Ҳикояи “Дӯстии муш бо чағз (қурбоқа)”

Муше бо чағзе иттифоқан ошно мешавад ва пайванди дӯстӣ миёнашон барқарор мегардад. Ҳар рӯз, субҳ дар вақти муайян ба гӯшае гирд меомаданд ва бо ҳам самимона муддати тулонӣ дарди дил мекарданд. Муш нисбатан худписанду мағрур буд ва вақте ки бо он қурбоқаи хушҳол ҳамнишин мешуд, қиссаҳои дароз ба ёдаш мерасид ва ба ҳамсуҳбати худ нақл мекард.

Рӯзе муш ба чағз гуфт:

–Баъзе вақтҳо мехоҳам туро бубинам ва розе бароят қисса кунам, аммо ту дар миёни об ҳастӣ ва дасти ман ба ту намерасад ва ҳарчанд фарёд кунам ҳам, садоямро намешунавӣ. Аммо ман бидуни дидори ту лаҳзае ором буда наметавонам.

Ҳамин тавр, муш ва чағз муддате бо ҳам машварат карданд, то саранҷом ба чунин натиҷа расиданд:

Ки ба даст оранд як риштай дароз,

То зи ҷазби ришта гардад кашф роз.

Як саре бар пойи ин банд, ай дуту,

Баст бояд дигараш бар пойи ту.

То ба ҳам оем з-ин фан мо ду тан,

Андаромезем чун ҷон бо бадан.

Ресмоне фароҳам оварданд ва як сарашро ба пойи муш ва сари дигарашро ба пойи чағз бастанд, то ҳар гоҳ бихоҳанд, якдигарро ба зудӣ пайдо бикунанд.

Чағз дар оғоз аз ин пешниҳод андешанок буд ва бо худ мегуфт:

– Муш мехоҳад маро ба банд бикашад, аммо саранҷом бад-он ризоят дод.

Аммо муш пайваста хушҳолу хурсанд буд ва бо худ мегуфт:

– Саранҷом тавонистам сари нахро ба даст овардам ва зимоми қурбоқаро дар даст гирам ва ҳар гоҳ бихоҳам, ӯро назди худ ҳозир кунам.

Чанде нагузашта буд, ки калоғе ба шикори муш омад ва ӯро аз замин рабуд. Муш ба парвоз даромад ва ҳамроҳи ӯ чағз низ аз миёни об берун шуд ва дар ҳаво овезон шуд.

Мардум дар шигифт монданд, ки калоғ чӣ гуна тавонист чағзро аз миёни об шикор бикунад?

Чағз зору ночор мегуфт: – Ин аст сазои касе, ки бо нокасу дунон ҳамнишин шавад:

Чағз гуфто: Ин сазои он касе,

К-ӯ чу беобон шавад ҷуфти касе.

Эй фиғон аз ёри ноҷинс, эй фиғон,

Ҳамнишини нек ҷӯед, эй меҳон!

Ақлро афғон зи нафси пуръуюб,

Ҳамчу бинии баде бар рӯйи хуб.

Ақл мегуфташ, ки ҷинсийят яқин

Аз раҳи маънист, не аз обу тин.

Ҷон чу мӯру тан чу донай гандуме,

Мекашонад сӯ ба сӯяш ҳар даме.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Ҳикояи “Дӯстии муш ва чағз”-ро нақл кунед.

2. Макри муш чӣ гуна ошкор шуд?

3. Ҳадаф аз ресмон чӣ аст?

4. Порчаҳои шеъриро азёд кунед.

5. Маънои ин байтҳоро шарҳ диҳед:

Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.