Халқи бузургворам

Чун Вахши саркаши худ аз шавқ сар кашидам,

Шайпури фатҳи халқам бори дигар кашидам,

Ҳар қатраи ҷабинаш бо шеър баркашидам,

Оре, ба риштаи назм дурру гуҳар кашидам.

То бахшам аз бароят, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Қалби замин фишурда, мардона чок кардӣ,

Обу арақ зи рӯят сад бор пок кардӣ,

Шуд рӯзҳо, ки дидам, тарки хурок кардӣ,

То пунбадонаеро берун зи хок кардӣ.

З-ин рӯ туро сурудам, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Ҳар як ниҳоли пахта чун тифл парваридӣ,

То ки набинад офат, роҳат ту ҳам надидӣ,

Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ,

То сарбаланд гардӣ, бисёр сар хамидӣ.

З-ин рӯ туро сароям, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Фасли баҳор дидам пур аз ғубор рӯят,

Бо қомати хамида дар киштзор рӯят,

Обу арақ чакида аз тор-тори мӯят,

Барқи зафар шукуфта андар канори рӯят.

Дил пурумед гуфтам, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Ранҷи кашидаатро обу замин бидонад,

Обилаҳои дастат чархи машин бидонад,

Қадри баланду пастӣ худ пахтачин бидонад.

Анбозиҳои заргар лаълу нигин бидонад.

Заркору заргарӣ ту, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Ҳар кас агар шуморад кори ту саҳлу осон,

Лаънат ба ӯ бигӯяд ҳар фарди поквиҷдон,

Раззоқи олам астӣ, ай баргузида деҳқон,

Васфи туро сароям, то ҳаст дар танам ҷон.

Ҷонам фидои номат, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Ҳам Вахшу Ленинобод, кӯлобию ҳисорӣ

Дар гирудори меҳнат бинмуда ҷонсупорӣ,

То дар ривоҷи кишвар саҳми расо гузорӣ,

Байроқи обрӯро маҳкам нигоҳ дорӣ.

Таҳсинкунон бигӯям, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Дар Беларус будам, васфи туро шунидам,

Маҳсули ранҷи дастат дар ҳар куҷо бидидам,

Чун кӯҳсори Помир аз фахр сар кашидам,

Дар пешвози тӯят аммо ба сар давидам.

То бар ту шеър бахшам, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Рӯзи барори корат ин шеър туҳфа орам,

Афсӯс, беҳтар аз ин чизи дигар надорам,

Бинмо қабул аз ман, халқи бузургворам,

Чун барги сабз онро бар ту ҳамесупорам.

Ту аз ману ман аз ту, дигар сухан надорам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Шеъри Боқӣ Раҳимзода дар навъи адабии таркиббанд эҷод шудааст. Бигӯед, ки таркиббанд чист?

2. Шеърро бодиққат мутолиа карда, мазмуни онро нақл намоед.

3. Дар хусуси меҳнатқаринии миллат ва ободии кишвар ҳикоя кунед.

4. Шоир дар шеъри худ изҳори хурсандию шодии зиёде кардааст. Сабаби онро гӯед.

5. Тавсифу ташбеҳҳои шеърро ёфта, онҳоро ба дафтаратон нависед.

6. Шеърро аз бар кунед.