Саййидои Насафӣ

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Саййидо

Саййидои Насафӣ яке аз шоирони машҳур буда, дар миёнаҳои нимаи аввали асри XVII дар Насаф (Қаршӣ) таваллуд ёфтааст. Соли таваллудаш дақиқ маълум нест. Солҳои кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии ӯ дар Насаф гузаштаанд. Баъдтар Саййидо ба Бухоро омада, таҳсилро дар мадраса давом медиҳад. Баъди хатми мадраса то охири умраш дар Бухоро мемонад. Ӯ худаш бофанда буд. Бино бар ин, баробари шоирӣ ба касби бофандагӣ ҳам машғул шуда, зиндагияшро таъмин мекард.

Қисми зиёди шеърҳои Саййидо дар солҳои 70-уми асри XVII эҷод гардидаанд. Дар ин давра ӯ бо ҳаёти косибону ҳунармандон аз наздик шинос шуда, доираи ҷаҳонбинияш васеъ мегардад. Шеъри Саййидо дар дили халқ хеле зуд ҷо мегирифт, зеро бо мазмуни ҳаёти иҷтимоӣ, содагии баён ва санъати баланди бадеият манфиати табақаи заҳматкашон, бахусус косибонро ифода мекард. Аз ин лиҳоз, обрӯ ва эътибори ӯ дар байни оммаи заҳматкаш рӯз ба рӯз меафзуд. Ӯ мехост, ки аз одамони бонуфузи табақаи боло ҳомие дошта бошад. Бинобар ин, бо Ҳоҷидодхоҳ ва Раҳимбийи Юз наздикӣ пайдо мекунад. Вале дере нагузашта, Ҳоҷидодхоҳ дар яке аз ҷангҳои феодалӣ ба қатл мерасад. Умедҳои аз Раҳимбий доштааш ҳам натиҷае намедиҳанд.

Саййидо тасдиқ мекунад, ки агар аз дастархони золимон нӯши асал ҳавас кунӣ, ба ҷойи он неши заҳролуд хоҳӣ чашид:

Нӯше, ки ҳавас мекунӣ аз суфраи золим,

Нешест, ки аз хонаи занбӯр барояд.

Шоир худро аз арбоби давлат ва сармоядорон дур мегирад ва танҳо ба фазлу ҳунар ва қалами худ такя мекунад.

Хомаамро такягоҳе дар ҷаҳон пайдо нашуд,

Муттакои хеш аз теғи забон дорам ҳанӯз.

Азбаски вазъи зиндагӣ ниҳоят сахту душвор гардида, ба илму ҳунар дигар қадре намемонад, аскари шоирон ватани худро тарк намуда, ба Ҳиндустон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат намуданд.

Дар ин давра Саййидо пир ва ниҳоят камбағал шуда буд, барои харҷи сафар маблағе ҳам надошт. Бинобар ин, аз сафари Ҳиндустон худдорӣ намуд. Аммо синфи ҳукмрон шоири озодфикру муборизро таъқиб намуда, ба ӯ фишор меовард, кӯшиш мекард, ки шеърҳояш дар байни халқ паҳн нашаванд. Вале шеърҳои Саййидо дер боз дар дили халқ нақш баста буданд:

Маро кай метавонанд аз забонҳо ҷамъ кард акнун,

Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳон рафтам.

Саййидо тақрибан дар байни солҳои 1707-1711 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Маҷмуаи шеърҳои Саййидо, ки ба мо расидааст, зиёда аз 8500 байтро дар бар мегирад.