Ошӯби ҷонӣ, шӯхи ҷаҳонӣ,
Беэътиқодӣ, номеҳрубонӣ.
Гоҳам навозӣ, гоҳам гудозӣ,
Гоҳе чунинӣ, гоҳе чунонӣ.
Аз пеши хешам то чанд ронӣ?
Заҳри фироқам то кай чашонӣ?
Ман меҳр варзам, оре, ман инам,
Ту кина варзӣ оре, ту онӣ,
Бе ҷурм куштан ҳар дам якеро
Натвон, валекин ту метавонӣ.
З-ин сон ки дорӣ аз хеш дурам,
Гар мирам аз ғам, аз ман надонӣ.
Гуфтам нисорат созам дури ашк,
Гуфто: Чӣ гӯям? Дур мечаконӣ.
Бо ту чӣ монад Хизру Масеҳо?
Умрӣ ту, ҳаргиз бо кас намонӣ.
Гар аз Камол, ай мунис, малулӣ,
Рафтам зи пешат, бурдам гаронӣ.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Ғазалро бурро қироат намоед.
2. Мундариҷа ва ғояи ғазалро таҳлил кунед.