§ 49. Вазифаҳои узви босира. Пешгирӣ кардани иллати босира

§ 49. Вазифаҳои узви босира. Пешгирӣ кардани иллати босира

Сабабҳои иллати босира. Одам ашёро аз масофаи наздик ва дур як хел ба хубӣ мебинад. Ин пеш аз ҳама аз барҷастатар шудани булӯраки чашм вобаста аст.

Аксар вақт иллатҳои босиравӣ - наздикбинӣ ва дурбинӣ дучор мешаванд. Одамони наздикбин ва дурбин ҷисмро норавшан мебинанд. Одамони наздикбин ашёи дурро, одамони дурбин ашёи наздикро хира мебинанд. Сабаб наздикбинии модарзодӣ аз дарозрӯя шудани ғӯзаи чашм вобаста аст. Ҳангоми дурбинии модарзодӣ ғӯзаи чашм фурӯхамида аст. Дурбинӣ дар натиҷаи суст шудани қобилияти каҷиро тағйир додани булӯрак ба вуҷуд омада, бештар дар байни одамони калонсол мушоҳида мешавад. Одамоне, ки гирифтори ягон иллати чашманд, мувофиқи фармоиши духтур айнаки шишаҳояш махсус мегиранд.

Ёрии аввал ҳангоми зарар дидани чашм. Беэҳтиётӣ ва истифода бурда натавонистани асбобҳои рӯзғор (чойҷӯшонаки барқӣ, тезпазак, сифони оби газдор) мумкин аст боиси захми вазнини чашм гардад. Беэҳтиёткорона мех задан, сим буридан, ҳезум шикастан ҳам ба ҷароҳатнок шудани чашм сабаб шуда метавонад. Зеро ашёи захмдоркунанда одатан ифлос буда, мумкин аст чашм аз он ҷароҳат сироят ёбад ва одам қисман ё тамоман нобино шавад.

Корҳои барои чашм хатарнокро бо айнаки шишаҳояш муқаррарӣ иҷро кардан лозим аст: вай ҳар як зарбаро суст карда, чашмро аз дохил шудани моддаҳои кимиёвӣ эмин нигоҳ медорад. Агар нохушие рӯй диҳад, ёрии аввалин расонда тавонистан лозим аст.

Агар ба чашматон гарде дарояд, чашматонро шуста гардро бо пахта ё дастрӯймол тоза карда, аз пилки чашматон бароред. Пеш аз ҳама дастатонро шӯед.

Ҳангоми латхӯрӣ ба чашм пахта ё дастрӯймоли тозаи ба оби хунук таркардаро гузоред.

Дар вақти сахт осеб дидани чашм (дар сурати даридани пардаи он) онро шустан ё кӯшиши гирифтани ҷисми бегона хатост. Дар ин ҳол чашмро бо бандинаи тоза баста, ҷабрдидаро ба беморхона фиристодан лозим аст. Ёрии дуруст оқибати вазнини захм ва нобиноиро пешгирӣ мекунад.

Ҳангоми ба чашм афтидани ишқор, кислотаҳо, моддаҳои заҳрнок зуд чашмро бо оби тозаи равон 15-20 дақиқа шуста, баъд ҳатман ба духтур муроҷиат бояд кард.

Гигиенаи босира. Матни чопӣ ё дастнависро аз наздик муоина кардан норавост. Дар чунин маврид булӯрак муддати дароз дар ҳолати барҷаста мемонад, ки ин ба чашм зӯр оварда наздикбиниро инкишоф медиҳад.

Ҳангоми хондан, навиштан, дарздӯзӣ ё ягон кори дигар чизҳоро аз чашмон дар масофаи 30-35 см бояд нигоҳ дошт. Ҷои кор бояд ба қадри кофӣ равшан бошад. Ҳангоми хатнависӣ равшанӣ бояд аз тарафи чап бошад.

Барои варзиши чашм машқҳои махсусро иҷро кардан зарур аст. Оддитарини онҳо чунин аст: сарфи назар аз ягон нуқтаи тиреза, гоҳ ба дурӣ ва гоҳ ба ҳамон нуқта бо навбат нигоҳ бояд кард. Ин хел машқ додани чашмро баъди ҳар як соат 3-4 дақиқа иҷро бояд кард, ки он барои хонандагони гурӯҳҳои рӯзаш бардавом тавсия мешавад.

Равшании аз ҳад зиёд ретсепторҳои чашмро сахт ба ангезиш оварда, ба он зарар мерасонад. Аз ҳамин сабаб дар рӯзгор ва истеҳсолот манбаъҳои рӯшноии баландро бо чароғсарпӯши тирашиша мепӯшонанд. Нури офтоб ҳам ба чашм таъсири манфӣ мерасонад. Пӯлодгудозону кафшергарон чашмонашонро аз барқи чашмбаранда ва пош хӯрдани резаҳои оҳани гудохта бо айнаки махсус муҳофизат мекунанд.

Ҳангоми роҳгардии нақлиёт аз таконҳои доимӣ китоб меларзад. Дар ин ҳол булӯрак мунтазам калону хурд шуда дар натиҷа қувваи босира суст мегардад. Дароз кашида хондан ҳам ба қувваи босира зарар мерасонад.

Суст шудани қувваи босира аз сабаби дар организм нарасидани витамини А низ ба амал меояд. Тамокукашӣ ҳам ба қувваи босира таъсири манфӣ мерасонад. Никотин ва дигар заҳрҳои тамоку баъзан боиси сахт зарар дидани асаби босира мегардад.

Ҳангоми шамоли сахт мумкин аст ба чашм микробҳои бемориовар ҳам дохил шаванд. Баъзан ба чашм микробҳо аз дастони ифлос, сачоқ ё дастрӯймоли ифлос дохил шуда, боиси бемории илтиҳоби мултаҳима (конъюктивит) мегардад. Бемориҳои сирояткунандаи чашм аксар вақт қувваи босираро вайрон ва одамро кӯр ҳам мекунанд. Бинобар ин чашмҳоро аз гарду чанг муҳофизат намуда, бо даст намолида, фақат бо сачоқ ё дастрӯймоли хеле тоза пок кардан лозим аст.


Саволҳо:

1. Наздикбинӣ ва дурбинӣ чист?

2. Ҳангоми ба чашм дохил шудани гарду чанг ва моддаҳои кимиёвӣ чӣ бояд кард?

3. Чашмро аз бемориҳо чӣ тавр эҳтиёт бояд кард?

4. Чаро ҳангоми хатнависӣ равшанӣ бояд аз тарафи чап бошад?