Забонгумкарда

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,

Дар замину дар замон гумкардае.

Ин нишон гумкардаеву дигаре

Хештанро бенишон гумкардае.

Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,

Дигаре ганҷи равон гум кардааст.

Ин яке гар ними нон гум кардааст,

Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.

Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,

Он яке шӯру шарар гум кардааст.

Ин яке гум карда гар моли падар,

Дигаре панди падар гум кардааст.

Гар яке бому даре гум кардааст,

Дигаре ному фаре гум кардааст.

Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,

Ин забони модарӣ гум кардааст.

Аз тамоми ину он гумкардагон

Зиштрӯтар нест дар рӯйи ҷаҳон

З-он ки гум карда забони модарӣ,

Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.

Бок не, гар доварӣ гум кардааст

Ё умеди сарварӣ гум кардааст.

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!

Он яке қадри сухан гумкардае,

Дигаре боғу чаман гумкардае.

Аз забони модарӣ гумкарда лек

Мерасад рӯзе ватангумкардае...

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Шоир дар ин шеър аз чӣ таассуф хӯрдааст?

2. Оқибати забони модариро гум кардан ба чӣ меорад?

3.Тақдири забонгумкарда оқибат аз рӯйи пешбинии шоир чӣ мешавад?

4. Шеърро аз бар намоед.