Вақти он аст, эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст, эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам,
Решааш буррӣ зи бех,
То расӣ,
Манҳус – анчарро1 кунӣ бешоху барг!
Як ҷаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,
То Ватанро дӯст дорад, дӯст дорад то абад.
Сад ҷаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм,
То фашистонро кунад бо нафраташ гӯр оқибат!
Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрӯз ман
Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!
Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирӯзманд,
Дорадам имрӯз аз ҳаррӯза ёрам дӯсттар:
Он на ман бошам, амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
«Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
1 Анчар (ангар) – номи дарахти заҳрдор.
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре»1.
Вақти он аст, ай қалам! Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст, ай сухан! Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ,
Манҳус – анчарро кунӣ бешоху барг!
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Шеъри боло дар кадом навъи адабӣ эҷод шудааст?
2. Шеърро бурро ва ифоданок қироат намоед.
3. Мазмуни шеърро нақл кунед.
4. Шоир қудрати қаламу суханро ба чӣ ташбеҳ додааст?
5. Зери мафҳуми «манҳус – анчар» кӣ дар назар дошта шудааст?
6. Чаро шоир ин қадар қатъӣ ба қаламу сухан рӯ овардааст?
7. Дар сарлавҳаи шеър кадом ҳиссиёти шоир баён ёфтааст?
1 Ин байт аз Саъдии Шерозист.