Масъуд дар Лоҳур, дар хонаводаи дафтардори дарбори Маҷдуд ибни Масъуди Ғазнавӣ ба дунё омад. Падараш Саъди Салмони Ҳамадонӣ марди фозиле буд. Иқтисоду сиёсати давлатдории аҳди Ғазнавиёнро хуб медонист, гоҳ-гоҳе шеър ҳам менавишт. Писараш – Масъудро, ки ҳамноми фарзанди нахустини Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буд, хеле хуб тарбият кард, илму адаб омӯзонд. Масъуд аввал дар Лоҳур, баъд дар Ғазна таҳсил кард. Бар иловаи забони модарияш – тоҷикӣ-форсӣ, забони ҳиндӣ ва арабиро хеле хуб ёд гирифт, аспсаворӣ, тирандозӣ, чавгонбозӣ, мусиқӣ ва адабро омӯхт. Ба туфайли заковати аслӣ, илму дониш ва одоби некаш дар доираҳои дарбори Ғазнавиён мисли падараш ному шуҳрати хоссае пайдо кард. Ҳамин буд, ки вақте Султон Иброҳими Ғазнавӣ (ҳукмронияш солҳои 1059 – 1099) соли 1076/77 ҳокимияти Ҳиндустонро ба писараш – Сайфуддавла Маҳмуд супурд, Масъуди Саъдро дар рикоби ӯ гузошт.
Ба туфайли шиносоии собиқ Сайфуддавла ӯро ба хидмати дарбор пазируфт. Дар андак муддат Масъуд дар дарбор обрӯю эътибори хоссаеро соҳиб шуда, яке аз шахсиятҳои наздики султон гардид. Дар доираҳои адабии Лоҳур ва Ҳиндустону Ғазна чун шоири хуштабъи қасидасаро шинохта шуд ва амволу давлати назаррасе насибаш гашт.
Ҳамаи ин ба солҳое рост меояд, ки дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон қабилаи дигари турк – Салҷуқиён, нуфуз пайдо карда, таъсири онҳо ба давлати Ғазнавиён рӯз ба рӯз меафзуд. Ҳатто баъзе амирону вазирони Ғазнавӣ ба Салҷуқиён ошкору ниҳонӣ ҳусни таваҷҷуҳ доштанд. Аз ҷумла, ҳукмрони Ҳиндустон Сайфуддавла Маҳмуд ҳам. Ин асрор ба падараш султон Иброҳими Ғазнавӣ ошкор шуду вай соли 1086/7 фарзанди ҷигарбандашро ба хиёнаткорӣ муттаҳам дониста, дар як шаб дасту по баста, бо чанде аз муқаррабонаш ба зиндон андохт. Масъуди Саъди Салмон ҳам ба носипосӣ бадном шуда, зиндонӣ гардид.
Баъди даҳ соли рӯзгори бисёр хуши шоҳона зиндагии талху заҳрогини даҳсолаи Масъуди Саъди Салмон дар зиндони қалъаҳои Сӯ, Даҳак, Ной шуруъ шуд:
Ҳафт солам бикӯфт Сӯву Даҳак,
Пас аз онам се сол қалъаи Ной.
Аз боиси ноҳақ, бо туҳмат ба зиндон афтоданаш нолаву фиғони Масъуди Саъд ба фалак печида бошад ҳам, ба унвони Султон Иброҳим ва наздикони ӯ даҳҳо мадҳия, қасида, шикоятнома навишта бошад ҳам, касе ба додаш нарасид.
Масъуди Саъд то рӯзи охири зиндонӣ буданаш ба ин амри ноҳақи рӯзгор тан надод. Қаламаш аз навиштан бознаистод. Мавзуи марказии ашъори зиндонии ӯ шикоят аз нобасомониҳои замон, ҷавру зулми тӯдаи ҳокимон ба сари оммаи бенаво, лаззату кайфияти озодӣ ба ҳар қимате, ки бошад, маҳрумият аз дидори ёрону пайвандон будааст. Дар ин ҳангом ӯ аслан қасида менавишт, шоҳу амирону дарбориёнро месутуд, то қуфли дилашон кушода шаваду ӯро аз зиндон раҳо кунанд. Вале ку дидаи ҳақбин?
Эҷодиёти зиндонии ӯ дар анвои қасидаву ғазалу рубоию маснавию мустазод ва ғайра ба унвони “Ҳабсиёт” дар адабиёт маълум аст. Дар таърихи адабиёти тоҷик шоирони зиндонӣ чанде буданд ва он ҷо асарҳо эҷод кардаанд. Вале ҳеҷ кадоме чун Масъуди Саъди Салмон ин қадар тулонӣ ва такрор ба такрор дар банди зиндон набуд ва ин қадар бисёр шеъри зиндонӣ нагуфт. Умуман, девони мукаммали Масъуди Саъди Салмон 15500 байт дорад, ки бештараш дар зиндон суруда шудааст.
Султон Иброҳими Ғазнавӣ ду сол пеш аз вафоташ (соли 1096) ба хотири дӯсташ – Абулқосими Хос, ки марди фозил, шоир ва дӯсти Масъуди Саъд буд, Масъуди Саъди Салмонро аз ҳабс озод кард. Вақте, ки Масъуд ибни Иброҳим (солҳои 1099 – 1115) ба ҷойи падараш ба тахти шоҳӣ нишаст, писараш Шерзодро ҳокими Ҳиндустон ва марди фозилу сиёсатмадори доно Абунасри Порсиро пешкору сипаҳсолори ӯ таъйин кард. Абунаср яке аз дӯстони наздики Масъуди Саъди Салмон буд. Кори Масъуди Саъд боз омад кард. Ба туфайли хайрхоҳии Абунаср Масъуди Саъд ҳокими вилояти тозафатҳшудаи Ҳиндустон – Ҷоландар, таъйин гардид. Дере нагузашта Абунасри Порсӣ аз вазифа барканору Масъуди Саъди Салмон бори дуюм ба муддати 9 сол дар қалъаи Маранҷ зиндонӣ шуд. Масъуди Саъд дар қасидаи “Шикоят аз Абулфараҷ” мегӯяд:
Мар туро ҳеҷ бок н-омад аз он-к
Нуздаҳ сол будаам бандӣ.
Бояд гуфт, ки беҳтарин солҳои умри азизи шоир, яъне солҳои аз 40 то 60 дар зиндонҳо сипарӣ гардид. Аммо ӯ ноумед нашуд, ҳар чи ки як инсон дар ин солҳо барои инсонҳои дигар кори хайре бояд бикунад, кард.
Қасидаи ҳабсияи «Тиру теғ аст бар дилу ҷигарам»
Тиру теғ аст бар дилу ҷигарам
Ғаму тимори духтару писарам.
Ҳам бад-ин сон гудозадам шабу рӯз
Ғаму тимори модару падарам.
Ҷигарам пора асту дил хаста
Аз ғаму дарди он дилу ҷигарам.
На хабар мерасад маро з-эшон,
На бад-эшон ҳамерасад хабарам.
Боз гаштам асири қалъаи Ной,
Суд кам кард бо қазо қадарам.
Камари кӯҳ то нишасти ман аст,
Бар миёни ду даст шуд камарам.
Аз баландии ҳисну тундии кӯҳ
Мунқатеъ гашт аз замин назарам.
Ман чу хоҳам, ки осмон бинам,
Сар фуруд ораму замин нигарам.
Аз заифии дасту тангии ҷой
Нест мумкин, ки пираҳан бидарам.
Аз ғаму дард чун гули наргис
Рӯзу шаб бо сиришк то саҳарам.
Ё зи дида ситора меборам,
Ё ба дида ситора мешумарам.
В-ар дили ман шудаст баҳри ғамон,
Ман чӣ гуна зи дида дур шумарам?
Гашт лола зи хуни дида рухам,
Шуд бунафша зи захми даст барам.
Ҳама аҳволи ман дигаргун шуд,
Рост гӯйӣ, Сикандари дигарам,
Ки дар ин тирарӯзу торӣ ҷой
Гавҳари дидагон ҳамесипарам.
Бим кардаст дарди дил амнам,
Заҳр кардаст ранҷи тан шакарам.
Пеши тире, ки ин занад, ҳадафам,
Зери теғе, ки он кашад, сипарам.
Оби софӣ шудаст хуни дилам,
Хуни тира шудаст оби сарам.
Будам оҳан, кунун аз ӯ зангам,
Будам оташ, кунун аз ӯ шарарам.
На сарозодаму на уҷрохӯр,
Пас, на аз лашкарам, на аз ҳашарам.
Дарнаёбам хато, чу бехирадам,
Раҳ набинам ҳаме, чу бебасарам.
Нашнавам некуву набинам рост,
Чу сипеҳру замона кӯру карам.
Меҳнатогин шудам чунон ки кунун
Накунад ҳеч шодие асарам.
Ай ҷаҳон, сахтии ту чанд кашам?!
В-ай фалак, ишваи ту чанд харам?!
Кош ман ҷумла айб доштаме,
Чу балоест ҷумла аз ҳунарам.
Ба дилам оз ҳаргиз ар нагузашт,
Пас, чаро ман замон-замон батарам?
Бистад аз ман замона, ҳар чӣ бидод,
Розиям, бо замона сар ба сарам.
То ба гардан, аз ин ҷаҳон чу равам,
Аз ҳама халқ миннате набарам…
Қитъаи «То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст»
То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст,
Ки ба сустӣ касе зи марг наҷаст.
Ҳар кӣ ӯро баланд мардӣ кард,
То ба рӯзи аҷал нагардад паст.
Ҳар кӣ бо ҷон наистод ба разм,
Дон, ки дар пешгаҳ ба ҳақ нанишаст.
Сар фарозад чу найза ҳар марде,
К-он миён ҷангро чу найза бибаст.
Ай басо размгоҳи чун дӯзах,
Ки қазо андар ӯ дуруст бираст.
Найза, чун ҳамла хостам бурдан,
Гашт печон маро чу мор ба даст.
Гуфтам, ай шохи марг, рост гирой,
Ки басе дил ба ту бихоҳам хаст.
Кунӣ ар эҳтироз, вақташ нест
В-ар кунӣ изтироб, ҷояш ҳаст.
Ё биҷунбӣ ҳаме зи шодии худ,
Ё биларзӣ ҳаме зи бими аласт.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Чаро Масъуди Саъди Салмон дар ватани аҷдодияш – Ҳамадони Эрон нею Лоҳури Ҳиндустон ба дунё омад?
2. Масъуди Саъд бо нахустфарзанди Султон Маҳмуди Ғазнавӣ – Масъуди Маҳмуд, чӣ иртиботе дошт?
3. Масъуди Саъд чӣ гуна ба дарбори Сайфуддавла Маҳмуди Иброҳим кашида шуд?
4. Чаро Султон Иброҳим писари ҷигарбандаш ва ёрони ӯро ба зиндон андохт?
5. Масъуди Саъд аз зиндон чӣ тавр халос шуд?
6. Сабаби дубора бандӣ шудани шоир чӣ буд?