§ 41. Гигиенаи пӯст. Ёрии аввалин ҳангоми хунук задан ва сӯхтани пӯст

§ 41. Гигиенаи пӯст. Ёрии аввалин ҳангоми хунук задан ва сӯхтани пӯст

Тозагии пӯст. Тозагии пӯст яке аз шартҳои муҳимтарини саломатии одам мебошад. Ҳуҷайраҳои дар натиҷаи пӯстпартоӣ вайрон шудани эпидермиси пӯсти ифлос бо ёрии чарби пӯст часпида, маҷрои ғадудҳои чарбию арақро мебанданд. Дар пӯсти ифлос микроорганизмҳо афзоиш мекунанд. Дар ҳар як сантиметри квадратии пӯсти одами ифлостабиат то 40 ҳазор микробро пайдо кардан мумкин аст, ки дар байни онҳо мавҷуд будани ангезандаҳои бемориҳо имконпазир аст. Дар натиҷаи фақат бо оби гарм ва собун шустани пӯст он аз ҳар хел моддаҳои ифлос ва микробҳои ҷамъшуда тоза мешавад.

Нигоҳубини мӯй ва нохунҳо. Мӯй ва нохунҳо ҳосилаи шохии пӯст мебошад. Тамоми бадани одам, ғайр аз кафҳо ва ангуштони даст, лабҳо, кафҳои по бо мӯйҳои борик пӯшонда шудааст. Мӯйҳои дароз бештар дар cap ҷойгиранд. Онҳо мағзи сари одамро аз шуъои офтоб ва сармо эмин медоранд. Ҳар як мӯй тана ва реша дошта, ба онҳо рагҳои хун ва асабҳо меоянд. Умри мӯй фардист ва он ба синну сол, ҳолати системаи асаб ва ғадудҳои тарашшӯҳи дохилии одам вобаста аст.

Ҳар як тори мӯй ҳаёти ба худ хос дорад. Ҳар рӯз то 100 адад мӯйи одам рехта, дар айни ҳол боз ҳамин миқдор мӯяш аз нав месабзад. Аз ин ҷост, ки миқдори мӯй нисбатан доимист.

Мӯйи одам ҳар хел - зуд ё суст дароз мешавад. Ба ҳисоби миёна мӯйи сари одам 15 сантиметр дароз мешавад. Ранги мӯй бо миқдори пигментҳо муайян шуда, ҷило ва чандириаш ба равғане, ки ғадудҳои чарбӣ ҷудо мекунанд, вобаста аст.

Мӯйро камаш дар даҳ рӯз як бор шустан даркор аст. Барои шустани мӯй бояд оби ҷӯшонда ва вобаста ба ҳолати мӯй собуни тавсияшударо ба кор бурд. Мӯйро ҳатман аз шуъои офтоб нигоҳ доштан зарур аст, зеро он дар ҳавои офтобӣ хушк ва зудшикан шуда мерезад. Пусти cap сабӯсак мекунад. Дар ҳавои хунук бе каллапӯш гаштан норавост. Ин боиси хунук хӯрдани пӯсти cap, ғафсшавии қабатҳои чарби зери пӯст, вайроншавии бо хун таъминшавии мӯй гардида, одамро тоссар мекунад.

Пушти нӯги ҳар як ангушт бо моддаи шохӣ пӯшонда шуда, он нохунро ташкил медиҳад. Нохун одатан гулобиранг аст, зеро ба воситаи вай хуни мӯйрагҳо намоён мешавад. Раҳи борики ҳилолшакли ибтидоии нохун сафед мебошад. Ин раҳро дар нохуни сарангушти даст ба хубӣ дидан мумкин аст.

Нохун дар як ҳафта ба ҳисоби миёна 0,5 мм дароз шуда, тобистон нисбат ба зимистон зудтар месабзад. Суръати сабзидани нохунҳои дасту пой як хел нестанд, нохунҳои даст тезтар месабзанд. Бинобар ин нохунҳои дастро ҳар ҳафта, нохунҳои пойро моҳе ду маротиба гирифтан лозим аст. Зери нохунҳои дароз микроорганизмҳою замбӯруғҳои бемориовар ҷамъ шуда, зуд афзоиш меёбанд. Нохунҳои дароз аксар мешикананд ва пӯсти ангуштонро захмдор мекунанд.

Талаботи гигиенӣ ба либос. Либос одамро аз ҳодисаҳои нохуши муҳит эмин медорад: дар ҳавои хунук баданро гарм карда, дар гармо ба гармибарорӣ монеъ намешавад. Либоси хуб на фақат зебост, балки қулай аст. Вай бояд ба одам ва атрофиён писанд ояд, сабук ва шинам бошад.

Либоси зимистонаро аз матоъҳои нахҳояш нарм: матоъҳои пашмин, бӯмазӣ, ҳар хел мӯина ва ивазкунандаҳои синтетикии онҳо медӯзанд. Либоси тобистонаро аз матоъҳои сабуку тунуки равшан медӯзанд, ки шуъои офтобро ба хубӣ акс мекунад. Одам дар либоси шинаму васеъ ба осонӣ ҳаракат мекунад.

Хунук задани пӯст. Аз ҳама бештар ҷойҳои бараҳнаи бадан - бинӣ, гӯшҳо, инчунин ангуштони дасту пойро хунук мезанад. Аввал пӯст сафед шуда, баъд таъсири чизеро ҳис намекунад ва ниҳоят карахт мешавад.

Ҷои хунукзадаи пӯстро бо бандинаи гарминигоҳдоранда, пахтаю дока ё матоъи пашмин мебанданд. Бандина бояд на ҷои бетағйири пӯст, балки фақат ҷои сафедшудаи онро пӯшонад. Бандинаро то гарм шудан ва таъсири чизеро ҳис карда тавонистани ҷои хунукзада кушодан лозим нест. Дар айни ҳол дасту пойҳоро ҷунбондан хуб нест, зеро рагҳо сахт шуда, мумкин аст кафанд ва боиси хунравӣ шаванд. Ба ҷабрдида нӯшокии гарм (қандчой, қаҳва ва шир) медиҳанд.

Ҳангоми ба тамоми организм таъсир кардани сармо ҷабрдидаро ба хонаи гарм дароварда, пойафзоли яхкардаашро мекашанд, пойҳояшро бо нимтанаи пахтагин ё палто печонида, ҳамоно ба беморхона мефиристанд.

Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки тамокукашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ гӯё одамро дар ҳавои хунук гарм мекарда бошад. Ин гумроҳист. Тамокукашӣ боиси танг шудани рагҳои хунгард ва камшавии хун дар мӯйрагҳои ангуштон гардида, хунукзании дасту пойро метезонад.

Ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ рагҳо, хусусан пӯсти рӯю гардан васеъ мешаванд. Гармӣ ҳис карда мешавад, вале вай фиребдиҳанда аст. Аслан дар ин ҳол узвҳои дарунӣ ва организм хунук мешавад. Одам гарм мешавад, вале ҳарорати баданаш торафт паст мегардад, зеро гармӣ берун мебарояд. Ҳиссиёти гармшавие, ки одамон ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аз cap мегузаронанд, фиребдиҳанда аст.

Сӯхтани пӯст. Пӯст аз оташ, гудозиши оҳани тафсон, оби ҷӯш, ишқорҳо, кислотаҳо ва дигар моддаҳо месӯзад. Ҳангоми бисёр сӯхтани пӯст ҳаёти зарардида ба он вобаста аст, ки ба ӯ то омадани духтур чӣ хел зудтар ёрии аввалин мерасонанд. Ҳангоми аз оби ҷӯш ё ягон моеъи гарм сӯхтани пӯст аввал либоси зарардидаро кашида, ба ҷои сӯхта ҳатман оби хунук рехтан лозим аст. Баъд он ҷойро бо докаи тоза ва ё бо матои тоза мепӯшонанд. Ҳубобчаҳои ҷои сӯхтаро кафондан, ба он равғани наботот ва моддаҳои сӯзонанда (маргансов, спирт, йод) молидан мумкин нест, зеро сӯзиш ва дарди ҷароҳатро зиёд карда, сиҳатшавиашро суст мекунад.

Агар либос сӯзад, давидан норавост, зеро ҳаракат алангаи оташро зиёд мекунад. Либоси сӯхтаистодаро кашидан ё зери об гузоштан лозим аст. Оташро ба фарш ғел зада хомӯш кардан беҳтар аст. Бадани одами сӯхтаистодаро бо кӯрпа ё палто пӯшонда, оташро метавон хомӯш кард. Дар айни ҳол сари одами зарардида бояд кушода бошад. Баъди он ки оташ хомӯш карда шуд, ба ҷои сӯхтаи бадан дар давоми 15 дақиқа оби хунук рехтан айни муддаост.

Пӯсти аз моддаҳои кимиёвӣ зарардидаро ҳам бо оби хунук шустан беҳтар аст. Агар пӯст аз кислота зарар дида бошад, онро бо маҳлули содаи хӯрданӣ шустан даркор аст. Баъд ҷои зарардидаро бо докаи тоза мебанданд.


Саволҳо:

1. Чаро ба тозагии пӯст бояд риоя кард?

2. Талаботи асосии беҳдошти либос кадомҳоянд?

3. Ҳангоми хунук задан ва сӯхтани пӯст чӣ хел ёрии аввалин мерасонанд?

4. Чаро тамокукашӣ ва истеъмоли машруботи спиртӣ организмро гарм мекунанд?

5. Мӯйро чӣ хел бояд нигоҳубин кард?

6. Ҷойи сӯхтагии пӯстро бо чӣ шустан мумкин аст?