Фазлиддин Муҳаммадиев

Фазлиддин Муҳаммадиев 15-уми июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи саҳҳоф (ҷилдсоз) ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна ходими адабии рӯзномаи

«Тоҷикистони сурх» буд. Соли 1951 мактаби марказии комсомоли Кумитаи марказии комсомолро дар шаҳри Маскав хатм намуд ва ба кори рӯзноманигорӣ машғул шуд. Ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» («Комсомоли Тоҷикистон»), муҳаррири «Газетаи муаллимон», мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», котиби масъули маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», мудири шуъбаи наср ва котиби масъули маҷаллаи «Шарқи сурх» («Садои Шарқ») буд.

Соли 1962 курсҳои олии адабиро дар назди Институти адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Маскав хатм намуда, дар идораи маҷаллаи «Хорпуштак», киностудияи «Тоҷикфилм» ва нашриёти «Ирфон» кор кардааст. Баъдтар вазифаҳои мудири нашрияи Сарредаксияи Энсиклопедияи советии Тоҷик, сармуҳаррири Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба кинематографияро ба уҳда дошт.

Аз июни 1978 котиби раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Очерку ҳикояҳои аввалини Ф. Муҳаммадиев дар нимаи дуюми солҳои 50-ум дар матбуот пайдо шуданд. Масалан: «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956), «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) ва ғайраҳо.

Соли 1958 маҷмуаи очерку ҳикояҳои ӯ, соли 1960 повести «Таркише, ки ба вуқуъ наомад», соли 1963 «Одамони куҳна», соли 1964 «Бибӣ – Зайнаб», соли 1965 қиссаи «Дар он дунё», ки доир ба сафари ҳоҷиён аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва хислату рафтори онҳо қисса карда мешавад, соли 1969 маҷмуаи ҳикояҳо таҳти унвони «Сози Мунаввар» аз чоп баромадаанд.

Соли 1974 романи «Палатаи кунҷакӣ» ба табъ расид. Қариб ҳамаи асарҳои ӯ ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Асарҳои Ф. Муҳаммадиев ба забонҳои узбекӣ, латишӣ, арманӣ, эстонӣ, қазоқӣ, туркманӣ, қирғизӣ, украинӣ, белорусӣ, олмонӣ, полякӣ, арабӣ, венгерӣ, чехӣ ва булғорӣ низ тарҷума шудаанд.

Аз рӯйи сенарияҳои Ф. Муҳаммадиев киностудияи «Тоҷикфилм» филми бадеии кӯтоҳметражи «Задухӯрд» (1973); филми мустанади «Субҳи кишвари ман» (1974), филми бадеии «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980) ва ғайраро ба навор гирифт. Филми бадеии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар кинофестивали XIII сазовори мукофот ва дар кинофестивали мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ, ки дар шаҳри Тошканд гузашт, сазовори диплом гардид.

Фазлиддин Муҳаммадиев дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ заҳмати самараноку сермаҳсул ба харҷ додааст. Тарҷумаҳои тоҷикии романҳои Андре Стил «Зарбаи аввал», М. Садовяну «Ҷазираи гулҳо», повестҳои Чингиз Айтматов «Ҷамила», «Алвидоъ, Гулсарӣ», М. Левин «Ҳаяҷони севум», А. Қаҳҳор «Модаркалони меҳрубони ман», «Овоз аз тобут», В. Губарев «Муъҷизакори бузург» ва ҳикояҳои алоҳидаи Чехов, Драйзер ва нависандагони пешқадами адабиёти хориҷӣ ба қалами Фазлиддин Муҳаммадиев мутааллиқанд. Фазлиддин Муҳаммадиев бо унвони ифтихории Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мушарраф гардидааст. Ӯ 16-уми октябри соли 1986 аз олам даргузашт.