Ҳикояи «Тадбири бӯзинагон»

Овардаанд, ки ҷамоате бӯзинагон дар кӯҳе маъво доштанд ва ба меваву гиёҳҳои он рӯзгор мегузарониданд. Иттифоқо, дар шабе сиёҳтар аз дили гунаҳкорон ва тиратар аз даруни табоҳрӯзгорон лашкари сармо ба онҳо тохтан овард ва аз сахтии сармо асари хун дар дили онҳо фишурдан оғоз кард. Бечорагон аз сармо ранҷур шуда, паноҳе меҷустанд ва ба талаби он ба ҳар гӯшае медавиданд. Ногоҳ ба тарафи роҳ ёраи дурахшоне афканда диданд ва ба гумони он ки оташ аст, ҳезум ҷамъ оварданд, гирдогирди он чида, дам дар ӯ медамиданд. Дар баробари онҳо мурғе бар дарахте овоз медод, ки «он оташ нест». Аммо онҳо илтифот нанамуданд ва аз он кори бефоида бознаистоданд. Иттифоқо, дар ин асно мурғе дигар он ҷо расид ва он мурғро гуфт: – Ранҷ мабар, ки ба гуфтори ту аз ин кор бознамемонанд ва ту беҳуда ранҷур мешавӣ. Дар тарбияти чунин касон саъй намудан ҳамчунон бошад, ки шамшерро бар санг озмудан:

Ҳар кӣ дар асл бадниҳод афтод,

Ҳеҷ некӣ аз ӯ мадор умед,

З-он ки ҳаргиз ба ҷаҳд натвон сохт

Аз калоғи сиёҳ бози сафед.

Мурғ чун дид, ки сухани ӯ намешунаванд, аз ғояти шафқат аз дарахте фуруд омад, то насиҳати худро дурусттар ба гӯши онҳо расонад ва онҳоро дар ин ранҷи беҳуда, ки мекашанд, танбеҳ кунад. Бӯзинагон гирдогирди мурғ даромада, сараш аз тан ҷудо карданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Бо луғати ҳикоят шинос шавед.

2. Бигӯед, ки кадом калимаҳои навро омӯхтед?

3. Бӯзинагон ба чӣ сахтӣ гирифтор шуданд?

4. Онҳо ба чӣ фирефта шуданд?

5. Мурғон ба онҳо чӣ тавр муносибат намуданд?

6. Мурғи аввал ба ивази дилсӯзӣ чӣ подош гирифт?

7. Аз ин ҳикоят кадом панд бармеояд?