳр!

Ба тоҷу ба тахту ба моҳу ба меҳр,

Ки ин бора бар хок паст оварам,

Туро, ай ситамгар, ба даст оварам!»

чӣ маънӣ доранд? Онҳоро шарҳ диҳед.

8. Набарди Суҳроб бо Гурдофарид чӣ тавр анҷом ёфт?

9. Чор мисраи болоро ба наср баргардонед.