Аждаҳо чун хирсро дармекашид,
Шермарде рафту фарёдаш расид.
Шермардонанд дар олам мадад,
Он замон, к-афғони мазлумон расад.
Бонги мазлумон зи ҳар ҷо бишнаванд,
Он тараф чун раҳмати Ҳақ медаванд.
Он сутунҳои халалҳои ҷаҳон,
Он табибони маразҳои ниҳон
Маҳзи меҳру доварию раҳматанд,
Ҳамчу Ҳақ беиллату беришватанд…
Меҳрубонӣ шуд шикори шермард,
Дар ҷаҳон дору наҷӯяд ғайри дард.
Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад,
Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад.
Оби раҳмат боядат, рав, паст шав
В-он гаҳон хур хамри1 раҳмат, маст шав.
Раҳмат андар раҳмат омад то ба сар,
Бар яке раҳмат фуру м-ой, ай писар!
Чархро дар зери пой ор, ай шуҷоъ!
Бишнав аз фавқи2 фалак бонги самоъ.
Пунбаи васвос берун кун зи гӯш,
1 Хамр – май, бода.
2 Фавқ – боло.
То ба гӯшат ояд аз гардун хурӯш.
Пок кун ду чашмро аз мӯю айб,
То бибинӣ боғу сарвистони ғайб…
Кундаи танро зи пойи ҷон бикан,
То кунад ҷавлон ба гирдат анҷуман.
Ғулли1 бухл аз дасту гардан дур кун,
Бахти нав дарёб дар чархи куҳун…
Ҳар нидое, ки туро боло кашид,
Он нидо медон, ки аз боло расид.
Ҳар нидое, ки туро ҳирс оварад,
Бонги гурге дон, ки ӯ мардум дарад.
Ин баландӣ нест аз рӯйи макон,
Ин баландиҳост сӯйи ақлу ҷон…
Хирс чун фарёд кард аз аждаҳо,
Шермарде кард аз чангаш раҳо.
Ҳилату мардӣ ба ҳам доранд пушт,
Аждаҳоро ӯ бад-ин қувват бикушт.
Аждаҳоро ҳаст қувват, ҳила нест,
Низ фавқи ҳилаи ту ҳилаест…
Чашмро дар рӯшнойӣ хӯй кун,
Гар на хаффошӣ2, назар он сӯй кун.
Оқибатбинӣ нишони нури туст,
Шаҳвати холӣ, ҳақиқат, гӯри туст.
Оқибатбине, ки сад бозӣ бидид,
Мисли он набвад, ки як бозӣ шунид.
З-он яке бозӣ чунон мағрур шуд,
К-аз такаббур з-устодон дур шуд.
Сомиривор он ҳунар дар худ чу дид,
Ӯ зи Мӯсо аз такаббур сар кашид.
Ӯ зи Мӯсо он ҳунар омӯхта
В-аз муаллим чашмро бардӯхта.
Лоҷарам, Мӯсо дигар бозӣ намуд,
То ки он бозиву ҷонашро рабуд.
Ай басо дониш, ки андар сар давад,
То шавад сарвар, бад-он худ сар равад.
1 Ғул – занҷир.
2 Хаффош – кӯршабпарак.
Сар нахоҳӣ, ки равад, ту пой бош,
Дар паноҳи қутби соҳиброй бош,
Гарчи шоҳӣ, хеш фавқи ӯ мабин,
Гарчи шаҳдӣ, ҷуз наботи ӯ мачин.
Фикри ту нақш асту фикри ӯст ҷон,
Нақди ту қалб1 асту нақди ӯст кон.
Ӯ туӣ, худро биҷӯ дар ӯйи ӯ,
Куву ку гӯ, фохта шав сӯйи ӯ.
В-ар нахоҳӣ хидмати абнои ҷинс,
Дар даҳони аждаҳоӣ ҳамчу хирс,
Зорие мекун, чу зӯрат нест, ҳин2!
Чунки кӯрӣ, сар макаш аз роҳбин,
Ту кам аз хирсӣ? Наменолӣ зи дард?
Хирс раст аз дард, чун фарёд кард.
Ай Худо, ин санги дилро мум кун,
Нолаашро ту хушу марҳум кун.
ТАТИММАИ ҲИКОЯИ «ХИРС ВА ОН АБЛАҲ», КИ БАР ВАФОИ Ӯ ЭЪТИМОД КАРДА БУД.
Хирс ҳам аз аждаҳо чун вораҳид
В-он карам з-он марди мардона бидид.
Чун саги асҳоби Каҳф4 он хирси зор
Шуд мулозим5 дар пайи он бурдбор.
Он мусулмон сар ниҳод аз хастагӣ,
Хирс ҳорис6 гашт аз дилбастагӣ,
Он яке бигзашту гуфташ: «Ҳол чист?
Ай бародар, мар туро ин хирс кист?»
Қисса вогуфту ҳадиси7 аждаҳо,
Гуфт: «Бар хирсе манеҳ дил, аблаҳо!
Дӯстий аблаҳ батар аз душманист,
Ӯ ба ҳар ҳила, ки донӣ, ронданист».
1 Қалб – бардурӯғ, сохта.
2 Ҳин – вақт, ҳангом, инак, огоҳ бош.
3 Татимма – бақия, охир.
4 Асҳоби Каҳф – ёрони ғор.
5 Мулозим – ҳамроҳ.
6 Ҳорис – посбон.
7 Ҳадис – нақл, қисса.
Гуфт: «Валлоҳ, аз ҳасудӣ гуфт ин
В-арна, хирсе чӣ-нигарӣ? Ин меҳр бин».
Гуфт: «Меҳри аблаҳон ишвадеҳ аст,
Ин ҳасудии ман аз меҳраш беҳ аст.
Ҳай, биё бо ман, бирон ин хирсро,
Хирсро магзин, маҳил1 ҳамҷинсро».
Гуфт: «Рав, рав, кори худ кун, ай ҳасуд!»
Гуфт: «Корам ин буду ризқат набуд.
Ман кам аз хирсе набошам, ай шариф,
Тарки ӯ кун, то манат бошам ҳариф.
Бар ту дил меларзадам з-андешае,
Бо чунин хирсе марав дар бешае.
Ин дилам ҳаргиз наларзад аз гизоф,
Нури Ҳақ аст ин, на даъвою на лоф».
«Муъминам, «Янзур бинуриллаҳ» 2 шуда,
Ҳину ҳон, бигрез аз ин оташкада».
Ин ҳама гуфту ба гӯшаш дарнарафт,
Бадгумонӣ мардро саддест зафт3.
Дасти ӯ бигрифту даст аз вай кашид.
Гуфт: «Рафтам, чун наӣ ёри рашид»4.
Гуфт: «Рав, бар ман ту ғамхора мабош,
Булфузуло,5 маърифат камтар тарош!»
Боз гуфташ: «Ман адувви ту наям,
Лутф бошад, гар биёӣ дар паям».
Гуфт: «Хоб астам, маро бигзору рав»,
Гуфт: «Охир, ёрро мунқод6 шав,
То бихуспӣ дар паноҳи оқиле,
Дар ҷавори дӯсте, соҳибдиле».
Дар хаёл афтод мард аз ҳадди ӯ,
«Хашмгин шуд, зуд гардонид рӯ,
К-ин магар қасди ман омад, хунӣ аст,
1 Маҳил – тарк макун, фурӯ магзор.
2 «Янзур бинуриллаҳ» – Ба нури Худо нигоҳ мекунад.
3 Зафт – сахт.
4 Рашид – далер, ҷасур.
5 Булфузуло – пургӯй.
6 Мунқод – фармонбардор.
Ё тамаъ дорад, гадою тунӣ1 аст?
Ё гарав бастаст бо ёрон бад-ин,
Ки битарсонад маро з-ин ҳамнишин?»
Худ наёмад ҳеҷ аз хубси2 сираш,
Як гумони нек андар хотираш,
Занни некаш ҷумлагӣ бар хирс буд,
Ӯ магар он хирсро ҳамҷинс буд?!
Оқилеро аз сагӣ туҳмат ниҳод,
Хирсро донист аҳли меҳру дод…
ТАРК КАРДАНИ ОН МАРДИ НОСЕҲ БАЪД АЗ МУБОЛИҒАИ ПАНДИ МАҒРУР ХИРСРО
Он мусалмон тарки аблаҳ карду тафт3
Зери лаб «Ло ҳавл»4 -гӯён бозрафт.
Гуфт: «Чун аз ҷидду пандам в-аз ҷидол
Дар дили ӯ беш мезояд хаёл,
Пас сари панду насиҳат баста шуд,
Амри «аъриз анҳуму»5 пайваста шуд».
Чун давоят мефизояд дард, пас,
Қисса бар толиб бигӯ, бархон «Абас6».
Чунки аъмо7толиби Ҳақ омадаст,
Баҳри фақри ӯ нашояд сина хаст.
Ту ҳарисӣ бар рашоди8 меҳтарон,
То биёмӯзанд ом аз сарварон...
Ин раисон ёри дин гарданд х(в)аш,
Бар араб инҳо саранду бар ҳабаш...
З-ин сабаб ту аз зарири9 муҳтадӣ10
Рӯ бигардонидию танг омадӣ,
1 Тунӣ – дузд.
2 Хубс – бадӣ, бадтинатӣ.
3 Тафт – бошитоб, шитобон.
4 «Ло ҳавл» – иқтибос аз оят: «Бе хости Худо аз гуноҳ дур шудан мумкин нест».
5 «Аъриз анҳуму» – арза кун ба онҳо, бигӯ ба онҳо.
6 Абас – номи сурае аз Қуръон
7 Аъмо – кӯр, нобино.
8 Рашод – роҳнамойӣ, ҳидоят.
9 Зарир – кӯр, нобино.
10 Муҳтадӣ – ба роҳи рост рӯоварда.
К-андар ин фурсат кам афтад он мунох1,
Ту зи ёронию вақти ту фарох2.
Муздаҳим мегардиям дар вақти танг,
Ин насиҳат мекунам н-аз хашму ҷанг...
Маъдани лаълу ақиқи муктанис
Беҳтар аст аз сад ҳазорон кони мис.
Аъмие равшандил омад, дар мабанд,
Панд ӯро деҳ, ки ҳаққи ӯст панд.
Гар ду-се аблаҳ туро мункир шуданд,
Талх кай гардӣ? Чу ҳастӣ кони қанд.
Гар ду-се аблаҳ туро туҳмат ниҳад,
Ҳақ барои ту гувоҳӣ медиҳад.
Гуфт: «Аз иқрори олам фориғам»,
Он ки Ҳақ бошад гувоҳ, ӯро чӣ ғам?
Гар хафошеро зи хуршеде хурест,
Он далел омад, ки он хуршед нест,
Нафрати хаффошакон бошад далел,
Ки манам хуршеди тобони ҷалил3.
Гар гулоберо ҷуъал4 роғиб шавад,
Он далели ногулобӣ мекунад.
Гар шавад қалбе харидори миҳак5,
Дар миҳаккияш дарояд нақсу6 шак.
Дузд шаб хоҳад, на рӯз, инро бидон,
Шаб наям, рӯзам, ки тобам дар ҷаҳон.
Фориқам7, форуқаму8 ғалбервор,
То ки коҳ аз ман намеёбад гузор.
Ордро пайдо кунам ман аз сабӯс,
То намоям, к-ин нуқуш9 аст, он нуфус10.
1 Мунох – манзил.
2 Фарох – бисёр, зиёд.
3 Ҷалил – бузург, боазамат.
4 Ҷуъал – гамбуски сиёҳ.
5 Миҳак – санги сиёҳе, ки тилло ва нуқраро бо он соида меозмоянд ва арзиши онро муайян мекунанд.
6 Нақс – айб, камбуд.
7 Фориқ – аз ҳам ҷудокунанда.
8 Форуқ – фарқкунанда миёни ҳақ ва ботил.
9 Нуқуш – нақшҳо.
10 Нуфус – ҷонҳо.
Ман чу мизони Худоям дар ҷаҳон,
Вонамоям ҳар сабукро аз гарон.
Говро донад Худо гӯсолае,
Ҳар харидорею дархур колае.
Ман на говам, то ки гӯсола-м харад,
Ман на хорам, к-уштуре аз ман чарад.
Ӯ гумон дорад, ки бо ман ҷавр кард,
Балки аз ойинаи ман рӯфт гард…
Ин сухан поён надорад, бозгард,
То чӣ кард он хирс бо он некмард.
ТАТИММАИ ЭЪРОФИ ОН МАҒРУР БАР ТАМАЛЛУҚИ ХИРС
Шахс хуфту хирс мерондаш магас
В-аз ситез омад магас з-ӯ бозпас.
Чанд бораш ронд аз рӯйи ҷавон,
Он магас з-ӯ боз меомад давон.
Хашмгин шуд бо магас хирсу бирафт,
Баргирифт аз кӯҳ санге сахт зафт.
Санг оварду магасро дид боз,
Бар рухи хуфта гирифта ҷойи соз.
Баргирифт он осиёсангу бизад
Бар магас, то он магас вопас хазад.
Санг рӯйи хуфтаро хашхош кард1,
Ин масал бар ҷумла олам фош кард.
Меҳри аблаҳ меҳри хирс омад яқин,
Кини ӯ меҳр асту меҳри ӯст кин.
Аҳди ӯ суст асту вайрону заиф,
Гуфти ӯ зафту вафои ӯ наҳиф2.
Гар хурад савганд ҳам, бовар макун,
Бишканад савганд марди кажсухун.
Чун ба бесавганд гуфташ буд дурӯғ,
Ту маюфт аз макру савгандаш ба дӯғ.
Нафси ӯ мир асту ақли ӯ асир,
1 Хашхош кардан – реза-реза кардан.
2 Наҳиф – заъиф, суст.
Сад ҳазорон Мусҳафаш1 худ хурда гир.
Чунки бесавганд паймон бишканад,
Гар хурад савганд ҳам, он бишканад.
З-он ки нафс ошуфтатар гардад аз он,
Ки кунӣ бандаш ба савганди гарон.
Чун асире банд бар ҳоким ниҳад,
Ҳоким онро бардарад, берун ҷаҳад.
Бар сараш кӯбад зи хашм он бандро,
Мезанад бар рӯйи ӯ савгандро.
Ту зи «урфу билуқуд»2 -аш даст шӯ,
«Иҳфазу аймонакум»3 бо ӯ магӯ.
В-он ки Ҳақро сохт дар паймон санад,
Тан кунад чун тору гирди ӯ танад.
1 Мусҳаф – Қуръон.
2 «Урфу билуқуд» – иқтибос аз ҳадис: «Ба қасамҳои хеш вафодор бошед».
3 «Иҳфазу аймонакум» – қасамшиканӣ накунед.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Қиссаро бодиққат хонда, мазмуни онро нақл кунед.
2. Кадом хислати мард водор сохт, ки хирсро аз дасти аждаҳо наҷот диҳад?
3. Хислатҳои мардони шердил кадомҳоянд?
4. Қисса чӣ тавр анҷом меёбад?