§ 22. Гардиши хун. Ҳаракати хун дар организм

§ 22. Гардиши хун. Ҳаракати хун дар организм

Узви гардиши хун. Аҳамияти гардиши хун. Системаи узви гардиши хуни одам дил ва рагҳои хунгардро дар бар мегирад (расми 43). Дил ҳамчун узви марказӣ, чун насос кор карда, кашиш мехӯрад ва хунро ба воситаи рагҳои хунгард ба тамоми сатҳи бадан мебарад. Дил ҳаракати доимии хунро таъмин мекунад. Дар ҳолати аз кор мондани дил марг зуд ба амал меояд, зеро маҳз бо кашишхӯрии дил хун ба ҳамаи бофтаҳо дохил шуда, ба онҳо оксиген ва моддаҳои ғизоӣ мебарад. Ҳаракати хунро дар рагҳои хунгард гардиши хун меноманд.

Расми 43. Нақшаи умумии гардиши хун

Сохти дил. Дил дар қисми чапи ковокии қафаси сина ҷойгир аст. Дили одам ба ҳисоби миёна 250-300 г мебошад. Дил дар халтаи дил, ки аз бофтаҳои пайвасткунанда сохта шудааст, ҷойгир аст. Халтаи дил се вазифаро иҷро мекунад: 1) доимо намнокии дилро нигоҳ медорад; 2) молишхӯрии дилро аз қабурғаҳо кам мекунад; 3) ба дил ғизо медиҳад.

Дил аз се қабат иборат аст: қабати берунии пӯшонанда, қабати мобайнии мушакӣ, қабати дарунӣ.

Дили одам ба монанди дили ҳайвонҳои ширхӯр ба чор қисм тақсим мешавад: даҳлези рост, даҳлези чап, меъдачаи рост, меъдачаи чап (расми 44).

Расмм 44. Сохти дил

Қабати деворҳои даҳлезҳо назар ба меъдачаҳо тунуктар мебошад. Хун аввал ба даҳлезҳо, баъдан ба меъдачаҳо дохил мегардад. Меъдачаҳо кори хеле муҳимро иҷро мекунанд. Онҳо кашиш хӯрда, хунро ба рагҳои хунгард тела медиҳанд. Девори мушаки меъдачаи чапи дил назар ба меъдачаи рости дил ғафстар аст. Дар сарҳади байни даҳлезҳо ба меъдачаҳо даричаҳои (клапанҳо) седара ва дудара мавдуд буда, дар байни меъдачаи рост раги шарёни ба шуш раванда ва дар байни меъдачаи чап шоҳраг даричаҳои ҳилолшакл мавҷуданд.

Вазифаи асосии даричаҳо (клапанҳо) ба як самт равона кардани хун мебошад. Ҳангоми кашишхӯрии даҳлезҳои дил даричаҳо ба тарафи меъдачаҳо кушода шуда, хун ба меъдачаҳо мерезад. Дар вақти кашишхӯрии меъдачаҳо даричаҳо маҳкам мешаванд ва намегузоранд, ки хун ба даҳлезҳо баргардад.

Расми 45. Рагҳом минтақаҳои гуногуни маҷрои хун

Рагҳои хунгард. Рагҳои хунгард ба тамоми бадани мо паҳн шудаанд. Сохт, шакл, ҳаҷм ва дарозии рагҳои хунгард гуногунанд (расми 45). Чор намуди рагҳои хунгардро фарқ кардан мумкин аст: шоҳраг, раги шарён, мӯйраг, раги варид. Шоҳраг раги калонтарин ва кӯтоҳтарин ба ҳисоб меравад. Шоҳраг ва рагҳои шарён рагҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо хун аз дил ҳаракат мекунад. Онҳо деворҳои мустаҳкам ва чандир доранд, ки таркибашон аз мушакҳои суфта сохта шудаанд (расмҳои 45 ва 46). Дил кашиш хӯрда фишори баланди хунро ба шоҳраг ва рагҳои шарён тела медиҳад. Рагҳои шарён ба туфайли мустаҳкаму чандир будани деворҳояшон ба ин фишор тобоваранд ва хурду калон мешаванд. Рагҳои шарёни калон ба қадри аз дил дур шуданашон ба рагчаҳои шарён (артериолаҳо) тақсим мешаванд. Рагчаҳои шарён бошанд, ба мӯйрагҳо (капиллярҳо) мубаддал мегарданд, ки онҳо девори тунук дошта, аз як қабат ҳуҷайраҳои эпителии нозук таркиб ёфтаанд (расми 46). Онҳо имкон медиҳанд, ки моддаҳои дар плазмаҳои хун ҳалшуда аз сӯрохии девори мӯйрагҳо ба моеъи бофта ва аз онҷо ба ҳуҷайра гузаранд.

Маҳсули фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраҳо аз моеъи бофта ба воситаи девори мӯйрагҳо ба хун мегузарад. Организми одам тахминан 150 млрд. мӯйраг дорад. Агар мӯйрагҳоро бо ҳам пайваст кунем, бо онҳо гирди экватори кураи заминро 2,5 маротиба печонидан мумкин аст.

Расми 46. Сохти девораи рагҳо

Хун дар рагҳои варид - рагҳое, ки тавассути онҳо хун ба дил меравад, ҷамъ мешавад. Фишори хун дар рагҳои варид баланд нест, девори онҳо назар ба рагҳои шарён тунуктаранд. Фарқ дар он аст, ки дар дохили девори рагҳои варид мӯякчаҳо ва клапанҳо мавҷуданд ва онҳо ба як тараф ҳаракат кардани хунро таъмин менамоянд.

Хун дар организм бо ду системаи сарбастаи рагҳо ҳаракат мекунад: 1) системаи калони гардиши хун; 2) системаи хурди гардиши хун (расми 47).

Даври хурди гардиши хун. Ҳангоми ба даҳлези рости дил дохил шудани хуни камоксиген, меъдачаи рости дил кашиш хӯрда, хунро ба раги шарёнӣ тела медиҳад. Раги шарёнӣ ба 2 шоха тақсим шуда, ҳам ба шуши рост ва ҳам ба шуши чап меравад. Дар шуш рагҳои шарён ба рагчаҳои шарён ва мӯйрагҳо табдил меёбанд ва ҳубобчаҳои ҳаво шушро печонида мегиранд. Вақте ки аз мӯйрагҳои шуш хун ҷорӣ мешаванд, ба он оксиген дохил мегардад. Дар баробари ин гази карбонат, ки шуш аз он пур шудааст, аз хун ба ҳавои шуш мегузарад, яъне дар мӯйрагҳои шуш хуни варидӣ ба хуни шарёнӣ табдил меёбад. Баъд хун дар мӯйрагҳо ҷамъ мешавад. Онҳо бо ҳамдигар як шуда, чор раги вариди шушро ташкил мекунанд, ки ба даҳлези чапи дил дохил мешаванд. Ҳамин тавр, гардиши хурди хун аз меъдачаи рости дил cap шуда, то ба шуш рафта баъд дар даҳлези чапи дил ба охир мерасад.

Расми 47. Схемаи давраҳои гардиши хун

Даври калони гардиши хун. Ҳангоми кашиш хӯрдан меъдачаи чапи дил хунро ба воситаи шоҳраг ба раги шарёни калонтарини бадан мефиристад. Аз он рагҳои шарён ҷудо шуда, тамоми узвҳо, аз ҷумла дилро бо хун таъмин менамоянд. Дар ҳар як узв рагҳои шарён ба шохаҳо чудо шуда, ба шабакаи зичи рагчаҳои шарён ва мӯйрагҳо табдил меёбанд. Тавассути мӯйрагҳо даври калони гардиши хун ба тамоми бофтаҳои бадан оксиген ва моддаҳои ғизоӣ дохил шуда, аз ҳуҷайраҳо ба мӯйрагҳои гази карбонат мегузарад. Дар айни ҳол, хуни рагҳои шарёнӣ ба хуни варидӣ табдил меёбад. Мӯйрагҳо аввалан ба рагҳои вариди хурд ва сипас ба рагҳои вариди нисбатан калон пайваст мешаванд. Аз онҳо тамоми хун дар ду рагҳои вариди холии калон ҷамъ мегардад. Рагҳои вариди холии боло аз сару гардан ва дастҳо, рагҳои вариди поён бошанд, аз ҳамаи узвҳои боқимондаи бадан хунро ба дил мебаранд. Ҳарду раги вариди холӣ ба даҳлези рости дил дохил мешаванд. Ҳамин тавр, гардиши калони хун аз меъдачаи чапи дил cap шуда тамоми сатҳи баданро бо хун таъмин намуда, дар даҳлези рости дил ба охир мерасад. Вақти ҳаракати хун дар организм чунин аст: хун бо даври калон дар 20-30 сония ва бо даври хурд дар 4-6 сония ҳаракат мекунад.


Саволҳо:

1. Гардиши хун чист ва чӣ аҳамият дорад?

2. Дил кадом вазифаро иҷро мекунад?

3. Дил чанд дарича (клапан) дорад ва онҳо дар куҷои дил ҷойгиранд?

4. Даричаҳо кадом вазифаро иҷро мекунанд?

5. Кадом хусусиятҳо барои рагҳои шарён, варид ва мӯйрагҳо хос мебошанд?

6. Тафовути таркиби хун дар гардиши хурд ва калон дар чист?

Реклама