Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии ӯ дар зодгоҳаш гузаштааст. Баъд таҳсилро дар мадрасаҳои Самарқанд, Тошканд ва Хоразм давом дода, қариб ҳамаи илмҳои замонашро аз худ намудааст. Ӯ бештар ба адабиёт шавқу ҳавас дошт, шеъру нақл, ривояту афсонаҳои фаровонеро аз ёд карда буд. Баъди хатми таҳсил муддате дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Хоразм саёҳат кардааст. Дар синни 40 - 45-солагӣ бо роҳи Ҳиҷоз ба ҳаҷ рафта, баъди баргаштан дар шаҳри Табрез мемонад. Вақте ки Тухтамиш ба Табрез ҳуҷум мекунад, Камолро бо худ ба Олтинӯрда мебарад. Камол он ҷо дар шаҳри Сарой (наздикии Астрахан) ҳаёти осуда ва бофароғат гузаронидааст. Темурланг соли 1395 Саройро истило намуд. Камол баъди 10-11 соли ҳиҷрон ба Табрез бармегардад, зеро аҳли оилааш дар он ҷо буд. Минбаъд вай зиндагии фақиронае дошт. Ӯ умри дароз дидааст. Вале ин умри азизи ӯ дар ғарибӣ зери азоби бекасӣ ва маҳрумӣ гузаштааст. Вай аз он бекасӣ ва ғарибӣ аз синаи пурдард нолаҳои дилхарош мебарорад:
Дилам ба зулфи ту чун аст, аз ин ғариб мапурс,
Ки шом чун гузарад бар ғариб, ман донам.
Камол, ки шоири ватандӯст буд, ҳеч гоҳ зодгоҳи азизи худ – Хуҷандро аз ёд набурда, ҳамеша аз он ёд карда, аз хуҷандӣ будани худ фахр мекард:
Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол
Бовар намекунанд, ки гӯям хуҷандиям.
Камол соли 1400 дар Табрез вафот кард. Ӯро дар боғи худаш ба хок супурданд. Мақбараи ӯ то имрӯз боқист ва зиёратгоҳи аҳли хирад аст.
Аз Камоли Хуҷандӣ девоне боқӣ мондааст, ки наздики ҳашт ҳазор байт аст.
Ғарибӣ
Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?!
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?
Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист
Ҳоли зори мустаманде монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли худ,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, кӣ афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Ғазалро равон қироат кунед.
2. Мазмуни ғазалро нақл кунед.
3. Чаро шоир аз ғарибӣ шикоят кардааст?
4. Мисраи «Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!» чӣ маъно дорад?