Молик ибн-ур-Райб

Чанде пеш навкарони ҳокими Мадина бори дувум аз пайи ӯ афтода буданд, лекин ӯро ҳеҷ дошта наметавонистанд. Паланги биёбонӣ ҳилагар буд, дум ба даст намедод.

Падари бодиянишини Молик ибн-ур-Райб ҳам роҳзан буд. Шабҳо баромада, роҳи мусофиронро мепойид, пагоҳӣ писари навҷавонашро низ ҳамроҳ мегирифт.

Молик пас аз марги падараш касби ӯро маҳкам ба даст гирифт ва равнақ дод. Чун баъди як ғорату куштори фаҷеъ навкарони ҳокими Мадина ба таъқиби роҳзани қотил баромаданд, Молик ба Ироқ гурехт ва дар Басра пайдо гашт. Амири Ироқ, бародари халифа, мустабидтарин (золимтарин) ва хунхортарин ҳокими араб Зиёд ибни Абусуфён буд. Молик ба хидмати ӯ рафт, амир ӯро аввал ҷаллод ва сониян, миршаби Басра таъйин кард. Боре мардумони Басра бар амиру амалдоронаш шӯрида буданд, ки сарбозони амирро ғарқи хун карданд ва сипас Зиёд гардиши мардумро баъд аз хуфтан дар кӯю кӯчаҳои шаҳр манъ кард, ба асасҳо (посбонони шаб) фармон дод, ки шаб ҳар киро дар кӯчаҳо ёбанд, бикушанд.

Он гоҳ теғи хунрези Молик ибн-ур-Райб ба ҷавлон омад. Вай шаб ҳама шаб дар кӯчаҳо одам шикор мекард ва ҳар киро медид, хоҳ мард, хоҳ зан ва хоҳ кӯдак бошад, мекушт. Дар аввалҳо вай қурбониҳои худро пеш аз куштан калимае чанд «истинтоқ» карда, боиси дар кӯча пайдо шуданашон, аз фармони амир огоҳ будан ё набуданашонро мепурсид, лекин баъди як воқеа онҳоро бе ҳеҷ пурсиш якбора кушта партофтан гирифт. Воқеа ин ки вай шабе аз шабҳо араберо бо ду сар гӯсфанд дар буни деворе ёфт ва пурсид: «Кистӣ ва чаро дар ин ҷо нишастаӣ?» Араб гуфт: «Аз бодия омада будам, мехостам гӯсфандонро кушаму фурӯшам, лекин дер расидам, акнун онҳоро нигоҳ медорам, то ки пагоҳ бикушам». Молик бовар кард ва мардакро накушта, ба зиндон бурд. Рӯзи дигар ӯро дар пешгоҳи амир ҳозир кард, амир узри он мардро шунида гуфт: «Ба суханат бовар кардам, лекин ман дар мамлакат расм ниҳодаам, ки кӯчагардони баъд аз хуфтанро бикушанд, агар ман туро зинда гузорам, фардо шаб дигаре омада, ҳамчунин баҳонае хоҳад кард ва ин расм табоҳ хоҳад шуд. Ту бегуноҳӣ, аммо барои табоҳ нашудани расм бояд кушта шавӣ». Асас ин сухани амирро дар гӯши худ гирифт ва ба сафҳаи хотираш навишт. Вай арабро бо ишораи амир дар пеши ӯ бо шамшер сар бурид ва ду гӯсфанди ӯро тасарруф кард. Аз он баъд шабе набуд, ки Молик панҷ-шаш марду занро накушад.

Бо ин ҳама саффокию (хунрезию) даррандагӣ ӯ ҷавони барнои ғаюре ва ба илова қасидагӯй ва сарояндаи хушовозе буд. Боре шабҳангом Молик дар кӯю кӯчаҳо машғули мардумшикор буд, ки марде аз асас бехабар, фаши салла ба рӯй кашида, шитобон аз наздики ӯ гузашт. Молик аз паскӯчаи торик барҷаста, ӯро хапгир ва бо як зарбаи ханҷар сарнагун кард. Саллаи мақтул аз сараш париду аз зери салла мӯйи дарозаш баромада, парешон гашт: вай зан буд, ҳамон зани барнои амир, маъшуқаи Молик, ки дар либоси мардона шояд ба манзили ошиқи қотилаш мешитофт.

Молик нахустин бор аз куштори бошитобаш пушаймон гашт ва тарсид, аммо тарсаш аз пушаймонӣ бештар буд, вай гурехт.

Пас аз чанде вай ҳамчун қотиле, ки бешуурона ба ҷойи ҷинояташ бармегардад, боз дар Ҳиҷоз, дар навоҳии Мадина пайдо гардид. Ва боз як даста қотилонро ба худ гирд оварда, ба касби пешинаш машғул шуд.

Қасди ғорати корвони суғдӣ охирин қасди роҳзании Молик дар Ҳиҷоз буд, ки ба нокомӣ анҷомид.

Дере аз ин воқеа нагузашта, вай дастгир шуд. Аммо ин бор ҳам толеаш ба вай мададгор омад. Сарҳанги ноэҳтиёткори мадинагӣ асири худро ба як нафар навкараш супурд, ки ба зиндон барад ва худаш пеш рафт. Молик дар як манзил аз навкар пинҳонӣ ресмонеро, ки дастҳояш ба он баста шуда буданд, ба танаи дарахт молида қариб ба канда шудан расонида буд. Чун боз ба роҳ афтоданд, навкар савор буд ва асирро пиёда меронд, дар биёбон Молик баногоҳ ресмонро канда ва дастҳояшро раҳо карда барҷасту ба қабзаи шамшери навкар чанг зад, навкар наёми (ғилофи) онро гирифт, шамшер аз наём баромада, ба дасти Молик даромад, Молик онро ба сари навкар зада, ӯро кушт ва аспи ӯро савор шуда, аз ақиби сарҳанг тохт, вайро ҳам ёфта кушт ва гурехт.

Ба Бодият-уш-Шом, яъне биёбони Сурия гурехт; аз он ҷо боз ба Басра ғалтид ва натарсид, зеро дар ин миён Зиёд ибни Абусуфён аз аморати Ироқ маъзул ва ба ҷояш каси дигар таъйин шуда буд.

Молик дар Шатт -ул-Араб ба маллоҳии киштии бозаргонони ҳиндӣ киро шуда, муддате дар Халиҷи Форс шино кард ва дар охир якчанд маллоҳи дигарро ба худ ёр гирифта, як миқдор зару сим ва ҷавоҳири бозаргононро дуздида, дар бандари Абушер ба хушкӣ ба замини Форс фуромаду дигар ба киштӣ барнагашт.

Вай дар роҳи Абушер-Шероз аз нав ба роҳзанӣ сар кард...

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Молик ибн-ур-Райб кӣ буд? Дар бораи машғулияти айёми ҷавонии ӯ нақл кунед.

2. Молик чаро аз Мадина ба Ироқ гурехт?

3. Зиёд ибни Абусуфён кӣ буд?

4. Молик дар Басра ба чӣ корҳо машғул шуд? Хунхориҳои ӯро нақл кунед.

5. Молик аз кадом кораш пушаймон шуд?

6. Қасди ғорати корвони суғдиёнро дар Ҳиҷоз, ки ноком шуда буд, ба ёд оред. Кӣ ӯро шикаст дод?

7. Молик чӣ тавр аз дасти сарҳанги мадинагӣ раҳо ёфт?

8. Дар бораи маллоҳӣ ва дуздию роҳзании ӯ дар Шероз нақл кунед.

* * *

Роҳи Саид ба Хуросон аз болои Басра ва Форс афтода буд. Муовия ба волии Басра фармон навишт, ки ба Саид ёрӣ кунад ва чи қадаре ки тавонад, лашкар, пул ва мол, аслиҳа барояш муҳайё созад. Саид ин фармон ва байрақи амирро гирифта, бо мушояати (ҳамроҳи) дусаду чанд нафар моҷароҷӯ, муштоқони молу сарват ва мулозимон ба роҳ афтод.

Чун ба Басра расид, волии Басра фармони халифаро хонда, ба Саид ду ҳазор дирам пул ва дигар лавозимоти сафари ӯро дод ва ҳам амр кард, ки зуд аз тамоми вилоят мардуми силоҳдорро гирд оваранд.

Дар як ҳафта ду ҳазор мардуми бесарусомони ғазоталаб ва омодаи қатлу ғорат гирд омаданд, инчунин волӣ аз зиндонҳо дуздону одамкушонро бароварда, ба ихтиёри Саид дод. Бад-ин тариқ амири нави Хуросонро сипоҳе иборат аз чор ҳазор сарбоз муҳайё гардид.

Саид бо ин лашкар сӯйи Форс саворӣ намуд.

Чун ба Шероз расид, волии Шероз аз лашкари ҷаррори Саид тарсида, ҳар чи Саид аз вай талаб кард, ҳамаро пазируфт ва ҳозир гардонид. Минҷумла зиндонҳои вилоятро холӣ ва бандиҳоро ба ихтиёри Саид вогузор кард.

Сипоҳи амири Хуросон боз ба ду ҳазор «дузду роҳзану каллабур» афзуд. Ин калимаҳоро дар нохунак гирифтани мо аз он сабаб аст, ки гирифторони банду зиндонро арбоби замона ҳамин тавр меномиданд. Ҳол он ки агар ҷинояткорони касбию зотиро истисно кунем, бештарини зиндониён мардуми камбағали аз адои хироҷ саркашида ё ба хоҷаҳои бемуруввати худ нофармоникарда, ё бар ҳукуматдорони ситамгар шӯрида, ё ки ба туҳмати нокасон дучоршудагон буданд, фақат ҷазои ноҳақ, маҳрумӣ аз мулку мол, хории аҳлу аёл, гирифтории дуру дароз ба азобу шиканҷаи зиндон оқибат шахсияти онҳоро табоҳ, ахлоқашонро фосид гардонида, худашонро ба дараҷаи ёбоигӣ расонида буд. Ба онҳо дигар чӣ мемонад? Дигар ҳар чи пеш ояд, барояшон фарқ надошт. Дар бораи зиндониёни Басра ҳам, ки акнун сарбозони амири Хуросон шуда буданд, гап ҳамин.

Саид дар беруни шаҳри Шероз ба даште чодир зада буд. Ду ҳазор марди ҷангҷӯйи ғоратмуштоқ дар пешгоҳи ӯ саф кашиданд. Саид он шамоилҳои аҷибу ғариб, он мардумони сару побараҳна, мӯйсарҳошон то китфу ришҳои чиркинашон то сари сина фуромада, чашмҳояшон гуруснаву пажмурдаи кунднигоҳ дар дасту пою гарданҳошон нақши занҷиру кундаву завлонаро аз назар мегузаронд. Дар байни онҳо чашми амир ба марди қоматбаланди хуштаркиб ва хушсимое ғалтид, ки бо ин фазилатҳояш аз дигарон ҷудо шуда меистод. Фармуд, он мардро ба наздикаш оваранд, ӯ сӯйи амир баланду бурро:

– Ассалому алайкум, ё айюҳаламир, – гӯён таъзим кард.

– Ту кистӣ? – пурсид Саид.

– Абд-ул-амир (ғуломи амир), – ҷавоб дод мард.

– Номат чист?

– Молик. Молик-ибн-ур-Райб.

Оре, ин мард ӯ буд, ҳамон паланги биёбонҳои Ҳиҷоз, Сурия, Форс. Ӯро дар он қарибӣ навкарони ҳокими Шероз бо таъқиби дуру дарози пурмашаққат дастгир карда буданд. Вай дар зиндон мунтазири ҳукми ҳоким буд. Саид дар Мадина номи ӯро борҳо шунида буд ва ҳеҷ гумон накарда буд, ки бо вай дар Форс вомехӯрад. Тааҷҷуб кард ва дам назад. Чун муоянаи сипоҳи форсӣ поён ёфт, амир ба чодари худ баргашт ва фармуд, ки Моликро ба наздаш оваранд.

Молик ба чодар даромада, таъзим ба ҷо овард ва ба ишораи Саид дар пойгаҳ ба канори қолии сурх зону зад.

– Чӣ тавр ба Форс ғалтидӣ?

– Нахостам ба дасти Марвон ибни Ҳаким сарбурида ё сарбадор шавам, – ҷавоб дод Молик.

Марвон ибни Ҳаким амири Ҳиҷоз ва аз бадхоҳони Саид буд. Молик, ки инро медонист, бо бурдани номи Марвон хост ба Саид рамуз кунад, ки: «Бадхоҳи ту бадхоҳи ман ҳам ҳаст».

– Туро ғуломони Марвон дастгир карданд, ту онҳоро куштӣ ва гурехтӣ?

– Ҳамин тавр, амир.

– Чӣ гуна тавонистӣ?

– Эй амир сайёд агар палангро ба дом орад, бояд аз худ бохабар бошад, зеро паланг дар банду дом ҳам паланг аст. Сайёдони ман ин пандро фаромӯш карда буданд.

– Шунидам, ки ту аз он пештар корвони суғдиёнро зада будӣ?

– Муваффақ нашудам.

– Чаро?

– Паҳлавоне бо навкаронаш муҳофизи корвон буд. Ман то он рӯз бо гурди сангинсаворе чун ӯ дучор нашуда будам.

– Ба зиндони Шероз чӣ гуна ғалтидӣ?

– Аз беэҳтиётии худам, амир.

– Марде бад-ин сурати наку ва мардонагӣ, ки туӣ, чаро роҳ заданро раво медорӣ, моли мардум ба ноҳақ мебарӣ, хуни бегуноҳонро мерезӣ?

– Аз тангдастӣ, амир. Дигар ин ки пайваста мехоҳам бахшиш кунам, дар ҳаққи дӯстонам эҳсон раво дорам, симу зар надорам. Меситонам, мехӯрам ва мебахшам.

«Вай ҳоҷиби (дарбон, муҳофизи шахсӣ) ман мешавад ва ҳам паҳлавони сипоҳ» ба дил гузаронд Саид ва пурсид:

– Агар ман туро аз муҳтоҷии симу зар бихарам, роҳзаниро тарк мекунӣ?

Молик ғаниматҳои ҷанг ва дар кишвари суғдиёни «кофир» имкони фарохи ғорату яғморо ба хаёл оварда, ҷавоб дод:

– Чаро накунам? Дар хидмати ту хулқу атвори хуб пайдо мекунам ва шукри онро ба худ лозим мешуморам.

– Пас, биё ба хидмати ман бош, – гуфт амир, – то он чи Худо рӯзӣ диҳад, бо ҳам харҷ кунем. Хӯроку пӯшокат аз ман. Ғайр аз ин ба ту ҳар моҳ панҷсад дирам медиҳам, то ба касе, ки мехоҳӣ, бибахшӣ.

– Зиндагонии амирам дароз бод, қабул дорам, – бархоста таъзим кард Молик.

Вай чунин бахту давлатро ҳаргиз ба хаёлаш ҳам наёварда буд...

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Саид кӣ буд ва дар Мадина чӣ рӯзгоре дошт?

2. Халифаи замон Муовия ба авлоди халифа Усмон ибни Аффон чӣ назар дошт?

3. Муовия бо кадом мақсад Саидро ба наздаш даъват намуд?

4. Мусоҳибаи онҳо бо чӣ анҷом ёфт?

5. Пас аз амири Хуросон таъйин шудан Саид ба чӣ кор машғул шуд?

6. Оё Саид дар аҳди амирияш ҳамчун марди худотарсу порсо боқӣ монд?

7. Саид бо Молики роҳзан чӣ гуна муносибат намуд?