Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ аз дабирон ва адибони асри XII тоҷик-форс буда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии ӯ маълумот хеле кам аст. Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дарбори Қарохониҳои Самарқанд котибӣ карда, соҳиби девони иншои Рукнуддин Масъуд будааст. Муаллифони тазкираҳо таъкид кардаанд, ки Заҳирии Самарқандӣ дар насри мусаҷҷаъ се китоби бузург таълиф кардааст. Китоби якуми ӯ «Самъ-уз-Заҳир фӣ ҷамъ-из-заҳир» («Гуфтори Заҳир барои маҷлиси хос») ном дошта, зоҳиран дар боби усули давлатдорӣ будааст. Ин асар то замони мо боқӣ намондааст. Китоби дуюми ӯ – «Ағроз-ус-сиёсат фӣ аърозир-риёсат» («Мақсадҳои сиёсат дар идора кардани давлат») китоби таърихшиносӣ дар боби сиёсат ва усули давлатдорӣ буда, аз гуфтори шоҳони асотирӣ – Ҷамшед то шоҳони асри XII Санҷар ибни Маликшоҳ, паҳлавонон, донишмандони эронию араб, юнонӣ ва ғайра фароҳам омадааст. Заҳирии Самарқандӣ дар ин китоб ҳангоми шарҳу тавзеҳи гуфтаҳои гузаштагон аз баъзе воқеаҳои замони худ ёдовар шудааст, ки аҳаммияти таърихӣ доранд. Муҳимтарин асари Заҳирии Самарқандӣ, ки ӯро дар таърихи адабиёти тоҷик-форс ҳамчун насрнавис машҳур кард, “Синдбоднома” мебошад. “Синдбоднома” бо услуби ҳикоя андар ҳикоя таълиф шуда, таърихи хеле қадим дорад. Қадимтарин нусхаи ин асар ба замони Ашкониён (250 то м. - 224 м.) тааллуқ дорад. Аммо сарчашмаи имрӯзаи “Синдбоднома” ривояти паҳлавии асар буда, дар асри 8 аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуда, ба таркиби китоби “Ҳазору як шаб” даромадааст. Дар асри VIII матни арабии он ба сурёнӣ ва дар асри XI матни сурёнӣ ба забони юнонӣ ва баъдтар ба забонҳои испанӣ, ибрӣ, арманӣ, гурҷӣ, туркӣ, лотинӣ, фаронсавӣ, италиявӣ, англисӣ, олмонӣ, русӣ, руминӣ, шведӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Дар адабиёти тоҷику форс чанд таҳрири мустақили манзуму мансури “Синдбоднома” вуҷуд дорад. Аввалин таҳрири “Синдбоднома” ба қалами устод Рӯдакӣ тааллуқ дорад, ки то замони мо аз он байтҳои пароканда боқӣ мондааст. Таҳрири дуюм ба адиб ва тарҷумони асри Х – Абулфавориси Фанорӯзӣ тааллуқ дорад. Мувофиқи гуфтаи Заҳирии Самарқандӣ, Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ ба Абулфавориси Фанорӯзӣ супориш додааст, ки ӯ китоби “Синдбоднома”-ро аз забони паҳлавӣ ба форсӣ тарҷума кунад.
Абулфавориси Фанорӯзӣ солҳои 950-951 “Синдбоднома”-ро аз паҳлавӣ ба форсӣ тарҷума кардааст. Матни тарҷумаи Фанорӯзӣ то замони мо нарасидааст. Дар асри XI Азрақии Ҳиравии шоир матни тарҷумаи Фанорӯзиро ба назм даровардааст. Заҳирии Самарқандӣ нимаҳои асри XII матни тарҷумаи Фанорӯзиро аз нав таҳрир кардааст, ки он соли 1948 дар Истанбул (Туркия), соли 1953 дар Теҳрон ва соли 1971 дар Душанбе бо номи «Китоби Ҳаким Синдбод» ба табъ расидааст. Мазмуни мухтасари «Синдбоднома» чунин аст:
– Дар сарзамини Ҳинд Қурдис ном подшоҳи одилу доное буд. Ин подшоҳ аз бефарзандӣ доимо ғам мехӯрд. Аз қазо дар пирсолӣ писаре ёфт. Таълиму тарбияи ин фарзандро ба гардани Синдбоди Ҳаким гузошт. Шоҳзода дар илму дониш рӯз то рӯз комил мегашт ва аз рӯйи одат ӯ бояд дар назди дарбориён имтиҳон месупурд. Барои ҳамин устодаш Синдбод пеши Офтоб устурлоб гузошта, муайян кард, ки то ҳафт рӯз ҷони шоҳзода дар хатар аст, барои ҳамин аз шоҳзода хоҳиш кард, ки ӯ то ҳафт рӯз бо касе гап назанад ва худаш ба сафар баромад. Яке аз канизакҳои шоҳ, ки дер боз ошиқу мафтуни ӯ гашта буд, ба назди шоҳзода рафта, арзи дил кард. Шоҳзода ишқи канизакро рад карда, таъкид намуд, ки баъди ҳафт рӯзи хомӯшӣ ба назди шоҳ рафта, бевафоии канизакро хоҳад гуфт. Канизак аз тарси ҷон роҳи хабаркаширо пеш гирифт. Ӯ ба назди подшоҳ рафта, шоҳзодаро ба хиёнат муттаҳам кард. Подшоҳ аз ин хабар ба хашм омад ва ба қатли шоҳзода фармон дод. Дар ин миён ҳафт вазири донову хирадманди подшоҳ ба ҳимояти шоҳзода бархоста, дар зоҳирбинӣ танҳо хосси занон нест ва зарари шитобкорӣ ҳикояҳои тамсилӣ меоварданд ва бо ҳамин иҷрои қатли шоҳзодаро вопас мегузоштанд, то ки ҳафт рӯзи наҳс бигузараду шоҳзода бегуноҳии худро исбот кунад.
Заҳирии Самарқандӣ мувофиқи завқи бадеии замони худ матни аз паҳлавӣ ба дарӣ гардонидаи Абулфавориси Фанорӯзиро бо сабки маснуи пуртакаллуф таҳрир карда, гоҳ-гоҳе дар мавридҳои мувофиқ шеърҳои форсию арабиро ҷой додааст.
Заҳирии Самарқандӣ дар зимни асар ақидаҳои иҷтимоии хешро дар боби усули мамлакатдорӣ, шоҳи маърифатпеша ва давлати обод ифода кардааст, ки ин як навъ дастурест барои шоҳону амирони давру замони ӯ.
Инак, ҳикояи «Калимоти кохи Афредун» манзури хонандагон карда мешавад.
Ҳикояи «Калимоти кохи Афредун» аз «Синдбоднома»
Аввал: «Ҳар кӣ гӯш ба қавли суханчину ғаммоз (хабаркаш) дорад ва бар он эътимод намояд, ранҷҳо бинад, ки дасти тадбири хирад аз чораи он кӯтоҳ монад».
Дувум: «Ҳар кӣ дар канори модари хираду дониш тарбият ёфта бошад, ба ҳеҷ вақт аз макри душман ғофил набошад, ки душман монанди мор аст, ки ҳаргиз дӯст нагардад».
Севум: «Аз дӯстон ба андак ранҷиш дурӣ нанамоед ва озор дар дил нагиред, ки он сармояи нодонист»:
Аз дӯст ба ҳар захме афгор набояд шуд
В-аз ёр ба ҳар ҷавре безор набояд шуд.
Чаҳорум: «Чун дӯст душман шавад, ӯро азиз дор, то дарахти муҳаббату ниҳоли иҷтиҳод ва эътиқод, ки аз боздоштани оби шафқату костани ғизо пажмурда шуда буд, аз нав сарсабзию тароват гирад».
Панҷум: «Машварат бо марди доно кун, то аз маслиҳати хом эмин бошӣ ва корҳои ту аз роҳи ростӣ наяфтад».
Шашум: «Аз душмани хонагӣ ҳазар намой ва доман даркашида дор, зеро ҳар тире, ки аз шасти қасду камони ғарази ӯ равон гардад, бар нишон ояд».
Ҳафтум: «Агар хирад дорӣ, бар марди ноозмуда эътимод макун, ки зиракон гуфтаанд, ки «Деви озмуда беҳтар аст аз мардуми ноозмуда».
Ҳаштум: «Сухани ноандешида магӯй, то дар ранҷи нодониста наяфтӣ ва корҳоро оқибат нигар ба аввал».
Ин аст он калимот, ки бар айвони қасри Афредун набишта аст.
Шоҳ пурсид, ки:
– Эй нури чашми некномӣ ва эй самараи дарахти саодат ва эй шукуфаи гулбуни иқболу (бахту саодат) давлат, кист аз мардумон дар давлат шоистатар?
Гуфт:
– Он ки дараҷаи хоссу оми давлат ва андозаи хидматгорон ва айбу ҳунари эшон бидонад.
Гуфт:
– Кадом хислат писандидатар подшоҳро?
Гуфт:
– Тарки таъҷил (шитоб) дар иҷрои мақсад, дар корҳои пӯшида ва иҷрои фармони беандешаву фикрат ва ҳамеша меҳрубону ғамхор будан ба мардум ва адлу эҳсон кардан ба раият.
Шоҳ пурсид, ки:
– Кадом хислат бадтар?
Гуфт:
– Таъҷил намудан дар корҳо ва пайрави ҳирсу бухл будан.
Пурсид:
– Марг бар кӣ душвортар?
Гуфт:
– Ҳар киро корҳои нописандида бувад.
Подшоҳ чун баёни ӯ дар ҳалли ин мушкилот ва далели ӯ дар баҳси ин масъалаҳо бидид, биписандид ва бо худ андешид, ки «умр, агарчи дароз бикашад, охир ба ниҳоят бирасад ва зиндагонӣ давом ёбад, охир риштаи он бурида гардад:
Рафтанд ягон-ягон фарозомадагон,
Кас менадиҳад нишони бозомадагон.
Шукру миннат он Худойро, ки фарзанди маро ба зевари ҳикмат зинат дод ва ба либоси хираду дониш ороста кард ва ба дараҷаву манзилати (мақоми) бузург расонид. Ва акнун ҳангоми гӯшанишинӣ ва айёми фароғат аст ва рӯй тофтан аз дунё ва иқбол кардан ба охират, ки бузургон гуфтаанд:
Ин ҷаҳон киштзори охират аст,
Ҳар чӣ корӣ, бараш ҳамон даравӣ».
Пас подшоҳӣ ба писар дод ва тахти шоҳӣ ба ӯ бигузошт ва аз дунё эъроз кард (рӯй тофт).
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Касе ба қавли суханчин гӯш диҳад, ба чӣ ранҷҳо дучор ояд?
2. Чаро аз дӯст бо андаке сабаб ранҷидан мумкин нест?
3. Байти:
«Аз дӯст ба ҳар захме афгор набояд шуд
В-аз ёр ба ҳар ҷавре безор набояд шуд»-ро ба наср
баргардонида, аз он як ҷумла созед.
4. Чаро дӯсти душманшударо бояд азиз дорӣ?