Ҳар кӣ баҳри сулҳ имзо мекунад,
Беҳтарин коре ба дунё мекунад.
Карда имзо, душманони сулҳро
Рӯсияҳ, шарманда, расво мекунад.
Муҳиддин Аминзода 22 марти соли 1904 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи мударрис ба дунё омадааст.
То давраи Инқилоби Октябр дар мактаби куҳна, баъдтар дар мактаби шуравӣ таълим гирифтааст. Соли 1925, баъди хатми курси педагогии шаҳри Самарқанд ба касби омӯзгорӣ машғул мешавад. Баъди чанд соли омӯзгорӣ ӯ солҳои 1928-29 дар Институти мусиқии шаҳри Самарқанд таҳсил менамояд. Солҳои 1932 – 37 роҳбари адабии Театри драмаи мусиқии Ленинобод – Хуҷанди имрӯза ва дар айни замон, муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинобод буд. Дар ин омӯзишгоҳ ӯ дарси танбӯрнавозиро ёд медод. Соли 1937 ба Душанбе омада, дар Театри мусиқии шаҳри Душанбе, ки соли 1940 ба Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ табдил дода шуд, кор кард. Солҳои охири умрашро дар шаҳри Хуҷанд гузаронид. Ӯ дар ин ҷо асосан ба кори эҷодӣ машғул буд. Бо рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ҳамкории доимӣ дошт. Ӯ якуми сентябри соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид.
Муҳиддин Аминзода шоир ва тарҷумони номӣ буд. Миқдори абёти тарҷумакардаи ӯ 75 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Тарҷумаи достони «Фарҳоду Ширин»-и Навоӣ (бо ҳамроҳии Раҳим Ҷалил), «Борис Годунов»-и Пушкин, масалҳои Крилов, шеърҳои Лермонтов, «Духтар ва марг»-и Максим Горкий, достони «Палангинапӯш»-и Шота Руставелӣ, эпоси армании «Довуди Сосонӣ» ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Аввалин шеърҳояш солҳои 20-уми асри бист дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Мушфиқӣ» чоп шудаанд. Шеърҳои аввалинаш соли 1935 дар маҷмуаи «Шеърҳо» ва соли 1937 дар маҷмуаи «Чаман» ба табъ расидаанд. Осори муаллиф бо номҳои «Баҳори Ватан» (1940), «Садои зафар» (1944), «Шеърҳои мунтахаб» (1948, 1949, 1952, 1954, 1956), «Баҳори дил» (1964) ва «Мунтахабот» (1976, дар ду ҷилд) нашр гардидааст.
Муҳиддин Аминзода аз ҷумлаи аввалин бунёдгузорони шеъри ҳаҷвии адабиёти шуравии тоҷик маҳсуб мешавад. Нахустин шеъри ҳаҷвии ӯ «Ҳасрати як имом» ном дорад, ки соли 1928 чоп шудааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти ҳаҷвнависии Аминзода хеле вусъат ёфт. Ӯ дар шеърҳои ҳаҷвии хеш ваҳшонияту ҷаҳолат, номардию буздилии фашистонро хеле сахт ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Муҳиддин Аминзода чун ватандӯсти фидоӣ то охирин лаҳзаҳои умри худ аз таҳти дил ба халқу Ватан хидмат кардааст. Дар банди аввалин тарҷеъбандаш чунин мегӯяд:
То лаб тару хун дар лабу гармист баданро,
То бас накунад дил ҳаракат, мижжа заданро,
Аз қувва ба бозуст хаму рост шуданро,
Аз каф надиҳам домани мақсуди Ватанро.
Ин аст ба модар – ба Ватан рози дили ман,
Бигзор ҷаҳон бишнавад овози дили ман.
Муҳиддин Аминзода аз соли 1936 узви Иттифоқи нависандагони собиқ СССР буд. Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо қадр шудааст.
Таълими умумии маҷбурӣ
Ҷаҳл аз худ дур мебояд намуд,
Дафъи ин манфур мебояд намуд.
Аз чароғи илму нури маърифат
Синаро пурнур мебояд намуд.
Хотири худро ба боғи илму фан
Хурраму масрур мебояд намуд.
Як тараф тарғибу ташвиқотро
В-аз дигар сӯ зӯр мебояд намуд.
Хок бар чашмони бадхоҳон зада,
Чашми душман кӯр мебояд намуд.
Аз барои хондану хонондан
Хешро маҷбур мебояд намуд.
Хӯша ва деҳқон
Хӯша:
Манам донаро карда андар бағал
Пайи туъмаи мардуми камбағал.
Ҳама халқро зиндагӣ бо ман аст,
Ду чашми халоиқ суйи хирман аст.
Магӯ ҳосил аз ранҷи деҳқон шуда,
Шавам луқмаи ранҷбар, нон шуда.
Нахоҳам, ки ҳаннот гирад маро,
Ба дасти ҷафоҷӯш орад маро.
Ҳукумат, ки ёр асту ҳам дӯстдор,
Ба анбори он дӯстдорат супор.
Деҳқон:
Ҳама зиндагӣ бо ту доранду бас,
Ба аввал туро дар каф оранду бас.
Ту аз қуввати бозуи ман шуда,
Ба сад меҳнату ранҷ хирман шуда.
Ба ҳаннот ман кай супорам туро,
Ба сӯйи ҳукумат биёрам туро.
Супорам ба дасти ҳукумат агар,
Ҳукумат диҳад боз бар ранҷбар.
Ба анбори давлат диҳам ғалларо,
Кунам хор ҳанноти пурҳиларо.
Бесаводӣ балои ҷон бошад
Бесаводӣ балои ҷон бошад,
Зарари ҷумла мардумон бошад.
То ба кай халқи коргар, деҳқон
Пойбанди чунин зиён бошад?
Ҳама деҳқону коргар, хонед,
Бесаводии хеш дур кунед.
Аз пайи илму маърифат кӯшед,
Пешрафти шумо ба он бошад.
Бо алифбои куҳна мушкил буд
Халқро бохату савод шудан,
Аз барои саводнок шудан
Ҳарфи лотин ҳузури ҷон бошад.
Ба тараққии мамлакат кӯшед,
Хоҷагиҳо коллективӣ созед.
Баҳри ин лозим аст хатту савод,
Ҳама вобастаи ба он бошад.
Гар зи хатту савод бехабарӣ,
Доимо зери панҷаи зарарӣ,
Рав ба мактаб, хатту савод омӯз,
Ин туро нафъи ҷовидон бошад.
Духтарону занони меҳнаткаш,
Сӯйи илму ҳунар шитоб кунед.
Дур созед бесаводиро,
Ашки руҳониён равон бошад.
Рапорти баҳорӣ
(Аз духтарони ақибгоҳ ба ҷавонони фронтӣ)
Ай сабо, бар гулшани мо кун гузар,
Бар ҷавонони фронтӣ бар хабар.
Мо ба тайёрии фасли навбаҳор
Рӯзу шаб машғули кори киштукор.
Ай рафиқони фронтӣ, бишнавед,
Шод аз рапортҳои мо шавед.
Мо дар ин ҷо дар фронти меҳнатем,
Чун шумо – ҷанговарон, босуръатем.
Пахта мекорему дон, баста камар,
Лахти хун гардад фашистонро ҷигар.
Ҳар ниҳолеро, ки биншондем мо,
Меваҳояш бошад аввал аз шумо,
Ваъдаҳо додему аз рӯйи вафо
Мо ба ёрии шумоем аз қафо.
Душманонро зарба маҳкамтар занем,
Як нафар боқӣ намонда сар занем.
Баъди ҷанг оед фотеҳ сӯйи мо,
Ин бувад тӯйи шумову тӯйи мо.
Нӯши ҷон карда шароби мушкбӯй,
Мекунем он гоҳ тӯй болои тӯй.
Баҳори нав
Боди баҳор мевазад ҷеғ зада ба кори нав,
Сабзаи тоза медамад дар қадами баҳори нав.
Саҳни чаман базеб шуд боз зи фарши махмалин,
Шаҳд ба коми ҷӯйҳо рехт зи обшори нав.
Об гирифт шохи гул, булбули беқарор, бин,
Нағмаи тоза машқ кун баҳри висоли ёри нав.
Меҳр зи меҳри модарӣ гарм навозишаш намуд,
Фарбеҳу тоза шуд замин баҳри ҳусули бори нав.
Ҳо, ана пахтакорҳо, зираку пухтакорҳо,
Омадаанд аллакай аз пайи киштукори нав.
Кишт кунед бармаҳал, шод шавед аз амал,
Ҳам зи қадим як масал, ҳам ба шумо шиори нав.
Шуҳрати порсоларо боз баландтар кунед,
Боз ба даст оваред иззату эътибори нав.
Хуш Ватану баҳори он, домани киштзори он,
Баҳри ривоҷу кори он меҳнату ифтихори нав.
Мо ҷанг намехоҳем
Одамизод ба дунё на ба ҷанг омадааст,
На ба қурбон шудан аз тӯпу туфанг омадааст,
Омадаст ин ки ҳаёте гузаронад озод,
Рӯзгораш шавад аз меҳнати озод обод.
Чун бинокор зи дасташ шавад иншо ба ҷаҳон
Шаҳри ороставу деҳаву боғу бӯстон.
Омадаст ин ки кунад зиндагии беозор,
На ба пояш бизанад хору на бар дида ғубор.
Орзуҳои накуи ба дил овардаи худ
Бо дили ҷамъу осуда биёрад ба вуҷуд:
Ба камолот расад, нав ба нав эҷод кунад,
Аз ҳар эҷоди наваш хотири кас шод кунад,
Орзуву ҳавасу тӯю тамошо бинад,
Ҳар қадар лаззати умр аст ба дунё, бинад,
Хонаву дар кунаду соҳиби фарзанд шавад,
Ҳар яки он ба Ватан ёвару дилбанд шавад,
Умр ширину дарозу хушу хуррам бошад,
На асорат ва на хунрезию мотам бошад.
Умр азиз аст, чаро он ба асорат гузарад?
Зери занҷири ғуломию ҳақорат гузарад?
Умр як бор, дар он нашъунамо бояд кард,
На ки нашкуфта, вай аз боди хазон гардад зард,
Ин бувад орзуи неки ҳама халқи ҷаҳон,
З-ин сабаб сулҳу амонӣ ҳамаро вирди забон.
Марг онро, ки ба ин умр ҳалокатхоҳ аст,
Хешро гуфта, ба бегона фалокатхоҳ аст.
Чашми пурҳирс ба мулки дигарон медӯзад,
«Оши девона пазад» гуфта, ҷаҳон месӯзад.
Не! Чунин қавм нахоҳанд расидан ба мурод,
Халқ зӯр аст ва зӯриш нишон хоҳад дод.
Ба ҷаҳонгирии долар надиҳанд асло роҳ
Халқҳои ҳамагӣ якдила амниятхоҳ.
Халқи тоҷик ҳам аз он ҷумла пайи сулҳи ҷаҳон
Карда имзову ҳамовоз бувад бо онон.
Ҳар як имзо паси худ дасти тавоно дорад,
Дасти пурзӯртар аз ҳар чи ба дунё дорад.
Дастҳое, ки кунад нарм зи гармӣ пӯлод,
Чусту чобук ба бинокории фабрику завод,
Дастҳои ба замин бурда фурӯ муҳри каланд,
Карда бо ҳосили аълош Ватанро хурсанд,
Дастҳое, ки пайи равнақи илму ирфон
Ба китобу қалам омухта бувад рӯзу шабон,
Дастҳое, ки пайи сулҳ ба имзо шудаанд,
Ҳамагӣ муттаҳиду зӯру тавоно шудаанд.
Ҷангҷӯён натавонанд чунин даст шикаст,
Нашканад даст, чу ин гуна бигардад пайваст.
Имзо мекунем
Ҳар кӣ баҳри сулҳ имзо мекунад,
Беҳтарин коре ба дунё мекунад.
Карда имзо, душманони сулҳро
Рӯсияҳ, шарманда, расво мекунад.
Байрақи сулҳ аст дар олам баланд,
Баски қадру қимати одам баланд.
Сулҳ лозим, то ки бошад халқ амон,
Сулҳ лозим, то бисабзад бӯстон.
Сулҳ лозим баҳри ободии мулк,
Сулҳ лозим бар ҳама рӯйи ҷаҳон.
То ки бинад халқ умеду орзу,
Дил пур аст аз орзуҳои наку.
Ҳар ки бошад соҳиби виҷдони пок,
Кай раво дорад ба инсон хуну хок?
Ҳар куҷо дониста мемонад қадам,
То нагардад мӯри ланге ҳам ҳалок.
Ҷангҷӯёнро куҷо ин хислат аст?
Исту бисту зисти онҳо офат аст.
Баҳри долар пулпарастони лаъин
Ҷанг мехоҳанд дар рӯйи замин.
Ҷумла оламро ба қабз оварданӣ,
Хислати онҳо ҳамин асту ҳамин.
Лек моро ҳисси инсонпарварӣ
Медиҳад бар сулҳи олам боварӣ.
Баҳри долар зарпарастон дода зӯр,
Халқи оламро намуда беҳузур.
Ин ду «чашми танги дунёдорро
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр».
Ҷангҷӯ бо худ барад ин нангро,
Сулҳ мегӯронад охир ҷангро.
Мо ба оромӣ, ба тинҷӣ толибем,
Мо ба виҷдони ҳақиқӣ соҳибем.
Ҳар куҷо гирем пеши роҳи ҷанг,
Оқибат мо, сулҳҷӯён, ғолибем.
Кори ҳаққонӣ ба ҳар ҷо ғолиб аст,
Поквиҷдон халқи дунё ғолиб аст.
Фитнаи иғвогаронро беибо
Фош месозем мо дар ҳар куҷо.
Мон, ки з-ин як бел ифлосӣ ҷаҳон
Пок гардад, тинҷ бошад доимо.
Мекунем имзо пайи осудагӣ,
Пок бошад даҳр аз олудагӣ.
Баҳри ҳифзи манзилу маъвои худ,
Баҳри хушбахтии кӯдакҳои худ,
Баҳри солим будани модар – Ватан,
Баҳри имрӯзи худу фардои худ
Мо ба зидди ҷанг имзо мекунем,
Ҳар як амри сулҳ иҷро мекунем.
Ба фарзандам
Ту, ай фарзанди ман, фарзанди халқӣ,
Чу дилбанди падар дилбанди халқӣ.
Бадӣ гар бар рухат доғе нишонад,
На танҳо ман, ҳама лаънат бихонад.
Аз ин рӯ, бош фарзанди накукор,
Зи кори нек раҳматро сазовор.
Чу фарзанди чунин як хонадонӣ,
Ки дорад обрӯйи сад ҷаҳоне,
Ба қадри ин муқаддас хонадон рас,
Ба қадри ҳар яке аз аҳли он рас.
Ба бахти хеш худ ҳастӣ сабабгор,
Ба бадбахтӣ худат ҳастӣ гунаҳкор.
Набояд кард он коре, ки бад кард,
Бадӣ номи касон бад то абад кард.
Раҳи бадро ҳамеша чоҳ дар пеш,
Дар охир рафта меафтӣ, бияндеш.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоирии Муҳиддин Аминзода чӣ медонед?
2. Аминзода дар кадом мавзуъҳо бештар шеър эҷод кардааст?
3. Ғазали «Таълими умумии маҷбурӣ»-ро хонед ва мазмунашро нақл кунед.
4. Мунозираи «Хӯша ва деҳқон» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?
5. Шеъри «Рапорти баҳорӣ»-ро аз бар карда, мазмуни онро мухтасар нақл кунед.
6. Шеърҳои «Рапорти баҳорӣ» ва «Баҳори нав» ба кадом воқеаи муҳимми давр бахшида шудааст?
7. Дар маснавии «Мо ҷанг намехоҳем» шоир вазифаи муқаддаси одамиро дар чӣ мебинад?
8. Шеъри «Имзо мекунем»-и Аминзода дар кадом навъи адабӣ эҷод шудааст?
9. Шоир дар шеъри «Ба фарзандам» ӯро ба кадом хислатҳои писандидаи одамӣ даъват мекунад?