Самандархоҷаи Тирмизӣ

Дар он рӯз бинӣ зи душман фароғ,

Ки шаб дар мазораш фурӯзӣ чароғ.

Номи аслии Самандархоҷаи Тирмизӣ Муҳаммадбақо буда, «Самандар» тахаллуси адабии ӯ мебошад. Мувофиқи гуфтаҳои худаш дар китоби «Дастур-ул-мулук» ва маълумоти муаллифи тазкираи «Музаккир-ул-асҳоб» Малеҳои Самарқандӣ, зодгоҳаш Хонақоҳ (ноҳияи Ҳисори имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) будааст. Соли таваллуд ва вафоташ маълум нест. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ дар асри 17 гузаштааст. Самандархоҷаи Тирмизӣ аз адибону муваррихони номии давр ба шумор меравад. Ӯ сафар карданро дӯст медошт ва бесабаб нест, ки давраи ҷавонияш фақат дар сафар гузаштааст. Ба қавли муваррихон, солҳои 1685, 1693, 1695 дар ҷангҳои Абдулазизхону Субҳонқулихон ба муқобили хоразмиҳову саркардагони Балх иштирок кардааст. Муддате дар шаҳри Насаф зиндагӣ карда, ду бор раёсатпаноҳи Насаф таъйин шудааст. Солҳои охири умри хешро дар гӯшанишинӣ гузаронидааст.

Аз гуфтаи худи Самандархоҷаи Тирмизӣ маълум мешавад, ки фаъолияти адабии ӯ дар шаҳри Насаф оғоз ёфтааст. Маҷмуи осори адабӣ ва таърихии Самандархоҷаи Тирмизӣ дар асари машҳураш – «Дастур-ул-мулук» ҷой гирифтааст. «Дастур-ул-мулук» дорои 22 боб буда, бист боби аввал ва боби 22 ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ, мисли панду насиҳат ба подшоҳон, усул ва шартҳои мамлакатдорӣ, мартабаи ҳунарманду донишманд, эътибори аҳли фазлу дониш, мардонагию шуҷоат, зарурати сулҳу зарари ҷанг, мақоми тарбият, одоби сухан, зарари ғазаб, аҳаммияти машварат, тавсифи хислатҳои ҳамида ва мазаммати хулқу атвори ношоиста бахшида шудааст.

Муаллиф хостааст, ки ба воситаи ҳикоятҳои пандомӯзи худ рафтору кирдори ношоистаи ҳукуматдорон ва нобаробариҳои замонаро ислоҳ кунад.

«Дастур-ул-мулук» ба адибону муаррихони баъдӣ таъсири зиёд расонидааст. Шоир ва тазкиранависи асри 17– Малеҳои Самарқандӣ дар таълифи тазкираи «Музаккир-ул-асҳоб» (соли таълифаш 1688-92), муаррихи асри 19 Муҳаммадяъқуб дар навиштани «Гулшан-ул-мулук» ба «Дастур-ул-мулук» такя намудаанд. «Дастур-ул-мулук» арзиши муҳимми адабию таърихӣ дорад. Ҳоло чанд ҳикоятро аз ин китоби хонданбоб пешкаш менамоем.