Ҳикояҳо аз «Рисолаи дилкушо»

ҲИКОЯТ

Талҳакро (номи қаҳрамони фолклорӣ дар Эрон, мисли Афандӣ) бо муҳимме пеши Хоразмшоҳ фиристоданд. Муддате он ҷо бимонд. Магар Хоразмшоҳ риояте, чунонки ӯ мехост, намекард. Рӯзе пеши Хоразмшоҳ ҳикояи мурғон ва хосияти ҳар яке мегуфтанд.

Талҳак гуфт:

– Ҳеч мурғе аз лаклак зирактар нест.

Гуфтанд:

– Аз чӣ донӣ?

Гуфт:

– Аз баҳри он ки ҳаргиз ба Хоразм намеояд.

ҲИКОЯТ

Падари Ҷуҳо ду моҳии бузург бад-ӯ дод, ки бифрӯш. Дар кӯчаҳо мегардонид. Бар дари хонае расид. Зане хубсурат ӯро дид. Гуфт: «Як моҳӣ ба ман бидеҳ». Ҷуҳо моҳӣ бидод... хушаш омад, моҳии дигар бидод... Пас бар дари хона нишаста гуфт:

– Қадре об мехоҳам.

Он зан кӯзае бад-ӯ дод ва бихӯрд ва кӯза бар замин заду бишкаст. Ногоҳ шавҳарашро аз дур бидид ва дар гиря афтод. Мард пурсид, ки:

– Чаро гиря мекунӣ?

Гуфт:

– Ташна будам. Аз ин хона об хостам. Кӯза аз дастам бияфтод, бишкаст. Ду моҳӣ доштам, хотун ба гарави кӯза бардоштааст ва ман аз тарси падар ба хона наметавонам рафт.

Мард ба зан итоб кард, ки «Кӯзае чӣ қадр дорад?!»

Моҳиҳо бигирифт ва ба Ҷуҳо дод, то ба саломат равон шуд.

ҲИКОЯТ

Туфайлиро пурсиданд, ки:

–Иштиҳо дорӣ?

Гуфт:

– Мани бечора дар ҷаҳон ҳамин матоъ дорам.

ҲИКОЯТ

Султон Маҳмуд пире заифро дид, ки пушторае хор мекашад. Бар ӯ раҳмаш омад. Гуфт:

– Эй пир, ду динор зар мехоҳӣ ё дарозгӯше, ё ду-се гӯсфанд, ё боғ, ки ба ту бидиҳам, то (ки) аз ин заҳмат халос ёбӣ?

Пир гуфт:

– Зар бидеҳ, то (ки) дар миён бандам ва бар дарозгӯше бинишинам ва гӯсфандон дар пеш гирам ва ба боғ биравам ва ба давлати ту дар боқии умр он ҷо биёсоям.

Султонро хуш омад ва фармуд, чунон карданд.

ҲИКОЯТ

Ҳакиме гуфта, ки ҳушёр дар миёни мастон монанди зинда дар миёни мурдагон аст. Аз нуқлашон мехӯрад ва ба уқулашон механдад.

ҲИКОЯТ

Кале аз ҳаммом берун омад, кулоҳаш дуздида буданд. Бо ҳаммомӣ моҷаро мекард. Ҳаммомӣ гуфт:

– Ту ин ҷо омадӣ, кулоҳ надоштӣ.

Гуфт:

– Эй мусулмон, ин сар аз он сарҳост, ки бекулоҳ ба роҳ тавон бурд?

ҲИКОЯТ

Яке аз дигаре пурсид, ки:

– Қаляро ба қоф кунанд ё ба ғайн?

Гуфт:

– Қаля на ба қоф кунанд ва на ба ғайн, қаля ба гӯшт кунанд.

ҲИКОЯТ

Шахсеро дар понздаҳуми рамазон бигрифтанд, ки ту рӯза хӯрдаӣ.

Гуфт:

– Аз рамазон чанд рӯз гузаштааст?

Гуфтанд:

– Понздаҳ рӯз.

Гуфт:

– Чанд рӯз мондааст?

Гуфтанд:

– Понздаҳ рӯз.

Гуфт:

– Мани мискин аз ин миён чӣ хӯрда бошам?!

ҲИКОЯТ

Қазвинӣ табаре дошт, ҳар шаб дар махзан (анбор) ниҳодӣ ва дар муҳкам бибастӣ. Занаш пурсид:

–Чаро табар дар махзан мениҳӣ?

Гуфт:

– То (ки) гурба набарад.

Гуфт:

– Гурба табар чӣ кунад?

Гуфт:

– Аблаҳ зане будаӣ! Шушпорае, ки ба як ҷав намеарзад, мебарад, табаре, ки ба даҳ динор харидаам, раҳо хоҳад кард?!

ҲИКОЯТ

Деҳқоне дар Исфаҳон ба дари Хоҷа Баҳоуддини соҳибдевон рафт. Ба хоҷасаро гуфт, ки: – Бо хоҷа бигӯй, ки Худо берун нишастааст, бо ту коре дорад. Ба хоҷа бигуфт. Ба эҳзори (ҳозир кардан) ӯ ишорат кард. Чун даромад, пурсид, ки:

– Ту Худойӣ?

Гуфт:

– Оре.

Гуфт:

– Чӣ гуна?

Гуфт:

– Ҳол он ки ман пеш деҳхудову боғхудову хонахудо будам. Наввоби (яъне ноибони) ту деҳу боғу хона аз ман ба зулм бистаданд, Худо (соҳиб) монд.

ҲИКОЯТ

Қазвиниро дандон дард мекард. Пеши ҷарроҳ рафт. Ҷарроҳ гуфт:

– Ду оқча бидеҳ, то (ки) барканам.

Гуфт:

– Як оқча беш намедиҳам.

Чун музтариб (дар изтироб ва ҳаяҷон) шуд, ночор ду оқча бидод ва сар пеш бурд ва дандоне, ки дард намекард, бад-ӯ намуд. Ҷарроҳ онро канд. Қазвинӣ гуфт: «Саҳв кардам». Он дандон, ки дард мекард, бад-ӯ намуд. Ҷарроҳ барканд. Қазвинӣ гуфт: Мехостӣ, ки сарфи ман барӣ ва ду оқча биситонӣ.

Ман аз ту зирактарам. Туро ба бозӣ харидам ва кифояти ту чунон кардам, ки як дандонам ба як оқча баромад.

ҲИКОЯТ

Гаронгӯше ба қазвинӣ гуфт:

–Шунидам, ки зан кардаӣ (гирифтаӣ).

Гуфт:

– Субҳоналлоҳ, ту ки чизе нашнавӣ, ин хабар аз куҷо шунидӣ?!

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Дар ҳикояти «Талҳак ва Хоразмшоҳ» кадом хислати қаҳрамон ошкор гаштааст?

2. Дар ҳикояти «Ҷуҳо ва кӯза» қаҳрамон бо кадом хислат тасвир ёфтааст?

3. Ғояи ҳикояти «Туфайлӣ»-ро чӣ тавр маънидод мекунед?

4. Дар ҳикояти «Султон Маҳмуд ва пири хоркаш» чӣ маънӣ дар назар дошта шудааст?

6. Ҳикояти «Кал дар ҳаммом»-ро маънидод намоед.

7. Ҳикояти «Қазвинӣ ва табар» ба кадом фазилати хоси қаҳрамон равшанӣ меандозад?

8. Дар ҳикояти «Қазвинӣ ва ҷарроҳ» кадом хислати одам зикр шудааст?

9. Дар ҳикояти «Гаронгӯш ва қазвинӣ» кадом фазилати инсонӣ мушоҳида мешавад?