Тавсифи хоб. Одам сеяки умрашро дар хоб мегузаронад.
Хоб барои одам чун обу ғизо зарур аст. Агар одам 3-5 шабонарӯз нахобад, вай
беэътибор қувваи хотираш суст, эҳсосаш кунд ва қобилияти коршоямиаш кам
мешавад. Уро майли пурзӯри хобоварӣ фаро мегирад.
Одам хоб рафта, аз олам бехабар мешавад.
Беҳуда нагуфтаанд, ки «Мурда барин хоб рафтааст». Кайҳо боз тахмин мекарданд, ки
хоб танҳо ҳолати оромӣ буда, ҳангоми он тамоми фаъолияти организм заиф ва суст
мешавад. Вале тадқиқоти муфассали олимон нишон дод, ки ин ҳаргиз чунин нест.
Хоб ҳодисаи даврӣ мебошад. Хоби муқаррарии 7-8-соата аз 4-5 давр иборат буда, ҳамдигарро
қонунӣ иваз мекунанд. Ҳар як давра аз ду марҳала: марҳалаи сустхобӣ ва марҳалаи
тезхобӣ иборат аст.
Баъди хоб будан ҳамоно сустхобӣ авҷ
мегирад. Ин дар баробари сустшавии нафаскашӣ, задани набз ва сустшавии мушакҳо
ба амал меояд. Мубодилаи моддаҳо кам, ҳарорати бадан пасттар мешавад. Баъди
1-1,5 соат сустхобӣ ба тезхобӣ иваз мешавад. Дар ин марҳала тамоми узвҳои
дарунӣ бошиддат кор карда, одам тез-тез ва чуқур нафас мекашад, кори дил суръат
мегирад, мубодилаи моддаҳо зиёд мегардад. Дар заминаи сустшавии умумӣ гурӯҳи
ҷудогонаи мушакҳо кашиш хӯрда, боиси рӯйтуршкунӣ, ҳаракати дасту пойҳо
мегарданд. Чашмони одамони хоб, ки пилкҳо пӯшидаанд, ба мисли тамошои кинофилм
босуръат ҳаракат мекунанд. Бинобар ин тезхобиро марҳалаи «ҳаракати босуръати
чашм» низ меноманд. Одамоне, ки ҳангоми тезхобӣ бедор мешаванд, дар бораи
ҳодисаҳои аҷоибу ғароиби дар хоб дидаашон нақл мекунанд.
Ҳамаи хобҳо дар назар ҳисшаванда ва дар
эҳсосот таъсирпазиранд. Ҳангоми хоббинӣ ҳуҷайраҳои асаби қисмҳои ақиби майнаи
сар фаъол гардида, ба онҳо аз системаи босира ангезиш меояд. Аҳён-аҳён хобҳо бо
эҳсоси узви сомеа, шомма ва ғайраҳо алоқаманданд. Шояд ба ҳамин сабаб хобро
хоббинӣ мегӯянд.
Тезхобӣ 10-15 дақиқа давом карда, баъд
марҳалаи нави сустхобӣ шурӯъ мешавад.
Одамони аз сустхобӣ бедоршуда инчунин изҳор
мекунанд, ки хоб дидаанд, вале хоббинии ин давра нисбатан камтаъсир буда,
бештар ба ҳақиқат наздиканд ва дар намуди тафаккур мегузаранд.
Субҳ тезхобӣ то 25-30 дақиқа давом
мекунад. Тӯл кашидани тезхобӣ барои то аз хоб бедор шудани одам суръат гирифтани
организм зарур аст.
Тарбияи физиологии хоб. Муайян шудааст, ки танаи мағзи cap якчанд
гурӯҳ нейрон дорад, ки бедорӣ, хоб боздории ҳаракат дар хоб ва ин нейронҳо
вобастаанд. Инро дар ҳуҷайраҳои ҳайвоноти таҷрибавӣ, ки ин қисми мағзи сарашон
буридашудааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Онҳо ҳангоми тезхобӣ сарашонро бардошта,
ба ягон чизи нонамоён диққат мекунанд, баъзан рафтори ба он ҳамлакунӣ зоҳир
менамоянд, яъне бо рафторашон чизи дар хоб дидаашон такрор мекунанд.
Дар сурати ангезонидани ҳуҷайраҳои бедоркунии
асабӣ ҳайвон бедор ва ҳушёр мешавад. Ҳангоми вайрон шудани чунин ҳуҷайраҳо
ҳайвон хоболуд мегардад. Агар ҳуҷайраҳои асаби хоби гурбаи бедорро ангезонем,
вай аввал хамёза мекашад, баъд бо ҳаловат печида, хобаш мебарад (расми 112).
Бояд гуфт, ки бадалшавии бедорию хоб
ҳодисаи табиии шабонарӯзии замин - бадалшавии рӯзу шабро такрор мекунад, ки ба
он дар давоми чандин ҳазорсолаҳо организми зинда мутобиқ шудааст. Корҳои
муқаррарӣ, вазъият ва расидани вақти хоб ҳам ангезандаҳои шартии хоббиёрӣ шуда
метавонанд.
Таъсири муҳити беруна, равшании баланд,
ғалоғула, инчунин огоҳиҳо аз узвҳои дарунӣ, масалан, гуруснагӣ, пур шудани пешобдон
одамро аз хоб бедор мекунад. Бадалшавии бедорию хоб инчунин ба таври ҳуморалӣ,
яъне тавассути моддаҳои фаъоли биологӣ, ки одатан таркибашон дар давоми як
шабонарӯз дар организм тағйир меёбад, танзим карда мешавад.
Аҳамияти хоб ва хоббинӣ. Ҳоло маълум аст, ки хоб ва оромии том як
маъно надорад. Ҳангоми хоб рафтан фаъолияти мағзи cap қатъ нагашта, балки фақат
тағйир меёбад. Ҳамаи одамон хоб мебинанд, вале на ҳама онро дар хотир нигоҳ
медоранд.
Хусусиятҳои хоббинӣ ва воқеаю саргузаштҳои
рӯзи гузашта муайян ва бо осори ҳодисаҳои гузашта вобаста карда мешавад. Ба
фикри И.М. Сеченов хоббинӣ ҳодисаҳои бемисли таассуроти шуда гузашта мебошад ва
онро зарбулмасали халқӣ «гурусна нон хоб мебинад», тасдиқ мекунад. Баъзан
хоббинӣ, одатан, ба ном хусусиятҳои хоби ваҳйро гирифта, ҳодисаҳои нохуш -
бемории хешу табор ё бемории худи одамро пешгӯӣ мекунад. Донистани аломатҳои
беморӣ ва нооромии одами бедор на ҳама вақт боиси чунин хоббинӣ шуда метавонад.
Аксар хоби ваҳй рост намебарояд ва онро одам фаромӯш мекунад. Агар хоббинӣ қабл
аз ҳодисаҳо рӯй диҳад ё бо он мувофиқат кунад, онро одамони бемаърифат чунин
шаҳодати фавқуттабиат ва дорулбақо овоза мекунанд.
Хоббинӣ фаъолияти мӯътадили рӯҳии мағзи
cap мебошад. Дар он ҷараёнҳои дарккарда ва даркнакардаи одам, ки мазмунан ба
ҳодисаҳои муҳит ва равандҳои физиологии организм алоқаманданд, инъикос меёбанд.
Пешгирии бехобӣ. Хоби кофӣ барои қувват гирифтани организм
ниҳоят зарур аст. Вай пеш аз ҳама фаъолияти мушакҳоро барқарор мекунад. Бехобӣ
нисбатан зуд-зуд рӯй медиҳад. Камҳаракатӣ ва набудани мондашавии ҷисмонӣ боиси бехобӣ
шуда метавонад. Сабаби дигари бехобӣ тағйир додани тартиботи одатии вақти хоб
мебошад. Шабкорӣ, вақтхӯшиҳои шабона, ҳаёти шабонарӯзии шаҳрҳои калон тартиби
дурусти хоб ва бедориро вайрон карда, системаи асабро хароб мекунанд ва ба он
доим таъсири манфӣ мерасонанд. Хабари зиёд боз як омили бехобӣ мебошад.
Пешрафти босуръати зиндагӣ, радио, телевизор, кино, театр, ки аз бисёр чизҳо
воқиф месозанд, боиси харобшавии фаъолияти олии асаб, бехобӣ мегарданд.
Барои мӯътадилии хоб кори шабонарӯзии
организмро фаромӯш кардан лозим нест: кори бештар шиддатнок (ҷисмонӣ ва
фикрӣ)-ро ба бегоҳ ва шаб нагузошта, пагоҳ ва рӯзона иҷро кардан лозим аст.
Кори бегоҳирӯзӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ин вақт бо корҳои сабуки
хастанакунанда машғул шудан беҳтар аст. Хусусиятҳои алоҳидаи организмро ҳам ба
эътибор бояд гирифт. Баъзеҳо баъди сайру гашти пеш аз хоб нагз мехобанд, вале
ба хоби дигарон ин гардиш халал мерасонад. Оббозӣ бо оби ширгарм ба хоббарии
баъзеҳо мусоидат карда, ба дигарон халал мерасонад. Албатта пеш аз хоб хӯрок
нахӯрдан, оромона сайру гашт кардан ва оббозӣ бо оби ширгарм фоиданок аст. Вале
одатҳои дар давоми тамоми умр ҳосилшуда аксар ба барқарор шудани хоб кӯмак
мекунанд.
Одам бояд чӣ қадар хоб кунад? Хоби
мӯътадили наврасони синни 14-15-сола бояд камаш 8 соат давом кунад. Одами
калонсол дар як шабонарӯз 7 соат мехобад. Маълум аст, ки баъзе одамон барои хоб
хеле кам вақт сарф мекардаанд. Масалан Пётри I, Наполеон, Шиллер, Гёте, В.М.
Бехтерев дар як шабонарӯз 5 соат хоб мекардаанд. Эдисон бошад, ҳамагӣ 2-3 соат
хоб мерафт.
Саволҳо:
1. Хоб чӣ тавр зоҳир мешавад?
2. Давраҳои сустхобӣ ва тезхобӣ чӣ гунаанд?
3. Хоб ва бедорӣ чӣ хел танзим карда
мешаванд?
4. Сабабҳои хоббинӣ ва бедоршавӣ чист?
5. Табиати физиологии хоббинӣ дар чист?
6. Сабабҳои бехобӣ чист ва онҳоро чӣ тавр
бояд пешгирӣ кард?
Реклама