С.1.
Достони «Бӯрондухт ва Искандар» аз таркиби кадом асари насри ривоятӣ гирифта шудааст?
А) «Гулистон»;
B) «Баҳористон»;
С) «Доробнома»;
D) «Калила ва Димна»;
Е) «Ҳазору як шаб».
С.2.
Кадоме аз ин шоҳон падари Бӯрондухт буд?
А) Ҷамшед;
B) Каюмарс;
С) Дороб;
D) Рустам;
Е) Сиёвуш.
С.3.
Бӯрондухт боз бо кадом ном машҳур буд?
А) Саломат;
B) Ҳамида;
С) Равшанак;
D) Хадича;
Е) Собира.
С.4.
Аристотолис вазири кадом подшоҳ буд?
А) Анӯшервон;
B) Хусрав;
С) Искандар;
D) Ардашер;
Е) Исфандёр.
С.5.
Асари мансури «Доробнома» ба қалами кӣ тааллуқ дорад?
А) Дақиқӣ;
B) Кисоӣ;
С) Абутоҳири Тарсусӣ;
D) Муиззӣ;
Е) Кошифӣ.
С.6.
Бӯрондухт бори аввал кадом паҳлавони лашкари Искандарро мағлуб кард?
А) Рустамро;
B) Фарҳодро;
С) Каҳлосро;
D) Фаромарзро;
Е) Гевро.
С.7.
Бӯрондухт маликаи кадом мамлакат буд?
А) Тӯрон;
B) Афғонистон;
С) Эрон;
D) Сиистон;
Е) Лаҳистон.
С.8.
Қиссаи «Хиёнати аъробӣ» аз кадом асари мансур гирифта шудааст?
А) «Хористон»;
B) «Сафарнома»;
С) «Ҳазору як шаб»;
D) «Баҳористон»;
Е) «Калила ва Димна».
С.9.
Заҳирии Самарқандӣ дар кадом аср зиндагӣ кардааст?
А) Асри 14;
B) Асри 10;
С) Асри 12;
D) Асри 16;
Е) Асри17.
С.10.
Кадоме аз китобҳо Заҳирии Самарқандиро дар таърихи адабиёти тоҷик-форс ҳамчун насрнавис машҳур кард?
А) «Даврони офтоб»;
B) «Зод-ул-мусофирин»;
С) «Синдбоднома»;
D) «Махзан-ул-асрор»;
Е) «Таърихи Сиистон».
С.11.
Аввалин таҳрири китоби «Синдбоднома» ба қалами кадом шоир тааллуқ дорад?
А) Дақиқӣ;
B) Унсурӣ;
С) Рӯдакӣ;
D) Носири Хусрав;
Е) Шоҳин.
С.12.
Кадоме аз ин адибон китоби «Синдбоднома»-ро аз забони паҳлавӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст?
А) Кисоӣ;
B) Рӯдакӣ;
С) Абулфавориси Фанорӯзӣ;
D) Заҳирии Самарқандӣ;
Е) Низомии Ганҷавӣ.
С.13.
Азрақии Ҳиравӣ матни кадоме аз ин китобҳоро ба назм даровардааст?
А) «Гаршоспнома»-ро;
B) «Вис ва Ромин»-ро;
С) «Синдбоднома»-ро;
D) «Рӯшноинома»-ро;
Е) «Даврони офтоб»-ро.
С.14.
Кадоме аз ин китобҳо ба забонҳои испанӣ, ибронӣ, арманӣ, гурҷӣ, туркӣ, лотинӣ, фаронсавӣ, италиявӣ, англисӣ, олмонӣ, русӣ, руминӣ, шведӣ тарҷума шудааст?
А) «Искандарнома»;
B) «Шоҳнома»;
С) «Синдбоднома»;
D) «Қобуснома»;
Е) «Шарафнома».
С.15.
Абулфавориси Фанорӯзӣ бо супориши кадом подшоҳи Сомонӣ китоби «Синдбоднома»-ро аз забони паҳлавӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард?
А) Исмоили Сомонӣ;
B) Абуҷаъфар Аҳмад ибни Аҳмад;
С) Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ;
D) Аҳмад ибни Исмоил;
Е) Насри II ибни Аҳмад;
С.16.
Ҳикояи «Калимоти кохи Афредун» аз кадоми ин китобҳо гирифта шудааст?
А) «Ағроз-ус-сиёсат»;
B) «Самъ-уз-Заҳир»;
С) «Синдбоднома»;
D) «Сафарнома»;
Е) «Мантиқ-ут-тайр».
С.17.
Ин байт дар кадом китоби насри ривоятӣ ҷой дода шудааст?
Аз дӯст ба ҳар захме афгор набояд шуд
В-аз ёр ба ҳар ҷавре безор набояд шуд.
А) «Чор дарвеш»;
B) «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»;
С) «Синдбоднома»;
D) «Самаки айёр»;
Е) «Қисас-ул-анбиё».
С.18.
Дар ҳикояи «Калимоти кохи Афредун» чанд ҳикмат ҷой дода
шудааст?
А) Чорто;
B) Шашто;
С) Ҳаштто;
D) Даҳто;
Е) Бистто.
С.19.
Маънои луғавии кадом санъати бадеӣ монанд кардан аст?
А) Истиора;
B) Иҳом;
С) Ташбеҳ;
D) Таҷнис;
Е) Муболиға.
С.20.
Дар ин байти Саъдӣ кадом навъи ташбеҳро мебинед?
Сарвро монӣ, валекин сарвро рафтор нест,
Моҳро монӣ, валекин моҳро гуфтор нест.
А) Ташбеҳи мутлақ;
B) Ташбеҳи пӯшида;
С) Ташбеҳи баргашта;
D) Ташбеҳи баробар;
Е) Ташбеҳи шартӣ.
С.21.
Ташбеҳ чанд навъ мешавад?
А) Ду;
B) Чор;
С) Ҳафт;
D) Ҳашт;
Е) Даҳ.
С.22.
Муаллифи ин байт кист?
Ин ҷо сухани сарв нагӯем, ки паст аст,
Ин ҷо сухани моҳ нахонем, ки зишт аст.
А) Низомии Ганҷавӣ;
B) Рӯдакӣ;
С) Камоли Хуҷандӣ;
D) Саъдии Шерозӣ;
Е) Ҳофизи Шерозӣ.
С.23.
Ин рубоиро дар ҳаққи Фирдавсӣ кӣ гуфтааст?
Ай тозаву маҳкам аз ту бунёди сухан,
Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди сухан.
Фирдавс мақом бодат, ай Фирдавсӣ,
Инсоф, ки нек додаӣ доди сухан.
А) Унсурӣ;
B) Манучеҳрӣ;
С) Заҳири Форёбӣ;
D) Саъдӣ;
Е) Ҷомӣ.
С.24.
Муаллифи романи “Фирдавсӣ” кист?
А) Ҷ. Икромӣ;
B) Р. Ҷалил;
С) С. Улуғзода;
D) Сорбон;
Е) С. Турсун.
С.25.
Фирдавсиро кадоме аз ин шоҳон озор додааст?
А) Исмоили Сомонӣ;
B) Султон Санҷар;
С) Султон Маҳмуд;
D) Темурмалик;
Е) Хоразмшоҳ.
С.26.
Фирдавсӣ кадоме аз ин шоҳонро ҳаҷв кардааст?
А) Темурмаликро;
B) Муҳаммади Хоразмшоҳро;
С) Султон Маҳмудро;
D) Султон Масъудро;
Е) Султон Санҷарро.
С.27.
Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» чанд сол заҳмат кашидааст?
A) 5-10 сол;
B) 10-15 сол;
C) 30-35 сол;
D) 15-20 сол;
E) 20-25 сол.
С.28.
Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро ба кадом шоҳ тақдим кард?
А) Исмоили Сомонӣ;
B) Аҳмад ибни Исмоил;
С) Маҳмуди Ғазнавӣ;
D) Султон Масъуд;
Е) Насри II ибни Аҳмад;
С.29.
Зодгоҳи Фирдавсӣ чӣ ном дорад?
А) Кадкан;
B) Зокон;
С) Бож;
D) Фарюмад;
Е) Дашт.
С.30.
Таърихи таваллуди Фирдавсиро ёбед:
А) Соли 880;
B) Соли 900;
С) Соли 934;
D) Соли 920;
Е) Соли 944.
С.31.
Санаи комилан анҷом ёфтани «Шоҳнома»-ро ёбед:
А) Солҳои 990-999;
B) Солҳои 996-998;
С) Солҳои 1010-1011;
D) Солҳои 1000-1001;
Е) Солҳои 1015-1020.
С.32.
Фирдавсӣ бо ташвиқи кадом дӯсташ ба навиштани «Шоҳнома»
сар кард?
А) Аҳмад ибни Исмоил;
B) Исмоили Сомонӣ;
С) Абумансур ибни Муҳаммад;
D) Султон Масъуд;
Е) Насри II ибни Аҳмад.
С.33.
Соли вафоти Фирдавсиро ёбед:
А) Соли 941;
B) Соли 962;
С) Соли 1020;
D) Соли 1022;
Е) Соли 1025.
С.34.
Миқдори байтҳои «Шоҳнома» чанд аст?
А) 20 ҳазор;
B) 50 ҳазор;
С) 60 ҳазор;
D) 70 ҳазор;
Е) 80ҳазор.
С.35.
Кадоме аз ин адибон дар бораи Фирдавсӣ роман навишт?
А) Ҷалол Икромӣ;
B) Раҳим Ҷалил;
С) Сотим Улуғзода;
D) Ҳаким Карим;
Е) Абдулҳамид Самад.
С.36.
Кадоме аз ин достонҳо аз таркиби «Шоҳнома»-и Фирдавсист?
А) «Даврони офтоб»;
B) «Офариннома»;
С) «Кова ва Заҳ- ҳок»;
D) «Саломон ва Абсол»;
Е) «Гаршоспнома».
С.37.
Кадоме аз ин шоҳон дар тасвири Фирдавсӣ 1000 сол умр дида-
аст?
А) Фаридун;
B) Ҷамшед;
С) Заҳҳок ;
D) Таҳмурас;
Е) Сиёмак.
С.38.
Чанд қувва бар зидди ҳамдигар аз ибтидо то интиҳои
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ амал мекунад?
А) Панҷ қувва;
B) Се қувва;
С) Ду қувва;
D) Як қувва;
Е) Чор қувва.
С.39.
Байти зер аз кадом достони «Шоҳнома» аст?
Яке безиён марди оҳангарам,
Зи шоҳ оташ ояд ҳаме бар сарам.
А) «Рустам ва Суҳроб»;
B) «Сиёвуш»;
С) «Кова ва Заҳҳок»;
D) «Ҳафт хони Рустам»;
Е) «Бежан ва Манижа».
С.40.
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳама неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Байтҳои болоиро кадоме аз ин шоирон гуфтааст?
А) Рӯдакӣ;
B) Кисоӣ;
С) Фирдавсӣ;
D) Саъдӣ;
Е) Низомӣ.
С.41.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар кадом баҳри арӯз суруда шудааст?
А) Ҳазаҷ;
B) Рамал;
С) Мутақориб;
D) Раҷаз;
Е) Вофир.
С.42.
Духтари кадоме аз ин гурдҳо Гурдофарид ном дошт?
А) Ҳаҷир;
B) Суҳроб;
С) Гаждаҳам;
D) Бормон.
Е) Рустам;
С.43.
Посбони Қалъаи Сафед кӣ буд?
А) Суҳроб;
B) Гаждаҳам;
С) Ҳаҷир;
D) Рустам;
Е) Бормон.
С.44.
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
Ин байтро кадоме аз ин шоирон эҷод кардааст?
А) Кисоӣ;
B) Фаррухӣ;
С) Фирдавсӣ;
D) Носири Хусрав;
Е) Саъдӣ.
С.45.
Соли таваллуди Низомии Арузии Самарқандиро ёбед:
А) Солҳои 905-910;
B) Солҳои 1005-1010;
С) Солҳои 1086-1091;
D) Солҳои 1092-1097;
Е) Солҳои 1096-2005.
С.46.
Китоби «Чаҳор мақола» ба қалами кадоме аз ин адибон тааллуқ дорад?
А) Мунҷики Тирмизӣ;
B) Кисоӣ;
С) Низомии Арузии Самарқандӣ;
D) Рӯдакӣ;
Е) Фирдавсӣ.
С.47.
Низомии Арузии Самарқандӣ дар дарбори кадом давлат 45 сол умри худро гузаронд?
А) Сомониён;
B) Ғазнавиён;
С) Ғуриён;
D) Қарохитоиҳо;
Е) Салҷуқиён.
С.48.
Кадом мақолаи «Чаҳор мақола» ба масъалаи шеъру шоирӣ бахшида шудааст?
А) Мақолаи якум;
B) Мақолаи сеюм;
С) Мақолаи дуюм;
D) Намедонам;
Е) Мақолаи чорум.
С.49.
Дар банди ту, ай шоҳ, Маликшаҳ бояд,
То банди ту пойи тоҷдоре сояд.
Он кас, ки зи пушти Саъди Салмон ояд,
Гаҳ заҳр шавад, мулки туро нагзояд.
Ин рубоиро кадоме аз ин шоирон эҷод кардааст?
А) Манучеҳрӣ;
B) Унсурӣ;
С) Масъуди Саъди Салмон;
D) Фаррухӣ;
Е) Саъдӣ.
С.50.
Масъуди Саъди Салмон чанд сол дар қалъаҳои Су, Даҳак ва Ной зиндонӣ буд?
A) 5 сол;
B) 6 сол;
C) 10 сол;
D) 8 сол;
E) 1 сол.
С.51.
Масъуди Саъди Салмон аз ҷониби кадом шоҳ зиндонӣ карда шуд?
А) Султон Маҳмуд;
B) Султон Масъуд;
С) Султон Иброҳими Ғазнавӣ;
D)Намедонам;
Е) Султон Санҷар.
С.52.
Ҳафт солам бикӯфт Суву Даҳак,
Пас аз онам се сол қалъаи Ной.
Муаллифи ин байтро ёбед:
А) Муиззӣ;
B) Амъақи Бухороӣ;
С) Масъуди Саъди Салмон;
D) Носири Хусрав;
Е) Камоли Хуҷандӣ.
С.53.
Маҷмуаи ашъори Масъуди Саъди Салмон дар таърихи адабиёт бо кадом ном машҳур аст?
А) “Баёз”;
B) “Девон”;
С) “Ҳабсиёт”;
D) “Шеърҳо”;
Е) Намедонам.
С.54.
Девони Масъуди Саъди Салмон аз чанд байт иборат аст?
А) 10 ҳазор байт;
B) 11 ҳазор байт;
С) 11500 байт;
D) 16ҳазор байт;
Е) 19300 байт.
С.55.
Масъуди Саъди Салмон бо ёрии кадом дӯсташ аз зиндон озод шуд?
А) Абунаср;
B) Саъд ибни Маликшоҳ;
С) Абулқосими Хос;
D) Намедонам;
Е) Низомии Арӯзии Самарқандӣ.
С.56.
Масъуди Саъди Салмон бори дуюм ба муддати чанд сол зиндонӣ шуд?
A) 10 сол;
B) 8 сол;
C) 9 сол;
D) 12 сол;
E) 5 сол.
С.57.
Дар маҷмуъ, Масъуди Саъди Салмон дар зиндонҳои Су, Ной, Даҳак ва Маранҷ чанд сол маҳбус буд?
A) 11 сол;
B) 12 сол;
C) 19 сол;
D) 17 сол;
E) 22 сол.
С.58.
Муаллифи қасидаи «Тиру теғ аст бар дилу ҷигарам» кист?
А) Рӯдакӣ;
B) Кисоӣ ;
С) Масъуди Саъди Салмон;
D) Рашиди Ватвот;
Е) Абулфараҷи Рунӣ.
С.59.
Санъати асосии бадеии байти зерро ёбед:
Ҳар субҳ шитобон биравам бар сари роҳе,
Пеш аз рухи хуршед бибинам рухи моҳе.
А) Ташбеҳ;
B) Муболиға;
С) Маҷоз;
D) Таҷнис;
Е) Тавсиф.
С.60.
Шеъри Шамсуддини Табрезӣ гирифт
Мисру Шому Басраву Бағдодро.
Байти боло ба қалами кадом шоир тааллуқ дорад?
А) Саъдӣ;
B) Масъуди Саъди Салмон;
С) Мавлавӣ;
D) Убайди Зоконӣ;
Е) Мушфиқӣ.
С.61.
800-солагии Ҷалолуддини Балхиро кадом сол ҷашн гирифтанд?
А) Соли 1997;
B) Соли 2003;
С) Соли 2007;
D) Соли 2008;
Е) Соли 2012.
С.62.
Зодгоҳи Ҷалолуддини Балхӣ чӣ ном дорад?
А) Рум;
B) Бодғис;
С) Балх;
D) Ҳирот;
Е) Шероз.
С.63.
Таърихи таваллуди Ҷалолуддини Балхиро ёбед:
А) Соли 1299;
B) Соли 1201;
С) Соли 1207;
D) Соли 1209;
Е) Соли 1213.
С.64.
Баҳоуддини Валад падари кадоме аз ин шоирони номии тоҷик-форс аст?
А) Рашиди Ватвот;
B) Сайфи Фарғонӣ;
С) Ҷалолуддини Балхӣ;
D Манучеҳрӣ;
Е) Носири Хусрав.
С.65.
Устоди маънавии Ҷалолуддини Балхӣ кӣ буд?
А) Фаррухии Сиистонӣ;
B) Масъуди Марвазӣ;
С) Шамси Табрезӣ;
D) Қавомии Мутарризӣ;
Е) Саноии Ғазнавӣ.
С.66.
Девони ашъори Ҷалолуддини Балхӣ чӣ ном дорад?
А) «Девони Мавлавӣ»;
B) «Девони Ҷалолуддин Муҳаммад»;
С) «Девони Шамси Табрезӣ»;
D) «Девони Кабир»;
Е) «Девони қасоид».
С.67.
Ҷалолуддини Балхӣ кадом сол аз олам гузаштааст?
А) Соли 1268;
B) Соли 1269;
С) Соли 1273;
D) Соли 1275;
Е) Соли 1280.
С.68.
«Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ аз чанд дафтар иборат аст?
А) 4 дафтар;
B) 5 дафтар;
С) 6 дафтар;
D)8 дафтар;
Е) 10 дафтар.
С.69.
Миқдори байтҳои «Маснавии маънавӣ» чанд аст?
А) 25 ҳазор байт;
B) 25 ҳазору 300 байт;
С) 25 ҳазору 632 байт;
D) 26 ҳазор байт;
Е) 27 ҳазор байт.
С.70.
Ҳикояи «Бозаргон ва тӯтӣ» аз кадом асари Ҷалолуддини Балхист?
А) Аз девони ғазалиёташ;
B) Аз девони қасоидаш ;
С) Аз “Маснавии маънавӣ»;
D) Аз «Девони Кабир»;
Е) Аз «Фиҳӣ мо фиҳӣ».
С.71.
Гуфт тӯтиро: Чӣ хоҳӣ армуғон,
К-орамат аз хиттаи Ҳиндустон?»
Ин байт аз кадом ҳикояи «Маснавии маънавӣ»-ст?
А) «Марди аблаҳ ва хирс»;
B) «Табиб ва бемор»;
С) «Бозаргон ва тӯтӣ»;
D) «Арабу аҷаму турк»;
Е) «Фолбин».
С.72.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
Байти фавқро кӣ навиштааст?
А) Саноӣ;
B) Аттор;
С) Мавлавӣ;
D) Соиб;
Е) Бедил.
С.73.
Кадом санъати маънавӣ дар луғат маънои орият, амонат ва гаравгон гирифтанро дорад?
А) Маҷоз;
B) Ташбеҳ;
С) Истиора;
D)Муболиға;
Е)Иҳом.
С.74.
Истиора чанд навъ мешавад?
A) Чор;
B) Се;
C) Ду;
D) Панҷ;
E) Шаш.
С.75.
Дар ҳаҷв кадоме аз ин шоирон устод аст?
А) Фаррухӣ;
B) Рӯдакӣ;
С) Зоконӣ;
D) Унсурӣ;
Е) Ҳилолӣ.
С.76.
Муаллифи «Рисолаи садпанд» кист?
А) Фаррухӣ;
B) Низомӣ;
С) Зоконӣ;
D) Саъдӣ;
Е) Камоли Хуҷандӣ.
С.77.
Туфайлиро пурсиданд, ки:
– Иштиҳо дорӣ? Гуфт:
– Мани бечора дар ҷаҳон ҳамин матоъ дорам.
Ин ҳикоя ба қалами кадом адиб тааллуқ дорад?
А) Саъдӣ;
B) Носири Хусрав;
С) Убайди Зоконӣ;
D) Хусрави Деҳлавӣ;
Е) Ҷомӣ.
С.78.
Муаллифи «Ахлоқ-ул-ашроф» кист?
А) Масъуди Марвазӣ;
B) Абулянбағӣ;
С) Убайди Зоконӣ;
D) Саъдӣ;
Е) Мушфиқӣ.
С.79.
Убайди Зоконӣ дар кадом асрҳо зиндагӣ кардааст?
А) Асри 10;
B) Асри 12;
С) Охири асри 13 ва аввали асри 14;
D) Асри 15;
Е) Асрҳои 14-15.
С.80.
Кадоме аз ин солҳо соли таваллуди Убайд аст?
А) Соли 1012;
B) Соли 1118;
С) Соли 1270;
D) Соли 1370;
Е) Соли 1402.
С.81.
Соли вафоти Убайди Зокониро ёбед:
A) 1088;
B) 1096;
C) 1370;
D) 1484;
E) 1506.
С.82.
Кадоме аз ин адибон 100 сол умр дидааст?
А) Фирӯзи Машриқӣ;
B) Хусравонӣ;
С) Убайди Зоконӣ;
D) Рашиди Ватвот;
Е) Ваҳиди Табрезӣ.
С.83.
“Мушу гурба»-ро кӣ навиштааст?
А) Абусулайки Гургонӣ;
B) Мунҷики Тирмизӣ;
С) Убайди Зоконӣ;
D) Мушфиқӣ;
Е) Хусрави Деҳлавӣ.
С.84.
Гар биҷӯянд, ба сад қарн наёбанд, Камол,
Булбуле чун ту хушилҳон ба чаманҳои Хуҷанд.
Ин байтро кӣ гуфтааст?
А) Кисоӣ;
B) Мунҷик;
С) Камоли Хуҷандӣ;
D) Унсурӣ;
Е) Манучеҳрӣ.
С.85.
Кадоме аз ин шоирон «Ришнома»-ро таълиф кардааст?
А) Манучеҳрӣ;
B) Низомӣ;
С) Убайд;
D)Саъдӣ;
Е) Камол.
С.86.
Ҳамасри Ҳофизи Шерозӣ кадоме аз суханварон аст?
А) Дақиқӣ;
B) Унсурӣ;
С) Камоли Хуҷандӣ;
D) Ҷомӣ;
Е) Саййидо.
С.87.
Кадоме аз ин асарҳои Убайди Зоконӣ манзуманд?
А) «Садпанд»;
B) «Дилкушо»;
С) «Мушу гурба»;
D) «Даҳфасл»;
Е) «Ахлоқ-ул-ашроф».
С.88.
Рисолаи «Даҳ фасл»-ро кӣ навиштааст?
А) Хайём;
B) Манучеҳрӣ;
С) Зоконӣ;
D) Хоқонӣ;
Е) Ҷомӣ.
С.89.
Муаллифи «Ушшоқнома»-ро ёбед:
А) Ҳилолӣ;
B) Унсурӣ;
С) Зоконӣ;
D) Фаррухӣ;
Е) Шоҳин.
С.90.
Кадоме аз ин солҳо соли таваллуди Камоли Хуҷандист?
A) 1019;
B) 1201;
C) 1318;
D) 1398;
E) 1401.
С.91.
Девони Камоли Хуҷандӣ аз чанд байт иборат аст?
А) 5 ҳазор байт;
B) 5 ҳазору 100 байт;
С) 7 ҳазору 335 байт;
D) 6 ҳазору 224 байт;
Е) наздик ба 8 ҳазор байт.
С.92.
Кадоме аз ин шоирон зодаи Хуҷанд аст?
А) Унсурӣ;
B) Фаррухӣ;
С) Камол;
D) Аҷзӣ;
Е) Шоҳин.
С.93.
Камоли Хуҷандӣ дар кадоме аз ин шаҳрҳо аз олам гузаштааст?
А) Бодғис;
B) Астаробод;
С) Табрез;
D) Деҳлӣ;
Е) Исфаҳон.
С.94.
Муаллифи байти зерро ёбед:
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб.
А) Масъуди Саъд;
B) Рӯдакӣ;
С) Камол;
D) Ҳофиз;
Е) Асирӣ.
С.95.
Камол чанд соли умрашро дар шаҳри Сарой гузаронд?
A) 2-5-6 сол;
B) 6-7 сол;
C) 10-11 сол;
D) 12-13 сол;
E) 15-16 сол.
С.96.
Камоли Хуҷандӣ кадом сол аз олам гузаштааст?
A) 1384;
B) 1391;
C) 1401;
D) 1434;
E) 1452.
С.97.
Дӯст медорад дилам ҷавру ҷафои дӯстро,
Дӯсттар аз ҷону сар дарду балои дӯстро.
Ин матлаи ғазали кист?
А) Аттор;
B) Мавлавӣ;
С) Камол;
D) Ҳофиз;
Е) Саъдӣ.
С.98.
Сухани пӯшида, рамз ва ишора маънои луғавии кадом санъати
маънавист?
А) Таҷоҳули ориф;
B) Истиора;
С) Киноя;
D) Иҳом;
Е) Таҷнис.
С.99.
Санъати асосии ин байти Турсунзода чӣ ном дорад?
Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»
Тарк кунад кишвари Ҳиндустон.
А) Тавфиф;
B) Тавсиф;
С) Киноя;
D) Таҷнис;
Е) Ташбеҳ.
С.100.
«Нафаҳот-ул-унс»-ро кӣ таълиф кардааст?
А) Хусрави Деҳлавӣ;
B) Ҳасани Деҳлавӣ;
С) Ҷомӣ;
D)Ибни Ямини Фарюмадӣ;
Е) Убайди Зоконӣ.
С.101.
Кадоме аз ин асарҳо ба Ҷомӣ тааллуқ дорад?
А) «Бустон»;
B) «Хористон»;
С) «Баҳористон»;
D) «Нигористон»;
Е) «Кашф-ул-асрор».
С.102.
Кадоме аз ин шоирон 7 бор ба сафар баромадааст?
А) Кошифӣ;
B) Навоӣ;
С) Ҷомӣ;
D) Котибӣ;
Е) Ҳилолӣ.
С.103.
Кадоме аз ин асарҳоро Ҷомӣ эҷод кардааст?
А) «Ахлоқи Муҳсинӣ»;
B) «Ахлоқи Носирӣ»;
С) «Ал-фавоид-уз-зиёия»;
D) «Ахлоқи Ҷалолӣ»;
Е) «Махзан-ул-иншо».
С.104.
Саргузашти се тан зани суханвар дар кадоме аз ин тазкираҳо
омадааст?
А) «Лубоб-ул-албоб»;
B) «Тазкират-уш-шуаро»;
С) «Нафаҳот-ул-унс»;
D) «Баҳористон»;
Е) «Туҳфаи Сомӣ».
С.105.
«Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ чанд маснавиро дар бар мегирад?
А) Сето;
B) Шашто;
С) Ҳафтто;
D) Чорто;
Е) Панҷто.
С.106.
«Силсилат-уз-заҳаб»-ро кӣ эҷод кардааст?
А) Низомӣ;
B) Хусрав;
С) Ҷомӣ;
D) Камол;
Е) Ҳилолӣ.
С.107.
«Туҳфат-ул-аҳрор» асари кадом шоир аст?
А) Саъдӣ;
B) Ҳофиз;
С) Ҷомӣ;
D) Ҳилолӣ;
Е) Хоқонӣ.
С.108.
«Субҳат-ул-аброр» ба қалами кадом шоир тааллуқ дорад?
А) Саноӣ;
B) Рӯдакӣ;
С) Ҷомӣ;
D) Хоқонӣ;
Е) Ҳилолӣ.
С.109.
Кадоме аз ин асарҳо дорои даҳ боб аст?
А) «Бустон»;
B) «Махзан-ул-асрор»;
С) «Баҳористон»;
D) «Анвори Суҳайлӣ»;
Е) «Ахлоқи Муҳсинӣ».
С.110.
Кадом боби «Баҳористон» хусусияти баёзро дорад?
А) Боби дуюм;
B) Боби шашум;
С) Боби ҳафтум;
D) Боби сеюм;
Е) Боби чорум.
С.111.
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Муаллифи ин байт кист?
А) Саноӣ;
B) Аттор;
С) Ҷомӣ;
D) Саййидо;
Е) Бедил.
С.112.
Соли 1414 кадоме аз адибон ба дунё омадааст?
А) Котибӣ;
B) Ҳотифӣ;
С) Ҷомӣ;
D) Ҳилолӣ;
Е) Асирӣ.
С.113.
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Байти мазкур аз кист?
А) Саноӣ;
B) Аттор;
С) Ҷомӣ;
D) Ҳилолӣ;
Е) Бедил.
С.114.
Соли 1487 Ҷомӣ кадоме аз ин асарҳоро эҷод кард?
А) «Силсилат-уз-заҳаб»;
B) «Саломону Абсол»;
С) «Баҳористон»;
D) «Юсуфу Зулайхо»;
Е) «Лайлию Маҷнун».
С.115.
Кадоме аз ин шоирон дар асри 15 зиндагӣ кардааст?
А) Абулянбағӣ;
B) Муҳаммад Васиф;
С) Ҷомӣ;
D) Аттор;
Е) Саноӣ.
С.116.
«Қиссаи рустоӣ, ки дарозгӯши пири ланги пуштрез ба бозори
харфурӯшон бурд» аз кадом асари Ҷомист?
А) «Саломону Абсол»;
B) «Юсуфу Зулайхо»;
С) «Силсилат-уз-заҳаб»;
D) «Лайлию Маҷнун»;
Е) «Баҳористон».
С.117.
Соли вафоти Абдурраҳмони Ҷомиро ёбед:
A) 1494;
B) 1491;
C) 1492;
D)1493;
E) 1495.
С.118.
Кадоме аз ин асарҳои Ҷомӣ дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ
навишта шудааст?
А) «Силсилат-уз-заҳаб»;
B) «Саломону Абсол»;
С) «Баҳористон»;
D) «Хирадномаи Искандарӣ»;
Е) «Юсуфу Зулайхо».
С.119.
Таъна бар ман мазан ба сурати зишт,
Ай тиҳӣ аз фазилату инсоф!
Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,
Кор шамшер мекунад, на ғилоф!
Ин қитъа аз кадом асари Ҷомист?
А) «Саломону Абсол»;
B) «Ҳафт авранг»;
С) «Баҳористон»;
D) «Девони Ҷомӣ»;
Е) «Юсуфу Зулайхо».
С.120.
Ҷомӣ дар пайравии «Табақот-ус-суфия»-и Абдуллоҳи Ансорӣ
кадом асарро навишт?
А) «Хирадномаи Искандарӣ»-ро;
B) «Саломон ва Абсол»- ро;
С) «Нафаҳот-ул-унс»;
D) «Силсилат-уз-заҳаб»;
Е) «Баҳористон».
С.121.
Алишери Навоӣ соли 1495 кадом асари Ҷомиро ба забони тур-
кии чағатоӣ тарҷума кардааст?
А) «Хирадномаи Искандарӣ»;
B) «Силсилат-уз-заҳаб»;
С) «Нафаҳот-ул-унс»;
D) «Ҳафт авранг»;
Е) «Баҳористон».
С.122.
Байти зеринро кӣ гуфтааст?
Шеъри Шамсиддини Табрезӣ
Мисру Шому Басраву Бағдодро
А) Саноӣ;
B) Носири Хусрав;
С) Мавлавӣ;
D) Абдулвосеи Ҷабалӣ;
Е) Фахруддини Гургонӣ.
С.123.
Ин байтро:
Камол, аз Каъба рафтӣ бар дари ёр,
Ҳазорат офарин, мардона рафтӣ!
бар лавҳи мазори кадоме аз ин шоирон навиштаанд?
А) Камоли Исфаҳонӣ;
B) Саноӣ;
С) Камоли Хуҷандӣ;
D) Аттор;
Е) Саъдии Шерозӣ.
С.124.
Кадоме аз ин китобҳо ба шаст забон тарҷума шуда, дусад бор
таҳрир ёфтааст?
А) «Шоҳнома»;
B) «Чаҳор мақола»;
С) «Калилаву Димна»;
D) «Баҳористон»;
Е) «Ахлоқи Муҳсинӣ».
С.125.
Кадоме аз ин адибон дар асри 15 китоби «Калила ва Димна»-
ро бо номи «Анвори Суҳайлӣ» аз нав таҳрир кард?
А) Котибӣ;
B) Шоҳ Доъии Шерозӣ;
С) Ҳусайн Воизи Кошифӣ;
D) Ҷомӣ;
Е) Фаттоҳӣ.
С.126.
Кадоме аз ин адибон муосири Абдурраҳмони Ҷомист?
А) Низомӣ;
B) Саъдӣ;
С) Кошифӣ;
D) Камол;
Е) Ҳофиз.
С.127.
«Бадоеъ-ул-афкор»-ро кӣ таълиф кардааст?
А) Зоконӣ;
B) Ибни Ямин;
С) Воизи Кошифӣ;
D) Амир Хусрав;
Е) Ҷомӣ.
С.128.
«Ахлоқи Муҳсинӣ» асари кист?
А) Саъдӣ;
B) Камол;
С) Воизи Кошифӣ;
D) Дониш;
Е) Ҷомӣ.
С.129.
Муаллифи рисолаи «Ҳотамия» кист?
А) Навоӣ;
B) Ҷомӣ;
С) Воизи Кошифӣ;
D) Котибӣ;
Е) Ироқӣ.
С.130.
Кадоме аз ин асарҳо ба Кошифӣ тааллуқ дорад?
А) «Бӯстон»;
B) «Баҳористон»;
С) «Кашф-ул-асрор»;
D) «Гулистон»;
Е) «Хористон».
С.131.
«Ҳикояи моҳихор» аз кадом асари Ҳусайн Воизи Кошифист?
А) «Махзан-ул-иншо»;
B) «Кашф-ул-асрор»;
С) «Анвори Суҳайлӣ»;
D) «Ахлоқи Муҳсинӣ»;
Е) «Ҳотамия».
С.132.
«Самандар» тахаллуси шоирии кадом адиб аст?
А) Дақиқӣ;
B) Родуёнӣ;
С) Самандархоҷаи Тирмизӣ;
D) Рашиди Ватвот;
Е) Котибӣ.
С.133.
Кадоме аз ин шоирон дар асри 17 зиндагӣ кардааст?
А) Кисоӣ;
B) Фаррухӣ;
С) Самандархоҷаи Тирмизӣ;
D) Масъуди Саъд;
Е) Мавлавӣ.
С.134.
«Дастур-ул-мулук» аз чанд боб иборат аст?
А) Аз 16 боб;
B) Аз 20 боб;
С) Аз 22 боб;
D) Аз 30 боб;
Е) Аз 32 боб.
С.135.
Фаъолияти адабии Самандархоҷаи Тирмизӣ, асосан, дар
кадом шаҳр оғоз ёфтааст?
А) Бухоро;
B) Тирмиз;
С) Насаф;
D) Қаршӣ;
Е) Самарқанд.
С.136.
Ҳикояҳои «Дастур-ул-мулук», асосан, бо кадом ибора оғоз
меёбад?
А) «Овардаанд, ки…»;
B) «Мегӯянд, ки…»;
С) «Азизи ман…»;
D) «Буд, набуд…»;
Е) «Дар замоне…».
С.137.
Кадоме аз ин солҳо соли таълифи «Дастур-ул-мулук» аст?
A) 1596;
B) 1601;
C) 1696;
D) 1699;
E) 1701.
С.138.
Адиби асри 19 Муҳаммад Яъқуб «Гулшан-ул-мулук»-и худ- ро
дар пайравии кадом асар навиштааст?
А) «Чаҳор мақола»;
B) «Ҳабиб-ус-сияр»;
С) «Дастур-ул-мулук»;
D) «Гулистон»;
Е) «Гулшани роз».
С.139.
Байти:
Деҳқони солхурда чӣ хуш гуфт бо писар,
К-ай нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ,
дар кадоме аз ин асар омадааст?
А) «Гулистон»;
B) «Баҳористон»;
С) «Дастур-ул-мулук»;
D) «Кимиёи саодат»;
Е) «Хористон».
С.140.
Миробид Саййидои Насафӣ зодаи кадом шаҳр аст?
А) Самарқанд;
B) Хуҷанд;
С) Насаф;
D) Тошканд;
Е) Истаравшан.
С.141.
Миробид номи кадоме аз ин шоирон аст?
А) Ҳилолӣ;
B) Ҷомӣ;
С) Саййидо;
D) Мушфиқӣ;
Е) Савдо.
С.142.
Зиндагии Саййидо, асосан, дар кадом шаҳр сипарӣ шудааст?
А) Хуҷанд;
B) Нишопур;
С) Бухоро;
D) Табрез;
Е) Тошканд.
С.143.
Саййидо бо кадоме аз ҳокимони замони худ қаробат доштааст?
А) Абдулазизхон;
B) Субҳонқулихон;
С) Раҳимбию Ҳоҷидодхоҳ;
D) Амир Музаффар;
Е) Убайдуллоҳхон.
С.144.
Оромгоҳи Саййидо дар куҷост?
А) Насаф;
B) Тошканд;
С) Бухоро;
D) Самарқанд;
Е) Табрез.
С.145.
То замони мо аз Саййидо чанд ҳазор байт боқӣ мондааст?
А) Панҷ ҳазор;
B) Шашуним ҳазор;
С) Ҳашту ним ҳазор;
D) Нуҳ ҳазор;
Е) Нуҳуним ҳазор.
С.146.
Теъдоди абёти ғазалиёти Саййидо чӣ қадар аст?
А) Ду ҳазор;
B) Се ҳазор;
С) Чор ҳазору шашсад;
D) Севу ним ҳазор;
Е) Чор ҳазор.
С.147.
Баъди ғазал дар ашъори Саййидо кадом навъи адабӣ мавқеи
хос дорад?
А) Қасида;
B) Маснавӣ;
С) Мусаммати мухаммас;
D) Дубайтӣ;
Е) Рубоӣ.
С.148.
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
байти кадоме аз ин шоирон аст?
А) Ҳилолӣ;
B) Низомӣ;
С) Саййидо;
D) Котибӣ;
Е) Ҷомӣ.
С.149.
Шеърҳои: «Дар таърифи наҷҷор» ва «Дар таърифи нонвой»-
ро кӣ эҷод кардааст?
А) Котибӣ;
B) Ҳилолӣ;
С) Саййидо;
D) Восифӣ;
Е) Бедил.
С.150.
Дар таърихи адабиёти тоҷик дуюмин шоири «Шаҳрошӯб» -саро
кист?
А) Муҳаммад Васиф;
B) Фаррухӣ;
С) Саййидо;
D) Бедил;
Е) Савдо.
С.151.
«Шаҳрошӯб»-и Саййидо, асосан, дар кадом навъи адабӣ эҷод
шудааст?
А) Ғазал;
B) Қасида;
С) Таркиббанд;
D) Қитъа;
Е) Маснавӣ.
С.152.
Аввалин «Шаҳрошӯб» -нависи адабиёти тоҷик-форс кист?
А) Абулянбағӣ;
B) Фирӯзи Машриқӣ;
С) Масъуди Саъди Салмон;
D) Унсурӣ;
Е) Биноӣ.
С.153.
«Баҳориёт»-и Саййидо аз чанд қисм иборат аст?
A) панҷ;
B) чор;
C) се;
D) ду;
E) ҳафт.
С.154.
«Баҳориёт»-и Саййидо бо кадом ном машҳур аст?
А) «Мушу гурба»;
B) «Калилаву Димна»;
С) «Ҳайвонотнома»;
D) «Уштурнома»;
Е) «Тӯтинома».
С.155.
Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,
Имрӯз дар баробари ман кист дар ҷаҳон?
Байти зикршуда аз забони кадом ҳайвони «Баҳориёт» аст?
А) Гурба;
B) Саг;
С) Муш;
D) Гург;
Е) Фил.
С.156.
Бандҳои мусаммати мухаммас аз чанд мисраъ иборатанд?
А) Се мисраъ;
B) Чор мирасъ;
С) Панҷ мисраъ;
D) Шаш мисраъ;
Е) Ҳафт мисраъ.
С.157.
«Баҳориёт»-и Саййидо бо ғалабаи кадом ҷонвар ба охир
мерасад?
А) Муш;
B) Гург;
С) Мӯрча;
D) Фил;
Е) Шер.
С.158.
Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,
Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст.
Байти фавқуззикр матлаи ғазали кадоме аз ин шоирон аст?
А) Котибӣ;
B) Ҷомӣ;
С) Саййидо;
D) Биноӣ;
Е) Кисоӣ.
С.159.
Дар «Баҳориёт»-и Саййидо чанд ҳайвон иштирок мекунад?
A) 10-то;
B) 12-то;
C) 18-то;
D) 16-то;
E) 15-то.
С.160.
Дар илми бадеи классикӣ калимаҳоеро, ки аз ҷиҳати шакл ё талаффуз монанданду аз ҷиҳати маъно фарқ мекунанд, чӣ меноманд?
А) Иҳом;
B) Ташбеҳ;
С) Таҷнис;
D) Нидо;
Е) Истиора.
С.161.
Таҷнис чанд навъ мешавад?
A) Чор;
B) Шаш;
C) Ҳафт;
D) Ду;
E) Се;
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Дар ин байт кадом калимаҳои он ба вазифаи таҷнис омада-
аст?
А) «Ҷаннат»;
B) «Ризо»;
С) «Мо дар он» ва «Модарон»;
D) «Дар зер»;
Е) «Қудум».
С.162.
Дар илми забоншиносӣ таҷнисро чӣ мегӯянд?
А) Антоним;
B) Синоним;
С) Омоним;
D) Феъли ҳол;
Е) Шакли номуайяни феъл.
С.163.
Маснавии Котибии Туршезӣ (асри 15), ки дар ҳар байти он санъати таҷнис истифода шудааст, чӣ ном дорад?
А) «Мантиқ-ут-тайр»;
B) «Даҳ фасл»;
С) «Даҳ боб»;
D) «Нафаҳот-ул-унс»;
Е) «Фотиҳат-уш-шабоб».
С.164.
Муаллифи романи «Фирдавсӣ» кист?
А) Ҷ. Икромӣ;
B) Р. Ҷалил;
С) С. Улуғзода;
D) Сорбон;
Е) С. Турсун.
С.165.
Повести «Ривояти суғдӣ»-ро кӣ навиштаст?
А) М. Турсунзода;
B) Б. Раҳимзода;
С) Улуғзода;
D) Ҷ. Икромӣ;
Е) Р.Ҷалил.
С.166.
Аввалин повести С. Улуғзода чӣ ном дорад?
А) «Навобод»;
B) «Субҳи ҷавонии мо»;
С) «Ёрони боҳиммат»;
D) «Восеъ»;
Е) «Фирдавсӣ».
С.167.
Соли 1911 кадоме аз ин адибон ба дунё омадааст?
А) С. Айнӣ;
B) А. Лоҳутӣ;
С) С. Улуғзода;
D) П. Сулаймонӣ;
Е) А. Мунзим.
С.168.
Зодгоҳи С. Улуғзода кадом деҳа аст?
А) Бож;
B) Соктаре;
С) Варзик;
D) Ғиждувон;
Е) Румон.
С.169.
Соли 1929 кадоме аз ин адибон Дорулмуаллимини Тошкандро хатм кардааст?
А) С. Айнӣ;
B) А. Лоҳутӣ;
С) С. Улуғзода;
D) П. Сулаймонӣ;
Е) М. Қаноат;
С.170.
Сотим Улуғзода кай ба Душанбе омад?
А) Соли 1940;
B) Соли 1923;
С) Соли 1930;
D) Соли 1920;
Е) Соли 1922.
С.171.
Фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзода аз кадом сол сар шудааст?
А) Аз соли 1926;
B) Аз соли 1923;
С) Аз соли 1930;
D) Аз соли 1925;
Е) Аз соли 1927.
С.172.
Аввалин песаи С. Улуғзода чӣ ном дорад?
А) «Дохунда»;
B) «Сарбозони инқилоб»;
С) «Лашкар ба дарвозаи Бухоро»;
D) «Калтакдорони сурх»;
Е) «Ҳуррият».
С.173.
Киноповести «Ибни Сино»-ро кӣ навиштааст?
А) С. Айнӣ;
B) А. Лоҳутӣ;
С) С. Улуғзода;
D) Ҳ. Юсуфӣ;
Е) Ҷ. Икромӣ.
С.174.
«Субҳи ҷавонии мо» ба қалами кадоме аз ин адибон тааллуқ дорад?
А) Икромӣ;
B) Лоҳутӣ;
С) Улуғзода;
D) С. Турсун;
Е) Сорбон.
С.175.
Виркан қаҳрамони асосии кадом асари С. Улуғзода мебошад?
А) «Субҳи ҷавонии мо»;
B) «Фирдавсӣ»;
С) «Ривояти суғдӣ»;
D) «Ёрони боҳиммат»;
Е) «Алломаи Адҳам ва дигарон».
С.176.
Боғи Майдон зодгоҳи кадом адиб аст?
А) Асирӣ;
B) Лоҳутӣ;
С) Ҳабиб Юсуфӣ;
D) Айнӣ;
Е) Турсунзода.
С.177.
Ҳабиб Юсуфӣ кай ба дунё омадааст?
А) Соли 1919;
B) Соли 1926;
С) Соли 1916;
D) Соли 1922;
Е) Соли 1925.
С.178.
Кадом сол Ҳабиб Юсуфӣ аз олам гузаштааст?
А) Соли 1939;
B) Соли 1941;
С) Соли 1945;
D) Соли 1948;
Е) Соли 1951.
С.179.
Ҳабиб Юсуфӣ ба шеъргӯйӣ кай шуруъ кардааст?
А) Соли 1931;
B) Соли 1934;
С) Соли 1936;
D) Соли 1933;
Е) Соли 1938.
С.180.
Нахустин маҷмуаи шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ кай нашр шудааст?
А) Соли 1931;
B) Соли 1935;
С) Соли 1939;
D) Соли 1941;
Е) Соли 1948.
С.181.
Шеъри «Ба Ватан»-ро кӣ навиштааст?
А) Б.Раҳимзода;
B) М. Раҳимӣ;
С) Ҳ. Юсуфӣ;
D) М. Турсунзода;
Е) А. Деҳотӣ.
С.182.
«Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» шеъри кист?
А) М. Раҳимӣ;
B) С. Айнӣ;
С) Ҳ. Юсуфӣ;
D) А. Деҳотӣ;
Е) П. Сулаймонӣ.
С.183.
Шеъри «Ба ҳар куҷо-т равам, дил диёри ман гӯяд»-ро кӣ навиштааст?
А) Лоҳутӣ;
B) Айнӣ;
С) Ҳ. Юсуфӣ;
D) Турсунзода;
Е) П. Сулаймонӣ.
С.184.
Боқӣ Раҳимзода кай ва дар куҷо ба дунё омадааст?
А) Соли 1908, Бухоро;
B) Соли 1909, Самарқанд;
С) Соли 1910, Сорбоғ;
D) Соли 1912, Боғи Майдон;
Е) Соли 1911, Душанбе.
С.185.
Боқӣ Раҳимзода кадом сол Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкандро хатм кардааст?
A) 1931;
B) 1937;
C) 1938;
D) 1942;
E) 1945.
С.186.
Аввалин шеърҳои Боқӣ Раҳимзода кадом солҳо чоп шудаанд?
А) Солҳои 20-уми асри ХХ;
B) Солҳои 40-уми асри ХХ;
С) Солҳои 30-уми асри ХХ;
D) Солҳои 50-уми асри ХХ;
Е) Солҳои 60-уми асри ХХ.
С.187.
Нахустин китоби шеърҳои Боқӣ кадом сол нашр шудааст?
A) 1939;
B) 1943;
C) 1945;
D) 1948;
E) 1952.
С.188.
«Ба фронт» аввалин маҷмуаи шеърҳои кадоме аз ин шоирон аст?
А) Лоҳутӣ;
B) Пайрав;
С) Боқӣ;
D) Ғаффор Мирзо;
Е) Турсунзода.
С.189.
Таркиббанди «Халқи бузургворам»-ро кӣ навиштааст?
А) Айнӣ;
B) Лоҳутӣ;
С) Боқӣ;
D) Ҳалимшо;
Е) Лоиқ.
С.190.
Шеъри «Муаллим»-и Боқӣ дар кадом навъи адабӣ навишта шудааст?
А) Ғазал;
B) Қасида;
С) Тарҷеъбанд;
D) Қитъа;
Е) Маснавӣ.
С.191.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Ин байти восила (восита) ба қалами кадоме аз ин шоирон тааллуқ дорад?
А) Раҳимӣ;
B) Лоҳутӣ;
С) Боқӣ;
D) Айнӣ;
Е) Гулназар.
С.192.
Байте, ки баъди ҳар банди таркиббанд ё тарҷеъбанд меояд, чӣ ном доранд?
А) Байти тахаллус;
B) Байти гурез;
С) Байти восила;
D) Байти мақтаъ;
Е) Байти матлаъ.
С.193.
Боқӣ Раҳимзода кадом сол аз олам чашм пӯшид?
A) 1979;
B) 1983;
C) 1980;
D) 1985;
E) 1988.
С.194.
З-ин рӯ туро сурудам, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.
Ин байт аз кадом шеъри Боқист?
А) «Баҳори умр»;
B) «Қиссаи кӯҳсор»;
С) «Халқи бузургворам»;
D) «Республикаи ман»;
Е) «Муаллим».
С.195.
Кадоме аз ин шоирон дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст?
А) Турсунзода;
B) Айнӣ;
С) Аминзода;
D) Лоиқ;
Е) Гулназар.
С.196.
Соли таваллуди Аминзодаро ёбед:
A) 1898;
B) 1900;
C) 1904;
D) 1906;
E) 1908.
С.197.
Миқдори шеърҳои тарҷумакардаи Аминзода чанд ҳазор байтро
ташкил медиҳад?
А) 60 ҳазор;
B) 70 ҳазор;
С) 75 ҳазор;
D) 65 ҳазор;
Е) 72 ҳазор.
С.198.
Достони «Фарҳоду Ширин»-и Навоиро кадоме аз ин шоирон
аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст?
А) Айнӣ;
B) Пайрав;
С) Аминзода;
D) Убайд Раҷаб;
Е) Лоиқ.
С.199.
Аввалин маҷмуаи шеърҳои Аминзода кадом сол ба табъ расидааст?
A) 1930;
B) 1932;
C) 1935;
D) 1938;
E) 1940.
С.200.
Муҳиддин Аминзода кадом сол аз олам гузаштааст?
A) 1961;
B) 1965;
C) 1966;
D) 1964;
E) 1963.
С.201.
Муҳиддин Аминзода аз кадом сол узви Иттифоқи нависандагони СССР буд?
А) Аз соли 1932;
B) Аз соли 1934;
С) Аз соли 1936;
D) Аз соли 1935;
Е) Аз соли 1937.
С.202.
Ҷаҳл аз худ дур мебояд намуд,
Дафъи ин манфур мебояд намуд.
Байти боло матлаи ғазали кадоме аз ин шоирон аст?
А) Лоҳутӣ;
B) Айнӣ;
С) Аминзода;
D) Гулназар;
Е) Лоиқ.
С.203.
Шеъри «Хӯша ва деҳқон» дар кадом жанри адабӣ навишта шудааст?
А) Қасида;
B) Ғазал;
С) Маснавӣ;
D) Қитъа;
Е) Тарҷеъбанд.
С.204.
“Бесаводӣ балои ҷон бошад” шеъри кист?
А) Айнӣ;
B) Лоҳутӣ;
С) Аминзода;
D) Ғаффор Мирзо;
Е) Убайд Раҷаб.
С.205.
Таркиббанди «Имзо мекунам» шеъри кадом шоир аст?
А) Шукӯҳӣ;
B) Муъмин Қаноат;
С) Аминзода;
D) Убайд Раҷаб;
Е) Басир Расо.
С.206.
Байти зерин ба қалами кадом шоир тааллуқ дорад?
Ту, ай фарзанди ман, фарзанди халқӣ,
Чу дилбанди падар, дилбанди халқӣ.
А) Лоҳутӣ;
B) Пайрав;
С) Аминзода;
D) Убайд Раҷаб;
Е) Лоиқ.
С.207.
Соли 1928 кадом адиби тоҷик ба дунё омадааст?
А) М. Раҳимӣ;
B) Лоҳутӣ;
С) Ф. Муҳаммадиев;
D) М. Қаноат;
Е) Ҳ. Юсуфӣ.
С.208.
«Одамони куҳна»-ро кадом адиб эҷод кардааст?
А) Р. Ҷалил;
B) Ҷ. Икромӣ;
С) Ф. Муҳаммадиев;
D) Ф. Ниёзӣ;
Е) Саттор Турсун.
С.209.
Маҷмуаи очерку ҳикояҳои Ф. Муҳаммадиев кадом сол ба табъ расидааст?
А) Соли 1950;
B) Соли 1956;
С) Соли 1958;
D) Соли 1960;Ъ
Е) Соли 1962.
С.210.
Соли 1963 кадом асари Ф. Муҳаммадиев дастраси хонандагон гардид?
А) «Муҳоҷирон»;
B) «Раиси нав»;
С) «Одамони куҳна»;
D) «Сози Мунаввар»;
Е) «Палатаи кунҷакӣ».
С.211.
Фазлиддин Муҳаммадиев кадом сол аз дунё гузаштааст?
А) Соли 1982;
B) Соли 1984;
С) Соли 1986;
D) Соли 1988;
Е) Соли 1990.
С.212.
Аҳрорамак ва Зиёбобо қаҳрамонони асосии кадом асари
Ф. Муҳаммадиев мебошанд?
А) «Палатаи кунҷакӣ»;
B) «Муҳоҷирон»;
С) «Одамони куҳна»;
D) «Таркише, ки ба вуқуъ наомад»;
Е) «Сози Мунаввар».
С.213.
Романи «Палатаи кунҷакӣ»-ро кӣ навиштааст?
А) Ф. Ниёзӣ;
B) Ҷ. Икромӣ;
С) Ф. Муҳаммадиев;
D) Сорбон;
Е) Саттор Турсун.
С.214.
Кадоме аз ин шоирон дар деҳаи Румони Хуҷанд ба дунё омадааст?
А) Айнӣ;
B) Лоиқ;
С) Аминҷон Шукӯҳӣ;
D) Пайрав Сулаймонӣ;
Е) Турсунзода.
С.215.
Аввалин маҷмуаи шеърҳои Аминҷон Шукӯҳӣ кадом сол аз чоп баромад?
А) Соли 1941;
B) Соли 1945;
С) Соли 1948;
D) Соли 1949;
Е) Соли 1951.
С.216.
Аминҷон Шукӯҳӣ кадом сол аз олам гузаштааст?
А) Соли 1975;
B) Соли 1977;
С) Соли 1979;
D) Соли 1980;
Е) Соли 1982.
С.217.
Шеъри «Мо толиби сулҳем» ба қалами кадоме аз ин шоирон тааллуқ дорад?
А) Лоҳутӣ;
B) Суҳайлӣ;
С) Аминҷон Шукӯҳӣ;
D) Гулназар;
Е) Лоиқ.
С.218.
Шеъри «Ҳурмати мӯйи сафедаш» дар кадом навъи адабӣ навишта шудааст?
А) Мусаммати мухаммас;
B) Мусаммати мусаллас;
С) Мусаммати мураббаъ;
D) Мусаммати мусаддас;
Е) Мусаммати мусамман.
С.219.
Шеъри «Шаҳри азизам»-ро кӣ навиштааст?
А) Лоҳутӣ;
B) Турсунзода;
С) Аминҷон Шукӯҳӣ;
D) Гулназар;
Е) Лоиқ.
С.220.
Байти:
Лайлӣ сари зулф шона мекард,
Маҷнун дури ашк дона мекард.
дар кадом санъати бадеӣ суруда шудааст?
А) Талмеҳ;
B) Ташбеҳ;
С) Тазод ва муқобала;
D) Иҳом;
Е) Мулавван.
С.221.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!
Байти боло ба қалами кадом шоир тааллуқ дорад?
А) Айнӣ;
B) Лоҳутӣ;
С) Лоиқ;
D) Мастон Шералӣ;
Е) Гулназар.
С.222.
Соли 1941 кадом шоири машҳури тоҷик таваллуд шудааст?
А) Лоҳутӣ;
B) Пайрав;
С) Лоиқ;
D) Гулназар;
Е) Убайд Раҷаб.
С.223.
Аввалин шеъри Лоиқ, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд, чӣ ном дорад?
А) «Ба модарам»;
B) «Корези Фирдавсӣ»;
С) «Ном»;
D) «Забонгумкарда»;
Е) «Дасти дуои модар».
С.224.
Кадоме аз ин шоирон дар деҳаи Мазори Шариф ба дунё омадааст?
А) Сотим Улуғзода;
B) Муъмин Қаноат;
С) Лоиқ Шералӣ.
D) Гулназар;
Е) Қутбӣ Киром.
С.225.
Соли вафоти Лоиқро гӯед:
A) 1998;
B) 1999;
C) 2000;
D) 2001;
E) 2002.
С.226.
Лоиқ Шералӣ дар чандсолагӣ аз олам гузаштааст?
А) 56-солагӣ;
B) 57-солагӣ;
С) 59-солагӣ;
D) 60-солагӣ;
Е) 63-солагӣ.
С.227.
Шеъри «Забонгумкарда» ба қалами кадоме аз ин шоирон тааллуқ дорад?
А) Лоҳутӣ;
B) Пайрав;
С) Лоиқ;
D) Гулназар;
Е) Мастон.
С.228.
Кадоме аз ин шоирон дар таърихи адабиёти тоҷик бо модарномаҳои худ шуҳрати зиёд пайдо кардааст?
А) Турсунзода;
B) Раҳимӣ;
С) Лоиқ ;
D) Гулназар;
Е) Убайд
Раҷаб.
С.229.
Соли 2001 «Куллиёт»-и кадом Шоири халқии Тоҷикистон нашр карда шуд?
А) Турсунзода;
B) Қутбӣ Киром;
С) Лоиқ ;
D) Гулназар;
Е) Сайидалӣ Маъмур.
С.230.
«Хонаи дил» китоби шеърҳои кадоме аз ин шоирон аст?
А) Лоҳутӣ;
B) Пайрав;
С) Лоиқ ;
D) Гулназар;
Е) Сайидалӣ Маъмур.
С.231.
«Дасти дуои модар» ба қалами кадоме аз ин шоирон тааллуқ дорад?
А) Мумтоз;
B) Бозор Собир;
С) Лоиқ ;
D) Гулназар;
Е) Меҳмон
Бахтӣ.
С.232.
Китоби «Фарёди бефарёдрас» кадом сол ба табъ расид?
A) 1988;
B) 1991;
C) 1997;
D) 1999;
E) 2001.
С.233.
Лоиқ дар кадоме аз ин анвои адабӣ дастболост?
А) Таркиббанд;
B) Қасида;
С) Ғазалу рубоию дубайтӣ;
D) Маснавӣ;
Е) Қитъа.