§ 29. Бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва пешгирии онҳо

§ 29. Бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва пешгирии онҳо

Сироят ба воситаи ҳаво. Микроорганизмҳо ва гарду чанг дар пардаи луобии роҳҳои болоии нафас ҷой гирифта, аз он ҷо якҷоя бо луобҳо берун мебарояд. Дар чунин ҳолат аксарияти микроорганизмҳо безарар мешаванд. Қисми микроорганизмҳое, ки ба узвҳои нафаскашӣ дохил мешаванд, метавонанд ҳар гуна бемориҳоро ба вуҷуд оранд. Грипп, сил, дарди гулӯ, хуноқ ва баъзе бемориҳои дигар аз ҳамин қабиланд.

Грипп. Гриппро вирусҳо ба вуҷуд меоранд. Онҳо заррачаҳои майдатарини микроскопӣ буда, ҳатто сохти ҳуҷайравӣ надоранд. Вирусҳои грипп дар луоби бинии беморон, инчунин дар балғам ва оби даҳони онҳо вуҷуд доранд. Ҳангоми атса ва сулфаи одамони бемор миллионҳо заррачаҳои ба чашм ноаёни вирусдор ба ҳаво паҳн мешаванд. Агар ин қатраҳо ба узвҳои нафаси одами солим дохил шаванд, ӯ аз грипп сироят ёфта метавонад. Ҳамин тариқ грипп аз зумраи бемориҳои сироятии дар ҳаво ҳосилшуда мебошад.

Грипп хеле зуд паҳн мешавад, бинобар ин беморони гриппро ба кору таҳсил дар корхонаҳо, муассисаҳо ва донишкадаҳо роҳ додан мумкин нест. Гриппро чун нотобии серӯза пиндоштан нодуруст аст. Боди он хатарнок мебошад. Беморони грипп ҳангоми муносибат бо одамон бояд даҳону биниашонро бо бандинаи чорқабатаи докагӣ банданд. Бандина ҳаворо гузаронида, вале қатраҳои ангезандаи бемориро нигоҳ медорад. Дар вақти атса ва сулфа беморон бояд даҳону биниашонро бо дастрӯймол пӯшонанд ва чунин рафтор атрофиёнро аз сироят эмин медоранд.

Бемории сил. Аксар вақт ангезандаи бемории сил қаламчамикроби сил буда, ба шуш зарар мерасонад. Вай дар ҳавои нафасгирӣ, қатраҳои балғам, зарфҳо, либос, сачоқ, ва чизҳои дигаре, ки бемор истифода кардааст, мавдуд аст. Ангезандаи бемории сил на танҳо бо зарраҳои оби даҳону бинӣ, балки бо гарду чанг ҳам паҳн мешавад.

Дар ҷои рутубатноки беофтоб ангезандаҳои сил муддати дароз қобилияти зиндагиашро нигоҳ дошта метавонад. Онҳо дар ҷойҳои хушку хеле равшан зуд нобуд мешаванд.

Шароити зиддисанитарӣ ва нимгуруснагии доимӣ сабабҳои асосии дар давраҳои гузашта ба таври оммавӣ паҳн шудани бемории сил будаанд. Ҳоло бошад ба туфайли беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ бемории сил хеле кам шудааст.

Тиб дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории сил ба муваффақиятҳои бузург ноил шудааст. Кӯдакону калонсолон мунтазам муоина карда мешаванд. Дар дармонгоҳу шифохонаҳои бемории сил беморонро муолиҷа мекунанд.

Бароӣ пешгирӣ кардани бемориҳо хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаҳои шаҳр ва биноҳои ҷамъиятиро тоза нигоҳ доштан зарур аст. Тоза кардани ҳавои шаҳрҳо, деҳот, маҳаллаҳои корхонаҳои саноатӣ, ҳавлиҳои хонаҳои истиқоматӣ ба кабудизор кардани онҳо вобаста аст.

Таъсири тамокукашӣ ба узвҳои нафас. Дуди тамоку, ғайр аз никотин боз қариб 200 модда - аз ҷумла гази ғубори ангишт, кислотаи хлорид, бензопирен, дуда ва ғайра дорад, ки барои организм ниҳоят зарарноканд. Ҳангоми тамокукашӣ ин моддаҳо ба ковокии даҳон ва роҳҳои нафас боло даромада, ба пардаҳои луобӣ ва лифофаи ҳубобчаҳои шуш мечаспанд ва ба воситаи оби даҳон ба меъда дохил мешаванд.

Никотин на танҳо барои тамокукашон зарарнок аст, инчунин қисми зиёди он ба ҳаво баромада, одамони гирду атрофро заҳролуд мекунад. Дуди тамоку пардаҳои луобии ковокии даҳону бинӣ, рагҳои нафас ва чашмро озурда месозад. Қариб ҳамаи тамокукашон гирифтори газаки роҳи нафасанд, ки сулфаи ҷонгудози онҳо ба ҳамин вобаста аст. Газаки доимӣ қобилияти муҳофизатии пардаҳои луобиро паст мекунад, зеро фагоситҳо шушро аз микробҳои бемориовар ва моддаҳои зарарноке, ки бо дуди тамоку меояд, тоза карда наметавонанд. Бинобар ин тамокукашҳо, аксаран ба бемориҳои илтиҳобӣ ва сирояткунанда гирифтор мешаванд. Заррачаҳои дуд ва қатрон ба деворҳои нойи нафас ва ҳубобчаҳои шуш менишинанд. Хусусиятҳои муҳофизатии пардаҳое, ки ҳубобчаҳои шушро пӯшонидаанд, паст мешаванд. Шуши одами тамокукаш чандириашро гум карда, нағз васеъ намешавад ва ин боиси кам шудани ғунҷоиши зарурӣ ва ҳавогирии он мегардад. Дар натиҷаи ин организм аз оксиген ба таври кофӣ таъмин намешавад ва одам қобилияти кориашро гум карда, худро бад ҳис мекунад (расми 64).

Маълум аст, ки одамони тамокукаш нисбатан ба дигарон 6-10 маротиба зиёдтар ба бемории саратони шуш дучор мешаванд. Муайян шудааст, ки баъзе моддаҳои таркиби дуди тамоку (бензопирен, қатрон ва ғайра) боиси бемории саратон мегарданд. Тамокукашӣ ҳар сол дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳазорҳо одамонро ба ҳалокат мерасонад. Мубориза ба он мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ гардид. Табибон, арбобони ҷамъиятии бисёр мамлакатҳо дар муборизаи зидди тамокукашӣ якҷоя амал мекунанд.

Расми 64. Шуши одами солим (аз чап) ва тамокукаш (аз рост)

Ба он Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустии назди Созмони Милали Муттаҳид дохил шудааст. Дар як қатор мамлакатҳо тамокукашӣ хусусан дар байни ҷавонон кам шудааст. Мо бовар дорем, ки ақли солим боло гирифта, аксар одамон аз ин одати бад қатъиян даст мекашанд.


Саволҳо:

1. Кадом бемориҳо метавонанд ба воситаи ҳаво сироят кунанд?

2. Грипп аз чӣ пайдо мешавад?

3. Ин беморӣ аз беморон ба одамони солим чӣ тавр мегузарад, вай чӣ хавф дорад?

4. Дар мамлакати мо барои пешгирӣ кардани бемории сил чӣ тадбирҳо меандешанд?

5. Ба узвҳои нафасгирӣ тамокукашӣ чӣ таъсири зарарнок мерасонад?

Реклама