Ҳикояҳо аз «Баҳористон»

Абдурраҳмони Ҷомӣ бо шеъру сухани худ дар байни мардуми мо шуҳрат ёфтааст. Машҳуртарин китоби мансури ӯ «Баҳористон» аст. Ин китоб дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст ва аз ҳашт боб иборат буда, ҳар боби он аз ҳикоятҳои пандомез, оқилона, ҳикматҳои зиндагӣ, рӯзгори ибратбахши шахсони бузург ва шоирон ба ҳам омадааст. Як боби китоб аз масалҳои ширини амали парандагон ҳикоя мекунад. Ҷомӣ марди ҳикматшинос ва файласуф ҳам буд ва бо панду ҳикматҳо моро насиҳат мекунад ва панду андарз меомӯзад.

ҲИКОЯТ

Искандари Румӣ дар овони ҷаҳонгирӣ бо ҳилаи тамом ҳисореро бикушод ва ба вайрон кардани он фармон дод. Гуфтанд: «Дар он ҷо ҳакимест доно ва бар ҳалли мушкилоти ҳикмат тавоно». Вайро талаб дошт. Чун биёмад, шакле дид, аз қабули табъ дур ва табъи аҳли қабул аз вай нафур. Гуфт: «Ин чӣ сурати ғариб ва чӣ шакли маҳиб (бадҳайбат) аст?» Ҳаким аз он сухан барошуфт ва хандон-хандон дар он ошуфтагӣ гуфт:

ҚИТЪА

Таъна бар ман мазан ба сурати зишт,

Ай тиҳӣ аз фазилату инсоф!

Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,

Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

Дигар гуфт: «Ҳар киро хулқ бо халқ на некуст, пӯст бар бадан зиндони ӯст, чунон аз вуҷуди худ дар тангноест афтода, ки зиндон дар ҷанби (тараф) он азмгоҳест кушода».

ҚИТЪА

Касе, ки бо ҳама кас хӯйи бад ба кор барад,

Ҳамеша дар кафи сад ғусса мумтаҳан1донаш.

Мабар ба шаҳна2, ки зиндон мақоми ӯ гардон,

Ки пӯст бар тани бадхӯ бас аст зиндонаш.

Ва дигар гуфт: «Ҳасуд ҳамеша дар ранҷ аст бо Парвардгори хеш ситезасанҷ, ҳар чи дигаронро диҳад, вай написандад ва ҳар чи на насиби вай, дил дар он бандад».

1 Мумтаҳан – имтиҳоншаванда, дучори азобу сахтӣ..

2 Шаҳна – посбони шаҳр, ҳокими шаҳр.

ҚИТЪА

Эътироз аст бар аҳкоми ҷаҳондори ҳаким

Одати марди ҳасадпеша, ки хокаш ба даҳан.

Ҳар чӣ бинад ба кафи ғайр, фиғон бардорад,

Ки чаро дод ба вай бесабаб онро, на ба ман?!

Дигар гуфт: «Хирадмандони карим мол бар дӯстон шуморанд ва бехирадони лаим1 аз барои душманон бигузоранд».

ҚИТЪА

Ҳар чӣ омад ба дасти марди карим,

Ҳама дар пойи дӯстон афшонд.

В-он чи андӯхт сифлатабъи лаим,

Баъди марг аз барои душман монд.

Дигар гуфт: «Бо хурдон дар ҳазлу фисус овехтан обрӯйи бузургӣ рехтан аст ва ғубори зиллату хорӣ ангехтан».

ҚИТЪА

Ай, ки бар сифла медарӣ ҷома,

Ном, тарсам, ба гургият биравад.

Машав афсуспеша бо хурдон,

В-арна, фарри бузургият биравад.

Дигар гуфт: «Ҳар кӣ бо зердастон шеваи муштзанӣ бар даст гирад, дар лагадкӯби забардастон бимирад».

ҚИТЪА

Дило, гӯш кун аз ман ин нуктаи хуш,

Ки мондаст дар гӯшам аз нуктадонон,

Ки ҳар кас кашад теғи номеҳрубонӣ,

Шавад куштаи теғи номеҳрубонон.

ҲИКОЯТ

Дар маҷлиси Кисро се тан аз ҳукамо ҷамъ омаданд: файласуфи Рум, ҳакими Ҳинд ва Бузургмеҳр. Сухан ба он ҷо расид, ки сахттарини чизҳо чист? Румӣ гуфт: «Пирию сустӣ ба нодорию тангдастӣ». Ҳиндӣ гуфт: «Тани бемор бо андӯҳи бисёр». Бузургмеҳр гуфт: «Наздикии аҷал бо дурӣ аз ҳусни амал». Ҳама ба қавли Бузургмеҳр бозомаданд.

1 Лаим – паст, хасис.

ҲИКМАТ

Се кор аз се гурӯҳ зишт ояд: тундӣ аз подшоҳон ва ҳирс бар мол аз доноён ва бухл аз тавонгарон.

ҚИТЪА

Ин се кор аст, ки-ш нигорад зишт

Аз се кас хомаи нигоранда:

Тундхӯйии подшоҳи қавӣ,

Ҳирси донову бухли доранда.

АЗ ТАМСИЛОТИ «БАҲОРИСТОН» ҲИКОЯТ

Рӯбоҳбачае бо модари худ гуфт:

– Маро ҳилае биёмӯз, ки чун бар кашокаши саг дар-

монам, худро бираҳонам.

Гуфт:

– Он ҳила фаровон аст, аммо беҳтарини ҳама он аст, ки дар хонаи худ бинишинӣ, на ӯ туро бинад ва на ту ӯро бинӣ.

ҚИТЪА

Чу бо ту хасм шавад сифлае, на аз хирад аст,

Ки дар хусумати ӯ макру ҳила соз кунӣ.

Ҳазор ҳила тавон сохт в-аз ҳама он беҳ,

Ки ҳам зи сулҳу ҳам аз ҷангаш эҳтироз кунӣ.

ҲИКОЯТ

Сурхзанбӯре бар магаси асал зӯр овард, то вайро туъмаи худ созад. Ба зорӣ даромад, ки:

– Бо вуҷуди ин ҳама шаҳду асал маро чӣ қадру маҳал, ки онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ? Занбӯр гуфт:

– Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва гар он асал, ту сарчашмаи онӣ.

ҚИТЪА

Ай хуш он марди ҳақиқат, ки зи пайғому салом

Рӯ битобад, ба суйи моидаи васл равад.

Асл чун рӯй намояд зи паси пардаи фаръ,

Фаръро бозгузорад, ба сари асл равад.

ҲИКОЯТ

Мӯреро диданд, ба зӯрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд:

– Ин мӯрро бинед, ки бо ин нотавонӣ бореро ба ин гаронӣ чун мекашад!

Мӯр чун ин сухан бишунид, бихандиду гуфт:

– Мардон борро бо неруи ҳиммату бозуи ҳамийят кашанд, на ба қуввати тану захомати бадан.

ҚИТЪА

Боре, ки осмону замин сар кашид аз он,

Мушкил тавон ба ёварии ҷисму ҷон кашид.

Ҳиммат қавӣ кун аз мадади раҳравони ишқ,

К-он борро ба қуввати ҳиммат тавон кашид.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Дар ҳикояи «Искандар ва ҳаким» Ҷомӣ киҳоро мазаммат кардааст?

2. Байти:

«Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,

Кор шамшер мекунад, на ғилоф!» чӣ маънӣ дорад?

3. Ҳикояҳои «Хулқи бад», «Ҳасуди ситезасанҷ», «Хирадмандони карим», «Ҳазл бо хурдон», «Муштзанӣ бо зердастон», «Се кор аз се гурӯҳ зишт ояд», «Ҳилаи аз ҳама беҳ», «Сурхзанбӯр ва магаси асал», «Мӯри боҳиммат»-ро шарҳ диҳед. Бигӯед, ки дар онҳо чӣ чиз тарғиб ёфтааст ва чӣ чиз мазаммат шудааст?

4. Се-чор ҳикояи «Баҳористон»-ро интихобан аз ёд кунед.