Мубодилаи моддаҳо хосияти асосии ҳаётии
ҳуҷайра мебошад. Дар ҳуҷайра моддаҳои ғизоӣ бо мунтазам оксиген ворид гашта, маҳсулоти
таҷзия чудо мешавад. Ин моддаҳо дар раванди биохимиявӣ иштирок намуда,
ҳосилшавии сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо ва пайвастагиҳои онҳоро, ки аз
моддаҳои содда иборатанд, таъмин менамояд. Моддаҳои ҳосилшуда ба ҳуҷайраҳои
муайяни организм хосанд. Мисол, дар мушакҳо сафедаҳо таҷзия шуда, кашишхӯрии
онҳоро таъмин менамоянд. Дар баробари таҷзияи биологӣ дар ҳуҷайраҳо
пайвастагиҳои узвӣ ба амал омада, таркиби моддаҳои мураккаб соддатар мегардад.
Қариб ҳамаи реаксияи таҷзия бо иштироки гази оксиген, об ва хориҷшавии нерӯ
ба амал меояд. Нерӯи ҳосилшуда барои ҳуҷайра лозим аст. Барои ҳуҷайра сабзиш ва
афзоиш хос мебошад. Дар натиҷаи тақсимшавӣ аз як ҳуҷайраи модарӣ ду ҳуҷайраи духтарӣ
ҳосил мешавад. Онҳо инкишоф меёбанд ва чун ҳуҷайраи модарӣ калон мешаванд.
Ҳуҷайраҳо аз якчанд соат то даҳҳо, садҳо соат умр мебинанд. Ҳуҷайраҳои зинда омилҳои физикӣ ва химиявиро ҳис
мекунанд. Онҳоро қобилияти мутаассиршавӣ (ҳаяҷонпазирӣ) меноманд. Ҳуҷайра дар
зери таъсири омилҳои беруна ба ангезиш меояд. Дар он суръати синтези биологӣ, таҷзияи
моддаҳо, талабот ба оксиген ва ҳарорат тагйир меёбад. Ҳамин тавр ҳуҷайраҳо
вазифаи муайяни худро иҷро мекунанд. Мисол: ҳуҷайраи гадудҳо маҳсули гуногун
ҷудо менамояд. Ҳуҷайраҳои мушак кашиш мехӯрад. Дар ҳуҷайраи асаб ахбори дохилшуда
паҳн мешавад.
Муҳити дохилии организм. Бисёрии ҳуҷайраҳои бадан бо муҳити беруна
алоқаманд нестанд. Фаъолияти ҳаётии онҳоро муҳити дохилӣ таъмин мекунад. Ин
муҳит аз се моеъ: байниҳуҷайравӣ, хун ва моеъи лимфа иборат аст. Ин моддаҳо аз як
тараф ҳуҷайраро бо маводи барои ҳаёт зарур таъмин кунад, аз тарафи дигар
маҳсули таҷзия аз ҳуҷайра хориҷ мегардад. Таркиб ва хосияти физикию кимиёвии ин
моддаҳо дар ҳуҷайра нисбатан доимианд ва ин ҳолати мӯътадили кори ҳуҷайраро таъмин
менамояд.
Саволҳо:
1. Хосияти асосии ҳаётии ҳуҷайра
кадомҳоянд?
2. Муҳити дохилии организм чист?
3. Ба муҳити дохилӣ кадом моддаҳо дохил
мешаванд?
Реклама