«Нафаҳот-ул-унс» тазкираи соҳавӣ буда, асари илмӣадабиётшиносист. Метавон гуфт, ки барои донистани ҳолати адабиёти тоҷик ва инкишофи он ва симоҳои эҷодӣ маълумоти зарурӣ медиҳад. Асари мазкури Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ миёни солҳои 1475 – 1477 дар пайравии «Табақот-ус-сӯфия»-и Абдуллоҳи Ансорӣ (1006 – 1088) на вишта шудааст. Аҳаммияти илмӣ-адабиётшиносии асари мазкур, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки дар ин асар доир ба шарҳи ҳол ва тавсифи осори 645 нафар эҷодкори асрҳои гуногуни таърихи адабиёти тоҷику форс то замони худи Ҷомӣ маълумоти зарурӣ дода шудааст. Аз ҷумла, дар ин асари гаронарзиш оид ба 611 нафар марди эҷодкор ва 34 тан зани суханвар баҳсҳои басо ҷолиб сурат гирифтааст. Номи комили асар «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс» буда, ба адабиётшиносии замони Ҷомӣ ва минбаъд таъсири фаровон гузоштааст. Сабаби таълифи асари мазкур хоҳиш ва дастгирии Низомиддин Алишери Навоӣ будааст.
1 Шарр – бадӣ.
2 Вабол – зарар, зиён.
3 Данӣ – нокас, паст.
Бояд таъкид намуд, ки тазкираҳо бо манзури маълумоти фарогир ду навъ мешаванд: тазкираҳои умумӣ ва тазкираҳои аср. Аз ин сабаб, тазкираи Абдурраҳмони Ҷомӣ тазкираи соҳавии умумӣ буда, яке аз пурнуфузтарин асари илмӣадабӣ эътироф шудааст.
«Нафаҳот-ул-унс» дар баробари зикри нақлу ривоятҳои сершумор доир ба саргузашти симоҳои машҳури эҷодӣ, инчунин, оид ба ҷараёни зиндагӣ, мақому мартаба ва нуфузи эҷодии шоирону нависандагон маълумоти нодиру ҷолиб медиҳад. Ҳамзамон, доир ба теъдоди осори манзуму мансури адибон, намунаҳо аз осори онҳо, хусусиятҳои эҷодии таълифоташон, пояи суханварии эҷодкорон ва ғайра баҳс ба миён меорад, ки ниҳоят арзишманд мебошанд.
Дар «Нафаҳот-ул-унс» оид ба ҷараёни зиндагӣ, баъзе лаҳзаҳои ибратбахши ҳаёти суханварони асримиёнагӣ, аз қабили бузургоне мисли Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ, Абусаиди Абулхайр, Мансури Ҳаллоҷ, Ҳаким Абулмаҷд Саноии Ғазнавӣ, Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, Фаридуддин Аттори Нишопурӣ, Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ, Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ ва бисёр суханварони марҳалаи классикии адабиёти тоҷикӣ-форсӣ маълумоти муътамад дода мешавад, ки хеле судманд аст. Барои мисол метавон чанд намуна аз осори онҳо зикр намуд, ки он барои хонандагон аҳаммияти ҳамаҷонибаи тарбиявӣ-ахлоқӣ дорад. Масалан, Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ мавриди маълумот додан оид ба зиндагинома ва осори «Саъдии Ҳиндустон» – Ҳасани Деҳлавӣ, аз ашъори ӯ ду рубоии зерро чун намуна зикр кардааст:
Дорам дилаке ғамин, биёмурзу мапурс,
Сад воқеа дар камин, биёмурзу мапурс.
Шарманда шавам, агар бипурсӣ амалам,
Эй акрами акрамин, биёмурзу мапурс.
* * *
Як ҳарфи ту чил сабоҳи оламро нур,
Як ҳарфи ту ҳашт ҷилдро мояи нур.
Ҳарфи симин чиҳил валиро дастур,
З-он чор чаҳор рукни олам маъмур.
«Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс» гувоҳи он аст, ки Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ на танҳо шоири бемонанду нависандаи забардаст, илова бар он бузургтарин олими адабиётшинос ва мутафаккири беҳамто низ ҳаст, зеро дар равзаи ҳафтуми китоби «Баҳористон», ки онро соли 1487 дар пайравии китоби «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ таълиф кардааст, Ҷомӣ ба таври хеле кӯтоҳ бошад ҳам, доир ба 39 тан адиби асрҳои IX – XV маълумот медиҳад, ки ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад.
Як нуктаи дигарро, ки хеле барои дӯстдорони сухани бадеъ ҷолибу арзишманд аст, метавон таъкид намуд, ки аз маҳбубият ва арзиши илмии «Нафаҳот-ул-унс» гувоҳӣ медиҳад. «Нафаҳот-ул-унс» дар асри худи Ҷомӣ аз ҷониби шогирд ва дӯсти ҷонии ӯ – Мир Алишери Навоӣ дақиқан соли 1495 бо номи «Насоим-ул-хулд» ба забони туркии чиғатойӣ тарҷума шудааст. Зимнан метавон ёдрас шуд, ки «Нафаҳот-ул-унс» ба забонҳои англисӣ, олмонӣ низ тарҷума шудааст, ки аз шуҳрат ва маҳбубияти он гувоҳӣ медиҳад. «Нафаҳот-ул-унс» ҳамчун намунаи басо мондагори насри илмӣ-адабии садаи XV тоҷику форс низ ҷолиби диқат мебошад.
Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун адабиётшиноси бузургтарини асримиёнагии тоҷику форс аз худ осори пурарзишу гаронбаҳо боқӣ гузоштааст. Яке аз асарҳои илмии ин симои адабӣ-ҳунарӣ ва адабӣ-илмӣ тазкираи соҳавии умумии «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс» мебошад. То асри Абдурраҳмони Ҷомӣ тазкирае, ки бо маълумоти зарурӣ ва бо чунин миқдори суханварон рӯйи кор омада бошад, дида намешавад. Аз ин рӯ, месазад оид ба ин асари гаронарзишу мондагори Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ барои хонандагон каме бошад ҳам, маълумот пешниҳод намоем, зеро ин симои адабӣ-эҷодӣ ва адабӣ-илмӣ ҳамчун олими адабиётшинос рисолати хоси таърихӣ ба ҷо овардааст. Ӯ дар ин тазкираи мондагори худ оид ба ному насаб, кунят, унвони эҳтиромӣ, лақаб, нисба ва ғайра дар маълумоти шарҳиҳолии эҷодкорон хабар додааст. Иттилооти ӯ бо он фарқ мекунад, ки бо далелҳои хеле сершумор ва истинодҳои фаровон пешниҳод шудаанд. Чунончи, доир ба Ҳасани Деҳлавӣ бо зикри маъхаз менависад: «Лақаб ва куняти вай Наҷмиддин Ҳасан ибни Алои Саҷзӣ (Систонӣ) аст... Соҳиби «Таърихи Ҳинд» мегӯяд, ки дар макорими ахлоқу латофат ва зарофати маҷлису истиқомати ақлу равиши кибор ва лузуми қаноат ва муътақидот «покиза ва таҷарруду тафарруд аз ахлоқи моддӣ ва дар ҳуш будану хуш гузаронидан бе сабаби зоҳирӣ ҳамчу ӯе камтар бидидам».
Ин асар – «Нафаҳот-ил-унс мин ҳазарот-ил-қудс» дар кишвари мо низ борҳо ба нашр расидааст. Махсусан, ҷилди ҳаштуми «Осор»-и Нуриддин Абдурраҳамони Ҷомӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастрас аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. «Нафаҳот-ул-унс» кай таълиф шудааст ва сабаби таълифи онро баён кунед?
2. «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи чанд тан эҷодкор маълумот медиҳад?
3. «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи чанд нафар мард ва зани суханвар баҳс мекунад?
4. «Нафаҳот-ул-унс» ба кадом забонҳо тарҷума шудааст?
5. Аҳаммияти тазкираи «Нафаҳот-ул-унс»-ро баён кунед.