Ҳавлии Зиёамакро, ки мо он ҷо иҷора нишастаем, ҳамсарам Ойшахон ёфта буд. Худам ҳам ду-се рӯз кофтуков карда, чанд ҷойи бобро таги чашм карда будам, лекин хонаҳои ман ёфта ба табъи завҷаи муҳтарам нафорид.
– Ҳавлии Зиёамак боғ дорад, гулзораш ҳаст, аз шафаташ оби софи чашма мегузарад, ки барои ҷомашӯйӣ баҳо надорад, – мегуфт Ойшахон гапи худро гузарониданӣ шуда ва ногоҳ ваҷоҳаташ тағйир ёфта, аз оромона баён кардани далелҳо ба таънаву маломат гузашта рафт: – Шумо марди кӯча, аз куҷо медонед, ки ҷомашӯйӣ чисту азоби он чӣ гуна мешавад?
Ба ин таъна ман, албатта, метавонистам ҷавоб бидиҳам. Метавонистам ба ёди ёри фаромӯшхотир расонам, ки мо порсол дар яке аз маҳаллаҳои қаноти Душанбе истиқомат мекардем ва ман аксари рӯзҳои истироҳат бо кашшак аз ним фарсах роҳ об мекашондам, вале Ойшахон ва модарам, гӯё дар пеши ҷумаки водопровод нишаста бошанд, обро шар-шар ба тағораҳо ва аз тағораҳо ба ҷӯйи партов рехта, нобуд мекарданд.
Ман забон хоидаму ҷавоб надодам.
– О, монед, ки бачаи бечора ҳам се-чор рӯз аз ҳавои тоза нафас гирад, – гуфт ҳамчунон далелҳои нав оварда Ойшахон. – Наход саломатии фарзанди худатонро нахоҳед? Гап намезанед-ку!.. Гап занед...
– Гапи шумо маъқул, азизакам. Хонаҳои ман ёфтагӣ ҳама нобоб буданд. Ҳавлии Зиёамак ҷаннат асту бас, – гуфтам ман ва бо ҳамин ҷонамро аз мунозираи беохир муфт раҳо кардам.
Илоҷи дигар набуд. Агар мегуфтам, ки аз ҳавлии Зиёамак то ҷойи кори ман, яъне то мактаб се чақрим роҳ аст ва дар ин роҳи нав ҳанӯз на автобус мегардад, на ягон нақлиёти дигар, илова ба ин худи Ойшахон ҳам то дорухонааш, ки он ҷо кор мекунад, бояд камаш ним соат пиёда роҳ тай кунад, ғайр аз ҳамаи ин роҳи яслии писарчаамон чап мешавад – агар ин чизҳоро мегуфтам ҳам, аздусар суде намекард. Чунки завҷаи якраҳаи ман ё дар бораи аҳаммияти пиёдагардӣ, чунон ки мегӯянд, лексияи пурмазмуне мехонд, ё худ: «Давча нашуда, ғӯлунг шудаед магар, ки аз пиёда шудан метарсед?» гуфта як панди дурударози кинояомез хонда, боз ҳам сухани худро мегузаронид.
Чӣ мегӯед, ки дар оилаи мо риояи майлу хоҳиши якдигар ё ба ибораи дигар гӯем, демократияи оилавӣ ном чиз баъди хонадор шуданамон фақат як-ду моҳ вуҷуд дошту бас. Рафта-рафта инони ихтиёри рӯзгор, ҳатто ихтиёри соатҳои истироҳат ва баъзе масъалаҳои касбу кори ман ба дасти завҷаи муҳтарамам гузашт, чунон нарм ва номаълумакак гузашт, ки худам нафаҳмида мондам.
Эҳтимол, шумо дар дилатон гӯед, ки «худат ҳатӯл будаӣ, сазои сарат, акнун манол ва чанги хонаатро ба кӯча набарор». Агар ҳамин тавр фикр кунед, пас, шумо хушбахтед, зеро маълум мешавад, ки занатон Ойшахони ман барин якраҳаи қайсар набудааст ва шумо инсони саодатманд, ҳар рӯзи Худо маҷбур намешудаед, ки дилатонро хун ва майнаатонро об карда, сафед будани шир ё мисол гирем, дар шохи дарахт рӯйидани себро исбот карда нишинед.
Ростӣ, гап дар сари мунозираҳои ману ҳамсари ман ҳам нест. Ҳар зоғеро як доғе, гуфтаанд. Оилае, ки аз ягон ҷиҳат норасоие, ақаллан, ягон носазоии майдаяке надошта бошад, ба хаёлам, дар олам нест. Сабаби ҳикоя сар кардани ман ин ки баъди кӯчида омадан ба ин ҷо дере нагузашта ман аз касбу корам, аз хатту саводи понздах сол хонда баровардаам ва, ниҳоят, аз тақдире, ки иҷоранишинам кардааст, тамом безор шудам.
Дар ҷойи нав фақат як шаби аввал тинҷ гузашт. Лашулуши рӯзгорро дар ду хонаи иҷорагирифтаамон ҷо ба ҷо кардем ва азбаски аз бардорумони кӯч устухонҳои баданам сӯзиш мекард, як бурда нону як пиёла чойи ширин хӯрда, дарҳол ба хоб рафтам.
– Хӯҷаин, хезед, хезед, ҷонакам, рӯз чоштгоҳ шуд, – гуфта Ойшахон мӯйсарамро тит ва гарданамро қитиқ карда, маҷбурӣ бедорам сохт.
Ҳо, завҷаи меҳрубон маро ҳамеша бо номҳои рангоранги аҷоиб хитоб мекунад. «Хӯҷаин», «соҳиб», «муаллим» аз қабили он номҳост. Гоҳе, агар табъам хиратар бошад, ин гуна муроҷиат ба ман кинояи нешдор барин мерасад. Аммо аксаран «майлаш, вай хурсанд бошад, мешавад», – мегӯяму мемонам, яъне аз таҳти дил қаҳрам намеояд. – Соҳибони ҳавлӣ моро ба ношто ҷеғ заданд.
– Наравем, айб мешавад. Зуд бошед, дасту рӯй шуста, либос пӯшед, – гуфт боз Ойшахон.
Ночор аз ҷойи хобам бархостам.
Агар касе шуморо ба ношто таклиф кунад, шумо бояд хобатонро ҳаром карда ё аз баҳри кору бори худатон баромада, ҳатман ба он ҷо биравед. Дар акси ҳол айб мешудааст, гунаҳгор мешудаед ва мардум дар кӯча шуморо «ҳо, ана фалонӣ» гӯён бо ангушт нишон дода, масхара мекардаанд.
Дидед муҳокимаронии Ойшахони маро?
Агар ман «чаро айб мешудааст, магар айбу гуноҳ барин чизҳо меъёре надоранд, ки баҳудаву беҳуда ба домани кас часпидан мегирифтаанд?» – гуфта аз завҷаи муҳтарами худ мепурсидам, чандон кори аҳлона намешуд. Чунки аздусар ба ӯ суханамро маъқул кунонида наметавонистам, фақат вақт беҳуда мегузашту бас.
Соҳибони ҳавлӣ – як зан ва ду марди солхӯрда дар рӯйи тахтакати васее, ки зери толори баланди ангур сохта буданд, дар сари дастархон менишастанд. Синни калонтари онҳо ба ҳаштод расида ва ду нафари дигар тақрибан дар байни шаст ва ҳафтод буд. Чун салом дода, ба ҷойи таклиф кардаашон нишастам, ҳамсарам ба ман нигоҳ карда, ба шиносо кардани мо шурӯъ намуд. Ӯ ин корро тавре мекард, ки, одатан, ҷавонон дар кӯча ва боғҳо, дар клуб ва театрҳо мекунанд.
– Соҳиби хонаҳои мо нишаста – ана, ин кас, Зиёбобом, гуфт Ойша ва ба сӯйи мӯйсафеде, ки аз ҳама калонсолтар менамуд, ишора кард. – Аҳрорамакам ва Иқболхолаам, ана, дар ин хонаҳо истиқомат мекунанд, – суханашро давом кунонид Ойшахон ва аввал ба сӯйи мард ва зани аз Зиёбобо ҷавонтаре, ки паҳлуи ҳамдигар менишастанд, бо табассум назаре андохт, сипас қатори хонаҳоеро, ки аз паҳлуи дари ҳавлӣ то ба девори ҳамсоя тул мекашид, бо даст нишон дод.
– ... Заррина ҳамон духтараке, ки дина ба кӯчфурории мо кумак мекард, набераи Аҳрорамакам ва Иқболхолаам аст. Вай саҳар хеста, ба хонаи пионерон рафт, – гуфта нутқи муфассали худро ба анҷом расонид ҳамсари ҳамадонам.
– Бисёр нағз, бисёр нағз! – хитоб кардам ман баъди он ки гулуи аз ҳаё ва ҳаяҷон хушкшудаамро бо зӯрӣ сурфакунон тар кардам. Дар дилам: «аз афти кор, боз ягон чиз гуфтан лозим будагист!» гӯён илова кардам:
– Ман... э-э... яъне мо бисёр хурсанд, ки ба ин ҷо кӯчида омадем, яъне бо шумоён ҳамсоя шудем.
Зор монад ҳамин «яъне»-гӯии ман! Як рафиқи ҳамкасбам дар миёни чашму абру «яъне» мегуфт, ӯро масхара карда мегаштам, аз такрор кардан ба худам одат шуда мондааст. Беҳуда намегуфтаанд, ки айб макун ба хешат, давида биёд ба пешат.
– Албатта, – ба ман ҷавоб гардонида гуфт Аҳрорамак, – шумо хурсанд шавед, мо ҳам хурсанд. Мо ба ҳар ҳол одамони куҳна ҳастем, лекин ҳаракат мекунем, ки дар ин ҷо шумо, ҷавонҳо, ҳам зиқ намешавед...
– Не, чаро! Чаро зиқ мешудаем?! - гуфтам ман. – Барои мо суҳбати одамони умрдидаи соҳибтадбир бисёр қимат аст.
Ба ҳамин тариқа чанд ҷумлаи лутфомез радду бадал шуд. Ман аз лаълии пур аз ангури ҷавз, ки яқин ба тозагӣ аз ток канда буданд, як шингил ҷудо карда гирифта, бо нони сермағзу мулоими хонагӣ ба хӯрдан сар кардам.
Дар муқобилам Зиёбобо менишаст. Вай ришу мӯйлаби тунуки сап-сафед дошт ва чеҳраи сиёҳгунаш дар иҳотаи ин ришу фаши сафед, тӯпии арақчини сафед ва яктаҳи суф аз будаш зиёдтар сиёҳгун менамуд. Аксари дандонҳояш рехта, лунҷҳояш фурӯ нишаста буданд. Лекин гӯшҳои бобо намуди аҷоибе доштанд. Онҳо дар асл ҳам паҳни калон буданд ва бар замми ин, гӯё вазифаи худро ҳатман аъло адо карданӣ бошанд, ба пеш моил шуда, чунонк и аппаратҳои овоздораки аэродромҳо мекарданд, рост ба тарафи овоз нигаронида шуда буданд.
Аҳрорамак, баръакс, марди пуррапайкари баландқомат ва сафедчеҳраи хушандоме буд: чашму абрую гӯшу бинию лабу даҳони муносибе дошт. Ришу мӯйлаби кӯтоҳ қайчӣ кардашудааш ба худаш бисёр мезебид ва қиёфаашро то андозае ба қиёфаи олимони ҷаҳондидаи пуртамкин монанд мекард. Дар дидани аввал, яъне дина бегоҳӣ, аз чӣ сабабе бошад, гумон кардам, ки вай одами ҳавобаланд аст ва ба ҳар касу ҳар чиз бо назари ҳаҷвомез менигарад. Оре, дар чеҳрааш як табассуми писхандомезе сайр мекард. Гӯё мегуфт, ки «ку, бубинем, чӣ махлуқед шумо, аз дастатон чӣ кор меояд?...». Аммо, хушбахтона, имрӯз дигар хел менамуд. Ба мо нарм, ҳалимона ва бо меҳрубонӣ муомила мекард.
Иқболхола байни ошхонаву тахтакат мокувор рафтуомад мекард. Ибораи одами пир ё пиразан ба вай намечаспид. Дар чашмонаш ҳанӯз шуълаи ҳаёт барқ мезад, дар хунаш зоҳиран ғайрати ҷавонона меҷӯшид. Ӯ низ мисли шавҳараш бардам қадам мемонду бо овози буррои боқувват гап мезад. Ҳангоми хандидан ё табассуми кушод карданаш, чунон ки дар паси абрҳои тираи тирамоҳ гоҳе порчаи осмони софи нилгун падидор мешаваду ба дили кас лаҳзае ҳам бошад, фараҳе, нашъае мебахшад, ҳамин тавр дар ду бари рухсораш аз таки тӯри оҷингҳои реза осори ҳусни зиёдатӣ аён мегардад ва баъди лаҳзае ҳамчунон тез нопадид мешуд.
Иқболхола ба косаҳо ширчой кашида овард. Дар рӯйи косаҳо равғани маска об шуда, порча-порча лапида, ялаққос мезад.
Инони суҳбат кайҳо боз дар дасти ҳамсари ман буд. Вай, гӯё ки соҳибони ҳавлиро камаш аз айёми кӯдакиашон мешинохта бошад, «Иқболхолаам бист сол дар артели дӯзандаҳо кор кардаанд», «Аҳрорамакам аслан аз Исфара мешаванд», «Зиёбобом фалону фалон корҳоро кардаанд» гуфта, ба ман таърифи онҳоро мекард. Дар чанд дақиқа тарҷумаи ҳоли мӯйсафедонро гуфт. Ҳанӯз ақаллан як чойник чой тамом нашуда, ман фаҳмидам, ки Зиёбобо ва Аҳрор-амаку занаш дар асл робитаи хешутаборӣ надоштаанд. Зиё-бобо аз ӯзбекҳои Фарғона будаанд. Занашон, вақте ки ҳанӯз дар яке аз колхозҳои Фархор кор мекардаанд, вафот карда будааст. Падарашон баъди ҷанг дар ҳамин ҳавлӣ чашм аз олам пӯшидааст. Як писар доштаанд, ки соле ҳашт моҳ дар кӯҳу дараҳо гашта, кони маъдан мекофтааст, яъне геолог будааст.
Аҳрорамаку Иқболхола ҳам як писар доштаанд, ки дар ҷанг ҳалок шудааст. Дар давоми чаҳор соли ҷанг чандин маротиба дар табобатхонаҳои фронт аз дами марг халос шуда, ҳатто тирамоҳи соли 1944 орден, ҳам таътили якмоҳа мукофот гирифта, се ҳафтаро дар пеши падару модар ва зани ҷавонаш гузаронидааст. Аммо боз ба армия баргашта, баъди ду рӯзи расман тамом шудани ҷанг ин мусибатро бинед, ки баъди расман тамом шудани ҷанг! – аз дасти як номарди манҳус, як фашисти дар кадом гӯр пинҳоншуда ҳалок гардидааст. Келинашон баъди ин фоҷиа касал шуда, ба дарди сил гирифтор шуда, кӯдаки ширмакро ятим монда, аз дунё рафтааст. Заррина, ҳамон духтараки шонздаҳсолае, ки ифодаи чеҳра ва чашмонаш калонвор андешаманд менамуд, ягона нишонае будааст аз он ду фарзанди дилбанд.
Дар ибтидои нақли андаке бемавриди Ойшаи ман Иқболхола даст аз ширчою нон кашида, муддате бо сари хам нишаст, баъд аз кат ҳамчунон бо сари хам фуромада, оби чашмонашро бо нӯги қарсаш пок карда, ба сари оташдон рафт.
Аҳрорамак низ даст аз хӯрок кашида, ба кадом як гӯшаи дастархони яла чашм дӯхта нишаст. Хомӯшии гароне ба миён омада, чанд дақиқа тул кашид. Ман ба ҳамсарам таънаомез нигоҳ кардам, вале ӯ низ нигоҳи маънидоре карда, фаҳмонид, ки ҳеҷ кори беҷо накардааст; баръакс, маҳз ҳамин тавр карданаш лозим буд.
Ниҳоят, Аҳрорамак як-ду бор сурфа карда, косаро ба даст гирифт ва ширчойи боқимондаро бо як дам кашидан фурӯ бурда, ба ман муроҷиаткунон гуфт:
– Келин, ба мо гуфтанд, ки ба газетаҳо мақола навишта меистодаед. Ин бисёр кори сара, писарам, муаллим, «Юсуф Сафо» гуфта имзо мекунед-а? Ҳа, бале, ман ҳам дар газетаи шаҳрамон чизҳои шуморо хондаам. Боре кадом киночиро таъриф карда будед, дар ёдам ҳаст, офарин, писарам, муаллим.
Ман аз ин таъриф боз аруси дирӯза барин сурх шуда рафтам. Ҳатто дилам сахт ба тапидан даромад.
– Баъзан ҳамту... агар вақти зиёдатӣ бошад, – гуфтам нимғурма карда, - ягон чизи навиштанбоб рост омада монад, яъне аз бекорӣ кадукорӣ гуфтагӣ барин...
– Хоксорӣ, албатта, чизи нағз, писарам, муаллим. Аммо ба мақоланависӣ кас ҷиддӣ машғул шавад, меарзад. Бисёр кори хайр. Меҳнаткаши бовиҷдонро таъриф карда, осонаш гирем, руҳашро бардоштан ё ягон каллафаҳми лаванд, ё ин ки фиребгари фукаш дар осмонро, осонаша гирем, ба рӯйи об баровардан кори олиҷаноб аст, албатта. Ба ин кори нек чӣ мерасад? Чӣ гуфтед, тағо? – Аҳрорамак ба Зиёбобо рӯй овард.
Аммо мӯйсафед, бо вуҷуди он ки як гӯши худро карнайчавор хам карда, ба сӯйи гӯянда нигаронида буд, маънои суханони ӯро аниқ нафаҳмида будааст.
– Худо умрашро диҳад, ҷиянатон ҳам аз кӯҳ ки фуромад, зимистони дароз ба газит, сонӣ ба вай... ҳоло номаш чӣ буд... вай... китоб барин ҳаст-ку?
– Журнал, – луқма партофт ҳамсари ҳозирҷавобам.
– ... Ҳа, ба ҷурнолҳо урусӣ карда калон-калон хатҳо менависад, – гуфта ниҳоят суханашро ба як азоб тамом кард Зиёбобо.
Писарчаи мо аз хоб бедор шуда, гиря кард. Модараш ба сӯйи хона давид. Вай ки набуд, муддате сукут ба миён омад. Ман акнун имкон ёфтам, ки бафурсат ба муоинаи ҳавлӣ машғул шавам.
Ростӣ ҳам, дар ин ҷо баҳри дили кас кушода мешуд.
Дар пеши хонаву айвонҳо хавозаҳои озодаву мавзуни ток қад барафрохтаанд. Гарчи қисми зиёди рӯйи ҳавлӣ ва боғча бо полизи сабзавот банд буд, ба назар чунон мерасид, ки сар то сари ҳавлӣ аз гулбуттаҳост. Гулҳои серҳосилтарини садбарг, бедгул, гулҳои яксолаи рангоранг, хусусан, оташгул ва тоҷи хурӯс дар ҳамин фасли охири тобистон ҳам анбуҳ-анбуҳ шукуфта, ба дидагони кас манзараи дилфиребро ҷилвагар месохтанд.
Дар хавозаҳои ангур аксари сарҳои ширабаста аз ҳуҷуми занбӯру гунҷишкон бо халтачаҳои ҳарранга муҳофизат карда шуда буданд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо хавозаҳо, дар шоҳпули айвонҳо тӯрҳои бедона ва қафаси кабкҳо овезон буд. Парандаҳо ҳоло нағмасароӣ намекарданд, фақат гоҳ-гоҳ ба девори қафасҳо минқор зада ё аз дилтангӣ ҷастухезкунон тапар-тупур садо мебароварданд ва зиндончаҳои худро алвонҷ медоданд.
«Дарвоқеъ, чунон ки худашон мегӯянд, одамони куҳнадия, – аз дил гузаронидам ман. – Мурғони бегуноҳро дар қафас дошта, аз нағмаи ҷонварони маҳбус лаззат ҳам мебаранд».
Ношто тамом шуд. Аҳрорамак ба кори худ – ба пункти пахта рафт.
– Зафарҷонро зудтар ба яслияш бурда монед, мураббияаш боз бевақт оварданд, гуфта ба сари ман ғур-ғур накунад. Тез бошед, азизам, зудтар ҷунбед! – гуфта Ойшахон ҳам фармоиш дода, ҳам навозиш карда, ба дорухонааш рафт.
Зиёбобо каланди майдаяки ялаққосиро, ки аз кор фармудан дамаш суда шуда, шакли моҳи нопурраро гирифта буд, бардошта, ба полизи картошка даромад.
Иқболхола ба рӯйи кат ду-се кӯрпачаро болои ҳам партофта, айнаки камонакҳояш ресмониро ба нӯги бинияш савор карда, ба чокдӯзӣ машғул шуд.
– Дар пеш як маросим дорем, муаллим, – гуфт Иқболхола ба кораш аз дур нигоҳ карданамро пай бурда, – абраи кӯрпачаҳоро нав карда монам, мегӯям.
«Ин мӯйсафедон чӣ маросим дошта бошанд? Фарзанде надоранд, ки синнаш ба тӯю сур муносиб бошад. Заррина ҳанӯз бача аст...» гуфта худ ба худ хаёл мекардам, ки фармоишоти завҷаи муҳтарама ба хотир расиду Зафарҷонро бардошта, ба яслии ӯ шитобидам.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Ойшахон ҳавлии Зиёамакро чӣ тавр тавсиф намуд?
2. Чаро шавҳари Ойшахон ҳавлии Зиёамакро ҷаннат гуфт?
3. Шавҳари Ойшахон аз кадом хислатҳои завҷааш шикоят кардааст?
4. «Демократияи оилавӣ риоя намешавад» гуфтани шавҳари Ойшахонро чӣ тавр мефаҳмед?
5. Ойшахон шавҳарашро бо кадом номҳо хитоб мекард?
6. Ойшахон дар сари дастархон соҳибхонаҳоро чӣ тавр бо шавҳараш шинос намуд?
7. Аз ин рафтори Ойшахон чӣ хулоса баровардан мумкин аст?
8. Кадом хислати ӯ дар ин лаҳза ошкор гардид?
9. Аз матн тавсифи симои Аҳрорамакро ёбед.
...Аз яслӣ баргашта, ҳамроҳи Зиёбобо таҳтул кардем. Мо дар болои кат рӯ ба рӯйи якдигар, гап назада, ҳар кадоме бо хаёли худ банд, даҳон меҷунбонидем. Ман худ ба худ тааҷҷубкунон мегуфтам, ки ба шарофати ҳамсарам хислатҳои нав пайдо карда истодаам, ки дар айёми муҷаррадиям набуд. Масалан, бо одамоне, ки дирӯз шинос набудам, акнун зуд ошно шуда, унс мегирам. Як ҳафта қабл аз ин Зиёбобо куҷо буду ман дар куҷо. Акнун гӯё бо амаки худ дар сари як дастархон нишаста, таҳтул мекунам. Иқболхола ба мо чой дам карда медиҳад...
Бобо даст пок кардани маро дида, аз бағалаш коғазеро бароварда дод, ки хонам.
Ин ариза буд. Лекин чӣ хел ариза, ба кӣ ва дар бораи чӣ гуфта пурсед! Агар аз ин пеш касе ба ман мегуфт, ки пири ҳаштодсолаи гӯшвазнине чунин як ариза менависонад, ба ҳеҷ ваҷҳ бовар намекардам. Аммо ариза ҳоло дар дастам ва он аз номи нафақагир Зиёдулло Қаршибой, соли таваллудаш 1882. «Ба Кумитаи Марказии партия. Ба Маскав.» – навишта шуда буд. Ана, матни он:
«...Ариза. Аз Шумо илтимос мекунам, ки аризаи мана гӯш кунетон. Ман ба ҳукуматамон то дастам омадана хизмат кардам. Акнун пир шудам, хӯш ки бошад, синнам ба таги ҳаштод рафта дакка зад.
Чӣ мешуд, ки арақфурӯшия манъ кунед. Радиё ҳар рӯз зиёни арақа гуфта медиҳад. Лекин магазинҳо аз арақ ва вино пур. Ба шишаҳои хушрӯйи арақ равған, ҳар хел дорувор андохта фурӯшанд, намешавад? Ба ҷойи ин бучка-бучка пева мефурӯшанд, ба ғайр аз ин ресторану ошхонаҳо ҳам бисёр арақ мефурӯшанд.
Аз каллаи азон то хуфтан дар ҳама ҷо савдои шароб дар авҷ. Одамҳо маст шуда, якдигарро хафа мекунанд. Ҳар хел касофатҳо мешавад. Мошинаҳо бачаҳоя зер мекунанд. Дар шаҳрчаи мо ҳам, дар Душанбе ҳам, дар Регар ҳам, хӯш ки бошад, дар Фарғона ҳам аҳвол ҳамин.
Ба шумоҳо, калонҳои мамлакат, ин, албатта, маълум. Илтимоси ман ҳамин, ки шаробфурӯшия манъ кунед, қадаған кунед, ки ному нишонаш намонад.
Дӯсти ман устоди ғарамсози заводи пахта Аҳрор Ҷаббор ба ман пригроми нави партияро аз газит хонда дод. Бисёр реҷаи нағз кашидед. Навиштагӣ суханҳоятон ҳама мешавад, Худо хоҳад, гуфтаҳои Ленин шуд. Акнун инаш ҳам мешавад. Хуш ки бошад, ба шумоҳо дуо рафтагӣ, халқпарвар ки ҳастед, реҷаҳотон иҷро мешавад. Худи ҳозир карда истодагӣ корҳотон ҳам, хӯш ки бошад, ҳамин қадар арзонӣ-амонӣ ҳам, вай ба осмон баромадагӣ йигитча ҳам– ҳамаш пештар, ақаллан, дар маталҳо набуд. Одамҳоя боз нағзтар тарбия карданӣ бошед, корамо боз пешрав шавад гӯед, ҳама додар-бародар барин аз як гиребон сар бароранд гӯед, арақа манъ кунетон.
Илоҳо, барака ёбетон, гуфта бо илтимос: нависандаи ариза нафақагир Зиёдулло Қаршибой, соли таваллудаш 1882”.
Дар паси коғаз ба тарзи илова навишта шуда буд:
«Агар хоҳиши мӯйсафедҳоя ба инобат гиретон, ба муродатон мерасетон. Ҳамаи мӯйсафедҳо дуогӯтон гуфта аризанавис: нафақагир Зиёдулло Қаршибой.
Ба ҳамаатон бисёр салом».
Аризаро мехондаму ханда нафастангам мекард. Ниҳоят, тоқат карда натавониста баланд хандидам. Мӯйсафед ҳам аввал ба ман нигоҳ карда, лабханде кард, баъд дар ваҷоҳаташ аломати ранҷиш пайдо шуд. Сипас гӯшашро ба пеш қатъ карда ва ба шунидани фикри ман омода шуда, пурсид:
– Механдед, уғлум, аз афти кор, маъқул нашуд аризаи ман?
– Не, бобо, ариза маъқул-куя, лекин дар ин ҷо як гапи дигар ҳаст.
«Як гап ҳаст» гуфтаму лекин чӣ навъ ба мӯйсафед фаҳмондани он гапро намедонистам. Зиёбобо ҳамчунин даст ба гӯши худ чашм ба рӯйи ман мунтазир менишаст.
Ниҳоят, ҳар чӣ бодо, бод, – гӯён ба арзи ақидаи худ сар кардам. Гуфтам, ки давлати мо зотан тарафдори майфурӯшӣ ва талабгори фоидаи он нест. Вай ҳар дақиқа омода аст, ки аз баҳри ин савдо ва фоидаи он гузашт кунад, ба нафъи саломатии фуқарояш, ба хотири тинҷӣ, осоиш ва саодати миллионҳо оилаи мамлакатамон гузашт кунад. Аммо чӣ илоҷ, ки шаробнӯшӣ, мисли дигар одатҳои бади куҳна, одати ҷонсахтест ва онро ба як амр, бо як имои бурут аз байн бардошта намешавад.
Агар барои тамокукашон фабрикаҳои давлатӣ хел-хел папиросу сигарҳо набароранд, худи мардум ёфта, папирос сохта кашидан мегиранд. Агар арақфурӯширо манъ кунанд, низ ҳамин гуна манзара ба миён меояд. Мардум шароби дастӣ кашидан мегиранд. Он гоҳ ҳаннотӣ, савдогарӣ, ҳар гуна касалиҳо ва касофатҳо аз шароби нопоки дастӣ зиёд шуда мераванд...
Хулоса, ҳар чизе дар ин бора медонистам, ба ҳамин тариқа ва услуб ба Зиёбобо гуфтам. Вале ҳар қадар зиёдтар сухан кунам, аломати норозигӣ дар чеҳраи ӯ ҳамон қадар зоҳир мегардид.
Баробари лаб фурӯ бастани ман бобо гуфт:
– Шумо, уғлум, мақсади маро фаҳмидед. Ин аризаро як каси андак чаласаводтар навишта дод. Дидед, ҳар чи гӯям, нарезонда-начаконда ба коғаз кӯчонидааст. «Хӯш ки бошад» навиштааст, «дуо мекунем» навиштааст. Оё ба Маскав ҳамин хел корҳои нодаркори мӯйсафедонаро навишта фиристондан мумкин? Айб аст. Ман, уғлум, аз шумо илтимос карданӣ будам, ки ҳамин аризая аз нав навишта диҳед. Гапҳои бамаънӣ катӣ, хушрӯй, маданӣ карда, хӯш ки бошад, маъния ба буғумаш афтонда навишта диҳед, гуфтанӣ будам.
Пас, ҳамаи он ваъзе, ки ман барояш ҷигар хун карда хондам, беҳуда рафтааст. Мӯйсафед аз қасди худ даст кашиданӣ нест. Аризаашро аз нав навишта медиҳаму аз ӯ халос мехӯрам. Охир ҳамин тавр ҳам кардам. Лекин дар нусхаи нав аз номи бобо илова кардам, ки бидуни аризаи мазкур ҳам ман (яъне нафақагир Зиёдулло Қаршибой, соли таваллудам 1882) медонам, ки шумо (яъне ходимони КМ партия) дар ин хусус пайваста фикр мекунед ва тадбирҳо меандешед. Пас, аризаро фақат бо мақсаде нависондам, ки бигузор вай чун илтимоси пире дар ягон ҷойи идораатон бошад ва аз хоҳиши куҳансолон доимо хотиррасон кунад. Бигзор, ки соати вопасини шаробфурӯшию мастию аластӣ барин одати бадро ақаллан андаке бошад ҳам, боиси наздик овардан шавад.
Бо аризаи Зиёбобо банд шуда, ба шуъбаи маориф, ки дар он ҷо маро ба ҳайати кадом як комиссияе дохил карданӣ буданд, таъхир карда рафтам. Вале бояд иқрор шуд, шунидани миннатдориҳои фаровон ва дуогӯйиҳои Зиёбобо ба ҳар ҳол бароям гуворо буд.
Ҷойи гап нест, ки ҳоҷати касеро баровардан ё чунон ки Зиёбобо мегӯяд, кори савоб кардан ба одам ҳисси қаноатмандӣ мебахшад. Лекин дар урфият шакарро камаш ширин мегӯянд. Кори савоб ҳам ба меъёраш бошад, хуб мешудааст. Ҳоло аз давоми ҳикояам хоҳед дид, ки ман чаро ин тавр мегӯям.
Мактуби оид ба савдои сайёри карасин дар газета чоп шуд. Ҳамон рӯз Аҳрорамак аз кораш барвақттар баргашта, рост ба сӯйи хонаи мо омад ва гарму ҷӯшон аҳволпурсӣ карда гуфт:
– Писарам, агар ним соатак вақт дошта бошед, ҳамроҳи ман як гардиш мекардед. Ҷон писар, ҷон муаллим!
Агар як шахси обрӯманд, ки дар кӯчаву бозори шаҳр ба ӯ мардум аз дур дуқад шуда салом медиҳанд ва бо ӯ ҳамсуҳбатиро барои худ шараф барин як чиз медонанд, агар чунин одам аз шумо бо оҳанги илтиҷо илтимос кунад, чӣ хел қабул намекунед!
Ҳамроҳ ба гардиш баромадем. Гардиши мо зоҳиран ба саёҳати сайёҳони ҳақиқӣ шабоҳат дошт. Яъне, ҳар ду паҳлу ба паҳлу қадам мезадем. Аҳрорамак ба ман кӯчаҳо, тангкӯчаҳо, ҳавлиҳои атрофро нишон дода, дар бораи таърихи ободии онҳо, доир ба касбу кор ва феълу хӯйи бошандагони онҳо нақл мекард.
Рӯз бегоҳ шуда бошад ҳам, офтоби моҳи август ҳаворо сахт тафсонида буд. Охир, ин ҳамон офтобе буд, ки аз тафси он маҳз дар ҳамин рӯзҳо харбузаву ангур шакар мебандад. Кӯраки пахта гӯшт гирифта, ба шукуфтан сар мекунад! Ман ҳар дам арақи сару рӯямро бо рӯймолча пок карда, мабодо Аҳрорамаки коргар маро дар нозукбадании интеллигентӣ таъна кунад, гӯён баробараш бардам-бардам по мемондам. Ба монанди «ҳай-ҳай, аҷаб!» ҳар гуна нидоҳо бароварда, нишон доданӣ мешудам, ки ба ин саёҳат бисёр мароқ дорам, аз он басо хушам омадааст ва ҳатто хушбахтам.
Мо ба кӯчаи калон баромада, аз тангкӯчаи дарози сарбастае дохил шудем, ки сар то сараш зоҳиран, ба ҳамин қарибӣ асфалт пӯшонида шуда буд. То миёнаи тангкӯча расида, бозистодем. Дарвозаи калони дутабақаи пешгоҳи тангкӯча нимроғ буд. Касе танҳо эзорчаи кӯтоҳе дар тан аз оби водопровод бо рӯдаи резинӣ чангу лойи мошини сабукраверо мешуст.
– Дар ин ҳавлӣ раиси комбинати ҳунармандӣ истиқомат мекунад, – гуфт Аҳрорамак ва маро аз оринҷ дошта, ба роҳи омадаамон ҳидоят карду мақсади худро баён намуд.
Аҳрорамак маро ба ин ҷо барои нишон додани тангкӯчаи асфалтпӯши раиси комбинат оварда будааст. Ман бояд дар бораи раис, дар бораи аз мансаб ва обрӯяш сӯйистифода бурдани ӯ ба газета мақолаи сахте менавиштам. Аҳрорамак, ки депутати Совети шаҳр аст, бо гӯши худ шунида ва бо чашми худ дидааст, ки чӣ тавр яке аз депутатҳо дар сессия, дар пеши аҳли ҷамъияти шаҳр ҳамин одамро барои айби дигараш, идораҳоро аз хешу табори худ пур карданаш сахт танқид карда, ба зери обу арақ мононда буд, аммо чӣ шуду чӣ монд, ки дар ҳаққи раиси мағрур касе чора надид. Шояд роҳбарони раҳмдил гуфтанд, ки ба аспи хуб як қамчин басанда аст, барои ӯ худи ҳамин танқид ҳам ҷазои кофист. Аммо маълум шуд, ки вай он қадар ҳам «аспи хуб» набудааст. Дар шаҳрчаи мо бисёр ҷойҳое ҳастанд, ки онҳоро дар навбати аввал асфалт пӯшонидан лозим буд. Масалан, аз ҳама заруртараш саҳни пункти пахта, ки Аҳрорамак он ҷо кор мекунад, ё кӯчаи табобатхона, ё худи истгоҳи автобусҳои байнирайонӣ. Ин хел ҷойҳои заруриро номбар кардан гиред, як рӯйхат шуда меравад.
– Акнун аз рӯйи инсоф гӯед,– маро аз роҳ боздошта чашмони аз изтироби ботинӣ шуълапошгаштаашро рост ба рӯям дӯхта, бо овози баланд савол дод Аҳрорамак. – Даҳҳо тонна асфалтро ба як тангкӯчаи нодаркор рехта, осонаша гирем, нобуд кардан чӣ корест? Охир, аз он ҷой ғайр аз «Волга»-и раис ва мошини меҳмононаш касе намегузарадку! Ин ҷиноят нест магар? Чаро ин тавр мекунанд мардум? Охир, вай аъзои партия-ку! Агар ба халқ нафъ расонида натавонад, ақаллан, зарар нарасонида, кори худро буд карда мегашт, намешуд? О, ин куҷоя гапаш, писарам, муаллим?!
– Амак, парво накунед, боб карда менависам,– гуфтам бо ҳарорате, ки бидуни шубҳа аз таъсири суханони ҳамсуҳбатам, бештар аз таъсири ҳолати пуризтироби ӯ пайдо шуда буд. Инро гуфтаму зуд пушаймон шудам, ки чаро «боб карда менависам» гуфтам? Ҳоло дар навиштани мақолаҳои масъулиятноки танқидӣ малакае надошта бошам, ин лофи бемаънӣ, ин худситоии зормонда аз куҷо пайдо шуд?!
– Ба қадри ҳолам зӯр мезанам, амак, парво накунед, – такрор кардам ваъдаамро бо андаке таҳрири эҳтиёткорона.
– Мебахшед, писарам муаллим, шуморо аз коратон мемононам, – андаке ором шуда гуфт Аҳрорамак. – Лекин худатон мебинед, ки илоҷи дигар надорам. Агар навиштан аз дасти худам меомад, чӣ хуш буд! Афсус, ба хондан як навъу ба навиштан ғайр аз, осонаша гирем, дуову салом дигараш зӯрӣ мекунад. Ба касе як илик хат навиштан ҳам гоҳе ба ман малол, росташро гӯям. Илоҷаш бошад, осонаша гирем, даҳ мошин пахтаро ба китфам монда мекашонаму хатнависиро аз каси дигар илтимос мекунам.
Муддате гап нозада роҳ гаштем. Аслан хонаи раиси комбинат аз ҳавлии Зиёбобо ду-се ҳавлӣ онсӯтар воқеъ гашта буд (наздик будани он аз садои доираву думбаки ҳаррӯзаи ҳавлии сермеҳмони раиси саховатманд ҳам маълум буд), лекин роҳаш аз кӯчаи калон будааст. Бинобар ин, саёҳати мо тахмин як соат тул кашид.
– Бо худи раис суҳбат кардан шарт будааст, албатта, – гуфт Аҳрорамак, вақте ки ба дари ҳавлиямон наздик расидем.
– Агар хоҳед, ман ҳамроҳӣ мекунам.
Ман барои таклифаш ташаккур хонда, кумакашро қабул накардам. Дар хонаи мо ду кас: завҷаи муҳтарами ман ва Зиёбобо ба сари мизи хатнависии ман хам шуда, зӯр зада ариза менавиштанд.
Бале, ариза! Боз ариза! Боз ба сари аризанависӣ омада мондам! Бовар кунед, дар сари варақ баробари дидани калимаи «Ариза» дилам шуввӣ карда, баданам чиррос зада рафт. – Э, э, зудтар биёеде, азизакам, муаллимакам, хӯҷаинакам, ҷонакам, ба куҷо ҳаял карда рафтед? Ману бобом ариза менависем, гуфта азоби ҷаҳаннамро кашида нишастем, – гуфт бо навозиши фаровони одатии худ Ойшахон ва кушодарӯёна ба пешвозам давида, аз дастам дошта, ба сари миз кашола кард. – Як задани оҳангару сад задани сӯзангар! Бобоҷон, ҳозир дадаи Зафарҷон ҳар қадар ариза бошад, то як пиёла чой нӯшидани мову шумо навишта медиҳанд. Ҳамин тавр не, ҷонакам?
– Албатта, албатта! – хитоб кардам ман ҳам табассуми зӯрбазӯракӣ, сохта, аммо дар дилам илова кардам: «Нав аз кор омада нафасамро рост мекунам гуфта будам, ки Аҳрорамакатон ба саёҳат бурданд ва ба гарданам супориши тозае бор карданд. Акнун шумо бо бобоҷонатон чой нӯшида, чақ-чақ карда нишинед, ман аризанависӣ мекунам, балотон ба ҷонам!»
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.
– зери лаб замзама кардам ман.
– А, чӣ гуфтед, азизам? – пурсид Ойшахон бо хавотир.
– Ҳеч чиз нагуфтаам. Марҳамати шумо зиёд, – гуфтам.
Зиёбобо мехостааст, ки ба ҳукумати республика ариза навишта, аз комиҷроияи шаҳри худамон шикоят кунад, ё мулоимтар карда гӯем, гилагузорӣ кунад ва хоҳиш намояд, ки хидматҳои барои ободии колхозҳои ин ҷо ва колхозҳои Фархор кардааш, инчунин мӯйсафедӣ ва нафақагир буданашро ба назар гирифта, амр диҳанд, ки дар як гӯшаи боғчаи ӯ пивахона насозанд. Ҳар чи созанд, сохтан гиранд, лекин пивахона ё ресторан, умуман шаробхона насозанд.
Ба он чизе, ки аз аризаи чаламондаи Ойшахон навиштагӣ хонда фаҳмидам, худи Зиёбобо суханони зеринро илова карда:
– Ман, уғлум, даъвои зиёде надорам. Мехоҳам, ки дар манзили падарам чароғи падарамро равшан карда шинам. Дар ҷое, ки раҳматӣ падарам кор мекард, истиқомат ва истироҳат мекард, агар мастҳо арақ хӯрда, ар-ар карда мегашта бошанд, ду дасти падарам ҳам аз гӯр берун мемонаду худам ҳам аз дунё норозӣ меравам. Боз дар куҷое дар вуҷудам қатъияте пайдо шуда ва ба Зиёбобо гуфтам:
– Хайр, ота, биёед, ҳал кардани ҳамин масъаларо ман ба уҳда мегирам. То имкон ҳаст, ҳаракат мекунам, ки дар кунҷи ҳавлиятон пивахона насозанд. Аммо ба ҳукумат ариза наменависем. Ба хаёлам, дар он ҷо бе аризаи мову шумо ҳам кор бисёр будагист.
Аз афти кор, ин дафъа дар оҳанги гуфторам дарвоқеъ ҳам қатъият ва ҳам эътимоди кофӣ ҳис карда мешудааст, ки Зиёбобо зуд розӣ шуд. Ҳатто хурсанд шуд, ки ман барои аз сидқи дил дар ин кор кӯшиш кардан ваъда додам.
Инак, мактубе навиштам. Мактуб ба раиси комиҷрояи шаҳр аз номи худам, яъне муаллими фалон мактаб, фалонӣ фалонизода... Навиштам, ки пирамард ба иморат шудани як гӯшаи боғчааш муқобил нест, лекин ба сохта шудани машруботхона ҳаргиз розӣ нахоҳад шуд. Агар илоҷаш бошад ва агар ин боиси вайрон шудани нақшаи меъмории шаҳр намешуда бошад, барои ягон муассисаи дигаре иморат кунанд.
Мактубро навиштам, хонда додам, ба конверт андохта маҳкам кардам. Акнун мебоист аз пайи иҷрои супориши Аҳрорамак мешудам...
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Зиёбобо дар аризае, ки ба муаллим дод, чӣ талаб кардааст?
2. Муаллим ба Зиёбобо дар ҷавоби аризааш чӣ гуфт?
3. Аҳрорамак пас аз чоп шудани мақолаи муаллим оид ба савдои сайёри карасин боз ба ӯ чӣ корро бор кард?
4. Ба фикри шумо, талаби Зиёбобо ҳақ аст ё ноҳақ?
5. Дар шароити имрӯза ба аризаи Зиёбобо чӣ ҷавоб медоданд?
6. Кадом шароит маҷбур сохт, ки муаллим ба навиштани
мақолаи танқидӣ розӣ шавад?