Дар ҳоли вазирон

Азизи ман, вазир бояд ки барои равшанӣ ва шамъи шабистони мамлакат бошад. Ва ба фикри савобандеши худ ҳазор уқдаи мушкил баркушояду киштии дарёи фитнаро ба гирдоби изтироб бинад, ба ҳукми гаронсанги худ фурӯ нишонад ва шохсори хористони домангири бедодро ба тундбоди сиёсат аз беху бунёд барандозад.

Байт

Барандоз бехе, ки хор оварад,

Дарахте бипарвар, ки бор оварад.

Азизи ман, яке аз ройҳои (андешаҳои) дуруст ва аз тадбирҳои ростон аст, ки чун шавкату қудрати душман зоҳир гардад ва эҳтимоли он бошад, ки ба сабаби хусумат мулк ба фасод равад ва раият дар марази (бемории) талаф афтад, бояд ки нақши ҳила бароварда, каъбатайни (гардишҳои) хасмро (душманро) ба лутфу инъом боздорӣ, чаро ки дар бисоти таҷарруду такаббур нақши мурод ба номи хасм баста аст. Дар ин вақт дов талабидан назди мухосамат (душманӣ) аз хирад дур менамояд ва аз пирояи (зебу зинати) таҷриба маҳҷур (дур).

Чунон ки гуфтаанд:

Ҳаме то барояд ба тадбир кор,

Мудорои душман беҳ аз корзор.

Чу натвон адуро ба қувват шикаст,

Ба неъмат бибояд дари фитна баст.

Азизи ман, душманро ба мулоимат аз пой андохтан беҳтар бошад, ки ба тундию ҷанг. Набинӣ, ки оташ ба он тундӣ агар бар дарахте дарафтад, он чи дар рӯйи замин аст, месӯзад, (агар) об аз роҳи мулоимат бар дарахте дарафтад, аз беху бунёд барандозад. Аз ин ҷиҳат гуфтаанд, ки душмани қавиро ба лутфу тамаллуқ ром тавон кард ва сайди саркашро ба мудоро дар дом тавон овард.

Байт

Ту нармӣ кун, ки ҳар коре, ки сахт аст,

Ба нармию мудоро метавон кард.

Азизи ман, бар вузаро лозим аст, ки дар таскини фитна кӯшиш намоянд, чаро ки хубтарини ройҳо (чораҳо) ва беҳтарини тадбирҳо фитна фурӯ нишонидан аст, на дар хашму ситеза шудан. Чунон ки гуфтаанд:

Ситеза макун, з-он ки боди ситез

Кунад боғи инсофро баргрез.

Ситеза ба ҷойе расонад сухан,

Ки вайрон кунад хонумони куҳан.

Азизи ман, агар ройи (андешаи) подшоҳ аз ғурури ҷабборӣ ва нахвати (ғурури) шаҳрёрӣ аз вартаи ҳилму бурдборӣ мунҳариф гардад (аз роҳи рост берун равад), бояд ки вазири росттабъ ӯро ба тариқи маслиҳат ба роҳи салоҳ орад ва ба нӯшдоруи мавъиза он мизоҷи мунҳарифро бар маркази адолат нишонад.

Азизи ман, шоҳу вазир аз рӯйи иттиҳод бар як гӯшаи бисот нишинанд, аз савдои аспу фил пиёда шаванд, ба бозии фарзинбанди хаёлоти фосид, ки аз бурудоти арсаи тааллуқот аст, рухи ҳиммат бартобанд, то кори душман сохта шавад ва ба аҳволи дӯст пардохта гардад, зеро ки дасти душман ба домани давлати мардуми мувофиқ нарасад ва ба нохуни меҳнат чеҳраи ҳоли мухолифонро харошад.

Азизи ман, саъй кун, ки санги тафриқа дар маҷмаи душман афтад, чаро ки ихтилофи хасмон (душманон) муҷиби фароғи дили дӯстон аст:

Чу дар лашкари душман афтад хилоф,

Ту бигзор шамшери худ дар ғилоф.

Чу душман ба душман шавад муштағил,

Ту бо дӯст биншину ороми дил.

Чу гургон писанданд бар худ газанд,

Баросояд андар миён гӯсфанд.