Ҳикояҳо аз «Анвори Суҳайлӣ» («Калила ва Димна»)

Ин ҳикоят тахминан дар асри IV ё соли 300 (яъне тақрибан 1700 сол пеш аз ин) аз тарафи муаллифи номаълуме дар Ҳиндустон таълиф гардидааст.

Аммо матни аслии он то замони мо нарасидааст. Он китобе, ки аз рӯйи он таҳрирҳову тарҷумаҳои баъдӣ ба вуҷуд омадааст, соли 1199 таҳрир ёфтааст. Манбаъҳои «Калила ва Димна» дар Ҳиндустон бо номҳои «Панчатантра» (яъне «Панҷ китоб»), «Маҳабҳарата» ва «Ҳитобатеча» машҳур аст.

Ҳукмрони сулолаи Сосониён – Хусрави Анӯшервон (531 – 579) шунидааст, ки дар кӯҳҳои Ҳинд гиёҳе мерӯйидааст, ки агар онро ба мурда диҳанд, зинда мешудааст. Анӯшервон Барзуя – ном ҳакими худро барои дастрас намудани он гиёҳ ба Ҳиндустон мефиристад. Барзуя дар кӯҳсори Ҳиндустон ин гиёҳро бисёр ҷустуҷӯ мекунад, вале пайдо карда наме тавонад. Аз донишманди куҳансоли Ҳинд сирри ин гиёҳи «ҷонбахш»-ро мефаҳмад: гиёҳи ҷонбахш китоби «Калила ва Димна» будааст, ки суханони пандомӯзи он одамони нодони ба мурда баробарро донову бино мекардааст. Барзуя он китобро пайдо мекунад ва онро нусхабардорӣ карда, ба Эрон назди Анӯшервон меорад. Тахмин мекунанд, ки Барзуя «Калила ва Димна»-ро ба забони паҳлавӣ тарҷума кардааст.

Дар натиҷаи ҳамлаи арабҳо бисёр осори тамаддун ва адабиёти халқҳои Эрону Осиёи Миёна аз байн рафт. «Калила ва Димна» хушбахтона боқӣ монд ва дар асри VIII аз забони паҳлавӣ ба арабӣ ба қалами шоир ва мутарҷими машҳур Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ тарҷума шуд.

«Калила ва Димна» баъдтар тадриҷан ба забонҳои юнонӣ, славянӣ, яҳудӣ, лотинӣ, ҳамагӣ ба шаст забон тарҷума шуда, дусад бор таҳрир ёфт.

Дар асри XII Абулмаолии Насруллоҳ «Калила ва Димна»-ро аз забони арабӣ аз нав ба забони форсӣ тарҷума намуд. То асри XV тарҷумаи форсии Абулмаолии Насруллоҳ шуҳрати зиёд дошт. Бо мурури замон, баробари тағйироти сиёсию иқтисодӣ, ақидаву афкори иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, завқу писанди бадеӣ низ тағйир ёфт. Акнун зарурати аз нав таҳрир намудани «Калила ва Димна» ба вуҷуд омад. Нависандаи барҷаста, олими намоён ва воизи беҳамтои асри XV Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ либоси нав пӯшонида, «Калила ва Димна»-ро аз нав таҳрир намуд. Ӯ ба шарафи Шайх Аҳмади Суҳайлӣ, ки аз хоссони Султон Ҳусайни Бойқаро (1468 – 1506) буд, ба ин китоб «Анвори Суҳайлӣ» ном гузошт.

Ҳикояти «Калила ва Димна» таърихи дуҳазорсола дорад ва дар муддати бист қарн, бешубҳа, аз ҷиҳати мазмун, сабк ва услуб борҳо тағйир ёфтааст.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба китоби «Калила ва Димна» ҳикояи подшоҳи Чин ва ба воситаи он ҳикояти Рой Добшилим ва Бараҳман Бидпойро дохил намуд.

Дар мамлакати Чин подшоҳи адолатпарваре буд, ки ӯро Ҳумоюнфол мегуфтанд. Ӯ Хуҷастарой – ном вазири донишманду соҳибтадбире дошт. Рӯзе шоҳу вазир бо лашкари зиёд ба шикор баромаданд. Рӯзи дароз онҳо дар дашту кӯҳсор ҷонварону ҳайвонотро сайд намуданд. Баъди шикор шоҳ лашкари худро ҷавоб дода, ҳамроҳи вазир ва чанд тан аз сипоҳиён ба тарафи шаҳр равона шуд.

Ҳумоюнфол ба Хуҷастарой пешниҳод намуд, ки дар ҷое сояву хушҳаво каме истироҳат намуда, пас ба роҳ бароянд.

Хуҷастарой ӯро ба доманаи кӯҳе, ки марғзори сабзу хуррам ва чашмасорҳои бешумор дошт, овард. Онҳо дар лаби ин чашмаҳо ва сояи дарахтҳо нишаста, истироҳат мекарданд. Дар марғзор дарахти куҳнаи себ буд, ки аз нашъунамо монда, танаи он аз захми кирмон холӣ шуда буд. Дар ковокии ин дарахт занбӯрҳои асал хона сохта буданд ва бо тартиб даробаро мекарданд. Ҳумоюнфол, ки ин ҳолро пеш аз ин надида буд, чӣ будани ин занбӯрҳо ва сабаби такудави онҳоро аз вазири худ пурсид. Хуҷастарой ҷавоб дод:

– Ин занбӯрҳо гурӯҳеанд, ки манфиати бисёру зарари андаке доранд. Онҳо подшоҳе доранд, ки ба ҷусса аз онҳо бузургтар аст ва ҳамаи онҳо ба ӯ сари итоат хам кардаанд: барои идора намудани онҳо вазир, ҳоҷиб, дарбон, посбон ва нақиби лашкар таъйин намудааст. Ҳар як аз ин занбӯрҳо барои худ аз мум хонаи шашкунҷае сохтаанд ва ба ҳукми султонашон аз хонаҳояшон берун меоянд. Амирашон мефармояд, ки онҳо тани худро ба ҳар чизи нопок олуда насозанд. Аз ин сабаб, онҳо фақат болои гулу шукуфаҳои тоза нишаста, гардҳои онро мехӯранд.

Аз гарди ин гулу шукуфаҳо дар дохили онҳо шарбате ҳосил мешавад. Вақте ки ба хонаҳои худ меоянд, дарбонон онҳоро тафтиш мекунанд, агар мабодо аз онҳо бӯйи баде ояд, ҳамон замон онҳоро ду пора карда, мекушанд. Агар дарбонон тағофул кунанд ва дар ҳамин ҳол онҳоро ба хона роҳ диҳанд, подшоҳ аз ин бӯйи бад хабардор шуда, ҳам он занбӯр ва ҳам он дарбонро мекушад. Агар фарзанди занбӯре аз занбӯрхонаи дигар ба хонаи онҳо даромаданӣ шавад, онро даромадан намемонанд, агар гӯш накунад, ӯро низ ба қатл мерасонанд. Ривоят мекунанд, ки Ҷамшед тарзи давлатдориро бо усули ҳамин занбӯрҳо сохта будааст.

Ҳумоюнфол аз ин суханони Хуҷастарой дар ҳайрат монда гуфт:

«Аҷаб дар он аст, ки бо вуҷуди сирати ҳайвонӣ доштанашон якдигарро озор намедиҳанд ва ҳарчанд неш дошта бошанд ҳам, ҳосили он фақат шарбати нӯш аст. Мо дар байни одамон хилофи ин одатро мебинем, ки ҷамъе аз онҳо ба гурӯҳи дигаре зарар мерасонанд ва мехоҳанд, ки бунёде ҳамчун худро барандозанд».

Пас шоҳу вазир аз ахлоқи инсонӣ ва муносибати одамон бо ҳамдигар хеле суҳбатҳо карданд. Дар зимни ин суҳбат Хуҷастарой гуфт:

– Ҳар подшоҳи одил, ки мадори кори худро бар ҳикмат ниҳад, панду насиҳати ҳакимон ва донишмандонро дастури амалу кори худ кунад, ҳам мамлакаташ ободон ва ҳам раияташ хушдилу шодон хоҳанд шуд. Чунончи, ройи аъзам Добшилими ҳиндӣ, ки асоси салтанати худро аз рӯйи қоидаҳои ҳакими донишманд Бараҳман Бидпой сохта буд, рӯзгори худро ба комронӣ гузаронида.

Ҳумоюнфол мегӯяд, ки ӯ ҳам аз қиссаи ин ройи аъзам бисёрҳо шунидааст, аммо тафсили он то ҳол ба ӯ маълум нест. Сипас аз Хуҷастарой хоҳиш намуд, ки ин қиссаро батафсил ба ӯ ҳикоя кунад.

Хуҷастарой гуфт:

– Дар яке аз кишварҳои Ҳинд подшоҳе буд, ки ӯро Рой Добшилим мегуфтанд. «Добшилим» ба забони ҳиндӣ подшоҳи бузургро гӯянд. Добшилим шоҳи ниҳоят раиятпарвар ва саховатманд буд. Дар суҳбати ӯ пайваста ҳакимони донишманд ва олимони фозил ҳозир буданд.

Рӯзе Добшилим маҷлисе ишрат ороста буд. Дар ин маҷлис аз хислатҳои писандида ва сифатҳои ситудаи одамон ва шоҳон сухан мерафт. Дар айни суҳбат сухан аз саховатмандӣ ва эҳсону инъом ба миён омад. Ҳама гуфтанд, ки барои инсон ва махсусан шоҳон, хислати беҳтарин ва писандидатарин саховатмандист.

Добшилим чун ин суханҳо шунид, фармуд, ки дари хазинаро кушоянд ва зару сим ба хоссу ом бидиҳанд. Аз ин саховат ва инъомҳои бисёру бешумори шоҳ хурду калон хурсанду хушдил шуданд.

Ҳамин шаб Добшилим дар хоб дид, ки пирамарди нуроние пеши ӯ омада гуфт:

– Имрӯз ту ганҷи гаронмояро ҳадяи хоссу ом ва хурду калон кардӣ. Субҳдам бархез ва ба сӯйи Машриқ бирав, ки дар он ҷо ганҷе ниҳон аст ва он насиби туст.

Пагоҳии барвақт Добшилим аз ҷой бархоста, савор ба сӯйи Шарқ равон шуд. Ӯ ба домани кӯҳи баландқуллае расид, ки дар зери он ғори бетаге буд. Бар дари он ғор пирамарди равшандиле нишаста буд. Добшилим чун назди он пир расид, салом кард, пирамард аз дилҷӯйии шоҳ хурсанд шуда, ӯро таҳният хонд ва гуфт:

– Шоҳо, ман ба расми туҳфа ганҷномаеро, ки аз падарам мерос мондааст, ба ту тақдим медорам. Дар он ганҷнома навишта шудааст, ки дар гӯшаи ин ғор ганҷи фаровоне ҳаст. Ман, ки аз давлати дунё даст кашидаам, мехоҳам, ки ин ганҷро ту бибарӣ ва сарфи давлати худ бисозӣ.

Добшилим ба хидматгорон фармуд, ки атрофи он ғорро бикованд. Дар андак муддате хидматгорон сандуқи бисёре пайдо карда, пеши шоҳ оварданд. Добшилим фармуд, сари сандуқҳо кушоданд, дар онҳо симу зари фаровон ва туҳфаҳои бешумор диданд. Аммо дар байни ин сандуқҳо сандуқе диданд, ки бо бандҳои муҳкам баста ва қуфли румие ба он зада буданд. Ҳарчанд ҷустуҷӯ карданд, калиди ин қуфл пайдо нашуд. Бо фармоиши Добшилим оҳангарони чобукдаст мувофиқи он қуфл калиде сохта, сандуқро кушоданд ва аз он дурҷе берун оварданд. Даруни он дурҷ ҳуққае буд. Ҳуққаро пеши шоҳ оварда кушоданд, ки аз он пораи ҳарире берун омад, дар рӯйи ҳарир ба хатти сурёнӣ чизе навишта буд.

Пас олимеро, ки аз хатту забони сурёнӣ воқиф буд, ҳозир карданд ва он олим мазмуни ин хатро чунин шарҳ дод:

– Ин ганҷнома мактубест, ки анвои манфиату фоидаҳо дар он дарҷ ёфтааст. Мазмуни мухтасари он ин аст: Ман, ки Ҳушанг – подшоҳам, ин нома ва хазинаро барои ройи аъзам – Добшилим ниҳодаам. Медонам, ки вақте ки ҳамаи ин ганҷҳо насиби ӯ мешавад, ин васиятномаро низ байни ин ганҷҳо ниҳодам, то ки ӯ ба зару сим фирефта нашуда, аз рӯйи ҳамин васиятнома корҳои худро анҷом диҳад. Васияти аввал он аст, ки агар подшоҳ ҳар касро аз ҷумлаи мулозимонаш ба худ наздик созад, ҳаргиз бадгӯии дигаронро дар ҳаққи ӯ қабул насозад, зеро ҳар кӣ ба подшоҳ наздик шуд, албатта, ҷамъе аз ҳамкорон ба ӯ ҳасад мебаранд ва дар ҳаққи ӯ ҳар гуна бадгӯйӣ мекунанд, то ӯро аз пой дароваранд.

Васияти дувум: ба маҷлиси худ касони хабаркаш ва ғараздорро роҳ надиҳад ва агар ин сифатро аз касе мушоҳида кунад, ҳар чӣ зудтар дар пайи пешгирии зарари ӯ шавад.

Васияти севум: бо арбоби давлати худ ҳамеша тариқи мувофиқат ва накухоҳиро риоя намояд, зеро ба иттифоқи дӯстони якдилу якҷиҳат кор ҳамеша пешрав аст.

Васияти чорум: ба лутфу меҳрубонии душман ҳаргиз бовар накунад, ки аз душман ҳаргиз дӯстӣ наёяд.

Васияти панҷум: чун гавҳари мурод ба даст даромад, дар муҳофизати он ғафлат накунад, ки агар мабодо мақсуд аз даст равад, ба даст овардани он басо душвор аст ва дар рафтани он пушаймонӣ суд надорад.

Васияти шашум: дар корҳо шитобзадагӣ ва сабуксорӣ накунад, балки тааммулу таанниро пеш гирад, ки зарари таъҷил бисёру манфиати сабру сукун бешумор аст.

Васияти ҳафтум: ҳеҷ гоҳ тадбиру чораандеширо фурӯ нагузорад. Чун бинад, ки ҷамъе аз душманон ба қасди вай иттифоқ кардаанд, салоҳ дар он бинад, ки бо яке аз онҳо дӯстию меҳрубонӣ карда, ба ин васила роҳи халосӣ ёбад.

Васияти ҳаштум: аз касони ҳасуд ва бадкина ҳазар кунад ва ба нармзабонии онҳо мағрур нашавад, чун ниҳоли кина дар замини сина нишонда шуд, самари он танҳо зарару озор хоҳад буд.

Васияти нуҳум: анвор ва бахшидани гуноҳро шиори худ созад ва мулозимони худро ба андак ҷурме ба азобу шиканҷа гирифтор насозад.

Васияти даҳум: гирди озори ҳеҷ кас нагардад, то ки ба тариқи мукофот ба худи ӯ зарар нарасад.

Васияти ёздаҳум: ба коре, ки мувофиқи тавру лоиқи ҳоли ӯ набошад, майл накунад.

Васияти дувоздаҳум: дар корҳо ҳамеша ҳалиму вазнину босубот бошад.

Васияти сездаҳум: мулозимони азим ва боварбахш ба даст оварда, аз мардуми хоин ва ғаддор дурӣ гузинад.

Ҳар як аз ин васиятҳо, ки ёд кардем, достоне ва ҳикояте дорад. Агар Рой хоҳад, ки ба тафсили ин достону ҳикоёт хабар ёбад, бояд ба Сарандеб равад, ки сирри ин гуфтор дар ҳамон ҷо кушода хоҳад шуд.

Добшилим чун ин суханҳо шунид, бо чанде аз арбоби давлат азимати сафари Сарандеб намуда, ба роҳ баромад. Ӯ ба шаҳри Сарандеб расида, ду-се рӯз аз ранҷи роҳ баросуда, баъд бо ду-се тан аз маҳрамони худ ба сӯйи кӯҳи Сарандеб равон гашт. Вақте ки ба болои кӯҳ расид, назараш ба ғоре афтод, ки он маскани ҳакими донишманд Бидпой будааст. Маънии «Бидпой» ба забони ҳиндӣ «табиби меҳрубон» аст. Добшилим ба зиёрати ӯ рафт. Бараҳман Бидпой ӯро бо меҳрубонӣ қабул намуд, сабаби ранҷи қадам пурсид. Добшилим қиссаи худ ба Бараҳман бозгуфт ва аз васиятномаи Ҳушанг сухан ба миён овард. Добшилим як-як аз ин васиятҳоро ба ҳакими донишманд Бидпой Бараҳман арз мекард ва Бараҳман дар он боб ба Добшилим ҳикоятҳо мегуфт. Китоби «Калила ва Димна» баёни ҳамин саволу ҷавоби Рой ва Бараҳман аст.