ҚИССАИ РУСТОӢ, КИ ДАРОЗГӮШИ ПИРИ ЛАНГИ
ПУШТРЕЗ БА БОЗОРИ ХАРФУРӮШОН БУРД
Содамарде зи ақл дуртарак
Дошт дар деҳ яке заиф харак.
Хараке пиру сусту лоғару ланг,
Ки нарафтӣ ду рӯз як фарсанг...
Ҳаргиз аз зарби газ напаймудӣ,
Роҳро ҷуз ба газ напаймудӣ.
Буд доим зи захми марди салим
Сурх кемухти1 ӯ ба ранги адим2.
Гар расидӣ ба ҷӯяке борик,
Ҳама олам бар ӯ шудӣ торик...
Рӯзе он содарӯй шаҳраш бурд,
Ба ҳарифони харфурӯш супурд.
Яке аз ҷамъ харфурӯшона
Баҳри ин кор риш зад шона.
Бонг мезад, ки «кист дар бозор,
Ки харад баҳри худ хари раҳвор?
Хар магӯ, астари3 ҷавону равон,
Сахт дар роҳу тунд дар майдон.
Ҷаҳад аз ҷой, агар расад ба масал,
Сояи тозиёнааш ба кафал4.
Балки дар сояаш гар ояд пеш,
Гомҳо5 бигзарад зи сояи хеш,
Меҷаҳад ҳамчу бод ҷой ба ҷой,
Меравад ҳамчу об дар гилу лой.
Ҳаст ҷӯйи бузургу наҳри азим
Пеши ӯ кам зи ҷадвали тақвим!»
Халқ аз он гуфтугӯй механдид,
Лекин он содамард чун бишнид,
Сар фарогӯши харфурӯш овард:
К – «Ай ба бозори харфурӯшон фард,
Агар ин қисса рост мегӯйӣ,
Роҳи ин арса рост мепӯйӣ,
Сухане гӯямат, ба ман кун гӯш,
Ба манаш боздеҳ, ба кас мафрӯш.
Дер шуд, к-инчунин ситуда улоғ,
Ки ту гуфтӣ, кунам ба шаҳр суроғ.
Ай аҷаб, к-он худ они ман будаст,
Рӯзу шаб зери рони ман будаст.
Ёр дар хонаву ба гирди ҷаҳон
1 Кемухт – пӯсти пушт.
2 Адим – пӯст, чарм.
3 Астар – хачир.
4 Кафал – рон.
5 Гом – қадам.
Ман талабгораш ошкору ниҳон!»
Посухаш дод, к- «Ай салимулқалб1,
Карда даҳр аз ту фаҳму дониш салб2.
Балки ҳаргиз туро набудаст он,
К-аз ту, гӯям, касе рабудаст он.
Солҳо шуд, ки рокиби3 ӯйӣ,
Қиссаи ӯ зи ман чӣ меҷӯйӣ?
Ба газофе4, ки дар забон ду-се бор
Рондам аз баҳри гармии бозор,
Дар сифатҳои ин матои сақат5
Аз ҷаҳолат чӣ уфтӣ ба ғалат?!»
Қиссаи он хирс, ки обаш мебурд
Хирсе аз ҳирси туъма бар лаби рӯд
Баҳри моҳӣ гирифтан омада буд.
Ногаҳ аз об моҳие барҷаст,
Бурд ҳолӣ ба сайди моҳӣ даст.
Пояш аз ҷой шуд, дар об афтод,
Пӯстин з-ин хато дар об ниҳод...
Об бас тез буду паҳновар,
Хирси мискин дар об шуд музтар.
Дасту по зад басею суд надошт,
Оқибат хешро ба об гузошт.
Аз бало чун ба ҳила натвон раст,
Бояд он ҷо зи ҳила шустан даст.
Ҳамчу хике, ки пашмноканда
Бошад аз рахту пахт оканда,
Бар сари об чархзан мерафт,
Даст шуста зи ҷону тан мерафт.
Ду шиновар зи дур бар лаби об
Баҳри коре ҳамешуданд шитоб.
Чашмашон ногаҳон фитод бар он,
1 Салимулқалб – содадил.
2 Салб – ситондан.
3 Рокиб – савор.
4 Газоф – дурӯғ.
5 Сақат – паст, ноқис, мурда.
Аз таҳайюр шуданд хира дар он,
К- «Он чӣ чиз аст, мурда ё зиндаст,
Пӯсте аз қумош огандаст?»
Он яке бар канора манзил сохт
В-он дигар хешро дар об андохт.
Ӯ шино кард, то бар он бирасид,
Хирс худ махласе1 ҳаметалабид.
Дар шиновар ду даст зад муҳкам,
Бозмонд аз шино шиновар ҳам.
Андар он мавҷ гашта аз ҷон сер,
Гоҳ боло ҳамешуду гаҳ зер.
Ёр чун дид ҳоли ӯ зи канор,
Бонг бардошт, к- «Ай гиромӣ ёр!
Гар гарон аст пӯст, бигзораш,
Ҳам бад-он мавҷи об биспораш».
Гуфт: «Ман пӯстро гузоштаам,
Даст аз пӯст боздоштаам.
Пӯст аз ман даме надорад даст,
Балки пуштам ба зӯри панҷа шикаст!»
Ҷаҳд кун, ҷаҳд, ай бародари пук,
Пӯст донӣ зи хирсу хик зи хук.
ТАМСИЛ
Гуфт рӯбоҳбачча бо рӯбоҳ,
К- «Ай зи макри сагони деҳ огоҳ,
Бозие кун кунун маро таълим,
Ки бад-он аз сагам набошад бим».
Гуфт: «Аз он бозие набинам беҳ,
Ки ту дар дашт бошӣ, ӯ дар деҳ.
Чашми вай бар ту, чашми ту бар вай
Нафитад, варна, афтадат дар пай».
1 Махлас – маҳалли халос.
Ҳикояи пирзоле, ки роҳ бар Санҷар гирифта
Буд дар Марви Шоҳҷон1 золе,
Ҳамчу золи ҷаҳон куҳансоле.
Рӯзе омад зи ханҷари ситаме
Бар вай аз як-ду лашкарӣ аламе.
Аз тазаллум забон чу ханҷар кард,
Рӯй дар раҳгузори Санҷар кард.
Дид, к-аз роҳ мерасад Санҷар,
Бурда аз саркашӣ ба Кайвон сар.
Бонг бардошт, к-«Ай парешонкор,
Гӯши худ сӯйи синарешон дор!»
Гӯши Санҷар чу он нафир шунид,
Борагӣ2сӯйи гандапир кашид.
Гуфт, к- «Ай пирзан, чӣ афтодат,
Ки зи гардун гузашт фарёдат?»
Гуфт: «Ман ранҷкаш яке золам,
Камтар аз сад ба андаке солам.
Хуфта дар хонаам се-чор ятим,
Дилашон баҳри ним нон ба ду ним.
Ғайри нони ҷавин нахӯрда таом,
Карда ширин даҳон зи мева ба ном.
Бо ман имсол гуфтугӯ карданд
В-аз ман ангур орзу карданд.
Сӯйи деҳ ҷустам аз ватан дурӣ,
Тан ниҳодам ба ранҷи муздурӣ,
Дастам инак чу панҷаи муздур
З-обила пур чу хӯшаи ангур.
Чун зи деҳ дастмузди худ ситадам,
Пур шуд аз орзуш ҳам сабадам.
Бо дили хурраму лаби хандон
Рӯ ниҳодам ба сӯйи фарзандон.
Як-ду бедодгар зи лашкари ту
Дар ради адлу зулм ёвари ту.
1 Шоҳҷон – шакли кӯтоҳи Шоҳи ҷаҳон, номи қадимии шаҳри Марв дар Туркманистони имрӯза.
2 Борагӣ – асп.
Бар мани хаста ғорат оварданд,
Сабадам з-орзу тиҳӣ карданд...
Ту чунин фориғӣ, ҷигархорон
Аз ҷафои ту хуни дил борон.
Ин чӣ шоҳию мамлакатдорист,
Дар дили халқ тухмиғамкорист?
Даст аз адлу дод доштаӣ,
Золимон бар ҷаҳон гумоштаӣ.
Гарчи имрӯз нест ҳадди касе,
Ки барорад зи зулми ту нафасе,
Чун ҳувайдо шавад садои нуҳуфт,
Чӣ ҷавоби Худой хоҳӣ гуфт?!...
Пеш аз он к-ат аҷал даҳон бандад,
Хасмат аз ашки дӯстон хандад,
Чашм бикшо, чу оқибатбинон
Бинигар ҳоли зори мискинон!»
Шоҳ Санҷар чу ҳоли ӯ донист,
Сабр бар ҳоли хеш натвонист.
Даст бар рӯ ниҳоду зор гирист,
Гуфт бар худ, ки «Ин чӣ коргарист?
Туф бар ин хусравию шоҳии мо,
Туф бар ин зиштию табоҳии мо!...»
Баъд аз он гуфт, к-он ду золимро
В-он ду сардафтари мазолимро
Дафтари умр пора-пора кунанд,
То ҳама золимон назора кунанд.
ҲИКОЯТИ ҲОТАМ
Ҳотам – он баҳри ҷуду кони ато,
Рӯзе аз қавми хеш монд ҷудо.
Уфтодаш гузар ба қофилае,
Дид асире, ба пой силсилае.
Пешаш омад зи баҳри дасти кушод,
Хост з-ӯ фидя1, то шавад озод.
Ҳотам он ҷо надошт ҳеч ба даст,
Бар вай аз бори он расид шикаст.
1 Фидя – хунбаҳо, сарбаҳо.
Ҳолӣ аз лутф пой пеш ниҳод,
Банди ӯро ба пойи хеш ниҳод.
Сохт з-он банди сахт озодаш,
Изни рафтан ба ҷойи худ додаш.
Қавми Ҳотам зи пай расидандаш,
Чун асирон ба банд дидандаш.
Фидяи ӯ зи моли ӯ доданд,
Пойи ӯ ҳам зи банд бикшоданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Дар қиссаи «Рустоии харфурӯш» кадом хислатҳои деҳотиён ошкор шудааст?
2. Тамсили «Хирс, ки обаш мебурд» ба ин қисса чӣ муносибат дорад?
3. Дар «Ҳикояти пирзоле, ки роҳ ба Санҷар гирифта» Ҷомӣ ба кадом бозёфти азим муваффақ ва комёб гаштааст?
4. Дар «Ҳикояти Ҳотам» кадом хислати наҷибу ҳамидаи инсонӣ ситоиш ёфтааст?