Қиссаи куланг

Гозуре1 дар навоҳии Бағдод

Буд дар кори гозурӣ2 устод.

Бар лаби Даҷла гозурӣ кардӣ,

Рӯзии худ зи гозурӣ х(в)ардӣ.

Бар лаби об доимо медид,

Ки куланге бузург мегардид.

Кирмаке чун зи об бинмудӣ,

Нӯл кардӣ дарозу бирбудӣ.

Ба ҳамон аз ҷаҳон қаноат дошт,

Ғайри он ҷумла бод мепиндошт.

Дошт бо «азза, ман қанаъ» пайванд3,

Буд парвозгоҳаш авҷи баланд.

Хор нокарда «залла, ман тамаъ»-аш,

1 Гозур – ҷомашӯй, либосшӯй.

2 Гозурӣ – либосшӯйӣ.

3 Азза, ман қанаъ – Шахси қонеъ азиз аст. Аз мақоли машҳури арабӣ, ки маъни- яш: қонеъ азиз мешавад ва тамаъкор хор.

Буд бе зиллати тамаъ шабаъаш1.

Ногаҳон рӯзе аз ҳаво бозе

Тезгарде, баландпарвозе

Кард сӯйи кабӯтаре оҳанг,

Нойи2 ӯро гирифт сахт ба чанг.

Аз сари ҳиммати баланд, ки дошт,

Андаке хӯрду бештар бигзошт.

Аз карам нест мудхилӣ3 кардан

Хон4 ниҳодан, тамом худ х(в)ардан

Беҳ аз он суфра чуфраи оташ,

Ки аз он шуд гуруснае дилх(в)аш.

Чун бидид он куланги соданиҳод,

Оташе дар ниҳоди ӯ афтод.

Гуфт: «Ман худ ба ҷусса з-ӯ бешам,

Шеваи ӯ чаро наяндешам?

Бод аз ин кору бори хешам шарм,

Ки ба кирме шавам чунин дилгарм.

Ҳама олам пур аз вуҳушу туюр5,

Чанд бошам ба кирмаке мағрур?!

Баъд аз ин ҳиммате ба кор кунам,

Лоиқи хештан шикор кунам.

Ба ҷаҳон дардиҳам салои карам,

Худ хурам туъмаву хуронам ҳам».

Ин бигуфту кушод бол чу боз,

Аз замин кард бар ҳаво парвоз.

Аз қазо дид, к-аз миёни ҳаво

Шуд мутаввақ6 ҳумомае7 пайдо,

Кард бар вай ба сони боз камин,

То фурӯ гирадаш ба чангули кин.

Сарнигун шуд зи бахти бадфармой,

1 Шабаъ – серӣ.

2 Ной – гулу.

3 Мудхилӣ – бахилӣ, хасисӣ.

4 Хон – дастархон.

5 Вуҳушу туюр – ҳайвоноту парандаҳо.

6 Мутаввақ – тавқдор.

7 Ҳумома – кабӯтар.

Дар ғадире1 фитод пургилу лой.

Монд дар лою гил пару болаш,

Шуд ба идбор2 мудбар иқболаш..

Дид гозур шикорие бе фах3,

Гуфт: «Баҳ, баҳ, ки нек шуд матбах!»

Баргирифташ равону бо дили шод

Рӯ ба хилватсаройи хеш ниҳод.

Кард шахсе савол аз ӯ ба шигифт,

К-ин чӣ мурғ аст? Дар ҷавобаш гуфт:

«Ин кулангест, карда шаҳбозӣ,

Хӯрда з-ин санъати табаҳ бозӣ,

Сохта аз пайи шикор фане,

Карда худро шикори ҳамчу мане».

Ҳар кӣ афзун кашад қадам зи гилем,

Афканад хешро ба вартаи бим!

Бозро дар шикор будан беҳ,

Ҷуғдро ҷуғдвор будан беҳ.

Фаррух он кас, ки вори хеш бисохт,

Кори худро ба вори4худ пардохт.

Шуд ба ҳикмат баландовоза,

Гом5 берун назад зи андоза.

Мутақориб6 ниҳод дар раҳи ком7,

Мутаҷониб зи тафраи8 наззом9.

Ҳар кӣ зад тафра аз сари сарфа

То ба мақсад расад ба як тарфа,

Нарасидаш ба пойи мақсад даст,

Гардану пушт ҳар ду хурд шикаст.

Мурғи наврас нагашта неруманд,

Мепарад з-авҷи ошёни баланд.

1 Ғадир – обгир, оби ҷамъшуда.

2 Идбор – бадбахтӣ.

3 Фах – дом.

4 Вор – лаёқат.

5 Гом – қадам.

6 Мутақориб – наздик.

7 Ком – мақсад.

8 Тафра – хез задан, барҷастан.

9 Наззом – назмдиҳанда, батартибоварда.

Мезанад парру шарру1 боли вабол2,

Мекунад чарб гурбаро чангол.

В-ар ту гӯйӣ, ки ҳиммати олӣ,

К-аз ҳавову ҳавас бувад холӣ,

Талаби мақсади баланд кунад,

Майли мақсуди арҷманд кунад.

Аз умури данӣ3 ба беҳуда

Накунад домани худ олуда,

Хуш набошад, ки бози шаҳпарвар

Ба ҳавои магас кушояд пар...

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Қисса ва ҳикоятро бодиққат хонда, мазмуни онҳоро нақл

кунед.

2. Дар «Қиссаи куланг» кадом хислатҳои нописандидаи одамӣ

мазаммат карда шудааст?

3. Бигӯед, ки чаро куланг ҳаваси шикори кабӯтар карду худ

шикори дигаре шуд?

4. Дар ин байти Ҷомӣ:

«Ҳар кӣ афзун кашад қадам зи гилем,

Афканад хешро ба вартаи бим» – кадом ҳикмати халқ ҷой

дода шудааст?